Роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар барои бозсозии техникаҳои вайронаи  Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар аз ҳама имкониятҳо истифода карда, ният дорад пурра техникаҳои Корхонаи мазкурро таъмир карда,  ба истифода диҳанд. 

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки тайи чанд соли охир бо сабаби вайрону валангор шудани техникаҳои партовкаши корхонаи комуналии шаҳр мушкили саривақт баровардани партовҳо пеш омадааст. Ин дар ҳолест, ки таъмиру барқарорсозии техникаҳо вазифаи ҷонии  Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ҷумҳурист.

Аз вазъи баамаломада хулоса кардан мумкин аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и ҷумҳурӣ аз ӯҳдаи назорат ва корбарӣ аз болои зерсохторҳои худ дар минтақаҳо, хусусан, шаҳри Бохтар набаромада истодааст.

Бо вуҷуди ивази се роҳбар дар корхонаи комуналии шаҳри Бохтар тайи як соли охир вазъ ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Ин корхона аз ӯҳдаи саривақт баровардани партовҳои шаҳр набаромада истодааст. Беҳтар аст, ки Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии комуналии шаҳри Бохтар ба дӯши МИҲД-и шаҳр гузаронида шавад.

Ҳанӯз яке аз раисони собиқи вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода аз вазъи ҳамин корхона изҳори нигаронӣ карда талаб карда буд, ки корхонаҳои комуналӣ ба мувозинаи МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо гузаронида шаванд.  Ин талаби худро раиси вақти вилоят шарҳ дода гуфта буд, ки агар ин корхонаҳо дар салоҳияти мақомотҳои маҳаллӣ бошанд, онҳо метавонанд барои ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳо аз буҷаи худ маблағҳои зарурӣ ҷудо кунанд. Раиси феълии вилоят Давлаталӣ Саид низ ду маротиба бо масъулони соҳаи комуналии шаҳри Бохтар вохӯрӣ гузаронида, аз вазъи ин корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард ва барои беҳтар кардани вазъ ба масъулон дастуру супоришҳо дод.

Бояд ёдовар шуд, ки тайи чанд моҳи охир шаҳри Бохтар бинобар сабаби саривақт нагирифтани партовҳои маишӣ мавриди танқиди расонаҳо қарор гирифтааст. Сабаби чунин вазъро масъулон дар вайрону валангор будани техникаҳои партовкашон ва аз ҷониби худи шаҳрвандон риоя нагардидани маданияти партовпартоӣ маънидод мекунанд.

Бо ташаббуси раиси шаҳр борҳо барои тоза кардани шаҳр аз партовҳо техникаҳои корхонаю муассисаҳои шаҳр ва ширкатҳои хусусӣ ҷалб ва партовҳо кашонида мешаванд. Мутаассифона, бо сабаби камфаъолиятии корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии комуналӣ”-и шаҳр боз партовҳо ҷамъ шуда, мушкилӣ пеш меояд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь