Барои парвоз аз Хуҷанд бояд чиро донед?

Тасаввур мекунед, ки ба фурудгоҳ бидуни “чек” наметавонед ворид шавед? Ё инро дарк мекунед, ки меҳмонатонро бояд бо “обрӯи муҳаммадӣ” пешвоз бигиред, аммо ӯ дер берун меояду барои ҳар дақиқаи таъхири ӯ бояд пул супоред? Тасаввур мекунед, намекунед, дарк мекунед ё на, мушкили шумост. Барои ворид шудан ба қаламрави фурудгоҳи Хуҷанд ҳар мошин бояд пул пардохт кунад. Нархи вуруд: 2 сомонӣ! Як чордеворчаи чӯбӣ, “бутик” ё дарвоқеъ чизе монанд ба дӯкончае сари роҳ аст, ки аз он ҳам шлагбауми роҳ идора мешавад ва ҳам нақши хазина ё кассаро иҷро мекунад. Ин маҳз ҳамон шлагбаумест, ки то 2 сомонӣ пардохт накунед, вориди саҳни фурудгоҳи Хуҷанд нахоҳед шуд. Фурудгоҳҳои хориҷӣ ҳам чунин шлагбаумҳо доранд, аммо на барои пулгирӣ…

Мо ҳамчун шаҳрванди қонунпазири Тоҷикистон ин пулро пардохт мекунем ва дар ин бора намегӯем, ки як одами оддӣ ё ягон меҳмони хориҷӣ ин пардохтро чӣ гуна қабул хоҳад кард. Вақт фишор меорад ва оҷилона ба сӯи баромадгоҳи фурудгоҳ мошин меронем. Аз рӯи он чӣ дар ҷадвалу огаҳиҳо навишта шуда буд, меҳмони мо бояд соати расо 6-и субҳ фуруд омада, то як соат берун мешуд. Соат аз 7 мегузашт. Танҳо умед бар ин доштем, ки расмиёти дохилии фурудгоҳ меҳмони моро масруф нигоҳ медорад ва ӯ хеле дертар аз он, ки интизор меравад, берун меояд.

Хато накардем. Вақте ба баромадгоҳи терминал наздик омадем, касе набуд, аммо моро зуд ба сӯи дигар ҳидоят мекунанд. Дида мешуд, ки аз тарафи чапи терминал як бинои дигар дар ҳоли бунёд шудан аст. Мо ба тарафи чапи он рафтем. Мардуми зиёде барои истиқбол аз наздикону меҳмононашон ҷамъ омада буданд. Мошинро нигоҳ доштем ва хостем дар қатори дигарон мунтазир нишинем, ки як фарди ношинос ба мо гуфт:

– Ако, мошинатонро гиред, ки барои ҳар дақиқаи истоданаш 2 сомонӣ мегиранд.

Ман зуд ба ронанда дастур додам, ки мошинро ба ягон “ҷои бехавф” барад…

Мусофирони хатсайри Маскав – Хуҷанд як-як аз ҷое берун меомаданд, ки ҳеҷ ба баромадгоҳ шабоҳат надошт. Он бештар ба як кӯчаи торик, тангӣ ё “баромадгоҳи махуф” (черний ход)-е монанд буд. Ин манзара моро каме нороҳат кард. Рост ба назди як маъмури мулкипӯши фурудгоҳ ва милисае рафтам, ки дар оғози ҳамон тангкӯча бо ресмони фурудгоҳ як “хати сурх” кашида, намегузоштанд, ки мардум ба пеш раванд. Пас аз салому алайк бисёр мулоим ва бо эҳтиром аз онҳо пурсидам:

– Ако, чаро дар он тараф як терминали обод истода, аз ин тангӣ мусофиронро берун мекунед? Ягон хориҷӣ ояд, чӣ мегӯяд?

Ин суоли нобоб ба онҳо писанд наомад ва ҳардуи онҳоро гӯё ҳушёр кард. Чизе мехостанд гӯянд, аммо худро ба даст гирифта, кӯтоҳ посух доданд:

– Бародар, мо як хизматчии оддӣ. Калонҳо медонанд (яъне тасмим мегиранд). Аз онҳо пурсед…

– Чаро барои истодани мошин пул мегиред?

– Намедонем, калонҳо…

Меҳмони мо таъхир мекард. Дар ин миён бароям хеле ҷолиб буд фаҳмидани ин, ки чаро барои истодани мошинҳо дар наздикии баромадгоҳ пул меситонанд. Тасаввур мекардам, ки шумо мехоҳед меҳмонатонро бо эҳтиром пазироӣ кунед, аммо барои ин бояд пардохт ҳам намоед. Мутаассифона, ҳар як дақиқаи таъхири меҳмон барои мизбон хеле гарон тамом мешуд. Он марди ношиносро пайдо карда, пурсидам:

– Бародар, ман нафаҳмидам, чӣ хел барои истодани мошин пул мегирифтаанд? – ва афзудам, ки маъмурини фурудгоҳ дар шарҳи ин ба ман чизе нагуфтанд. Он фард чунин қисса кард:

– Ман худ таксистам. Як ҳафта қабл ба ман аз Маскав занг заданд, ки фалон соат ба фурудгоҳ оям ва як нафарро пешвоз гирам. Омадам ва бехабар аз қоидаҳои нав мошинро дар баромадгоҳ гузоштам. Ҳозира барин одаме, ки интизораш будам, хеле дер баромад. Тақрибан ним соати интизориам буд, ки як мулкипӯш бо куртаи сафед ба мошини ман наздик шуд ва чун дар он касе набуд (ман дуртар будам), ба атроф нигариста, фарёд зад:

– Ин мошини кист?

Зуд ба наздаш рафтам. Вақте маро дид, гуфт:

– Ин мошини худат?

Ва посухи маро мунтазир нашуда, афзуд:

– Пас аз 15 дақиқаи истодани мошин барои ҳар дақиқа бояд 2 сомонӣ супоред.

– Лутфан, худро муаррифӣ кунед. Шумо кӣ?,- пурсидам аз он мулкипӯш.

– Корманди фурудгоҳ.

– Чаро мо бояд барои истодан дар ин ҷо пул диҳем?

– Амри роҳбарияти фурудгоҳ аст.

– Барои чӣ?

– Фурудгоҳ дар ҳоли бозсозӣ аст. Ин маблағ барои сохтмон истифода мешавад.

Ман дар ҳайрат афтодам. Зарур надонистам, ки бо ӯ баҳс кунам. Ҳуҷҷати ӯ ва пулситониро ҳам талаб накардам, зеро ин кор фоида надошт. Медошт, нишон медод. Инро ҳам нахостам пурсам, ки оё ин пулситонӣ бо кадом ниҳоди ҳукуматӣ мувофиқа шудааст, зеро хуб дарк мекардам, ки ин нафар ҳам мисли дигарон ҳамон гапро хоҳад гуфт: “Аз раҳбарият пурсед. Мо иҷрогар!”.

– Хуб, ҳоло чанд дақиқа шудааст ва бояд чанд сомонӣ пардохт кунам?,- пурсидам аз он коргари фурудгоҳ.

– Агар баҳс намекардиву мошинатонро мегирифтӣ, 5 дақиқа фоида мекардӣ. Ҳоло бояд барои 25 дақиқа 50 сомонӣ диҳӣ.

– Агар надиҳам, чӣ мешавад?

– Мошинатро намегузорам, ки берун равад…

– Гап нест!

Ман пулро пардохт карда, мошинро аз “минтақаи пулакӣ”-и фурудгоҳ берун бурдам. Коргари фурудгоҳ барои пул чек ҳам надод, ман ҳам напурсидам. Хулоса, ними фоидаи ҳамонрӯза бо “файзи саҳар” аз даст рафт… Он мард хандида, бо ишораи сар ба ман гуфтанӣ шуд, ки оё фаҳмидам ё хайр. Аммо ман чизеро нафаҳмида будам. Ҳама чиз аҷиб ва ноошоно менамуд. Маълум буд, ки хеле тағйирот шудаву ман хабар надорам. Ҳарчанд он марди таксист аз маъмури фурудгоҳ суолҳои аслиро напурсида буд, ман тасмим гирифтам, ҳамчун рӯзноманигор, онҳоро дар нишасти матбуотӣ матраҳ кунам. Пеш аз ҳама мехостам фаҳмам, ки то куҷо он чӣ дидаму он чӣ шунидам, дуруст аст. Аммо беҳуда умед баста будаам.

Нишасти матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар замони раҳбарии Маъруф Маҳмудов ҳар шашмоҳа баргузор мешуд, имсол нашуд. Ин нишастҳо ба хости раҳбари фурудгоҳ на, балки амри Президенти кишвар аз соли 2011 баргузор мешаванд. Ҳоло ки баргузор нашуд, ба болои суолҳо, шакку гумонҳо ҳам зиёд шудаанд, ки чаро роҳбарияти кунунӣ амри Президентро иҷро намекунад? Агар гапе барои гуфтан нест, гапҳое барои пинҳон кардан ҳастанд? Вақте бо худи фурудгоҳ тамос гирифтам, чун фаҳмиданд, ки рӯзноманигорам, алоқа нишон надоданд, то ба суолҳои ман гӯш диҳанд.

Воқеан, аз рӯзе, ки Қурбони Алимардон (дар гузашта директори генералии “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа”) ба ҷои Маъруф Маҳмудов директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таъин шуд, фурудгоҳ хеле тағйир хӯрдааст. Фақат ҳамин хел, ки мебинед.

Як бинои нав сохта мешавад, ки кори хуб аст, чун фурудгоҳ – дарвозаи шаҳр шудааст, аммо боз ҳам аз ҳисоби мардум, на сирфан даромадҳои худи фурудгоҳ. Вақте аз огаҳони ҳол дар ин бора пурсон шудам, гапҳое гуфтанд, ки ҳоло навиштанашонро зарур намеҳисобам, зеро ҳама таҳқиқи амиқ мехоҳад…

Ин, ки пул ҷамъ мекунанд, кори бад нест, аммо инро шарм накарда, бояд эълон доранд ё дар девор нависанд, ки чаро ва ба кадом хотир ҷамъ мекунанд, то ҳар як нафари қаториро қаноат дода тавонад. Боз беҳтар мешуд, ки раҳбарияти фурудгоҳ ҳаҷму харҷи ҳамин пулҳои харҷшударо нашр кунад ва ба мардум ҳисобот диҳад. Танҳо барои эҳтироми мардум, ки пули пардохтаашон барои ободӣ харҷ шудааст ва ин боиси ифтихор аст. Ҳоло чунин эҳсос мешавад, ки ҳам пулатро мегиранд ва ҳам бояд ту миннатдор шавӣ, ки пулатро гирифтанд…

Ҳамин тавр, вақте касеро аз фурудгоҳи Хуҷанд гусел мекунед, бояд донед, ки бояд чӣ кор кунед. Аввал, бояд ду яксомонӣ омода кунед, сипас…

Фарид АҲМАДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь