(Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?)

На ҳама бармегарданд. Вале касоне, ки ба деҳаҳои холӣ бармегарданд, умедворанд, ки онҳоро дубора барқарору эҳё месозанд.

Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои дурдасту дастнорас, вале нодири Тоҷикистон аст. Дар он ҷо ҳанӯз ҳам ворисони мустақими тамаддуни қадимаи Суғд зиндагӣ мекунанд. Беш аз 50 сол пеш онҳоро маҷбуран ба водиҳои ҳамвор кӯчониданд, вале баъди ба соҳибистиқлолӣ расидани ҷумҳурӣ, бозгашти сокинони аслӣ ба ин сарзамини кӯҳистон оғоз шуд. Сарфи назар аз душвориҳои зиндагӣ ва шароити сахти он ҷо, бозгашти яғнобиҳо ба ватани худ то имрӯз идома дорад.

Озод кардан аз пардохти андози замин

Ниёз Каримов яке аз аввалин яғнобиҳоест, ки пас аз кӯчонидани волидонаш ба ноҳияи Зафаробод, ба зодгоҳи таърихии худ баргашт. Ба гуфтаи ӯ, он замон дар соли 1995 танҳо ду оила дар водӣ зиндагӣ мекарданд.

Карим, писари калонии Ниёз низ бо оилааш дар деҳаи падарии худ Махтимайн маскан гирифтааст. Хонаи дуошёнаи навсохти онҳо аз манзилҳои сангини бобоҳояшон ба куллӣ фарқ мекунад.

Ниёз низ ҳоло хонаи замонавии худро месозад. Оилаи ӯ дар тӯли се даҳсолаи зиндагӣ дар Яғноб хеле калон шудааст. Ҳамчунин, меҳмонон ва сайёҳонро, ки ҳамеша дар хонаи Каримовҳо зиёданд, дар шароити бароҳаттар пазируфтан хуштар аст.

Соли 2019 мақомоти Тоҷикистон ба Яғноб расман мақоми Парки табиии миллиро доданд. Ин қарор бо мақсади ҳифзи минтақаи беназири фарҳангию таърихӣ, гуногунии биологӣ, анъанаҳои миллӣ ва забони қадимие, ки яғнобиҳо ҳанӯз ҳам бо он гуфтугӯ мекунанд, қабул шудааст.

Барои ҳавасманд кардани яғнобиҳо ҷиҳати бозгашт ба сарзамини худ, ба сокинони маҳаллӣ як қатор имтиёзҳои иҷтимоию иқтисодӣ дода шудааст. Мақоми муҳофизатии табиии Яғноб онҳоро аз пардохти андози замин ва маблағи хидматрасонии коммуналӣ озод мекунад.

Ин ҳама имтиёзҳо, албатта, ба яғнобиҳо зиёд кумак мекунанд. Аммо на ҳама ба ин ҷо бармегарданд. Ба ҳар ҳол, дастовардҳои тамаддунро, ки мардум дар ин муддат дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба даст овардаанд, иваз кардан бо набудани онҳо осон нест.

Замоне дар водии Яғноб зиёда аз 30 деҳа мавҷуд буд, аммо ҳоло камтар аз нисфи онҳо боқӣ мондааст. Ҳоло дар ин ҷо тақрибан 70 оила зиндагӣ мекунанд — ҳудуди 600 нафар бо шумули кӯдакон.

Ба гуфтаи сокинон, тамоюли бозгашти ягнобиҳо чандон босуръат нест. Дар 10 соли пеш тақрибан 50 оила зиндагӣ мекард.

«Озод будан аз пардохти андози замин ба мо имкон медиҳад, ки ба кишоварзӣ ва чорвопарварӣ машғул шуда, пул кор кунем ва хона созему рӯзгорамонро таъмин созем, – мегӯяд Ниёз Каримов. – Ман 10 сотих замин дорам, ки дар он картошка мекорам, ҳосилаш тақрибан 5 тонна мешавад. Онро ба молҳои зарурӣ- собун, хокаи либосшӯӣ, чой, шакар иваз мекунам, чунки дар ин ҷо мағоза нест. Ҳоло ман ба сохтмон машғулам ва ба ивази картошка худашон семент меоранд».

Ба гуфтаи ин мард, дар ноҳияи Зафаробод, ки аксарияти яғнобиҳо ба ин ҷо кӯчонида шуданд, барои пулкоркунӣ начандон шароити хуб фароҳам аст. Бинобар ин, кишти картошка сабаби бозгашти мардум ба зодгоҳашон мегардад. Дар омади гап, картошкаи маҳаллӣ маззаи махсус дорад ва байни харидорон қадр мешавад.

