Ба диққати Федератсияи Футболи Суғд
Редаксияи азиз!
1.Ман гарчанд дар Конибодом зиндагӣ мекунам лек мухлиси ҳамешагии дастаи футболии “Хуҷанд” ҳастам. Худ касбам иқтисодчӣ… Тахмин 15-20 сол боз ин дастаи овозадор дар ҷамъбасти мавсими ҳарсола зинаи пурифтихори дуюм ва медалҳои нуқра насибашон шуда истодааст. Танҳо як мавсими соли гузашта ба “Хуҷанд” кор омад накарду зинаи сеюмро ишғол кард. Акнун дирӯз дар яке аз расонаҳои хабарӣ мехонам, ки вазифаи аввалиндараҷаи ин даста дар қатори 5 дастаҳои беҳтарин ҷой гирифтан аст. Ана гапу мана гап!
Ҳой масъулони “Хуҷанд”-Футбол! Ба шумо ҷои 4-5-умро дар ҷамъбаст ишғол кардан айбу ҳайратовар ҳам аст ва намезебад.
1.Дар як вақт ду вазифаи пурмасъулият-ҳам сармураббиву ҳам сардори дастаро ба дӯш гирифтани мутахассиси ҷавону камтаҷриба ба мақсади баланд ноил шудан имконпазир аст. Яъне пешгӯии ман ин аст, ки бо ин аҳвол дастаи дӯстдоштаамон “Хуҷанд” дар марҳилаи сеюм ҷояш гурӯҳи дуюм мешаваду халос. Ба ин пешгӯии қатъӣ бовар кунед ва тамошо ҳам кунед!
Дуруст аст, ки дастаи “Хуҷанд” бо сарвари сармураббии нави ҷавон Фаррух Марофиев паи ҳам се бозиро ба фоидаи худ ҳал кард.. Ин хуб аст! Вале, таклиф мекунам, ки Фаррухҷон аз паи як вазифа шавад. Каландро колхозчӣ ба даст гирад кафлесро ошпаз… Пас, ҳоло ҳам дер нашудааст, Фаррухҷон.
Ҷои ту танҳо сармураббигӣ аст.
Роҳбарони шаҳри “Хуҷанд”, ки аниқ аз мушкили футбол мегурезанд, чӣ мегуфта бошанд?
Алишер Ғаниев, ш. Конибодом