Роҳи мошингарди ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Куҳистон Мастчоҳ шояд яке аз фарсудатарин, хатарноктарин роҳ дар байни ноҳияҳо бошад. Зеро ин роҳ солҳои зиёдаст, ки таъмир нашудааст. Роҳ барои ронандагон хеле душворгузар буда, ин ҳолат метавонад барои техникаҳо хисорот ворид намояд ва боиси баланд шудани ҳақи роҳкиро гаштааст. Сабаби асосии фарсудашавии роҳи Айнӣ – К. Мастчоҳро бархеҳо дар мошинҳои боркаш мебинанд, ки аз кони ангишти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба шаҳру навоҳии кишвар бор мекашанд Ронандагоне, ки пайваста аз ин роҳ истифода мебаранд, аз зуд-зуд фарсудашавии қисмҳои эҳтиётии автомабилҳои худ ва ҳамчунин роҳи 60-70 км-ро дар 5-6 соат тай намудан шикоят мебаранд. Ҳолати табоҳу ногувори ин роҳ, нишон медиҳад, ки масъулони Идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳияҳо, дар иҷрои бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Аз масъулин хоҳиш карда мешавад, ки барои обод кардани роҳи мазкур бетарафиро ихтиёр накарда барои ҳарчи зуд таъмир шудани он саҳм гузоранд.
Сайфулозада ШЕРЗОД, донишҷуи курси 2