Ҳавои соф ва оби тоза

Дар қитъаи замини хурди худ оилаи Муродовҳо натанҳо картошка, балки дигар сабзавотҳоро низ парвариш мекунанд. Онҳо ба зодгоҳи худ -деҳаи Хисокидавр баргашта, айни замон ягона сокинони он мебошанд.

Хонаи кӯҳнаи сангии онҳо ба мисли намунаи осорхонаи кушод ягона манзили боқимондаи яғнобиҳост, ки симои аслии худро нигоҳ доштааст.

«Ин хонаро аҷдодонам бунёд кардаанд. Мо онро вайрон накардем ва ин кор душвор ҳам буд, чунки хона сангӣ ва хеле мустаҳкам аст, – мегӯяд Раҷабмоҳ Муродова. – Дар деҳаамон як масҷиди хурде низ буд, ки он ҳам аз санг сохта шуда буд. Ҳоло танҳо деворҳои он боқӣ мондаанд».

Дар масофаи начандон дур аз хонаи Муродовҳо дигар харобаҳои сангӣ низ мавҷуданд, ки аз сераҳолӣ будани деҳа дар замони пешин гувоҳӣ медиҳанд.

Ба қавли Раҷабмоҳ, онҳо бо шавҳар ва набераҳояшон танҳо дар фасли тобистон ба ин ҷо меоянд ва сипас ба Душанбе бармегарданд. Ва оилаи онҳо ягона оилае нест, ки дар Яғноб доимӣ зиндагӣ намекунад.

«Ҳавои ин ҷо соф ва обаш тозаи кӯҳӣ аст. Пештар фишори баланди хун ва дарди сар маро азият медод, аммо баъди ба ин ҷо омадан, ҳамааш гузашт, — мегӯяд ӯ. – Агар дар фасли зимистон мушкилот намебуд, мо бо камоли майл барои ҳамеша бармегаштем».

 Ризқу рӯзии ҳалол

Дар ҳақиқат дар Яғноб мушкилоти зиёде мавҷуд аст – набудани мактабу беморхона, мушкилоти неруи барқ ва алоқаи мобилӣ. Илова бар ин, роҳҳои хатарнок ва дар баъзе ҷойҳо набудани роҳҳо низ мушкил эҷод мекунад.

Ҳамин ки барфи аввал водиро мепӯшонад, сокинон аз «замини бузург» ҷудо мешаванд. Барои паси сар намудани зимистон барои чанд моҳ хӯрокворӣ захира кардан лозим аст.

Мушкили роҳҳо метавонад бо техникаи зарурӣ бартараф гардад. Он ба  тоза кардани роҳҳо аз барфу ях ва сангрезаҳо имкон медиҳад. Сокинон омодаанд, ки ин корро мустақилона анҷом дода, ҳамчунин то баъзе деҳаҳои баландкӯҳ роҳ созанд.

«Бо маблағҳое, ки ба Боғи миллии Яғноб ҷудо шуд, мо як булдозер харидем. Вале барои тоза кардани роҳҳо ба мо техникаи дигар, масалан, трактор бо бели техникӣ лозим аст,- шарҳ медиҳад Ниёз Каримов, ки роҳбари маҳаллии Боғи миллии Яғноб таъин шудааст. – Ба дархости мо маблағҳои зарурӣ ҷудо мешаванд ва тадриҷан ҳама мушкилот роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Роҳҳоро асфалтпӯш кардан лозим нест, муҳимаш васеъ кардани онҳо ва кам кардани қитъаҳои хатарнок ва гардишҳо мебошад».

Бисёре аз яғнобиҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни кишвар маскун шудаанд, обод кардани сарзамини аҷдодони худро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекунанд. Дар ин маврид асосан Саидмурод Атовуллоев ҳалқаи робитаҳоро роҳандозӣ мекунад, ки дар солҳои 90-ум ба зодгоҳаш баргашта буд.

Яғнобиҳо ӯро барои ростқавлӣ, инсоф ва хулқу хӯи нармаш эҳтиром мекунанд. Сарпарастон маблағҳои хайрияро, ки асосан барои сохтмони роҳҳо сарф мешаванд, ба ӯ бовар мекунанд.

Барои иштироки фаъоли худ дар сохтмони роҳҳои Яғноб, мақомоти ноҳияи Айнӣ Саидмурод Аттовуллоевро бо ифтихорнома сарфароз гардониданд.

