Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то кунун 58 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла бунгоҳу марказҳои саломатии таъмирталаб ва дар вагон, хонаҳои шахсӣ, масҷид ва мактабҳо фаъолият доранд, ки онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ҳамчунин, фавти занон ҳангоми таваллуд ва норасоии таҷҳизот мушкилоти дигари соҳаи тандурустии вилоят ба ҳисоб меравад.

 Сокинон нигаронанд

Чанде аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зимни суҳбат аз вазъи ногувори бунгоҳҳои тиббӣ изҳори нигаронӣ намуда, мегӯянд, ки «метарсем беморонамонро ба он ҷойҳо барем, зеро биноҳо куҳнаю фарсуда мебошанд. Аз ин ҳисоб мо маҷбурем, ки барои одитарин хизматрасонии тиббӣ ба беморхонаҳои марказӣ муроҷиат кунем. Хуб мебуд, агар масъулин баҳри таъмиру сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ чора меандешиданд».

25 марказу бунгоҳ дар хона

Нурулло Бояков – як масъули Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни суҳбат тасдиқ кард, ки ин мушкилӣ дар вилояти Хатлон ҷой дорад. “Ҳоло 58 муассисаи соҳаи тандурустӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз ин 24 маркази саломатии деҳотӣ ва 33-тояш бунгоҳи тиббӣ мебошанд. Аз ин шумора 25 бунгоҳу маркази саломатӣ дар хонаҳои сокинон, 16 адад дар мактабҳо, ду адад дар вагон ва 15 адади дигараш дар биноҳои ҷамоат ва масҷидҳо ҷойгиранд. Чунин муассисаҳо бештар дар ноҳияҳои Муъминобод (10-то), М. С. А. Ҳамадонӣ (8-то), Балҷувон (6-то), Панҷ ва Кӯшониён (5-тоӣ) дида шуд, дар дигар шаҳру ноҳияҳо камтаранд. Ҳамаи онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо биноҳои нав таъмин мегарданд”,- илова кард мусоҳиби мо.

Рентген – мушкили доғ барои чанд ноҳия

Дар баробари садамавӣ ва дар биноҳои ғайр ҷой гирифтани муассисаҳои тандурустӣ, онҳо аз таҷҳизоти тиббӣ низ танқисӣ мекашанд.

Матлуба Шоҳназарова – муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон мегӯяд, ки набудани дастгоҳҳои рентгенӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо мушкили асосии соҳа мебошад. “Набудани дасгоҳи фюлографӣ дар вақти сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва оғози соли нави хониш монеаҳои зиёд ба бор меорад. Зеро қариб ҳама даъватшавандагон ва хонандагон ба маркази вилоят – шаҳри Бохтар оварда шуда, аз муоина гузаронида мешаванд”,- афзуд ӯ.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят андаке бештар аз 12 дастгоҳи фюлографӣ мавҷуд асту халос. Ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Восеъ, Фархор, Шамсидин Шоҳин ва Балҷувон ягон адад чунин дастгоҳ надоранд.

Зикр рафт, ки чунин таҷҳизот ба ноҳияи А. Ҷомӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ворид карда шуд. Ва ду дастгоҳи рентгении фавзафлографии сайёр ба вилоят ворид карда шуд, ки як адади он дар шаҳри Бохтар ва дигараш дар шаҳри Кӯлоб ба сокинон хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Мирзоалӣ Раҷабзода ҳам зимни як суҳбати телефонӣ зикр кард, ки аз ин вазъ огоҳ асту ба ҳалли зина ба зинаи он даст задаанд.

Ҳамчунин, аз соли 2017 инҷониб ягона таҷҳизоти компютерии томографияи давлатӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намекунад. Ба гуфтаи Чорёр Нурализода – директори Маркази ташхисӣ-табобатии вилояти Хатлон, ин таҷҳизот бо харҷи қариб 250 миллион сомонӣ ҳанӯз соли 2011 ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оварда шуда буд. Аммо дастгоҳи мазкур се сол боз аз кор мондааст.

Фавти 14 зан ҳангоми таваллуд

Фавти занон дар вилоят низ боиси ташвишу нигаронии кормандони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гардидааст, зеро дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 14 ҳолати фавти занони ҳомила ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шудааст.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода Мирзовалӣ гуфт, ки фавти занон бештар дар ноҳияи Қубодиён ба қайд гирифта шудааст. “Дар ин ноҳия 6 зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтидаанд. Баъди он сардорони беморхонаи марказӣ, Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сардори Маркази репродуктивии ноҳия аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд”,- илова кард ӯ.

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ояматов омили фавти занону кӯдаконро дер муроҷиат кардани занони ҳомила ба бемористон ва бемасъулиятии баъзе пизишкон гуфт.

Ба қавли масъулони раёсат, дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Ҷалолиддини Балхӣ дутоӣ ва дар шаҳри Кӯлоб як ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои бемасъулиятӣ чанд нафар табиби ин шаҳру ноҳияҳо аз кор озод шуда, чанд нафари дигар муҷозоти интизомӣ шудаанд.

Дастовард низ ҳаст

Дар 11 моҳи соли равон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 74 муассисаи муоилиҷавию профилактикӣ, аз ҷумла 7 беморхона, 67 маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳоло сохтмони 28 иншооти дигар идома дорад. Тасмим аст, ки онҳо дар соли 2020 мавриди истифода қарор дода шаванд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар маҷмуъ 60 иншоот бунёд хоҳанд шуд, ки азимтарини онҳо маркази перенаталӣ ва беморхонаи вилоятии қалб дар шаҳри Бохтар мебошанд,- илова кард Нурулло Бояков.

Масъулон, вақти амал аст!

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии вилоят ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф намуда, хизматрасонии тиббиро ба сокинон хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Зеро онҳо бо қиматтарин неъмати дунё – саломатии инсон сарукор мегиранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь