Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки қаблан номи Шӯроободро дошт, яке аз новоҳии вилояти Хатлон буда, соли 1938 ташкил ёфтааст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ таҳти № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳияи Шӯрообод ба номи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод аст, ки дар доманаи куҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад. Ноҳияи мазкур дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз, Муъминобод, дар ғарб бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ бо рӯди Панҷ, ноҳияҳои Хвоҳон, Роғистон ва шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд. Ба таъкид ба масъалаи мазкур Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.
-Аз ҷумла, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад,- таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хабарнигори МТЖТ тасмим гирифт вобаста ба вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар нуҳ моҳи соли равон, бо раиси ноҳияи мазкур Гулзода Зафар Шамсуддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, то бидонем, ки ноҳияи дар ин муддат барои рушди саноат кадом корҳои назаррасро анҷом додааст.
Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Гулзода Зафар дар оғози суҳбат кулли шаҳрвандони кишварро ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба сокинони мамлакат саломатию хонаи обод ва ба Тоҷикистони азиз шукуфоӣ таманно намуда, ҳамчунин, изҳор дошт, ки рушди бесобиқаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз таваҷҷуҳу ҳидоятҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад.
Иҷрои буҷет
Номбурда иброз дошт, ки рушди бомароми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва дар умум кишвар аз таъмини даромади буҷет вобаста аст. Андозсупорандагони ноҳия ин масъулиятро дарк карда, дар иҷрои он таъхир надорад. Аз ин рӯ, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 113,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 18 миллиону 550 ҳазору 208 сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 202 ҳазору 629 сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия 36 миллиону 138 ҳазору 173 сомонӣ ё ба андозаи 100 фоиз маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид карда шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 51 миллиону 169 ҳазору 668 сомонӣ ё ба андозаи 99 фоиз иҷро гардид. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023 маблағи 2 миллиону 626 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2022 ба маблағи 67,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад-иброз намуд Гулзода З. Ш.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри соли 2023 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 2752 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2495 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 22 субъект тариқи патент ва 235 субъект тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои фаъолияткунанда зиёд шуда истодааст. Дар маҷмӯъ дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорони болозикр ба буҷети ноҳия 856 ҳазору 486 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 5,3 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудкардашуда зиёда аз 250 миллион сомониро ташкил додааст.
Савдои дохилию хориҷӣ
-Барои беҳтар намудани сатҳи таъминоти аҳолии ноҳия бо молҳои аввалиндараҷа, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, дар ин давра, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Мувофиқи омор, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 50 миллиону 556,5 ҳазор сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 25 миллиону 808 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли 2022 мутаносибан 118,0 ва 107,9 фоизро ташкил дод,-гуфт раиси ноҳия.
Кишоварзӣ
Дар ҳама давру замон соҳаи кишоварзӣ аз самтҳои калидии таъмини амнияти озуқавории кишварҳо маҳсуб меёбад ва сокинонро зарур аст, ки ҳар як ваҷаб қитъаи замини дар ихтиёр доштаашонро босамар истифода бурда, пеш аз ҳама аҳли оила ва баъдан бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти кишварзӣ таъмин намоянд.
-Давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 405 миллиону 267 ҳазор сомониро таъмин гардид, ки мутаассифона, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 17 миллиону 778 ҳазор сомонӣ кам иҷро гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 14 226 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо 11 941 га, зироатҳои техникӣ 385 га, сабзавот 100 га, полезиҳо 103 га ва картошка 186 гектарро дар бар мегирад. Кишти зироатҳо ба истиснои кишти картошка нисбат ба соли 2022 сад дарсад иҷро гардидааст. Истеҳсоли маҳсулотҳои растанипарварӣ бошад дар ин давра идома дорад. То 1-уми октябри соли 2023 дар ноҳия ба миқдори 23 016 тонна ғалладонагиҳо, 3 024 тонна картошка, 2 538 тонна сабзавот, 13 289 тонна меваҷот, 860 тонна ангур ва 46 136 тонна хӯроки чорво истеҳсол карда шудааст,-иброз дошт раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар.
Чорводорӣ
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ин давра саршумори чорвои калон дар ноҳия ба 31 136 сар, аз ҷумла модагов 17 232, гӯсфанду буз 80 650, паранда 44934, занбури асал ба 3 700 оила ва асп ба 2 902 сар расонида шудааст, ки афзоиш аз 0,6 то 4,7 фоизро ташкил додааст. Истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, аз қабили гӯшт 2853 тонна, шир 7598 тонна, тухм 2184,3 ҳазор дона, пашм 133 тонна, пилла 0,1 тонна ва асал 56,3 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 гӯшт 106,6 фоиз, шир 105 фоиз, пашм 104,7 фоиз ва тухм 107,5 фоиз зиёд шудааст.
Саноат ва энергетика
Дар 9 моҳи соли равон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 75 миллиону 688 ҳазор сомонӣ расонида шуда, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 105 фоизро ташкил додааст. Тули ин муддат 520 метри мукааб рег (қум), 2300 метри мукааб регу сангмайда, 99,5 ҳазор дона хишти сементӣ, 137,7 тонна равғани гӯшт, 2439,6 тонна орд истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ҳаҷми 16,6 миллион кВт/соат барқи фоиданок, ки маблағи он 5 миллиону 5,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, қувваи барқ истифода намудааст. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда дар умум 90,6 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 91,3 фоизро ташкил додааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар ин давра азхудкунии сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 37 миллиону 431 ҳазору 900 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 546,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 31 миллиону 43 ҳазор сомонӣ иҷро шуда, ба маблағи 3 миллиону 26 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, иҷрои корҳои пудратӣ бошад, 3628,3 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Нақлиёт ва алоқа
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ш. Шоҳин 289,7 километрро ташкил дода, аз он 75 километрро роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва 41,5 киллометрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳад. Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чагами ноҳия 2,0 километр ва дар маркази ноҳия 0,7 км роҳи дохилӣ сангфарш ва инчунин, дар маркази ноҳия 300 метр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд, ки дар маҷмуъ маблағи 215 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Маориф ва илм
-Маориф ва илм соҳаи афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, сол то сол таваҷҷуҳ ба ин самт бештар мегардад. Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 8 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 8 муассисаи таълимии ибтидоӣ ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 11 ҳазору 348 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 1161 нафар (306 нафар зан) омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин, дар ноҳия 1 филиали муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ»-и шаҳри Кӯлоб ва як муассисаи томактабӣ мавҷуд аст. Тӯли ин муддат 135 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври вилоятии озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби 23 роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазоворӣ 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар даври вилоятии озмунҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 2 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Ба масъалаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ диққати зарурӣ дода шуда, давоми нуҳ моҳи сипаригардидаи соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳалии ноҳия 132 компютер ва 4 принтер ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон 8 компютер ва 17 тахтаи синфӣ дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шуд. Барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимии рақами 7, 10 ва 30 идома ёфта, дар назди муассисаҳои таълимии рақами 33, 52 ва 57 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ оғоз гардид. Барои омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия ба зимистонгузаронӣ аз ҳисоби буҷети маҳалии ноҳия 431 050 сомонӣ баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинишуда ба соҳаи маориф маблағгузорӣ карда шуда, муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистони солҳои 2023-2024 пурра омодаанд,-қайд намуд Гулзода З. Ш.
Тандурустӣ ва кор бо занон
Солимии миллат бойигарии давлат аст. Айни замон дар соҳаи тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 56 духтур, аз ин шумора 19 нафар бо дараҷаи олӣ, 9 нафар бо дараҷаи якум, 5 нафар бо дараҷаи 2 ва 480 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз як шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ҷарроҳӣ, як шуъбаи кӯдакона, як шуъбаи таваллуд ва шуъбаи ёрии таъҷилӣ иборат мебошад. Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 28920 нафарро ташкил дода, 39 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 8 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 24 нафар вакилони ҷамоатҳо, 19 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва 101 нафари дигар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 1090 таваллуд, 113 вафот, 4 ҳолати фарзандхонӣ, 60 мавриди ивази ному насаб ва номи падарӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Ҷавонони ноҳия 18550 нафарро ташкил дода, аз онҳо 9056 нафар духтар мебошанд. Дар ҳудуди ноҳия 77 майдончаи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 1 варзишгоҳ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд. Як муассисаи давлатии мактаби варзишӣ бо фарогирии 574 нафар варзишгарон ва 23 мураббӣ аз рӯи 9 намуди варзиш низ фаъолият менамояд. Тули ин муддат варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд.
-Дар умум варзишгарони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҳама намуди мусобиқаҳои варзишии сатҳи минтақавию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби 23 медали тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ гардидаанд. Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия 7 ширкати сайёҳии шикорӣ, 4 меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули сайёҳон мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар ин давра 25 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 панҷ нафар зиёд мебошад,-гуфт раиси ноҳия.
Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Дар ноҳия 4587 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд мебошад. Маблағи талаботи нафақа дар ин давра 14,6 миллион сомониро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2023 ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, шахсони яккаю танҳо, мактаб-интернат дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи зиёда аз 186 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шуд,-иброз намуд Гулзода З. Ш.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
-Бо мақсади таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ таҳия гардидаст, ки тибқи он дар ноҳия сохтмону азнавсозии 216 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол аз шумораи умумии иншоотҳои ба нақша гирифташуда, дар 72 иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. 57 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ба 26,4 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад,-иброз намуд дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин.
МТЖТ