Ҳамчунин се писари Саидмурод низ дар Яғноб маскун шудаанд. Замоне ин мард натавонист, ки таҳсили фарзандонашро таъмин кунад ва онҳо маълумот гиранд, аз ин рӯ, ҳамаашон чорводор шуданд. Онҳо натанҳо беш аз 200 сар чорвои худашонро мечаронанд, балки чорвои дигаронро низ мегиранд. Ҳамагӣ онҳо тақрибан 1000 сар чорворо дар чарогоҳҳо парваришу нигаҳбонӣ мекунанд.

«Ин кори осон нест, вале барои мо муҳим аст, ки аз ҳеҷ кас қарздор нестем. Мо ризқу рӯзии худро ҳалол кор карда, аз касе қарз намегирем, -мегӯяд Саидмурод. – Ба далели имконияти кор ва даромад, ман ба ин ҷо баргаштам. Дар шаҳрҳои бузург бе маълумот кор ёфтан хеле душвор аст. Барои наберагонам ман ҳама чизро мекунам, то ки онҳо касб омӯзанд. Худашон интихоб кунанд, ки дар ин ҷо мондан мехоҳанд ё не».

 Аҳамияти ҳифзи забони қадима

Ба гуфтаи яғнобшинос, муаллифи китобҳои дарсӣ ва луғатҳо Сайфиддин Мирзоев, яке аз сабабҳои бозгашти ягнобиҳо ба сарзамини аслии худ, ҳамчунин хоҳиши ҳифзи забони қадимӣ ва анъанаҳои онҳо мебошад.

«Бори аввал соли 1978 яғнобиҳо кӯшиш карданд, ки ба сарзамини худ баргарданд. Он замон се оила ғайриқонунӣ ба хонаҳои худ баргаштанд, аммо баъдтар онҳоро боз аз он ҷо кӯчониданд,- изҳор мекунад коршинос. – Бори дуюм ин дар солҳои 90-ум рух дод. Ин замони душвор буд, мардум аз набудани хӯрок, нон азият мекашиданд. Дар Яғноб бошад, замине буд, ки дар он ғалла парвариш кардан мумкин буд. То имрӯз осиёбҳои кӯҳии обӣ ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд. Мардум ба манзилҳои худ, решаҳои худ ва анъанаҳои худ бармегаштанд».

Ба қавли коршинос, он замон дар деҳаҳои Яғноб тақрибан 100 оила зиндагӣ мекарданд. Аксаран одамони синнусоли миёна ва пиронсолон бармегаштанд.

«Ҳоло зиндагӣ дар Яғноб нисбат ба он замонҳо, ки тамоман роҳ набуд, хеле осонтар аст Он замон натанҳо бо мошин ҳаракат кардан, балки пиёдагардӣ ҳам хатарнок буд, – зикр мекунад Мирзоев. – Бисёр одамон тобистон дар Яғноб зиндагӣ карданро афзал медонанд ва ин низ хуб аст. Мутаассифона, набудани мактабҳо ба тасмими доимӣ ба Яғноб кӯчидан таъсир мерасонад».

Коршинос бар ин назар аст, ки ҳифзи забони яғнобӣ барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Дуруст аст, ки имрӯз он дар барномаи мактабӣ нест. Дар мактаб-интернати деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ, ки кӯдакони яғнобӣ низ дар он таҳсил мекунанд, забони модариашонро танҳо то соли 2006 таълим медоданд.

Айни замон забони қадимаи суғдиён танҳо ба туфайли гуфтугӯ дар оилаҳо зинда аст ва он ҳам на дар ҳамаи оилаҳо. Бисёре аз кӯчидагон ба зиндагии шаҳрҳо мутобиқ шуда, онро тадриҷан фаромӯш кардаанд.

«Забон то замоне зинда мемонад, ки яғнобиҳо дар якҷоягӣ ва дар иттиҳоду ҷамъиятҳо умр ба сар мебаранд, – мегӯяд Мирзоев. – Барои мо муҳим аст, ки онро барои солҳои тӯлонӣ зинда нигоҳ дорем. Ин забони қадимтарин аст, ки аҷдодони мо бо он ҳарф мезаданд. Ин таърих ва фарҳанги мост».

Барои боқӣ мондан ва аз байн нарафтани забон, шоирону нависандагони зодаи Яғноб бо ин забон шеър эҷод мекунанд.

Шавим чироғт олхашоним,

Тик хутаннот лаксоним.

Равем чароғҳо фурӯзон кунем,

Боз осиёбҳо гардон кунем.

«Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон ва осиёбҳоро гардон кунем» — даъват мекунад муаллифи ин чорбайтӣ, зодаи Яғноб Ҷурабой Ҷумъаев. Ӯ бозгашт ба ватанро, ки солҳои зиёд аз сокинони худ маҳрум ва зери торикӣ монда буд, дар назар дорад.

Алия Ҳамидуллина

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь