Дар маркази ноҳияи Дӯстӣ барои танзими ҳаракати нақлиёт ҳамагӣ як чароғаки роҳнамо мавҷуд аст, ки он ҳам ба гуфти ронандаҳо, даҳсолаҳо боз кор намекунад ва барои лонагузории парандагон ва занбӯрҳо макони хубе шудааст.
Даҳҳо нафар ронанда аз ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 20-уми августи соли равон ба мо гуфтанд, ки аз сабаби вайрон будани чароғаки роҳнамо ронандаи воситаи нақлиёт дар сероҳаи назди бозори ноҳия хело мушкилӣ мекашад, зеро ин макон ҳамарӯза пур аз одамон аст. Онҳо иддао карданд, ки “ба мисли шумо чандин нафарон омада, аксу навор гирифта рафтанд, аммо масъулони ноҳия ҳеҷ парвое надоранд”.
Аксар ронандагони ноҳияи Дӯстӣ, ки ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, зимни суҳбат гуфтанд: “Мо ёд надорем, ки ягона чароғаки роҳнамои ноҳия охирон бор кай фаъол буд. Ҳоло дар чароғаки роҳнамои ноҳия парандагону занбӯрҳо лона гузошта, шишаҳояшон низ шикастаанд”.
Мо хостем оид ба ин масъала бо мутасаддиён суҳбат анҷом диҳем. Мутаассифона, касе масъулияти таъмири ин чароғакро ба уҳдаи худ намегирифту ҳама аз додани маълумот худдорӣ мекарданд.
Роҳбари идораи коммуналии ноҳия бошад, дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ чунин гуфт: “Нигоҳдории чароғаки роҳнамо ба зиммаи мо нест… Он бесоҳиб аст!”. Ва телефонашро хомӯш кард.
Раиси ноҳияи Дӯстӣ дар як суҳбати сарироҳии кӯтоҳ гуфт: “Мо нақша дорем, ки чароғакро нав кунем”.
Чунин ҳолатро на танҳо дар ноҳияи Дӯстӣ, балки дар дигар ноҳияҳо, аз ҷумла Шаҳритуз низ вохӯрдан мумкин аст. Дар маркази ин ноҳия як чароғаки роҳнамо насб шудааст, ки он низ ба гуфти ронадагон, чандест аз кор мондаасту ҳатто баъзе шишаҳояш сӯрох шудааст. Аммо масъулони ноҳия гуфтанд, ки “мо ният дорем чароғаки роҳнаморо иваз намуда, дар ҷояш чароғаки рақамӣ насб намоем”.
Масъулони сохторҳои марбута, хоса мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва зери хатар нагузоштани ҷони пиёдагардон, ки ҳамарӯза аз роҳ убур мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ё шумо фикри дигар доред, масъулони муҳтарам?