Дар вилояти Хатлон давоми  ҳафт моҳи соли ҷорӣ ду шаҳру се ноҳия натавонистанд, ки ба пуррагӣ  нақшаи қисми даромади буҷетро иҷро кунанд. Аз ин ҳисоб  ба буҷети вилоят 18, 3 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.

19 миллион сомонӣ  ба буҷети вилоят  ворид нашуд. Чаро?

Саидзода Сангин, сардори Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо дар Раёсати андози вилояти Хатлон, дар сӯҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки “мутаассифона, дар 7 моҳи соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷетро  шаҳрҳои Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвону Данғара пурра иҷро карда натавонистанд.

-Яъне нақшаи андозҳоро дар ин мудат  шаҳри Бохтар 98,9 дарсад, Ҷомӣ 95,6 дарсад, Ёвон 99 дарсад, Данғара 98,4 дарсад ва шаҳри Норак 79,9 дарсад иҷро карданд, ки  аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят 18 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ворид нагардид”,-гуфт номбурда ва илова кард, ки  аз ҳама бештар аз ҳисоби шаҳри Норак яъне 12 миллиону 74 ҳазор сомонӣ ба буҷети вилоят  ворид  карда нашудааст.

Ин шахси масъул ҳамчунин афзуд, ки дар 7 моҳи солӣ ҷорӣ дар вилоят се намуди андоз, яъне андози иҷтимоӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва низомҳои махсуси андозбандӣ ба пуррагӣ иҷро нагардидааст ва дар умум 19 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ба буҷети вилоят  ворид нашуд.

Мансурзода Изатулло, сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар тасдиқ кард, ки воқеан ҳам дар шаҳр қисми даромади буҷет пурра иҷро нагардид. Ӯ гуфт, ки “дар 7 моҳи соли 2022  иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 99,7 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 144, 1 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 143,6 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 447 ҳазор  сомонӣ кам аст.

-Мутаассифона иҷроиши сифатнокии се намуди андоз таъмин нагардид, яъне  андоз  аз даромад 99 дарсад, андоз аз арзиши иловашуда 96 дарсад ва низомҳои махсуси андозбандӣ 91 дарсад, ки аз ин се намуди андозе, ки иҷро нашуд ба буҷет 2,6 миллион сомонӣ ворид нагардид”,-илова кард номбурда.

Ин шахси масъул сабабҳои асосии иҷро нашудани нақшаи андозро  дар шаҳр камшавии ҳисоб ва пардохти андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои зерин арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, “аз он ҷумла даромад аз ҶДММ “Асадуллозода”, ҶДММ “Нури Бохтар”, ҶДММ “Ориён сохтмон”, ҶДММ “Насими Асадулло”, КВД  “Обу канализатсия”, ҶДММ” “Орди Хатлон”,  ҶДММ “Шириниҳои Шафоат”, ҶДММ “Шириниҳои Шарқ”, ҶДММ “Дарз”, ҶДММ “Азия”, ҶДММ “Арк”, ҶДММ “Рамиш 2002”, ҶДММ “Азия Унверсал Сервис”, Маркази стандартизатсияю Метрологияю Сертификатсия ва Нозироти савдои вилояти Хатлон,  ҶДММ “Кармус Барқ”, ҶДММ “Абдулло Барот” ва ҶДММ “Транзит Бохтар” коҳиш ёфтааст”. Ба иттилои манбаъ, танҳо аз ҳисоби корхонаҳои болозикр ҳисоби андозҳо ба маблағи умумӣ 4,015 млн ва пардохти андозҳо ба маблағи 3,051 млн бинобар пурра фаъолият накардани субектҳои мазкур ва ё кам гардидани ҳаҷми таҳвили мол, иҷроиши кор ва хизматрасониҳо кам шуд.

Саидзода Сангин дар идома гуфт, “ба замми иҷро нашудани қисми даромади буҷет дар ду шаҳру се ноҳия, дар умум  қисми даромади буҷети вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли равон 101,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷети вилоят ба ҷойи 1 миллиарду 378 миллиону  653 ҳазор сомонӣ 1 миллиарду 399 миллиону 463 ҳазор сомонӣ яъне, 20 миллиону 809 ҳазор сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.

Аммо аз Сарраёсати молияив вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ бо сабаби пурра иҷро нашудани қисми даромади буҷет дар шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон ба буҷети вилоят 11,2 миллион сомонӣ маблағҳои ҳисаҷудокунӣ  ворид карда нашудааст, ки аз ин 8,2 миллионаш аз шаҳри Норак ва 3 миллионаш аз ноҳияи Ёвон мебошад.

Хатлон: бақияи қарзи андоз зиёд аст

Ба гуфти сардори Шуъбаи ба ҳисобгири ва таҳлили даромадҳо дар Раёсати андози вилояти Хатлон Саидзода Сангин ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ бақияи қарзи  андоз дар вилояти Хатлон каме бештар аз 181 миллиону 774 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам нисбати аввали соли ҷорӣ бештар аз 1 миллиону 156 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.  Дар ин давра гарчанде 21 шаҳру ноҳия бақияи қарзи андозро кам карда бошанд, аммо мутаассифона як шаҳру се ноҳия яъне, шаҳри Бохтар 479 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Дӯстӣ 1 миллиону 191 ҳазору 314 сомонӣ, Шаҳритус 1 миллиону 118 ҳазору 61 сомонӣ ва Ёвон бештар аз  1 миллиону 386 ҳазор сомонӣ  бақияи қарзи андозро афзоиш доданд.

Муовини сардори Нозироти андози ноҳияи Дӯстӣ Ҳасан Ҳайдаров зимни сӯҳбат ба  хабарнигори “Фараж” тасдиқ кард, ки “бақияи қарзи андоз дар ноҳия ба ҷойи кам шудан зам шудааст”. Ӯ гуфт, ки  “то якуми августи соли ҷорӣ дар ноҳия бақияи қарзи андоз 5 миллиону 992 ҳазору 411 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол 1 миллиону 184 ҳазор сомонӣ зиёд аст”.

Омили зиёд шудани бақияи қарзи андозро ин шахси масъул “сари вақт пардохт накардани андоз аз ҷониби Идораи давлати беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, ки дар ҳафт моҳ қарзаш 887 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст”, арзёби кард.

Мансурзода Изатулло, сардори Нозироти андози шаҳри Бохтар низ тасдиқ кард, ки бақияи қарзи андоз дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр зиёд шудааст. Ӯ гуфт, ки ба якуми августи соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз дар шаҳр 8 миллиону 332 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати авали сол 479 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Сабаби зиёд шудани бақияи қарзи андоз дар шаҳри Бохтарро ин шахси масъул афзоиш додани қарз аз ҳисоби ҶДММ “Бунёд ЛТД”, ба маблағи  867 ҳазор сомонӣ, КВД КФ “Обу канализатсия”, ба маблағи 467,5 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Фирдавс-СД” ба маблағи 201,7 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Агроснаб”  ба маблағи 146 ҳазор сомонӣ,  ҶДММ “Азия” ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “Сайдо” ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ арзёбӣ  кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Роҳбари давлат зимни  мулоқоти худ  бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 24 феврали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардида буд, аз зиёд будани бақияи қарзи андоз  дар вилоят нигаронӣ карда, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро супориш дода буданд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии андоз ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, тадбирҳои қатъӣ андешанд. Аммо мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Ёвон  масъулон ба ҷойи кам кардани бақияи қарзи андоз онро зиёд карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь