Ё 15 хислату аъмоли фарқкунандаи Алишер Худобердӣ аз мансабдорони сатҳи баланди замон

Марде, ки ба Аллоҳ эътиқод дораду аз Аллоҳ садоқати самимӣ ва шуҷоати тавоноиро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақозо дорад. Вазифаю шахсияти ман сабаби  мулоқот бо муовини раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ, раиси ВМКБ  Алишер Мирзонаботов набуд, танҳо хоксории самимонаи Мирзонаботов Алишер  имкон дод, ки маро чун шаҳрванди қатторӣ ба ҳузур пазирад. Ва ман 15 хислат, рафтор ва бархӯрди фарқкундаро дар симои Алишер Худобердӣ кашф кардам, ки то ҳол дар собиқаи 53 солаи журналистӣ дар ягон роҳбару сарвар мушоҳида накардам.

Авалан, ин марди низомихислат, низомирафтору низомиҷасоратро бидуни мактаби менеҷменти мулкӣ мисли “тарошаи аз бом афтида” ба киштии мансаби мулкӣ шинонданд. Вале ин тарошаи аз бом афтода, аз кундаи ҷасорату заҳни Худо назари заминӣ, ки аз мӯриҳои обу оташу тӯфону буҳрони шадид убур кардааст, иборат буд. Ин “экспремент”-и С. Ятимов ва лоиҳаи Пешвои миллат дар “шатранҷи роҳбарӣ” гашти беҳтарин ва ноёб аст.

Дуввум. Ман, умуман ҳамкасбони дақиқназару хушзеҳнам аз Хатлон кашф карданд, ки Аишери Мирзонабот дар ҷодаи афсарӣ низ танҳо бо дониши дунявии дурназар, идроки аз сароби ақл об хӯрда даста, баталон, полку урдуро идора менамудааст.

Саввум. Алишер ва умуман мисли ӯ садҳо нафар афсарони разманда имрӯз дар неруҳои мусаллаҳ софдилон хидмат мекунанд. Аммо Алишер Мирзонабот мактабу таълимоту дарси генераел, академик, дипломат Саймуъмин Ятимовро аз зинаи афсари хурд дар баландиҳои Мурғоб, туқайзору санглохи Панҷу Ҳамадонӣ то генералӣ таҳти санҷишҳои мушкил сипарӣ кардааст.

Чорум. Алишер Мирзонаботов  ба ҳайси сиёсатмадор дар давраи буҳронҳои шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, кадрӣ тавлид шуд. Пешвои муаазами миллат нисбат ба дигар минтақаҳо ВМКБ-ро бештар ва пештар таҳти таваҷҷуҳ қарор дод. На Суғду на Хатлон “Дарвозаи тиллоӣ” эълон шуданд. Дар таъини саробон, ё  худ сарвари вилоят, қариб ҳамаи фаразияҳоро санҷид, аммо яке хиёнат мекард, дигаре менеҷменти илатро ба кор бурд, иддае дар се ҷабҳа фаъол буданд. Хоҷагони беруниро иттилои ғалат медоданду ба сарвари давлат гузориши чап медоданд. Зарурат пеш омад, ки ин минтиқаи ҳассосу  дар харитаи мухолифин чун ҳудуди ҳуҷум ба сарваре, ки “чап”-у  “рост”, “истод” ва “ба пеш”-ро хуб медонист, супорад. Алишер Мирзонабот тӯли 20 соли хидмат дар сафи неруҳои марзбонӣ низоми сахт, интизоми оҳанин, иродаи қавӣ ҷорӣ намуда буд. Аз “марзбонӣ” марзбони содиқи Ватанро тарбия мекард. Вале барои идораи вилоят ҷасорати фавқуллодда ва фазилати алоҳидаи мулкӣ лозим буд. Пешвои муаззами миллат ҳамаи ин се рукни муҳимро дар симои Мирзонаботов пайдо кард. Дар амри  “чап” оҳанги қасами низомӣ дар фармони  “ба рост” ифтихору нидои пирӯзӣ ва дастовард хати сурх маҳсуб шуд. Алишери Худобердӣ усулан ё рости рост, ё чапи чапи пастиро эътироф мекард. Барои ӯ танҳо аъло ва ё умуман бад вуҷуд дошта, амали миёнаро қабул надошт. Ё аъло, ё тамоман набошад”, ӯро қавиирода, матинхислат якрӯ намуд.

Панчум. Ӯ аз пандномаи  Ҳаким Носири Хусрав, “эътиқод  мифтоҳи ақлу идрок аст” як умр кор гирифтааст. Мардуми масеҳӣ ривоёте доранд: “Боре зани поктинату бо тақво аз хона берун омад. Дар саҳни ҳавлӣ се марди нурониро дучор шуд ва бо эҳтиром пурсид:

– Шумо мусофир ҳастед. Ба нону ғизо ниёз доред. Лутфан, ба хона дароед, то ман шуморо обу нон диҳам.

– Дар хона кӣ ҳаст, – пурсиданд мусофирон,

– Касе нест, шавҳарам пушти кор рафтанд, – гуфт зани порсо

-То омадани шавҳаратон мунтазир мешавем.

Зан ба зудӣ баргашта шавҳрашро дар хона дид ва гуфт;

– Дар берун се марди мусофир ҳастанд. Шояд ба хона даъват кунем?

Шавҳар розӣ шуд, ки мусофирон бо онҳо ғизо хӯранд

Зан берун баромада гуфт, ки ҳарсе вориди хона шаванд.

Марде аз байни онҳо гуфт:

– Танҳо як нафар аз мо ҳаққи воридшавӣ ба хона дорад. Номи ман Сарват, рафиқам Хушбахтӣ ва шахси сеюм Эътиқод ном дорад. Яке бояд меҳмони Шумо бошад.

Зан ба хона даромада ба шавҳар шарти меҳмононро гуфт.

– Албатта мо ба Сарват эҳтиёҷ дорем. Бигузор ба хонаи мо сарват дарояду аз машаққати камбғалӣ раҳо шавем.

– Не падар, пайдо кардани сарват дар қудрати дасту бозуи шумост. Хушбахтиро модарам таъмин карда метавонад, аммо эътиқодро на ҳама соҳиб мешаванд.

Волидон шарти духтарашронро қабул карда, Эътиқодро ба хона даъват карданд.

Дар даромади  дар ҳар се  пайдо шуданд.

Мард каме хашмгинона гуфт:

– Шумо гуфтед, ки як кас дарояд.

– Бале, агар Шумо Сарват ё Хушбахтиро даъват мекардед, як кас ворид мешуд. Аммо дар ҷое, ки  Эътиқол ҳаст, Хушбахтию Сарват аз ӯ ҷудо намешаванд.

Маҳз лейтенанти хурд Алишер Мирзонаботов 30 сол пеш Эътиқодро интихоб карда, савганд ёд кард…

Шашум. Алишери Худобердӣ на мансабдор, на афсар, на одами қаториро паст наздааст. Барои Ӯ  панди шоири маъруф Қайсин Қулиев “Агар куҳро ситоиш кунӣ, теппаро паст назан” шиори рӯз аст.

Ҳафтум. Ӯ як умр кори худашро иҷро мекард. Одамони ҳамакораю садкораю нимкораю бекорро бад медид. Ин хислати ӯ новеллаи Маздакро ёдрас мекунад. Дар бандари баҳрӣ. Сардори бандар мебинад, ки  марди солхӯрдае саҳни киштиро ранг мекунад. Бо овози хашмгин бонг зад:

– Эй пирамард, ин киштӣ мотор надорад!

Муйсафед ҳамоно корашро идома медод. Директори бандар бо хашму асабоният дод мезанад:

– Эй пиракӣ, ин киштиро беҳуда ранг накун. Ин киштӣ мотор надорад.

Муйсафед сар бол карда, бо ғазаб гуфт:

– Кори ман чӣ, ин мотор дорад, ё не. Ман кори  худамро иҷро мекунам.

Ва боз ормона корашро идома дод..

Маҳз Алишери Худобердӣ  қариб сӣ сол танҳо кори  худашро иҷро мекунад…

Ҳаштум. На  ҳамаи сарварон, на ҳамаи роҳбарон сатҳи поин, миёна ва боло меъёри андешаро риоя мекунанд. Аз андеша то сухан гуфтан, аз андеша то амал фосилаи муайяне мавҷуд аст. Ин фосиларо файлсуфон Ибни Рушд, Муҳаммад Иқбол, Кант, Фейербах, Гегел “дастаки ақл” номиданд. Маъмулан аксари мардуми куҳистон  дар андеша ва гуфтор фосилаи кутоҳ дошта, зуд посух мегӯянд, ё сухан меронанд. Мардуми водӣ, бахусус водии Фарғона дар андеша ва гуфтор фосилаи бештаре доранд. Марде санҷиш гузаронд. Аз марди кӯҳистон пурсид, ки ду зарби ду чанд мешавад. Марди кӯҳистон бо ғазаб ҷавоб дод: Магар ақл надорӣ, ки чор мешавад!

Марди фарғонагиӣ  пеш аз чор гуфтан чанд лаҳза андеша кард ва оромона гуфт, ба фикрам илми риёзӣ рақами чорро собит кардааст.

Алишери Худобердӣ, бо вуҷуди он, ки медонад ҷавоб чор аст, аммо мисли одамони водӣ чанд сония ва ҳатто то диқиқае фикр мекунад. Дар рафтор, гуфтор ва андешаи Мирзонаботов забон пеш-пеши ақл намедавад.

Нуҳум. Хоксорӣ умуман дар ягон оинномаи низомӣ ва даструламали ҳарбӣ ёдрас намешавад. Дар ҳама самт риояи зинапояи мансабӣ ҳукмрон буда, худситоӣ, намоишкорӣ ва аз ҳад зиёд муболиға қариб вуҷуд надорад. Ин хислати Алишери Хуобердиро банда ҳанӯз ба ҳайси сардори отряди сарҳадии Ҳамадонӣ буданаш фаҳмида будам. Бо тақозои вазифа ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафтам. Шарикдарсам илтимос кард, ки аз сардори отряд, ки зодаи Бадахшон аст, ризоияти тағйири ҷои хизмати писарашро хоҳиш кунам. Шарикдарсам як соати расо хислатҳои неки Мирзонаботовро қисса кард ва дар охир гуфт, ки ба ин подполконик то ҳол касе тавассути “через” корашро буд накардааст. Ишкелзадаи қонун аст. Дар ин лаҳза чойхоначӣ ба гапи мо ҳамроҳ шуда, гушакӣ гуфт:

– Шахсе, ки шумо зикр кардед, ана дар он кати таги чанор бо се нафар сарбоз хурок мехӯрад. Ин одам командир бошад ҳам, бо сарбозон сари як кат хӯрок мехурад.

Шарикдарсам далерона наздаш рафта мақсадашро гуфт. Подполклвник Мирзонаботов аз сари кат мушкилоту дархости шарикдарсамро иҷро кард…

Боз як руз қабл, имсол бо чашми худам дидам. Мирзонаботов дар иҳотаи одамони қаторӣ дар Гармчашма дар ҳавзи умумӣ табобат мегирифт. Дарбони осоишгоҳ  ин лаҳзаро дида гуфт.

– Пеш раисон, вазирон бо кортедж омада, дар ҳавзи (Гармчашма мисли биҳишт ҳавзаҳои алоҳида дорад. Ҳавзҳои ҳукуматӣ, дипломатӣ, ҳавзҳои идораҳои қудратӣ ва ҳавзи қаторӣ барои камбағалон вуҷуд дорад) алоҳидаи ҳукуматӣ оббозӣ мекарданд. Ин раиси нав бидуни муҳофизон хоксорона бо мардум аст…

Даҳум. Дӯст, ҳамкорам адиб ва муаррихи варзида Қурбониддин Аламшоҳ, ки ҳар ду ба ҳамдигар ҳаққи устодӣ дорем, аз боби набарди тан ба тани Мирзонаботов бо рафъи фалокатҳои табиӣ гузориши хуб нашр намуд. Ва ман илова мекунам, ки ривоят мекунанд, ки пеш-пеши сел Хуҷаи Хизр, пеши тарма Алмастӣ меомадааст. Илова ба ин ривоят имрӯз мардум мегӯянд: – Пас аз чанд лаҳза аз қафои ин офатҳо Алишер Мирзонаботов расида, хашми табиатро хомӯш мекунад.

Ёздаҳум. Мирзонаботов як рӯ, як роҳ, як хона, як зан, як Пешво, як усул ва як имон дорад. Буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ВМКБ ҳеқ гоҳ тасодуфӣ набуданд. Ин буҳронҳо дар хориҷи кишвар таҳия, тарҳрезӣ ва коргардонӣ мешуданд. Пешакӣ саҳми ҳар мансабдори дурӯя муайян мешуд. Ва ҳатто дастмузди онҳо пешакӣ тақсим мегардид. Аз рӯзи аввали кор ба ҳайси муовини якуми раиси ВМКБ бо дурӯяҳо дучор гардид, аммо марзбони хушёр душманро аз дуриҳо, зери ниқоб, зери чодар мешинохт. Аз ин рӯ дар симати муовини раиси ВМКБ баъдан ба ҳайси раиси шаҳр ҷабҳаи зидди дурӯяҳоро кушод. Ҷабҳае зидди маҳз ҳамон тими дурӯяҳо, ки мардуми бечораи қатории ВМКБ-ро ба доми фалокат ва буҳронҳои серталаф дучор кард.

Дувоздаҳум. Маҳорати басо худоди ӯ раҳоии камзарар аз буҳронҳои шадид мебошад. Дар бартараф кардани буҳрон иродаи қавӣ ва чашми дурбин дорад. Ҷомеа низ мисли инсон бемор мешавад. Баъзан табобати дорудармонӣ фоида дорад. Табобати ҷарроҳӣ илоҷи ниҳоӣ аст. Алишери Худобердӣ сараввал табобати дорудармонӣ мекард. Ҷарроҳӣ чун илоҷи ниҳоӣ хеле зарур аст. Сиёсатмадори маъруфи англис Уинстон Черчил муътақид буд, ки бартараф кардани ҳар як буҳрон бо усули ҷарроҳӣ имкони нав, рушди навро тавлид мекунад. Бо ибораи ҳиндуҳо “То тухмро нашиканӣ, тухмбирёни бомазза насибат намешавад”. Мардум пас аз буҳрони соли гузашта ҷаҳиш ва рушдро эҳсос мекунад.

Сездаҳум. Миллатгарои ашшадӣ буда, маҳал, деҳа, ноҳия, вилоят надорад. Сардию баландии Ҷаманталу Шаймоқро ба ҷисмаш эҳсос кардааст. Баландии ин водиро чун мақоми миллат ихтиёр кард. Марзи сиёҳу сафедро дар ноҳияи Панҷ  фарқ кард. Ин мард аз сарзамин миллат, деҳаи хирад, ноҳияи нангу номус, вилояти Эътиқод ва кишвари Пешвои миллат ба дунё  омада, камолаташ ба ранҷу машаққат сипарӣ гаштааст.

Чордаҳум. Алишери Худобердӣ дар зикри пешравиҳо ва дастовардҳо “ман”, “мо” надорад. Дар нуқсу камбудиҳои вилоят танҳо “ман” дораду халос. Айбро болои сарварони пешин ва имрӯз бор намекунад. Ба ақидааш камбудиҳоро ба пуштат бор кунӣ, роҳи ҳалли онҳо осонтар буда, ба макони ҳалл пештар мерасанд.

Понздаҳум. То ба ҳол аксари роҳбарон дар ҳалли рушди ВМКБ, бартараф намудани буҳронҳо бо усули “На сих сӯзаду на кабоб” амал мекарданд. Афсӯс, сихро эҳтиёт карда, кабоби нимхомро тайёр мекарданд. Албатта инсон “шири хом” хӯрда бошад ҳам, ақлу заковат ин ширро пухтааст. Вале кабоби хом, ин нишони даррандагист ва ваҳшиёнат аст. Афсӯс, ки Ӯ ин ваҳшиёнатро мерос гирифта  буд. Дар се сол бар ин амали зишт пирӯз гашт.

Ва аз ҳама муҳимаш Алишер Мрзонаботов  савгандшикан нест. Шогирди содиқи Академияи инсонсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ равони мардумро аз ҳуввияти маҳалгароӣ ба ҳуввияти миллӣ табдил дод.

Наҷмиддин Шоҳинбодов,

Хоруғ – Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь