Ба таваҷҷуҳи вазири нақлиёти ҶТ

Роҳҳои мошингарди чи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чи сатҳи маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 30 соли Истиқлолият таъимри асосиро надидаанд. Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 227 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вобаста шудааст, ки ба гуфти масъулони муассисаи мазкур, ҳамаи онҳо ҳоли хароб дошта, ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Диловар Саидов – як масъули Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зимни суҳбат изҳори ташвиш аз он кард, ки ҳам роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳам роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳия аз даврони шӯравӣ сохта шуда, то ҳол рӯи таъмири асосиро надидаанд.

– Дар 30 соли Истиқлолият танҳо 500 метр роҳҳои ноҳия таъмири асосӣ шудаанду халос,- гила кард ӯ ва афзуд, ки ҳамасола аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар 186 ҳазору 625 сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории 45,2 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад ва танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби вазорат 86 ҳазору 868 сомонӣ ҷудо шудааст. «Бо ин маблағҳо каме роҳҳоро таъмири ҷорӣ кардем, мутаассифона, бо чунин маблағ имкони таъмири асосӣ кардани роҳҳоро надорем»,-афзуд Диловаршо Саидов.

Ин шахси масъул қайд кард, ки «дар ноҳия ҳамчунин 182,2 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошад, ки барои таъмири онҳо дар ин давра аз ҳисоби буҷети ноҳия 47 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Соли 2020 бошад, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Ҳамаи роҳҳои маҳаллӣ таъмирталаб мебошанд. Онҳо муддати 30 сол аст, ки боре ҳам рӯйи таъмири асосиро надидаанд. Маблағҳои ҷудошуда аз ҳисоби буҷети ноҳия барои роҳҳои маҳаллӣ ба ҳар як километр роҳ дар як сол то се сомонӣ рост меояд, ки ин хеле кам аст».

– Барои таъмири як километр роҳ бо муми моеъ 450-500 ҳазор сомонӣ лозим ва агар пурра як километр роҳро таъмири асосӣ ва ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ кардан лозим бошад, наздики як миллион масраф мешавад, ки чунин маблағро на ҳукумати ноҳия ва на идораи мо надоранд,- афзуд ӯ.

Маблағ ҷудо мекунанд, аммо кам

Тибқи Қарори №639-и Ҳукумати кишвар, ки таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллиро аз соли 2019 ба зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузор кардааст, ҳар моҳ ба МИҲД-и ноҳия барои ҷудо кардани маблағ мактуб мекунанд, аммо, мутаассифона, бо баҳонаи иҷро нагардидани қисми даромади буҷети ноҳия маблағ ҷудо намешавад.

Ин дар ҳолест, ки Бобомуродзода Нодир – сардори Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, дар 8 моҳи соли ҷорӣ андоз аз воситаҳои нақлиёт 1 миллиону 202 ҳазору 500 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он барзиёд, яъне беш аз 1 миллиону 203 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст.

 Омили харобии роҳҳо чист?

Музаффар Холиқов – сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар гуфт, ки бори охир дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ 40 сол пеш роҳҳо таъмири асосӣ шудаанд. “Муҳлати истифодаи роҳ ҳамагӣ 15 сол аст, аммо роҳҳои ин ноҳия аллакай моҳияти худро гум кардаанд, зеро онҳо ду баробар хизматашонро иҷро намуданд. Сабаби дигари харобии роҳҳо мошинҳои калонҳаҷмест, ки ба боркашонӣ машғуланд»,- афзуд ӯ.

Ин масъули Идораи роҳҳои вилоят мисол овард, ки нони гармро агар як бор ба дастат зер кунӣ, боз ҷояшро мегирад, аммо роҳҳои ноҳия, ки 40 сол боз хизмат доранд, аллакай моҳияти хизматрасониашонро гум кардаанд ва вақте ки мошини гаронвазн мегузарад, онҳо пора – пора мешаванд.

Масъулони Идораи роҳҳои ноҳия низ сабаби асосии вайроншавии роҳҳоро дар мошинҳои гаронвазне мебинанд, ки аз ноҳияи Ёвон тариқи роҳҳои ноҳия ба сементкашонӣ машғуланд. Онҳо гуфтанд, ки «агар мо роҳҳоро низ таъмир кунем, боз воситаҳои нақлиёти гаронвазн харобашон мекунанд».

Аммо Исроил Шафизода – сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар гуфт, ки «дар дидбонгоҳи ноҳияи Ёвон нуқтаи навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, мо дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи вилояти Хатлон нақша-чорабинӣ ташкил карда, мунтазам мошинҳоеро, ки аз меъёр зиёд бор мегиранд, мавриди санҷиш қарор медиҳем».

Чунин санҷиш чанде пеш ҳамроҳи кормандони прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон гузаронида шуда, дар як рӯз 16 ҳолати аз меъёр зиёд гирифтани бор аз ҷониби воситаҳои нақлиёт ошкор гардидаву онҳоро ҷарима бастаанд.

Ин шахси масъул бо боварии комил гуфт, ки гузаштани воситаҳои нақлиёти гаронвазне, ки аз ноҳияи Ёвон ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар семент мекашонанд, пурра ба танзим дароварда шудааст. «Зеро, мо дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Хадамоти танзими нақлиёти ҷумҳурӣ бо намояндагони корхонаҳои “Ғаюр-семент” ва “Моҳир-семент” оид ба риоя кардани меъёри вазн вохӯрӣ карда, ба онҳо огоҳинома додем»,- афзуд ӯ.

Дар идомаи суҳбат ӯ қайд кард, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки аз меъёр зиёд бор гирифта буданд, чораҳо дида, 77 нафар ронандаро дастгир ва 231 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 адад зиёд мебошад.

Вазъи пулҳои мошингузар низ бад аст

Диловаршо Саидов афзуд, ки дар роҳҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамагӣ 32 пули мошингузар аст, ки 6 адади он пурра дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ва ҳоло таъмири як пул аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёт дар ноҳия рафта истодааст.

Ӯ дар идома зикр кард, ки дар роҳҳои маҳаллӣ бошад, ҳамагӣ 62 пули мошингузар барои воситаҳои нақлиёт ва сокинон хизмат мекунанд, ки дар даврони истиқлолият 10 пул таъмир карда шуда, боқӣ 52 пули дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Техникаҳо низ ба талабот ҷавобгӯ нестанд

– Дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҷуз харобии роҳҳо ва пулҳо, мутаассифона, техникаҳои роҳсозӣ намерасад,- мегӯяд мусоҳиби мо.

Ба иттилои ӯ, аз 6 техникае, ки дар мувозинаи идора аст, се адад пурра корношоям мебошанд. Ва ин техникаҳо низ дар замони ҳозира ба талабот ҷавобгӯ нестанд, зеро онҳо фарсуда шудаанд.

Таваҷҷуҳи бештар мебояд!

Масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вазорати нақлиёти кишварро зарур аст, ки ба ин масъала расидагӣ кунанд ва роҳҳои ноҳияро, ки беш аз 30 сол мешавад, боре рӯи таъмири асосиро надидаанд, бозсозӣ намоянд ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин созанд, зеро аксари ронандагоне, ки ба мусофиркашонӣ машғул ҳастанд, гила аз он карданд, ки маблағҳои бадастомада қисми зиёдаш аз сабаби харобии роҳҳо дар таъмири воситаҳои нақлиёт масраф мешавад.

Боқӣ, қазоват аз худи шумо, масъулони муҳтарам!

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь