Мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ барои сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон солҳо боз ҳалношуда боқӣ мемонад. Барои рафъи он чанд маротиба маблағҳои қобили таваҷҷуҳ ҷудо шудааст, аммо сокинони маҳаллӣ шикоят доранд, ки ҳанӯз маҷбуранд об бихаранд ва касе барои ҳалли мушкили онҳо иқдом намекунад.
Панҷ сол қабл, 26-уми августи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокии “Ҳазорчашма-Ғончӣ”-ро ба истифода дод.
Тибқи омори расмии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, дарозии лӯлаи обгузари “Ҳазорчашма-Ғончӣ” 7220 метр буда, дар доираи роҳандозии лоиҳа шаҳраки Ғончӣ ва деҳоти атрофи он бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.
Лоиҳаи таъминоти об бар ивази 7 миллиону 670 ҳазор сомонӣ (тақрибан 791 766,45 доллари ИМА, бо қурби соли 2019) амалӣ гардид.
Ба иттилои ҳукумати ноҳияи Деваштич, оби нӯшокии худҷорӣ аз саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма тавассути қубурҳои полиэтилении қутрашон 500 миллиметра ба масофаи 7 километр ва бо қубурҳои оҳанини қутрашон 150 миллиметра ба масофаи 220 метр интиқол дода мешавад.
Пас аз анҷоми ин тарҳ, сомонаи хабаргузории “Ховар” ва сомонаи райисҷумҳур гузориш доданд, ки лоиҳа бо маблағи умумии беш аз 8 миллион сомонӣ (825 832,03 доллар) амалӣ шуда, лӯлаи оби “Ҳазорчашма-Ғончӣ” сокинони шаҳраки Ғончӣ ва деҳаҳои атрофи онро бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад кард.
СОКИНОН МЕГӮЯНД, ҲАНӮЗ ОБ МЕХАРАНД
Ҳарчанд лоиҳа соли 2019 анҷом ёфт, бо гузашти панҷ сол мушкили норасоии оби ошомиданӣ барои аҳолӣ бартараф нашудааст. Абдуҳошим, як сокини деҳаи Гули ноҳияи Деваштич ба CABAR.asia гуфт, онҳо то имрӯз аз мошинҳо об мехаранд.
“Қубури обро гузаронданд, аммо оби нӯшокӣ надорем. Мо дар як моҳ як мошин об мехарем, ки ҳоло 160 сомонӣ (ҳудуди 15 доллари амрикоӣ) арзиш дорад. Обро на танҳо барои худамон, балки барои чорво ҳам мехарем”, – гуфт Абдуҳошим.
Аммо ба гуфтаи Низомиддин Нуриддинзода, сарвари корхонаи давлатии обу корези ноҳияи Деваштич, дар як қатор мавзеъҳо дигар об намехаранд, зеро “мушкил ҳал шудааст”.
“Пештар мушкили нарасидани обро доштем, аҳолӣ об мехарид. Ҳоло ин мушкил ҳал шудааст ва мардум дигар об намехаранд. Дар деҳаҳои Қалъачаи Азим, Қалъачаи раис, Эшонқурғон ду сол қабл дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+” барои беҳбуди чарогоҳҳо ду чоҳ кофта шуд ва деҳот бо об таъмин шуданд”, – афзуд Нуриддинзода.
Лоиҳаи “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+” бо лоиҳаи “Ҳазорчашма-Ғончӣ” алоқаманд нест. Аммо ба гуфтаи Низомиддин Нуриддинзода, ин тарҳ низ барои ҳалли мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ нигаронида шудааст.
Сокинони шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Гул, Эшонқурғон, Қалъачаи Азим ва Қалъачаи раис низ шикоят доранд, ки то ҳол обро мехаранд. Аксари онҳо дар ҳавлӣ барои захира кардани оби нӯшокӣ обанборҳо сохтаанд.
“Дар деҳаи мо об нест, се чоҳ кофта будем, аммо бенатиҷа, ҳанӯз об мехарем. Ду сол пеш барои насб кардани ҷумакҳо кумак гирифтем ва 10 дарсади маблағро сокинон ҷамъоварӣ карданд, аммо то ҳол об нест”, – мегӯяд Диловар, сокини деҳаи Эшонқурғон.
Маъмура Холиқова, сокини дигари Эшонқурғон илова кард, об ҳамагӣ ба муддати ним соат дода мешавад, ки кофӣ нест.
“Мо ба андозаи кофӣ бо оби нушокӣ таъмин нестем. Обро харида, дар зарфҳо нигоҳ медорем. Дар кӯча ҷумакҳо гузошта шудааст, вале ягон бор дар онҳо об ҷорӣ нашудааст. Дар лӯлаи куҳнаи обгузар якрӯз пас ним соатӣ об меояд. Дар қубурҳои нав умуман об нест”, – мегӯяд Холиқова.
Вақте мо кӯчаҳои русторо аз назар гузарондем, дар масофаҳои муайян ҷумакҳои нав насб шуда буд, вале дар онҳо об набуд. Мо тахмин кардем, ки ин ҷумакҳо дар доираи лоиҳаи “Ҳазорчашма-Ғончӣ” сохта шудаанд, вале баъдан маълум гардид, ки лоиҳа танҳо мавзеъҳои то Зарнисорро фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи Нуриддинзода, ҷумакҳои нав ду сол қабл дар чаҳорчӯби тарҳи “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+”, ки аз ҷониби Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) пуштибонӣ мешавад, насб шудаанд. Аммо чунон ки мушоҳидаҳои мо нишон дод, баъд аз ин ҳам мушкилоти нарасидани об ҳал нашудааст.
Қобил, сокини шаҳраки Ғончӣ обро бо мошини худаш мекашонад. Вай гуфт, обро тавассути қубурҳо аз рӯйи ҷадвал ҳамагӣ як-ду соат интиқол медиҳанд, дар ҳавои гарм бошад, об умуман то маҳаллаи онҳо намерасад.
“Дар зимистон об ҳаст, аммо баробари гарм шудани ҳаво об тамоман намеояд. Барои хонавода бо мошинам об меорам”, – мегӯяд Қобил.
Сокинон барои тасдиқи суханони худ обанбору ҳавзҳои холии худро нишон доданд.
Дар рустои Гул ҳам ҳамин ҳол мушоҳида мешавад. Сокинони маҳаллӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ ва полезӣ шикоят доранд. Яке аз сокинони ин деҳа бо номи Ҳаёт мегӯяд, қубурҳои обрав аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд.
“Дар поёни деҳа, тақрибан чор километр дуртар чоҳи шахсии як сокини деҳа ҳаст, аз онҷо обро бо мошини обкашӣ меоранд ва мо мехарем. Дар қубурҳо об нест. Об номунтазам интиқол дода мешавад. Дар ин деҳаҳо қубурҳо ҳанӯз аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд. Мо обро мехарем”, – мегӯяд мусоҳиби CABAR.asia.
МАНСАБДОРОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Насриддин Комилзода, муовини раиси ноҳияи Ғончӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ мавҷудияти мушкилот дар таъмини обро тасдиқ кард.
“Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда мо дар ин самт кор карда истодаем ва аз ҳисоби буҷети ноҳия лоиҳаи лӯлаи нави обгузарро амалӣ мекунем, то аҳолӣ бо об таъмин карда шавад”, – гуфт ӯ.
Мақомоти ноҳияи Деваштич иддао доранд, ки дар чаҳорчӯби ин тарҳ сокинони шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Қалъачаи раис, Қалъачаи Азим, Эшонқурғон, Гул ва Гулобод бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд. Аммо тибқи натоиҷи тадқиқоти рӯзноманигорӣ, ки дар маҳалҳо анҷом шудааст, сокинони ин рустоҳо то ҳол ба об пурра дастрасӣ надоранд.
Низомиддин Нуриддинзода, директори Корхонаи давлатии обу корези ноҳияи Деваштич, шикояти сокинон аз мушкилоти обрасониро беасос донист.
Ӯ гуфт, лоиҳа ба анҷом расида, об аз чашмаи “Ҳазорчашма” мавсимӣ интиқол дода мешавад. Инчунин дар чаҳорчӯби лоиҳа ду стансияи насосӣ сохта шуд, ки ҳангоми нарасидани об аз сарчашмаи асосӣ ба кор медароянд.
“Ҳеҷ мушкиле нест, аҳолӣ дар як шабонарӯз ду соат бо об таъмин карда мешавад”, – афзуд Нуриддинзода.
ЛОИҲА ЧИГУНА АМАЛӢ ГАРДИД?
Тибқи иттилои расмӣ, ширкати фаръии сохтмону таъмири КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” барои корҳои сохтмонӣ дар минтақаи Ҳазорчашма 7 миллиону 670 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $791 766,45 бо қурби соли 2019) ҷудо кардааст.
Дар доираи лоиҳа, ҳавзи захиравии об бо ғунҷоиши 700 мукааб сохта, ба масофаи 7000 метр лӯлаҳои полиэтилении қутраш 315 миллиметра кашидаанд, чоҳи амудӣ низ кофта шуда, роҳҳо мумфарш ва ҳамзамон дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.
Ҳуҷҷатҳои расмӣ нишон медиҳанд, ки корҳои сохтмонӣ дар чорчӯби лоиҳа аз ҷониби пудратчии ҶСК “Бригадаи механиконидашудаи сайёр-28” анҷом шудааст. Дар ин бора дар посухи расмии “Корхонаи давлатии манзилию коммуналӣ” бо имзои сармуҳандис М.А.Сафаров гуфта мешавад. Худи Сафаров ба хабарнигори мо гуфт, вақте ба кор шурӯъ кард, лоиҳа аллакай анҷом ёфта буд.
Манучеҳр Сатторов, директори ҶСК “Бригадаи механиконидашудаи сайёр-28”, ки иҷрокунандаи ин тарҳ аст, дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, “лоиҳаи “Ҳазорчашма-Ғончӣ” аз сарчашма, яъне деҳаи Ҳазорчашма то Зарнисор (ҷойи тақсимоти об)-ро дар бар мегирифт”. Дар ин масофа дар 7 километр лӯлаи обгузари қутраш 315 миллиметра гузаронда шуд.
“Қубурҳоро ширкати мо не, балки як ширкати дигар кашидааст. Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” буд ва ин кор ба як ширкати дигар вогузор шудааст”, – мегӯяд Сатторов.
Вай тавзеҳ дод, ки ширкати ҶСК “Бригадаи механиконидашудаи сайёр-28” дар ин тарҳ аз ибтидо, яъне аз соли 2008 то соли 2010 кор кардааст. Сипас, дар соли 2011 лоиҳа боздошта шуд. Солҳои 2012–2015 барои иҷрои он як ширкати дигар масъул буд ва аз соли 2017 то соли 2019 ин лоиҳаро дубора “Бригадаи механиконидашудаи сайёр-28” амалӣ кард.
Ба гуфтаи Манучеҳр Сатторов, тайи 8 соле, ки ширкаташ дар роҳандозии лоиҳа иштирок кард, ҳамагӣ 1 миллиону 984 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 204 806,34 доллар, бо қурби соли 2019) масраф шудааст.
Корхона бо ин маблағ ҳавзи захиравии об, чоҳи амудӣ, бинои ёрирасон, инчунин бино барои таҷҳизоти электрикӣ ва пул сохт.
Ҳангоми тафтиш маълум гардид, ки соли 2012 ба лоиҳа ҶДММ “Истиқлол Сохтмон” (дар маълумотномаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” аз 15 майи соли 2024 таҳти № 26\24 ҳамин хел нишон дода шудааст) шомил шуда ва як сол кор кардааст.
Барои иҷрои тарҳ ин ширкат 5 миллиону 295 ҳазору 930 сомонӣ (ҳудуди 546 693,58 доллар, бо қурби соли 2019) масраф кардааст. Ин маълумотро КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ таҳти рақами 26\24 аз 15 майи соли 2024 пешниҳод кардааст.
Ҳарчанд КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” пудратчии дуюмро ҶДММ “Истиқлол Сохтмон” номидааст, аммо дар Феҳристи ягонаи давлатӣ чунин ном пайдо нашуд. Шояд дар навиштани номи пудратчӣ иштибоҳ шуда бошад. Дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ҶДММ “Сохтмони Истиқлол” пайдо шуд. Он 30 июни соли 2008 дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайд гирифта шуда, ҳолати ҳозираи он “фаъол” мебошад. Аммо ҳангоми ворид кардани рақами мушаххаси андозсупорандаи ҶДММ “Сохтмони Истиқлол” дар “Равзанаи ягона” маълум шуд, ки ин ширкат бо номи дигар сабти ном шудааст.
Тибқи маълумоти “Равзанаи ягона” муассиси он Осимҷон Аъзамҷонович Воҳидов буда, ба ҳайси директор Самад Ғаниевич Набиев сабт шудааст. Самти асосии фаъолияти ҶДММ “СТРОЙ КОМПЛЕКТ ХЕОПС” сохтмон ва таъмири биноҳо нишон дода шудааст. Муайян кардани ҷузъиёти дигар номумкин буд.
Лоиҳаи обтаъминкунии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” соли 2019 бо иштироки раисҷумҳур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
МАБЛАҒҲОИ ЛОИҲА КУҶО ШУДАНД?
Дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда маблағи умумие, ки мебоист барои татбиқи лоиҳа сарф мешуд, 7 миллиону 670 ҳазор сомонӣ (тақрибан 791 766,45 доллари ИМА, бо қурби соли 2019) нишон дода шудааст. Аммо тибқи ҳисобҳои CABAR.asia, агар тамоми маблағи барои амалӣ шудани лоиҳа ҷудошударо (аз соли 2008 то 2019) якҷоя кунем, 7 миллиону 478 ҳазору 425 сомонӣ (наздики 771 990,36, доллар) мешавад. Яъне, тафовут 191 ҳазору 575 сомонӣ (зиёда аз 19 ҳазору 280 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Рӯзноманигори мо бо ҳадафи дарёфти шарҳи ҷараёни лоиҳаи таъминоти оби “Ҳазорчашма-Ғончӣ” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.
Дар посухи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо имзои муовини аввали директори Агентӣ полковники адлия Б.Расулӣ омадааст, гуфта мешавад, ки соли 2018 ҶДММ “Истиқлол Сохтмон” ва ҶСК “Бригадаи механиконидашудаи сайёр-28” барои иҷрои корҳо дар лоиҳаи таъминоти оби “Ҳазорчашма-Ғончӣ” дар ноҳияи Деваштич тафтиш карда шуд.
Дар рафти санҷиш аз ҷониби мутахассисони Агентӣ баъзе камбудиҳо ошкор гардид ва хисороти ошкоршуда пурра ҷуброн карда шуд. Дар посух ҳамчунин гуфта мешавад, ки иҷрои минбаъдаи лоиҳаи обтаъминкунии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” зери санҷиши Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Агентӣ дар бораи ин лоиҳа маълумоти бештаре надорад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба дархости журналистӣ аз 06.03.2024 №1/4-320 хабар дод, ки аудити молиявию иқтисодии лоиҳаи обрасонии “Ҳазорчашма-Ғончӣ” гузаронида нашудааст.
НАБУДАНИ ШАФФОФИЯТ
Лоиҳаи таъминоти оби “Ҳазорчашма-Ғончӣ” ягона ҳолате нест, ки дар рафти иҷрои он камбудиҳои назаррас ошкор шудааст. Мисолҳои ба ин монанд кам нестанд ва бисёр лоиҳаҳо ё пурра анҷом наёфтаанд ё мувофиқи нақша анҷом дода намешаванд.
Уктам Ҷумъаев, коршиноси масоили иқтисодӣ татбиқи номуваффақи лоиҳаҳоро ба низоми нокифояи мудирияти самараноки онҳо рабт медиҳад.
“Яке аз сабабҳои асосии нокомӣ дар татбиқи лоиҳаҳо фаъолияти нокифояи системаи таъмини шаффофияти онҳо мебошад. Система бояд самаранок кор кунад ва ҳар иштирокчии лоиҳа вазифадор аст, уҳдадориҳои худро софдилона иҷро намояд. Инчунин, бояд дар сомонаҳои расмии шаҳру ноҳияҳо маълумоту ҳисоботҳо нашр карда шаванд, то мардум аз раванд огоҳ бошанд. Аммо дар аксари мавридҳо мо чунин шаффофиятро мушоҳида намекунем”,- гуфт коршинос.
Ҷумъаев пешниҳод мекунад, ки қабл аз оғози лоиҳаҳо бо сокинони минтақаҳо суҳбатҳо анҷом дода шавад, то онҳо аз ҷараёни корҳо огоҳ бошанд. Илова бар ин, ӯ таъкид мекунад, ки намояндагони ҷомеа бояд ҳатман дар татбиқ ва назорати лоиҳаҳо ширкат кунанд.
CABAR.asia