Дар назар аст, маъмурияти ДДБ ба номи Носири Хусрав барои донишҷуёнаш бинои 7-ошёнаи хобгоҳро, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар он идома дорад, то охири соли ҷорӣ  ба истифода диҳад.

Муовини ректори донишгоҳи мазкур Ҳамдамзода Хурсанд ба “Фараж” иттилоъ дод, ки айни замон корҳои сохтмонии бинои хобгоҳ барои 460 донишҷӯ 85 дарсад иҷро шуда, дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ он мавриди истифода қарор дода шавад.

Гуфта шуд, ки хобгоҳ аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ сохта мешавад. Ҳамчунин корҳои лоиҳакашии як хобгоҳи 7-ошёнаи дигар барои 380 донишҷӣ ба анҷом расида, моҳҳои наздик сохтмон аз ҳисоби шарикони рушд оғоз хоҳад ёфт.

– ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамагӣ як хобгоҳ дорад, ки он барои 360 нафар бунёд шудааст.  Баъди ба истифода додани хобгоҳҳои нав шароит барои истиқомати донишҷуён  ва мушкилии ҷойи зист ҳал хоҳад шуд, – илвоа кард ӯ.

Ба иттилои манбаъ ҳоло дар донишгоҳи мазкур 9517 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва 10600 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь