Сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Тоҷикистони ҷангзадаву харобгардидаро дар тули 31 соли соҳибистиқлолӣ ба яке аз давлатҳои мутараққии Осиё табдил диҳад. Дар ин сиёсат Сарвари давлат ба мактабу маориф афзалияти бештар додаанд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми имконияту василаҳоро ба таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд. Сарвари мамлакат дар баромадҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки «маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст» ва ё «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Зери ҳамин сиёсати маънавибунёд Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ки яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои олии кишвар маҳсуб меёбад, дар самти тарбияи ҷавонон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. Тули мавҷудияти худ Донишгоҳ тавонистааст, ки ба чандин дастовардҳои назаррас ноил гардад. Раёсати Донишгоҳ дар баробари омӯзонидани ҷавонон, инчунин барои устодон низ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамасола чун анъана ҷиҳати пешвоз гирифтани оғози соли нави таҳсил корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ҳамаи факултетҳои ин муассисаи таълимӣ вусъати тоза касб менамояд. Дар доираи ин ташаббус утоқҳои биноҳои таълимӣ таъмир гардида, ҳуҷраҳои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин дар баъзе аз факултаҳои Донишгоҳ синфхонаҳо ва роҳравҳои он аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда мешаванд.
Соли нави хониши 2022 – 2023 низ соли хубу хотирмон буд, зеро дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Усмонзода Аюб Ислом ректори нави Донишгоҳ таъин гардид. Профессор Аюб Усмонзода аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шароити зисти донишҷӯёну устодони Донишгоҳ, ки дар хобгоҳҳо истиқомат мекунанд, беҳтар гардад.
Бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси ректори Донишгоҳ дар биноҳои 1 ва 2 – юми таълимӣ лифтҳо аз таъмир бароварда шуда, инчунин лифтҳои нав низ насб карда шудааст. Ҳамзамон синфхонаҳо ва роҳравҳои бинои №1 ва 2 пурра таъмир шуданд.
Дар ин давра бо мақсади муҳайё намудани шароит ба таҳсил ва истиқомати устодону донишҷӯён бори аввал хобгоҳҳои устодон ва донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ ва капиталӣ бароварда шуд.
Дар идомаи ин корҳои бунёдкорӣ ректори Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки даромадгоҳ, роҳравҳои хобгоҳҳои №5 ва №8-ро низ давра ба давра таъмири куллӣ намоянд.
Мо тасмим гирифтем, ки доир ба корҳои ободонии хобгоҳҳои устодону кормандон бо истиқоматкунандагони он суҳбат ороем.
Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳ, зодаи ноҳияи Айнӣ:
Дар хобгоҳи №8 устодону кормандони Донишгоҳ аз соли 2011 истиқомат менамоянд. Ин бино бо сабабҳои гуногун аз соли 1996 то санаи мазкур, умуман, фаъолият набурда, ягон воситаи сукунат надошт. Барои назорати бино ду нафар – комендант ва посбон масъул буданд. Аз нимаи дуюми соли 2011 шуруъ карда, ба 40 блоки он оилаҳои омӯзгорону коргарон ҷой дода шуданд. Ҳар кас ба қадри имкониятҳои молиявии худ шароити истиқоматро муҳайё карда, дар он ҷойгир шуд. Мутаассифона, хонаҳо таъмир шуда бошанд ҳам, истиқоматкунандагон имконияти тунукапӯш кардани бино ва бинои иловагии онро надоштанд. Дар борону барфи баҳору тирамоҳ ва зимистон хонаҳову долонҳо мечакид ва корҳои нисбатан ободкардаро хароб карда, об роҳравро мегирифт.
Хушбахтона, дар оғози соли таҳсили 2022-2023 бо ташаббуси ректори Донишгоҳ, профессор Аюб Усмонзода биноҳои асосӣ ва биноҳои иловагии хобгоҳҳои №5 ва № 8 пурра тунукапӯш карда шуд ва сокинони аз зарари барфу борон эмин гардиданд. Мо – устодону кормандони истиқоматкунандаи ин биноҳо, аз тадбирҳои неки ректори донишгоҳамон, ки аз сиёсати маорифпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, сидқан миннатдорем, зеро профессор Аюб Усмонзода ҳамеша дар пайи ғамхориву дастгирии иҷтимоии ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ мебошад.
Садриддин Мирзоев, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳ, зодаи ноҳияи Мастчоҳ:
Басо рамзӣ аст, ки дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлилу гиромидошти идҳои муқаддаси миллат, ба монанди 30 – солагии Иҷлоси XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад.
Мулоҳиза мешавад, ки ҷиҳати дастгирӣ ва пуштибонӣ аз чунин сиёсати созанда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳам як зумра корҳои муҳим ва муфид аз ҷониби ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба анҷом расида истодаанд.
Матлаб ин аст, бо талош ва ташабуси сарвари Донишгоҳ боми бинои истиқоматии хобгоҳҳои 5 ва 8, ки дар он зиёда аз сад нафар устод, омӯзгор ва аспирантони ҷавон зиндагӣ мекунанд, пурра таъмир гардид. Яъне баъди чанд сол бори аввал аст, ки боми хонаи истиқоматии олимону устодон дар чунин сатҳи шоиста таъмиру тармим мегардад ва масъулин бо ин амали хайру савоб чароғи хуфтаи фарҳанги ободгарию созандагиро дубора бедор карданд, ки, албатта, шоистаи тамҷиду таҳсин ҳам аст. Ба қавли Мустаъмалии Бухороӣ, “Ҳар ки олимро зиёрат кард, гӯё илмро зиёрат кард ва ҳар ки илмро зиёрат кард, гӯё Худои таъолоро зиёрат кард. Ҳар ки Худоро зиёрат кард, Худо бар ӯ азоби оташро ҳаром кард”.
Аслан, худи сарвари Донишгоҳ Усмонзода Аюб намунаи арзишманд дар тааммулу таҳаммул, кордонӣ, ободкорӣ ва парҳезгорӣ мебошад, ки чунин хислатҳои неки инсонӣ барои ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа ногузир аст.
Дар омади сухан бояд гуфт, ки Усмонзода Аюб, пеш аз ҳама, роҳбари фурӯтану бофиросат аст. Дар фалсафаи олам маъруф аст, ки фурӯтанӣ аз фиросат бармехезад. Дар навбати худ фиросат яке аз хислат ва сифатҳои хирадмандон аст. Сарвари Донишгоҳ ҳамин рисолат ва масъулияти азимро пештар ва бештар аз дигарон шинохтаанд, бинобар ин назди донишиҷӯёну донишгоҳиён азизу мукарраманд:
Ҳаргиз ҳасад набурдаам бар маснадеву моле,
Илло ба он ки дорад бо илму шӯр ҳоле.
Муносиб менамояд, ки дар ивази хидмат ва заҳматҳои беподоши ректори Донишгоҳ Усмонзода Аюб Ислом ҷиҳати таъмири боми хонаҳоии истиқоматии устодону аспирантон, таъмири қисмати берунии факултети филологияи тоҷик аз номи худам ва кулли устодон сидқан сипосгузорӣ намоям.
Аҳрорҷон Убайдуллоев, сармуаллими кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, сокини шаҳри Исфара:
Боиси шодмонӣ ва фараҳмандист, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом дар Донишгоҳ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дорад. Яке аз ташаббусҳои наҷибу ғамхоронаи ректори Донишгоҳ ин дар давоми ду ҳафтаи моҳи августи соли равон аз ҳисоби маблағҳои захиравии муассиса бо сифати баланд пурра тунукапӯш намудани бомҳои ду бинои хобгоҳи панҷошёнаи муаллимони Донишгоҳ мебошад. Солҳои сол аз боми ин ду бинои истиқоматии омӯзгорон борон мечакид. Ин иқдоми наҷибу ҷасуронаи сарвари Донишгоҳ боз як ғамхории беғаразонаи он кас нисбати омӯзгорон нишон медиҳад. Инчунин ректори муҳтарами мо ҳамчун олими донишманду таърихнигори варзида дар роҳандозӣ ва дар амал тадбиқ намудани сиёсати дохиливу хориҷӣ ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пешгоманд. Хидматҳо ва ташаббусҳои ректор дар пешрафти тарбия ва корҳои илмию тадқиқотии Донишгоҳ низ хеле барҷаста зоҳир мегардад. Ташаббусҳои наҷибона ва созандаву адолатпапваронаи профессор Усмонзода А.И. ин ҷавоб ба Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорон мебошад. Мо – омӯзгорон, дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои беназир боз ҳам бо дасту дили гарм ва нияти пок баҳри таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси кишвар саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт.
Бибинекбахт Абдолбекова, масъули тозагии бино, зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ:
Ман бо ҳамсару фарзандонам дар ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекардем. Бо амри тақдир соли 2003 ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд омадем. Дар ин ҷо аз соли 2003 то 2007 дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекардем. Ману оилаам кор мекардем, маблағи бадастовардаамон барои иҷорапулӣ ва хӯрок басандагӣ намекард, зеро ҳамарӯза кор пайдо намешуд. Бо умеди ҷои кори доимӣ ёфтан ба ҳар корхонаву муассисаҳо муроҷиат мекардем. Як рӯз ба назди собиқ коменданти бинои №8-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаллима Оиша Ибодова омадем ва ман ба он кас шароити оилавиамро фаҳмонида, хоҳиш намудам, ки дастгирӣ намоянд. Муаллима баъди шунидани шароити мо гуфтанд, ки ба мо посбон лозим аст, ман бо шахсони масъул ҳамсуҳбат шуда, хабарашро ба шумо мерасонам.
Баъди як ҳафта омада аз муаллима нисбати кор пурсон шудам ва он кас гуфтанд, ки устод шуморо ба кори доимӣ ҳамчун посбон қабул намуданд. Баъдан аз соли 2007 дар ин Донишгоҳ то соли 2014 кор кардам ва зиндагиам низ бо фарзандонам дар ин бино мегузашт.
Соли 2007 вақте ман бо ҳамроҳии аҳли оилаамон ба ин бино омадем, ҳеҷ кас зиндагӣ намекард. Дар атрофи бино ягон ниҳолҳои сояафкан ва ҳосилдеҳ низ набуд, зеро оби нӯшиданӣ ва ҳатто полезӣ ҳам набуд. Ҳамсарам аз бозор ниҳолҳои сафедор, зардолу ва арчаро харидорӣ намуда оварданд ва мо онро дар атрофи бино шинонидем. Ҳар рӯз барои сабзидани ниҳолҳо аз назди бинои литсейи касбӣ – техникии шаҳри Хуҷанд обро дастӣ мекашонидем, ки он барои нӯшидан ва сабзонидани ниҳолҳо истифода мешуд.
То соли 2011 дар ин бино ба ҷуз мо дигар ҳеҷ кас зиндагӣ намекард ва баъдан устодоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳ кор мекарданд, ба ин бино ҷалб карда шуданд. Бо омадани устодон мо ба ин бино, ки оби нӯшиданӣ ва полезӣ набуд, ташкил карда овардем. Ҳамчунин ҳар як устодони ба ин бино омада, ҳуҷраҳои худро таъмир намуда, ба табъи дили худ зиндагӣ мекарданд. Дар фасли тобистон баъди ба таътил рафтани шогирдон устодон боми болои биноро семент ва каҳлойро истифода мебурданд, ки дар фаслҳои сол аз боронгарӣ об нагузарад.
Усмонзода Аюб аз солҳои аввали дар бинои мазкур истиқомат карданамон, ки вазифаи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳро ба зимма доштанд, ба ҳамаи кормандони муассиса барои таъмин гардидан бо хонаи истиқоматӣ мусоидат мекарданд. Соли равон устоди ҳалиму хоксор ва донишманду фарди меҳрубон Аюб Усмонзодаро Сарвари мамлакат ба вазифаи пурмасъул ва ифтихории ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин намуданд. Баробари таъин гардидан ба ин вазифа бо тамоми кӯшишу талошҳои созандаашон барои ободонии Донишгоҳ саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар фасли тобистони соли равон иқдоми неки худро барои боми бинои истиқоматии устодонро маҳкам намудан ба роҳ монданд. Инак боми даромадгоҳи бино ва болои хонаҳои истиқоматӣ пурра тунукапӯш карда шуд ва мушкилоти чандинсолаи мо бартараф гардид.
Дар воқеъ, имрӯз раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ободу зебо гардидани намои зоҳирӣ ва дохилии Донишгоҳ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуда истодааст. Ин аст, ки раёсати Донишгоҳ минбаъд низ дар самти тарбия намудани ҷавонони лаёқатманду забондон ва мутахассисони варзида ва ба кор ҷалб намудани онҳо як зумра корҳои назаррасро ба иҷро расонида, дар баланд бардоштани руҳияи худшиносиву худогоҳии донишҷӯён ва ифтихори миллии онҳо саҳми сазоворе мегузорад.
Шоҳин БОБОНАЗАРОВ,
Узви иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши радиои Студияи радиотелевизионии “Фурӯғ” – и МДТ -и “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров“