Дар доираи як барнома беш аз 25 намояндаи расонаҳои даврии кишвар ба минтақаи Рашт сафар карданд. Ҳадафи сафари рӯзноманигорон шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБОи «Роғун», дастовардҳои шаҳри мазкур, навоҳии Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар замони соҳибистиқлолии кишвар буд. Корвони иттилоотии қаламкашон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, аз 21 то 24-уми августи соли равон идома кард.

Шаҳри Роғун аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, 115 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Вахш ҷойгир аст ва аҳолиаш беш аз 44 ҳазор аст. Сараввал рӯзноманигорон бо  вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри мазкур шинос гардида, Осорхонаи шаҳриро тамошо карданд. Бино ба гуфтаи масъулин, дар осорхона 1200 нигораи таърихӣ маҳфуз аст. Нигораҳо, ки таърихи қадимӣ доранд, дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гӯшаҳои гуногуни шаҳри Роғун гирд оварда шудаанд ва аз фарҳангу тамаддуни бойю пурғановати мардуми минтақа дарак медиҳанд.

Сохтмони НБОи “Роғун” соли 2029 анҷом меёбад

“Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик, сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан ва кафили болоравии нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон аст”.

Маҳз ҳамин суханҳои пурҳарорат, ҳидоятҳои хирадмандона, сафарҳои пайвастаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин иншооти аср ва дидору мулоқотҳои самимии Пешвои миллат бо сохтмончиён аст, ки кор дар НБО “Роғун” як дақиқа ҳам ист намекунад ва шабонарӯз ҷӯш мезанад. Дар дили куҳ шаҳри зеризаминие бунёд шудааст, ки аҳолиаш хобро намедонанд ва ҳамеша дар талоши рӯзии худ ҳастанд. Мувофиқи иттилои масъулин, дарозии умумии нақбҳо беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.

Муовини директори истеҳсолии ҶСК НБО-и «Роғун» Қурбонназар Давронов, зимни роҳнамоии рӯзноманигорон, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» маълумот дод. Мавсуф толори агрегатҳои нерӯгоҳ, корҳои васлу насб, сарбанд ва ядрои сарбанд, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои НБО-и «Роғун»-ро муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими нерӯгоҳ аст ва корҳои хобонидани бетони кубидашаванда барои бунёди таҳкурсии ядрои сарбанд идома дорад, ки дарозии таҳкурсӣ 170, паҳноӣ 135 ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.

-Ҳаҷми умумии бетон 270 ҳазор метри мукааб буда, то имрӯз 248 ҳазор метри мукааби он хобонида шудааст. Дар қабати зери таҳкурсӣ ҳудуди 350 метр галереяҳо: заҳкашӣ, сементатсионӣ ва мушоҳидавӣ, ки сохтмони он аллакай ба анҷом расидааст, ҷойгир аст. Сохтмону васлгарии ядрои сарбанд аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ, бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ иҷро шуда истодааст. Лоиҳаи ин иншооти аср аз чаҳор қисмат иборат буда, дар ҳамаи он корҳо бо маром ҷараён дорад. Сарбанди НБО-и “Роғун” бо баландии 335 метр аз сарбандҳои баландтарин дар дунё аст. Ҳаҷми умумии маводҳои дар сарбанд истифодашаванда 80 миллион метри мукаабро ташкил дода, то имрӯз беш аз 19 миллиони он хобонда шудааст. Айни замон, корҳои хобонидани бетон дар қисмати асосии ядрои сарбанд рафта истодааст. Феълан дар сохтмони НБО-и “Роғун” беш аз 14500 коргар фаъолият дорад ва бехатарии сохтмончиён шабонарӯзӣ таъмин аст. Дар бунёди НБО-и Роғун дар баробари мутахассисони ватанӣ ихтисосмандони хориҷӣ ҳам заҳмат мекашанд. То ҳануз тақрибан 65 фоизи корҳои сохтмонию васлгарӣ анҷом дода шудааст. Дар назар аст, ки моҳи ноябри соли 2025 агрегати 3-юми нерӯгоҳ ба кор андохта шавад. Тибқи нақша, соли 2029 корҳои сохтмонии НБО “Роғун” пурра ба анҷом расонида мешавад,- гуфт Қурбонназар Давронов.

Ба гуфта ин масъули нерӯгоҳ, то имрӯз аз ду чархаи қаблан ба истифодадодашуда, беш аз 6 миллион Квт соат барқ истеҳсол карда шудааст.

