Банда Файзиев Рауф собиқадори маориф, зодаи диёри баландкӯҳи зебоманзари Марзич, ноҳияи Айнӣ ҳастам. Тамоми умри ҷавонии худро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудаам. Бо амри тақдир аз солҳои 90 – ум то ин замон дар маҳаллаи Гулбоғ-1 ноҳияи Варзоб истиқомаат дорам.
Солҳои 2010-2013 ширкатҳои мобили “Тсел” ва “Мегафон” пойгоҳҳои мавҷқабул кунии худро дар деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ устувор намуда хати барқро аз болои боми хонаи ман ва дигар сокинони деҳа гузарониданд. Пас аз барқарор кардани пойгоҳҳо ман аз ин хабардор шуда, бо муттасаддиёнаш во хӯрда, шикоят кардам, Сабаби шикоятам ин буд, ки барои тоза кардан ва рӯфтани барф симҳо халал мерасонданд. Гузашта аз ин хона бино кардам, аммо барои бомпӯш кардани иморат симҳои дар пасти гузарондаи ин ширкатҳо имкон намедод. Соли гузашта ман шахсан ба маркази ширкати “Мегафон” муроҷиат карда, ҳамчунин ширкати “Тсел”-ро хабардор кардам. Муттасадиён ба шикояти ман заррае аҳамият намедиҳанд.
Моҳи май солӣ равон ба хонаи “Мегафон” ҳозир шуда ба номи директори ширкат шикояти хаттӣ навиштам ва ба қайд гирифта, супоридам. Бо воситаи шахси дигар ба ширкати “Тсел” дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдем.
Ҳамаашон ваъда медиҳанду аз иҷрои ваъдаҳои бардурӯғ нишоне нест. Оё ин ширкатҳои мобилӣ барои баланд бардоштани хатти барқи худ бо устувор кардани ду- се симчӯби 6-8 метра камбағал мешаванд? Оё шикояти шаҳрванде, ки барои бомпӯш кардани бомаш симҳои онҳо мушкил эҷод кардааст, ба онҳо заррае эътибор дорад?