Айни замон ҳолате ба миён омадааст, ки муассис дигар имкони мисли пешин маблағгузорӣ намудани дастаро надорад… Бо ин сабаб, “Кӯктош” дар ҳоли мушкили молӣ ва парешониву барҳамрезиву шикастану пошхӯрдан қарор гирифтаст.

Дастаи футболбозони “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2010 таъсис ёфта, фаъолияти варзишияшро аз соли 2011 дар Лигаи якуми Тоҷикистон, дар минтақаи Душанбе оғоз кард. Дар ин давра даста дар мусобиқоти сатҳи гуногуни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи мамлакат иштирок намуда, ба чунин натиҷаҳо расидааст:

Соли 2011 – ҷойи 10-ум дар байни 14 даста.

Соли 2012 – ҷойи 5-ум дар байни 13 даста.

Соли 2013 – “Кӯктош+С” – ҷойи 2-юм дар минтақаи Душанбе.

Соли 2014 – ҷойи 2-юм дар минтақаи Душанбе.

Соли 2015 – ҷойи 6 дар Лигаи 1-ум

Соли 2016 – ҷойи 3 дар Лигаи 1-ум

Соли 2017 – Қаҳрамони Лигаи 1 ва роҳхат ба лигаи олӣ.

Соли 2018 – ҷойи 3 дар Лигаи олӣ

Соли 2019 – ҷойи 6 дар Лигаи олӣ

Соли 2020 – ҷойи 4 дар Лигаи олӣ

Соли 2021 – ҷойи 9 дар Лигаи олӣ

Соли 2022 – ҷойи 2 (роҳхат ба лигаи олӣ) дар Лигаи 1-ум

Соли 2023 – ҷойи 4 дар Лигаи олӣ

 

“Кӯктош” соли 2022 зери роҳбарии сармураббӣ Тоҳир Муминов дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон, ки дуввумин мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба бозии финалӣ роҳ ёфта, дар финал аз “Истиқлол”-и Душанбе, ки солҳои охир аз қудратмандтарин дастаҳои футболи кишвар мебошад, бо силсилазарбаҳои пеналти (5-4) мағлуб шуд. Вақти асосӣ ва изофии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфта буд. “Кӯктош” соли 2020 ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон низ шудааст.

Ситораи “Кӯктош”

Давоми фаъолияти худ даста чанд тан истеъдодҳои хубро кашфу дарёфт ва таълиму тарбият намуд, ки онҳо дар ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон шарафи футболи ватаниро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намудаанд. Маъруфтаринашон Алишер Шукуров мебошад, ки мо ҳамчу рамзу намоди варзишии худ дар “Даъватномаи дастгирӣ” аксашро гузоштаем. Баромади ӯ дар ҳайати тими миллӣ дар Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 сазовори ҳар гуна таҳсин аст.

Мушкилоти ҳамешагии “Кӯктош”

Вале дар ин матлаб дигар аз созмон ёфтану “Кӯктош” ном гирифтан ва роҳи басо мушкилу мураккабро, ба гуфти Бобои Ғуломи кӯлобӣ, “мурда-мурда” паймудану то ин ҷо расиданаш ҳарфе намегӯем.

Дарозу доманадору тӯлонист, ки дар мавридаш зиёд гуфтаем.

Касоне, ки ба футбол сарукор доранд, аз мо дида беҳтар медонанд, ки ин фосилаи чаҳордаҳсола бисёр мураккабу душвору пурмашаққат пушти сар шудааст ва ҳанӯз  ҳам бо мушкилҳо идома дорад.

Гузашта аз ин, боиси таассуф аст, ки вобаста ба мушкилоти молӣ роҳбарияти даста натавонистанд дар тӯли чаҳордаҳ сол маъмурдорӣ ва дафтардории дастаро ба таври лозимӣ ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои муосиру замонавӣ таҳия карда, фаъолияташро дуруст ба роҳ монад.

Бо вуҷуди ҳамасола аз комиссияи литсензиякунонии ФФТ ва ЛФТ гузаштан ва ба мусобиқаҳо роҳ ёфтан, дар сохтори маъмурии “Кӯктош” камбудиҳои ҷиддии ислоҳношуда боқӣ монданд. То ҷойе, ки дидему шинос гаштем, ҳама мушкилҳоро сабаб як аст: доштани камбуди молӣ ва надоштани сарпарасти доимиву шарикону ҳамроҳони дастгир, дар маҷмуъ такягоҳи мустаҳкам.

“Кӯктош” аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ ва муассисони худ маблағгузорӣ мешавад.

Мисли гузашта, сарпараст ва ё шарику ҳамроҳи худро надорад.

Шуруъ аз оғози мавсим барои нигаҳдошти “Кӯктош” бештар аз 250 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассис ва 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби МИҲД-и ноҳия ҷудо шудаву харҷ шудааст. Инчунин, барои аввалин бор дар таърихи фаъолияти худ, имсол байни “Кӯктош” ва Ширкати букмекерии ФОРМУЛА-55 шартномаи ҳамкорӣ бо арзиши 150 ҳазор сомонӣ ба тасвиб расидааст, ки Ширкат давоми 5 моҳ ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ ҳар моҳ ба даста пардохт мекунад.

Айни замон ҳолате ба миён омадааст, ки муассис дигар имкони мисли пешин маблағгузорӣ намудани дастаро надорад, МИҲД-и ноҳия бошад, барои ҷудо кардани қисмати боқимондаи маблағи тасдиқшудаи уҳдадории худ, сар аз моҳи июл имконияти васеътар пайдо мекунад.

Бо ин сабаб, “Кӯктош” дар ҳоли мушкили молӣ ва парешониву барҳамрезиву шикастану пошхӯрдан қарор гирифтаст.

Даъватномаи дастгирӣ

Мусаллам аст, ки аз миён рафтани “Кӯктош” дар тақвими баргузории қаҳрамонии имсолаи футболи кишвар мушкилоти ҷиддиро ба бор меорад.

Аз ин рӯ, бо мақсади нигаҳдошт ва идомаи фаъолияти худ ҳадди ақал то охири қаҳрамонии имсола ба хулосае омадем, ки ҳамин “Даъватномаи дастгирӣ”-ро роҳандозӣ намоем ва тавассути он аз тамоми корхонаву муассисаҳои рағбатдори дар ҳудуди ноҳия ва берун аз он ҷойгирбуда, инчунин аз тамоми ҷавонмардони соҳибкор ва соҳибсарвати зодагони ноҳияи Рӯдакии пуровозаву маъруф, ки Худоро шукр шумораашон кам нестанд,  бо камоли сипосу эҳтиром хоҳиш менамоем, ки дар пайи иҷрои  Протоколи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи варзиш, ки санаи 3-юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, моро дастгирӣ намоянд.

Футбол кори дастаҷамъона аст.

Дар муттаҳидиву ҳамдастӣ амалҳои бузург созмон дода мешаванд.

Охирин умед

Аз байн рафтани “Кӯктош” ҳеҷ вақт ба суди футболи тоҷик нест. Илова бар ин, дар ноҳияи Рӯдакӣ имконияти созмон додани беҳтарин инфраструктураи футболӣ вуҷуд дорад. Ҳадафи ватандӯстонаву меҳанпарастонаи мо низ бунёди як дастаи замонавии футболӣ аст, на манофеи шахсӣ ва чизи дигар.

Бо ин ҳама, умед ва бовар дорем, ки Шумо, дӯстони гиромӣ бо харидорӣ намудани як даъватномаи тамошои ҳамаи бозиҳои хонагии “Кӯктош” дар мавсими имсола, ки ҳамагӣ 100 сомонӣ арзиш дорад, саҳмгузори идомаи фаъолияти минбаъдаи даста мегардед.

Бояд зикр намоем, ки ин амал “Охирин умед”-и нигаҳдошти даста мебошад!

Нуралӣ ХОРКАШЕВ,

 Директори варзишии

КФ “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь