Дар партави сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз моҳи марти соли 2016 то ҳол дар “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” корҳои зиёди ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расидаанд. То имрӯз биноҳову иншооти гуногуни фурудгоҳ азнавсозӣ шуда, он рӯз ба рӯз шукуфтаву ба як гӯшаи ҷолибу зебо ва замонавӣ табдил ёфта истодааст.
Баробари директори генералии “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таъйин шудани Қурбони Алимардон аз 22-юми феврали соли 2016 корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтанд. Корҳо аз баровардани партовҳои солҳои тӯлонӣ хобида оғоз шуда, биноҳои куҳнаву шикаста барқарор гардиданд ва таъмири биноҳои хоҷагии фурудгоҳ оғоз ёфт.
Дар муддати кӯтоҳ ҳудуди аэродроми фурудгоҳ аз алафу буттаҳои худрӯй ба масоҳати беш аз 90 000 метри квадратӣ бо таври дастӣ ва истифодаи техникаи махсус тоза карда шуда, инчунин барои бемамониат гузаштани об ҷӯйбору обравҳои минтақаи мазкур ба масофаи 4119 метри квадратӣ тоза ва тармим гашта, деворҳои ҳудуди фурудгоҳ, ки беш аз 10 км дарозӣ доранд, низ таъмир ва аз сари нав сафед гаштанд.
Майдони фурудгоҳ, истгоҳи ҳавопаймоҳо, ки зиёда аз 35 сол таъмир нашуда буданд, бо сарфи 23000 тонна асфалти хоси майдонҳои фурудгоҳӣ мумфарш карда шуданд. Барои истгоҳи нави тайёраҳои меҳмонони воломақом, ки масоҳаташ 4200 м/кв аст, 2700 тонна асфалт масраф гардидааст.
Имрӯзҳо натанҳо майдонҳои ҳавоӣ, балки кӯчаҳои ҳамшафати фурудгоҳ низ таъмир ва аз сари нав мумфарш карда шудаанд. Барои амалисозии корҳои мазкур заводи мум ва бетони фурудгоҳ аз оғози кор то ҳол аз субҳ то шом барои фурудгоҳ асфалт истеҳсол мекунад.
Ҳар нафаре, ки имрӯз аз назди фурудгоҳ мегузарад, мебинад, ки он чи тавр симои зоҳирии худро дигар кардааст ва ба як макони зебову истироҳатӣ бадал шудааст. Дар радифи корҳои ободонӣ, Қурбони Алимардон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба бунёди терминали наву муосир, ки ҷавобгӯй ба талаботҳои байналмилалӣ аст ва тарҳи он дар хориҷа омода шудааст, шуруъ намояд. Сохтмони бинои нав босуръат идома дошта, қисми берунаи аэровокзал дар ҳоли анҷомёбист. Азнавсозии бинои аэровокзали фурудгоҳ то ба имрӯз аз ҳисоби маблағҳои худи корхона ба амал бароварда шуда истодааст.
Сохтмони бинои аэровокзали марказии фурудгоҳ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои замони муосир аз моҳи майи соли гузашта роҳандозӣ шуда, баъд аз ба истифода додан метавонад дар як соат ба 400 мусофир хизмат расонад.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои тарҳи нави бинои мазкур, аэровокзал ба 30х64 метр аз тарафи пеш ва 36х64 аз тарафи перрон васеъ карда шуда, тахминан 14 метр баландӣ хоҳад дошт. Мутобиқи лоиҳа аз ду кунҷи тарафи перрон ду галерея бо дарозии 12 метр ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷми тамғаи «Аэробус А320» ва «Боинг 767-300» васл карда мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонию васлкунӣ дар иншооти мазкур идома доранд.
Бо мақсади наздик намудани роҳи мошингард ба аэровокзали фурудгоҳ, роҳи даврӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки масоҳати 5900 метри квадратиро ташкил медиҳад. Барои ин кор 1174 тонна асфалт масраф гардид. Имрӯзҳо барои кашонидани бору бағоҷи мусофирон 100 адад аробачаҳои замонавӣ муҳайё карда шуда, кори мусофирон боз ҳам осон карда шудааст.
Истгоҳи нақлиёт, ки пештар дар ихтиёри соҳибкорони инфиродӣ дар иҷора қарор дошт, ба фурудгоҳ бозгардонида шуда, дар масоҳати 3510 м/кв асфалтпӯш карда шудааст, ки 501 тонна асфалт масраф гардидааст.
Роҳи протоколӣ дар масоҳати 2496 м/кв васеъ ва рост карда шуда, 376,81 тонна асфалт хобонида шудааст. Дар қади роҳи протоколӣ чароғҳои шабафрӯз қомат афрохта, минтақаи мазкурро боз ҳам зебо ва шабҳангом рушан гардонидаанд. Дар даромади толори вакилони расмӣ панҷараҳои оҳанини замонавӣ дар масоҳати 282,5 м/кв васлу насб карда шуданд. Дар масоҳати 409 м/кв плиткаи пайроҳавӣ (брусчатка) шинонида шудааст. Боми бинои толори вакилони расмӣ аз нав таъмир карда шуда, бино барои қабул ва гусели меҳмонони воломақом пурра аз таъмир бароварда шудааст.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ, аз нав сохтан ва мустаҳкам кардани деворҳои гирдогирди ҳудуди фурудгоҳ дастгоҳи истеҳсоли хишти блок дастрас ва васлу насб карда шудааст, ки дар як рӯз 650-700 дона хишт истеҳсол мекунад. Аз ҷониби бинои «СIР»-толори ҶСП «Тоҷик Кейтеринг Сервис» то нуқтаи назоратию рухсатдиҳӣ дар масофаи тақрибан 200 метр деворҳои бетонӣ сохта шудааст.
Бинои маъмурияти фурудгоҳ пурра навсозӣ карда шуда, боми бинои мазкур пурра аз нав сохта ва тарҳи нави бино бо масолеҳи алкопон ороиш дода шудааст. Айни замон дар ошёнаи сеюми бинои маъмурият корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Толори маҷлисгоҳи фурудгоҳ, ки зиёда аз 40 сол таъмири пурраро надида, сақфу фарши он корношоям гардида буд, пурра навсозӣ карда шуда, бо курсиҳои замонавӣ, фарши гарм ва дигар шароитҳои дахлдор муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинобар эълон гардидани соли 2017 чун “Соли ҷавонон” ба толори нави фурудгоҳ «Толори ҷавонон» ном гузоштаанд. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи роҳбари фурудгоҳ дар радифи корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ биное, ки дар шафати толори вакилони расмӣ, ки солиёни зиёд бекор мехобид, таҷдиду муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба ифтихори “Соли ҷавонон” тарабхонаи Ҷавонон номгузорӣ карда шуд.
Роҳбарияти фурудгоҳ баробари ободу зебо кардани биною роҳҳо ва гулгаштҳои назди он ба бехатарӣ ва осон кардани низоми парвозу нишасти тайёраҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз 5-уми сентябр дар аэродроми ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таҷҳизоти нави рӯшноидиҳӣ ва огоҳкунӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Таҷҳизоти мазкур мутобиқ ба талаботи дараҷаи 1-уми ИКАО (Ташкилоти байналхалқии авиатсияи гражданӣ) буда, имкон медиҳад, ки фурудоӣ ва парвози ҳавопаймоҳо дар аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд дар вақти шабона бо сифати баланд ба амал бароварда шавад. Васлу насби чароғҳои шуояшон баланд дар хати парвозу фурудоии аэродроми Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд” амалӣ гардида, корҳо дар ҳамдастӣ бо ширкати русиягии “Радар Га” бо тариқи тендер ва дар асоси шартномаи дуҷониба аз 20-уми майи соли 2016 оғоз гардида, санаи 1-уми июни соли 2017 ба итмом расонида шудаанд.
Насибаи ХУҶАНДӢ