(Чархаи якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд).

Нуробод: Боғи фарҳангию фароғатӣ дар масоҳати беш аз 12 гектар

Рӯзноманигорон дар идомаи сафар дар ноҳияи Нуробод, бо ҷараёни корҳои сохтмонии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази ноҳия-шаҳраки Сарбанд шинос шуданд. Сохтмони боғи мазкур соли 2021 аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шудааст. Тибқи нақша, бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» маблағгузорӣ шуда, ду марҳиларо дарбар мегирад. Марҳилаи якуми он моҳи сентябри соли 2021, бо ширкати Президенти кишвар, бо пардабардорӣ аз рӯи Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчам ва фавораҳо ба истифода дода шуд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Шоҳиён Маҳмад, зимни муаррифии Боғи мазкур, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар марҳилаи дуюм корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

– Масоҳати умумии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод 12,6 га буда, бунёди амфитеатр (200 ҷои нишаст), чойхона, қаҳвахона, майдончаи варзишӣ, таваққуфгоҳ, чархофалак, майдончаҳо барои бозии кӯдакон идома дорад. Дар сохтмони иншооти мазкур беш аз 40 сокини маҳаллӣ фаро гирифта шудааст, – гуфт Шоҳиён Маҳмад.

Рашт диёри сайру саёҳат ва кони себҳои шаҳдбор

Субҳи рӯзи 22-юми август сафари мо аз ноҳияи Рашт, аз диёри себҳои шаҳдбор оғоз гардид. Дар даромадгоҳи ноҳия Корвони иттилоотиро муовини раиси ноҳияи Рашт Бахтиёр Муродзода пешвоз гирифта, ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Номбурда, ҳамчунин узри раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизодаро, ки ҷиҳати иштирок дар Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озими ҷумҳурии Қазоқистон гардида, натавонистааст шахсан меҳмононро қабул намояд, расонид.

Чун мақсад инъикоси ободкориҳо ва пешравиҳои соҳаи кишоварзӣ, иқтисодӣ ва иқтимоии минтақа аст, Муродзода Б. пешниҳод кард, ки нахуст аз боғи интенсивӣ-и “Пайванд-Рашт”, воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия дидан кунем..

Тавре боғбони соҳибтаҷриба Маҳмадтолиб Ҷамилов гуфт, масоҳати боғи мазкур 50 гектарро дарбар гирифта, соли 2016 ташкил карда шудааст. Айни ҳол 20 гектари боз баҳравар буда, 18 намуди себу нокҳои хуштамъ парвариш карда мешавад.

 

-Ниҳолҳои себу нокро дар ин ҷо соли 2016 шинондем ва соли баъдӣ ҳосил доданд. Дар боғ 20 сокини маҳаллӣ фаъолият дорад. Ҳосилнокии боғи интенсивӣ хуб аст. Дар ҳудуди боғ барои коркард ва нигоҳдошти маҳсулот ва дигар намуди меваҳо сохтмони сехи коркарди мева ва як сардхона идома дорад,-гуфт боғбон.

Сипас корвони иттилоотии намояндагони ВАО роҳ ҷониби Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро пеш гирифт. Тибқи барнома, дар донишкадаи мазкур дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлолият» барои рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ муколамаву машварати омӯзишӣ баргузор мешавад. То расидан ба донишкада, сари роҳ, аз оби сарду мусаффои “Чашмаи шоирон” нӯши ҷон кардем, ки воқеан, тамъи гуворову лаззати ҷонбахш дорад. Қаблан чашмаи мазкурро бо номи “Чашмаи новдонак” мешинохтанд. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт рӯзноманигоронро муовини ректор оид ба таълим, хонум Шарифзода Макнуна пешвоз гирифта, хайрамақдам гуфт. Ба иттилои Шарифзода, дар донишгоҳ 2600 донишҷӯ таҳсил мекунанд ва донишҷӯдухтарони роҳдур пурра бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Дар мизи мудаввар номзади илмҳои филологӣ, устоди факултаи журналистика, профессор Мурод Муродӣ дар мавзӯи “Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ: имконият, воқеият ва дурнамо” маърӯза кард. Сипас роҳбарони нашрияҳои «Садои Конибодом», «Насими Терай», «Файзи Пешво», «Истиқлол», «Хатлон», «Оинаи Рашт» ва ҳафтаномаи «Оила» доир ба  фаъолияти рӯзномаҳояшон маълумот доданд. Рӯзноманигорон аз пешрафт ва камбудиҳои нашрияҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ба рӯзноманигорони фаъол ва куҳансоли ноҳияи Рашт Ривоҷиддин Тоҷиддин, Мирзо Ҳомид, Файзулло Эшонҷон ва  сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияивии “Оинаи Рашт” Худодод Зайниддин ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул гардида, ба эшон ҳуҷҷатҳои аъзогӣ супорида шуд.

Боздид аз осорхона ва боғи “Мичурини тоҷик”

Дар идомаи сафар ҳайати рӯзноманигорон аз Осорхонаи кишваршиносии ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир дар ноҳияи Рашт шинос шуданд.

Осорхонаи кишваршиносии “Кӯҳсори Аҷам” ном дошта, дар он беш аз 2000 нигораи таърихӣ маҳфуз аст. Меҳмонони зиёди дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ маҳз барои дидани ин бозёфтҳои таърихӣ ба ин макон меояд.

Мусайёр Акобиров, фарзанди Мирзошоҳи Акобир дар сӯҳбат гуфт, онҳо, махсусан падарашон Мирзошоҳи Акобир барои бунёди Осорхона беш аз 30 сол заҳмат кашидааст. Номбурда бо истинод ба падари бузургвораш мегӯяд, ки сабаби бунёди осорхона кафшҳои чӯбини бобояш будааст, ки падар онро аз болои бом ёфта, тоза карда, дар ҳуҷраи худ нигоҳ доштааст.

– Падарам мегӯяд, ҳар саҳар, ки кафшҳоро медидам, дар дилам шӯълаи  ҳифзи чунин ашёҳои таърихӣ аланга мезад. Бояд осорхонае бошад, ки ҳамин нигораҳои аз байн рафта истодаро ҳифз карда, ба мардум нишон диҳем.

Дар осорхона ҳатто сиккае маҳфуз аст, ки таърихи сеҳазорсола дорад. Ин сиккаро устои лойкор аз миёни лой пайдо кардааст. Муҳри намояндаи Амири Бухоро дар водии Рашт низ ҳифз шудааст. Дар ошёнаи дуюми осорхона сару либос ва ҷиҳозу асбобҳои миллии халқи тоҷик ба намоиш гузошта шудааст,-гуфт М. Акобиров.

Масоҳати Боғи ботаникии Мирзошоҳи Акобир, ки ӯро “Мичурини тоҷик” ҳам ном мебаранд, 2 гектарро ташкил медиҳад. Дар боғ беш аз 600 навъи дарахтон парвариш карда мешавад, ки 40 намуди он дарахтони мевадиҳанда мебошанд. Дар ин ҷо ҳамчунин, гармхона ва таҷҳизоти хушксозии мева низ мавҷуд аст, ки соҳибонаш аз он самаранок истифода мебаранд.

Тоҷикобод: Хонаҳо барои ятимону ниёзмандон

Дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод рӯзноманигорон бо лоиҳаҳои рушди деҳа шинос шуданд. Деҳаи мазкур дорои Бунгоҳи замонавии тиббӣ, мактаб ва маркази фарҳангии ҷавонон аст. Раиси деҳаи “Сафедмун” Мустаонӣ Ваҳҳоб иттило дод, шашсад хоҷагии деҳа пурра бо оби софи тозаи нӯшокӣ таъминанд. Ӯ дар ин кори хайр шарикони рушд ва худи сокинони деҳаро саҳим медонад. Оби нӯшокӣ аз масофаи 23 километр тариқи қубур кашида оварда шудааст, ки манзили сокинонро обод ва қитъаҳои замини наздиҳавлигиашонро шодоб мегардонад.

Дар рафти сафар ба минтақаи Рашт, факти аз ҳама асосӣ ва муҳиме, ки дили ҳар бинанда ва шунавандаро шоду тасхир мекунад, мушоҳида кардем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо шарикони рушд тасмим гирифтаанд, ки дар деҳаи Сафедмун барои 60 оилаи ятим, маъюбон ва муаллимони ниёзманд манзили истиқоматӣ бунёд кунанд.

Хонаҳо яксохт буда, 110 метри квадратиро дарбар мегиранд. Масоҳати умумии қитъаи замини хонаҳо 0, 05 га-ро ташкил дода, аллакай 50 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом шудааст. Дар назар аст, ки манзилҳо соли 2024 ба соҳибонашон супурда шаванд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Гадоев дар суҳбат иброз дошт, ки шаҳраки навбунёд иборат аз 60 хонаи истиқоматӣ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва бинои фарҳангӣ-фароғатӣ буда, аз тарафи ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бунёд шуда истодааст. Ба гуфтаи ин масъул, дар ҳукумати ноҳия комиссияи босалоҳият амал мекунад, ки вазъи зиндагии ашхоси ниёзманд ҳаматарафа омӯхта, баъдан вориди рӯйхат карда мешаванд. То имрӯз аллакай 50 нафар ниёзманд аз ҳама ҷамоатҳои ноҳия ба рӯйхат шомил карда шудаанд.

Масҷиди 200-солаи деҳаи Сафедмун

“Масҷиди сафед” дар деҳаи Сафедмун аз куҳантарин маконҳо дар минтақаи Рашт ба ҳисоб меравад. Он таърихи 200-сола дорад. Ғафсии деворҳояш 1 меттро ташкил медиҳанд. Дарҳо, сақф ва сутунҳои он, ки аз замони бунёдаш ҳастанд, танҳо касе рангзадаанд. Раиси деҳаи мазкур Мустаонӣ Ваҳҳобов мегӯяд, дар шарҳи таърихи бунёди масҷид гуфт, онро мардуме, ки солҳои пеш аз Бухоро ба кӯҳистон омадаанд, бунёд кардаанд.

-Куҳансолони деҳа мегуфтанд, ки масҷид бо ташаббуси писарони эшони Сӯфӣ-Шоҳносир бунёд шуда, он замон танҳо сафед буд. Баъдан рангубораш кардем. Аммо ҳоло ният дорем боз ҳамон намуд пешинаашро, ки сап-сафед буд, барқарор кунем. Масҷидро устоҳои маҳаллӣ сохтаанд, ки сутунҳо ва сақфи он аз чӯби арчаи маҳаллӣ ҳастанд.

Коргоҳи “Сумая” дар Лахш

Роҳбари сехи дӯзандагии “Сумая” дар ноҳияи Лахш Фаридун Салимов, зимни боздиди рӯзноманигорон аз коргоҳи мазкур, иттило дод, ки соли равон беш аз 7000 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол карда, тариқи ярмаркаҳо ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ пешниҳод кардаанд.

– Фаъолияти корхонаи мо мавсимӣ аст. Имсол беш аз 50 дарсади хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси хуштарҳ ва сифати миёна таъмин кардем. Талабот зиёд аст, дар оянда мехоҳем, истеҳсоли либосҳои мактабиро зиёдтар кунем, то волидайн дар харидории он саргардон нашаванд. Ба хонандагони ятим аз ҷониби корхона сару либоси мактабӣ ройгон дастрас карда мешавад. Шиму костюми бачагона аз 240 то 290 сомонӣ ва либосҳои духтарона бошад, аз 140 то 180 сомонӣ арзиш доранд. Маоши коргарон аз 1000 то 3000 сомониро ташкил медиҳад-мегӯяд роҳбари корхона Ф. Салимов.

Осорхонаи бебарқи ноҳияи Лахш

Ҳайати рӯзноманигорон аз Осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Лахш ҳам дидан карданд. Аммо таассуфовар он  аст, ки ин макони муаррификунандаи фарҳангу тамаддуни кишвар барқ надорад. Чун наздики шом буд ва дохили осорхона торик, натавонистем ин макони муаррифгари таъриху тамаддуни ниёгонамонро хуб тамошо кунем. Сабаби набудани барқро, масъулини осорхона, ба аз тахта ё чӯб будани бинои осорхона рабт доданд, ки хеле ҳайратовар аст. Мушоҳида кардем, ки ноқили барқ дар осорхона бурида партофта шудааст. Маълум гардид, ки ташаббускори ин “хизмати хирсона” ба миллат Идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Лахш будааст. Ин идора бо баҳонаи хандаовари “чӯбин будани бинои осорхона”, ноқили барқи осорхонаи таърихию кишваршиносиро бурида партофтаанд. Чунин амали дастандаркорон то куҷо дуруст аст? Бояд роҳбарияти ноҳия ҷавоб гӯяд.

Шамсулло Фозилов,

Душанбе-Роғун-Нуробод-Рашт-Тоҷикобод-Лахш-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь