Бо ташаббуси мудири мағозаи техникии “Интел”и шаҳри Конибодом Хуршед Самиҷонов дар яке аз мавзеҳои хушманзара, чойхонаи “Дилписанд” як мусобиқаи шаҳрии шоҳмотбозон дар иҳотаи мухлисони зиёд доир гашт.

Мақсади асосии ин чорабинӣ дарёфти беҳтарин шоҳмотбозон дар ин шаҳри бостонӣ ва интихоби беҳтаринҳо ба ҳайати дастаи яккачини шоҳмотбозони шаҳр аст. Ҳамзамон ташвиқу тарғиботи ин намуди зебои варзиш дар қаламрави шаҳр ва берун аз он буд. Воқеан ҳам машғул шудан ба шоҳмот ин як навъ истироҳати хуб аст. Охир вақти бозӣ сари як пиёла чой дар шоҳмот майнаи инсон обутоб меёбад. Бале, қариб ҳар рӯз дар ин макони истироҳат ва мавзеи дилписанди мардум (чойхона ) гурӯҳи бисёри дӯстдорони шоҳмот бо ҳам бозӣ мекунанд. Гурӯҳи дигаре зери мусиқиҳои дилнишин аз матбуотҳои даврӣ машғули маводхонӣ мешаванд. Ниҳоят гурӯҳи дигаре аз экранҳои калони деворӣ мусобиқаҳои варзишӣ тамошо мекунанду ана боз сари як пиёла чой истироҳат мекунанд ва ғайра…

Ана чойхонаҳо дар асл чӣ гуна бояд бошанд. Ин як намуди оддии он дар мисоли чойхонаи “Дилписанд” мудираш Раҳмонҷон Ӯктамов.

Худи мусобиқаи шаҳрии шоҳмотбозон бошад чӣ натиҷа дод:

Ҷои якум ва ғолиб Даврон Маҳмудов, ҷои дуюм Ҷӯрабек Темиров ва мақоми сеюми фахриро Илёсхон Искандаров ба даст оварданд. Ғолибону беҳтаринҳо бо ифтихорномаи федератсия шоҳмоти шаҳр ва мағозаи техникии “Интел” (Х.Самиҷонов) қадршиносӣ карда шуданд.

Дигар ҷиҳати хубии кор боз дар он буд, ки барои соҳибкорони боҳиммат ва умуман ба ҳамаи соҳибкорон ин як навъ рекламаи тайёру арзандаву зебандаи ҷои фаъолияти корашон буд. Ин ҳам як ҷиҳати хубии чойхона буд. Вале ҳамин гуна ва дигар ташаббусҳои нек, дар ин хел ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд ба мафиати ҷамъият ва дар чорчӯбаи қонун бошад.  Ин тарзи кор ҳам ба мушоҳида расид.

Алиҷон Маҳмудов

шаҳри Конибодом

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь