Ба таваҷҷуҳи роҳбарон ва дастандаркорони ҳар ду ноҳияи МАСЧО – аз куҳистони асл то Масчои Дилварзин.

Акнун сару садоҳо бештар мешавад, ки мисле расман исми ин ду ноҳия тағйир ва мантиқию китобӣ мешавад, ки меобйист ин амр дар 50-60 соли пеш сурат мегирифт. Ҳоло, ки ибтикоре чунин сар задааст, ба ҳар ҳол хуб аст, то ҳақ ба ҳақдор бирасад. Яъне тағйири исми ин ду навоҳӣ амри воҷиб шудааст ба он далел, ки вожаи МАСТЧОҲ (??) бемаънӣ, дағал ва ба ҳич ваҷҳ мусаммои ин макон нест ва шакли дурусти ин исм МАСЧО аст, ки дар сарчашмаҳои то исломӣ ва пас аз исломӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар “Санадҳои куҳи Муғ”, “Ҳудуду-л-олам”, осори таърихиву адабии асрҳои 15 ва 16, дар “Бобурнома”-и Заҳируддини Бобур”, “Таърихи амирони манғитияи Бухро”-и Аҳмади Дониш ва чанди дигар вожаи МАСЧО омада (на МАСТЧОҲ)! Донишманди арҷманди мо Умеди Ҷайҳонӣ чанде пеш аз қавли Ибни Ҳавқал ҷуғрофидони садаи 10 ин иқтибосро оварда, ки Ибни Ҳавқал дар китоби хеш – «Китобу-л-масолик вал-мамолик» ин гуна менигорад: «Масчо» [مسچا] яке аз рустоҳои вилояти куҳистонии Буттам мебошад.
МАСЧО иқлимест дар саргаҳи водиии Зарафшон. Ба таъбире Бухоро аз Масчо оғоз гардидааст. МАСЧО муштамил аз 64 деҳкада, ба қавли дигаре 71-то деҳа буда, аксари томми ин рустоҳо номи бостонии суғдӣ ё порсии куҳанро доростанд ва ин номҳо ҳамчун исми МАСЧО сафҳае аз таърихи тоҷикону Эронзаминанд ва ҷумла гӯшнавозу зебо, дорои маъонии зебостанд, ки ҳовии фарҳангу таърихи як миллати куҳане ба исми тоҷик мебошанд. Чунончи, бархе аз ин номҳо: Роғу Палораку Ярму Худгиф; Самҷону Сабағу Сурхкату Рогиф; Арсовиду Андарвашт; Питу Падроғу Пакшиф; Узвору Виткону Валғунд (на Валиғунд??)-у Водиф; Ғузну Ғудоку Ғувинду Муждиф…
Ёдгориҳои хаттии то кунун монда дар бархе аз деҳкадаҳои МАСЧО (дар Сабағ, Падаск ва Аълами Аъламиён…) аз пешинаи беш аз панҷҳазорсолаи фарҳангию таърихии ин диёр гувоҳӣ медиҳанд. Танҳо қалъаи Падаск қадимати беш аз сеҳазорсола дорад ва дар миёни ёдгориҳои Эрони куҳан аз нодирмеъмориҳои аҷдодони мо шумурда мешавад. Аз ковишҳои бостоншиносон номаҳое аз муҳофизони ин диж ба сарони Панҷакент бозёфт шудааст, ки дар боби ҳимояти Суғдистон аз аҷнабиён ривоят мекунанд. Хеле таъассуфовар аст, ки имрӯза сарони МАСЧО ин шарофату шаҳомати МАСЧО-ро намедонанд ва чанде пеш ба таври масхараю мазҳака 25-солагии Куҳистони Масчоро ҷашн гирифтанд, ки омилон дар ҷумҳурӣ низ қубҳи ин масхараҷашнро пай набурда, ба ислоҳаш напардохтанд.
МАСЧО то инқилоби болшвик (дар радифи Фалғару Панҷекат) дар ҳудуди Ҳавза (Округ)-и Зарафшон аз навоҳии вилояти Самарқанд ба шумор мерафт. Дар ҷараёни инқилоби болшвикии соли 1917 МАСЧО таҷовузи Кремлинро напазируфту таҳаммул накард ва мухторияти хешро эълом дошт, ки онро Инглис, ИМА ва Афғонистон ба расмият шинохтанд. Ноябри соли 1918 ҷабҳаи муқовамати самарқандиён Иморати мухтори Масчоро дар саргаҳи Зарафшон эълом доштанд. Дастаҳои онон то соли 1919 Панҷекату Уртеппаю Хуҷандро тасарруф карданд. Танҳо соли 1923 артиши сурх муяссар шуд ки маркази МАСЧО – Оббурдонро ишғол кунад. Аммо ҳаракати зиддитаҷовузи русӣ дар МАСЧО то соли 1941 давом кард.
Масчоҳиён аз қадим бо виқору ғурури миллӣ машҳур будаанд. Ман дар симои қаҳрамононе ҳамчун Нусратшоҳу Ҳомиду Ҳайдарбеку Аҳмадхӯҷаҳо, ки аз пешмаргони зидди таҷовузи рус буданд, Имом Шомилҳои Доғистониро мебинам, ки аз зери бори бегонагон мондан мурданро авло шумурда, ҷони худро дар роҳи озодии Ватан ва озодии мардумони Ватан фидо карданд.
Дар замони Амир Музаффар мири Масчо – Ботурхӯҷа, ду бор ба қирғизҳои Хуканд зарба зад ва қаҳрамонии ӯ дар он буд, ки шаҳри Хуҷандро аз истилои бекони Хуканд ҳифз карда ба қаламрави Бухорои Шариф илҳоқ намуд. Дар наҳзати озодихоҳии Афғонистон алайҳи инглис (асри 19), яке аз сарварони ин ҷабҳаи зидди ғосиб Қурбони Ёрмуҳаммад аз деҳаи Пакшифи МАСЧО будааст, ки дар таърих аз вай ёд мешавад. Қурбони Ёрмуҳаммад тавассути низомиёни Бухоро муаррифӣ шудааст.
Дар солҳои 50-и асри гузашта ба хотири таъодули демографӣ масчоиён ба дашти бефарёди Дилварзин муҳоҷир кунонда шуданд. Ва ин муҳоҷиркунӣ бори аввал набуд. Дар замоне Темури Ланги Кургонӣ масчоҳиёнро ҳамроҳ бо фалғариён ҳамин гуна ба Самарқанд муҳоҷир карда буд, то нуфузи муғулони чиғатоӣ дар Самарқанд камтар шавад. Ҳамсинфи донишгоҳиям Кибриё Исрофилова худ нақл кард, ки аз гузари фалғариёни Самарқанд аст ва дуртар аз онон гузари масчоиён будааст. Темурланг – охирин императорони Эронзамин, сиёсатмадори дурбин буд, ӯ аз туркони чиғатоӣ бим дошт, ки беваҷҳ набудааст. Саранҷом набераи ӯро Узбакхону Муҳаммадхони Шайбонӣ, ки аз қабилаи чиғатоиён (узбакони имрӯз) буданд, сарнагун карда, ҳукуматашро гирифтанд ва ин шикаст, мутаассифона, боиси пошхӯрдани Эрони Бузург гардид. Бобур ҳам, зимнан, ҳини фирор аз роҳи Масчо, аз деҳаи Оббурдон гузар кард, он ҷо сангнавиштае дорад, ки дар ин бора навишта будем. Ин нукта низ бояд ҷолиб буда бошад, ки чун бар сари масчоиён табли ҳиҷрат мезананд, ва чун аз деви шӯравӣ илоҷи раҳоӣ набуд, саркардаҳои онҳо амрро мепазиранд, вале пешшарт мегузоранд, ки макони нави онҳо низ МАСЧО номгузорӣ шавад. Сиёсати рӯз инро мепазирад.
Ин ду ҳодиса аз муҳоҷиратҳои иҷбории масчоиён будааст. Аммо дар тӯли таърих ин мардумон борҳо гуруҳ-гуруҳу деҳа ба деҳа ҷилои ватан кардаанд ва эли масчоиён дар доманаҳои Истаравшану Хуҷанд, дар Ховасту Бухорову Насаф, дар Косону Тошканду каронаҳои он, дар водии Фарғона, аз ҷумла Исфара имрӯз ҳам маъруфанд. Масчоиён акнун ба ғайр аз ноҳияе дар Дилварзин ҳамчунин дар навоҳии Испетамону Ҷаббор Расулов низ сукунат доранд, дар ноҳияи Чаноси Узбакистон як колхоз ҳама аз масчоиёнанд; як маҳаллаи бузурге дар Қазоқистон бо номи Славянка (ба гӯйиши масчоиён Исловиюн), ҳама аз мардумони ин маконанд. Онҳо русуми аҷдодиро муҳтарамона пос доштаанд ва макотибашон, ҷашну сурашон ҳама тоҷикист.
МАСЧО ҳамчун Бадахшон барои Тоҷикистон, барои эронинажодон манзилати осорхонаи зиндаеро дорад, бояд чанд қалъае ки то имрӯз дар он ҷо ёдгор мондааст, аз ҷумла қалъаҳои Оббурдону Падаск ҳатман бозсозиву эҳёи дубора гарданд, бояд сангнавиштаҳову дигар осори барҷоймонда аз давраи муғон нақду баррасӣ шаванд ва ҷузве аз ёдгориҳи фарҳангии меҳан қарор дода шаванд, тамоми топономикаи МАСЧО пос дошта шавад ва аз ҷумла исми МАСЧО дар маҳди худаш, ки имрӯз барғалат Куҳистони Мастчоҳ унвон додаанд, дубора барқарор гардад.
Вожаи МАСЧО реша ба порсии куҳан ё суғдии куҳан дорад ва исми мураккаб аст аз МАС ва ЧО; МАС – фароху густардаву пурдомана; ЧО – мухаффафи ҷой, яъне МАСЧО – макони фароху дилкушо. Ин шарҳ бояд саҳеҳтар намояд. Зеро замини МАСЧО дар қиёс ба ФАЛҒАРи ҳамсоя басо фароху пурдоманаву паҳност. Дар деҳкадаи Худгифи Соярӯ, ки зодгоҳи банда аст, мавзеъест бо номи МАСКОН (ё МАСКАЁН), ки дар ин деҳаяки камзамин ҷои аз ҳама фароху паҳнӣ аст ва МАСКОН ва МАСЧО ҳарду решаи МАС доранд – фароху дилкушо.
Ва…билохира, бояд ба ин нуктаи муҳимм эътибор дод, ки исми МАСЧО ба ноҳияи дар Дилварзин буда ночаспаст ва ҳамчун беэҳтиромие ба МАСЧО-и таърихӣ ҳисоб мешавад. Зеро МАСЧО яктост, он ҳам МАСЧО-и таърихӣ, МАСЧО-и дар маъхазҳо зикршуда, ҳамон гуна ки Бухоро яктост, Бадахшон яктост, Панҷешр ҳам, Хуҷанду Ганҷаву Шерозу Тус ҳам. Албатта аҳли фазлу маърифати ҳарду ноҳияҳои МАСЧО бо ёрмандии донишмандони варзидаи кишвар барои дилварзиниён низ исме пайдо хоҳанд кард, ки бино бар васийяти пешиниёни хеш дар он ҳувийяти масчоӣ ҷило дода бошад. Чунончи аз водии Рашт замоне мардум ба Фарғона муҳоҷарат карданд, аммо макони нави худро на Рашт балки РАШТИЁН (имрӯза РИШТОН) исм гузоштанд. Аз Бадахшон низ солҳои 1950 (баробари масчоиён) мардумро ба Вахш муҳоҷир карданд, аммо ҳич ҷо дар Вахш исми Ванҷ ё Ишкошим ё Дарвозу Ғарм нагирифт…

Обид ШАКУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь