Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ният доранд, биноҳои таърихии Театри лӯхтаки “Афсона” ва Кохи Ватанро рӯзҳои наздик вайрон карда, ба ҷойи онҳо бинои баландошёна ва маҷмаа созанд. Аммо тақдири кормандони чор ниҳоде, ки онҷо фаъолият мекарданд, чӣ мешавад, ҳанӯз норӯшан аст.
Як манбаъи боэътимод аз Ҳукумати шаҳри Бохтар ба хабарнигори рӯзномаи “Фараж” иттилоъ дод, ки вайрон кардани Театри лӯхтаки “Афсона” ва Кохи Ватан дар доираи нақшаи генералии шаҳри Бохтар амалӣ мешаванд.
– Дар ҷойи Театри лӯхтак ширкати сохтмонии “Ориён сохтмон” бинои 16-қабата месозад, ки ҳоло ба маҳкам кардани атрофи бинои театр шуруъ карда, рӯзҳои наздик ба тахриб кардани он шуруъ хоҳанд кард, – гуфт ин манбаъ.
Тибқи иттилои расида дар бинои Театри лӯхтаки “Афсона” ҳамчунин кормандони “Хатлонсинамо”, Шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон ва маҷаллаи “Меҳровар” низ кор мекарданд, ки онҳо низ кӯчонида шудаанд, вале тақдирашон чӣ мешавад, ҳоло маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Театри лӯхтаки “Афсона” Хайрулло Давлатов иттилоъ дод, ки ҳоло кормандони театр ба таҳхонаи бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов мувақатан кӯчонида шудаанд.
Ӯ бо нигаронӣ қайд кард, ки таҳхонаи ин театр ба ягон талаботи театрӣ ҷавобгӯ нест. Бинои Театри лӯхтак солҳои 1940 сохта шуда, ба талаботи театркунонӣ пурра мувофиқ буд. “Ин макон ҷойи табаррук низ маҳсуб меёфт, зеро дар инҷо бузургони фарҳанг, ба монанди Хайрӣ Назарова, Қурбон Собир кору фаъолият кардаанд.
Хайрулло Давлатов ҳамчунин гуфт, ки моро дар Театри Ато Муҳаммадҷонов муваққатан ҷой карданд, шояд бо мурури вақт барои мо низ як бино сохта шавад ва мо кори худро дар онҷо идома диҳем. Ё ин ки дар саҳнаи театри Ато Муҳаммадҷонов ба мо низ иҷозат диҳанд, ки намоишномаҳои худро гузаронем.
Манбаъи мо аз ҳукумати шаҳри Бохтар ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар назар аст, ки Кохи “Ватан” низ дар ояндаи наздик тахриб карда шуда, дар ҷойи он як маҷмааи хизматрасонии баландошёнаи замонавӣ сохта шуда, дар байни он ба Кохи “Ватан” ҷой дода шавад. Айни замон омода кардани лоиҳаи бинои нав дар ҷойи Кохи “Ватан” идома дорад.
Кормандони Кохи “Ватан” зимни суҳбат гуфтанд, ки ба таҳхонаи Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар кӯчидаанд, ки таҳхонаи ин қаср ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш кормандони Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар аз он шикоят карда буданд, ки ҳаноми боридани борон таҳхонаи қаср пур аз об мешаваду наметавонанд кор кунанд.
Умед дорем, ки барои кормандони Театри лӯхтаки “Афсона”, “Хатлонсинамо”, Шуъбаи САҲШ-и вилояти Хатлон, Кохи Ватан ва маҷаллаи “Меҳровар” Ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар ҷойи мувофиқ пайдо карда, онҳо корашонро бе малол идома медиҳанд.