Ҳоло муассисаҳои тиббии кишвар бо табибон 84 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 96 фоиз таъмин мебошанд. Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13 770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд. Аз ин рӯ, сохтору мақомоти марбута вазифадоранд, ки камбудии мавҷударо доир ба норасоии кадрҳо дар ду сол бартараф намоянд.
(Аз Паёми имсола)
Муассисаи давлатии таълимии КТ ДДТХ дар ноҳияи Данғара супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар соли хониши 2021-2022 таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, баҳри ҳиссагузорӣ дар ободии кишвар талош меварзад. Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст.
Маълумоти умумӣ
Дар Коллеҷи тиббии ДДТХ 217 нафар кормандон фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 168 нафарашонро омӯзгорон ва 22 нафарашонро кормандони хоҷагӣ ташкил мекунанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бошад, 84 нафар омӯзгори асосӣ, 92 нафар омӯзгори соатбайъ ва 19 нафарро кормандони маъмурӣ ташкил медиҳанд. Аз шумораи 84 нафар омӯзгорони асосӣ 78 нафарашон маълумоти олӣ ва 6 нафарашон маълумоти миёнаи касбӣ доранд. Аз шумораи умумии омӯзгорони асосӣ 9 нафарашонро хатмкунандагони ДДТТ ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорони асосӣ 22 нафар аз рӯи фанҳои тахассусӣ кор ва фаъолият карда истодаанд. Аз омӯзгорони ДДТХ ҳамчун омӯзгорони ҳамкор дар коллеҷи тиббӣ 2 нафар кор карда истодаанд. Шумораи омӯзгорони асосӣ дар беморхонаҳо ба ҳайси ҳамкор 3 нафар, мардҳо, аз ҷумла омӯзгорони асосӣ 37 нафар, занҳо, аз ҷумла омӯзгорони асосӣ 47 нафар, Аълочиёни маориф 6 нафар, Аълочии тандурустӣ 4 нафар, дараҷаи тахассусии олӣ дошта 18 нафар, дараҷаи тахассусии якум 24 нафар, дараҷаи тахассусии дуюм 15 нафар буда, аз такмили ихтисос гузашта бошад 74 нафарро ташкил мекунад.
Теъдоди умумии донишҷӯён дар муассиса 1452 нафар мебошанд, ки ҳама ба ҳисоби факултети Кори ҳамширагӣ ҳастанд. Аз ин шумора теъдоди донишҷӯёни ба тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда 553 нафар, теъдоди донишҷӯёни шартномавӣ 899 нафар, теъдоди донишҷӯписарон 219 нафар, теъдоди донишҷӯдухтарон 1233 нафар, теъдоди умумии ятимон 12 нафар, теъдоди умумии маъюбон 11 нафарро ташкил мекунад. Теъдоди донишҷӯёни гирандаи стипендияҳои номӣ 3 нафар, теъдоди донишҷӯёни гирандаи стипендияҳои буҷавӣ 198 нафар, теъдоди хатм бошад 461 нафар мебошад. Коллеҷи тиббӣ дорои 58 гурӯҳ буда, ҳама гурӯҳҳо тоҷикианд. Шумораи умумии компютерҳо дар коллеҷ 118 адад, теъдоди нотбук 8 адад, теъдоди проекторҳои мултимедӣ 4 адад, теъдоди принтерҳо 22 адад, теъдоди тахтаҳои электронӣ бошад 32 ададро такшил мекунад. Таносуби компютер ба донишҷӯён бошад аз рӯи меъёри 1:12 мебошад; Миқдори умумии синфхонаҳо 41 адад, миқдори толорҳои лексионӣ 1 адад, миқдори умумии утоқҳои корӣ 12 адад, миқдори мизҳо 735 адад, миқдори курсиҳои талабагӣ бошад 1285 ададро ташкил медиҳанд. Печҳои гармидиҳӣ дар синфхонаҳои муассиса 54 адад ҳастанд. Дар асоси иҷозатнома дар коллеҷ як ихтисос “Кори ҳамширагӣ” амал намуда, мутахассисони дорои дараҷаи маълумоти миёнаи касбӣ тайёр карда мешавад. Муҳлати таҳсил бо маълумоти миёнаи умумӣ 3 сол, баъд аз хатми синфи 11 бо маълумоти миёнаи асосӣ 4 сол, баъд аз хатми синфи 9 ва таҳсилоти шабона 3 сол баъд аз хатми синфи 11 қабул карда шудааст.
Заминаи пойгоҳии коллеҷ
– Донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар ду бино: дар бинои таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва бинои таълимии И. Шарифов – 3 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар биноҳои мазкур 42 синфхона, аз ҷумла дар бинои асосӣ 16 синфхона ва 3 кабинети корӣ, дар бинои таълимии И.Шариф – 3, 15 синфхона ва 4 кабинети корӣ, 1 толори лексионӣ, 10 синфхонаи электронӣ, 2 майдончаи варзишӣ мавҷуд мебошанд. Таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи таълими амалӣ, сурат мегирад. Аз ин лиҳоз Коллеҷи тиббӣ барои пешбурди фаъолияти таълим дар аввали сол бо роҳбарони Беморхонаҳои марказӣ, Беморхонаи Клиникии Ҷумҳуриявии н.Данғара, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар н. Данғара шартнома баста, дар асоси он таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои клиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълимӣ- амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон бевосита дар назди бистари бемор ҳуҷраҳои ташхисӣ – табобатии дармонхонаҳо ва амалиётхонаҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фармасевтӣ ба роҳ монда шудааст.
Қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021
Дар даври аввали тақсимот ба муассиса 405 нафар донишҷӯён роҳ ёфтанд, ки 100 % нақшаро дар бар мегирад. Аз ин шумора 165-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, 180-нафар бо маълумоти миёнаи асосӣ ва 60-нафар таҳсилоти шабона мебошад. Аз шумораи умум 401 нафар -1 нафар ятими кул ва 7 нафар маъюбон мебошанд. Дар маҷмӯъ дар соли таҳсили 2021-2022 қабули донишҷӯён 401 нафар 99,01%-ро ташкил дод. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2019-2020-2021 1467 нафарро ташкил медод. Дар соли таҳсили 2021-2022 шумораи қабули донишҷӯён 490-нафаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 202-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, 226-нафар бо маълумоти миёнаи асосӣ ва 62-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ дар таҳсилоти шабона мебошад. Айни ҳол дар муассиса шумораи умумии донишҷӯён 1486- нафар мебошанд, ки аз ин шумора 181-нафарашон писар ва 1305- нафари дигарашонро духтарон ташкил медиҳад.
Раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ
Раванди таълим дар ҳар се кафедра тақсим гардидааст. Нақшаҳои мудирони кафедраҳо дар асоси нақшаи намунавии кафедравӣ тартиб дода шуда, корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмиро дар ҳайати омӯзгоронашон дида мебароянд. Дар кафедраи фанҳои тахассусӣ 21 – нафар, кафедраи табиӣ – риёзӣ 26 – нафар ва кафедраи гуманитарӣ 31- нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таҳсил дар соли хониши 2021-2022 Коллеҷи тиббӣ пурра бо низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи тақсимоти соатҳо маълум мегардад, ки соатҳои ҷудошудаи барномаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2020-2021 то охири сол пурра ҳазм мегарданд. Давомоти донишҷӯён ҳамарӯза аз тарафи масъулони муассиса ба қайд гирифта мешавад.
Тибқи фармоиши Вазораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар муассиса бахшҳои 1-ум ва 2-юм бо маълумоти умумӣ ва асосӣ таҳсилро тариқи низоми кредитӣ идома дода, имтиҳонҳои сессияи зимистонаро ба ин низом супоридаанд. Сессияҳои имтиҳонӣ дар соли таҳсил мувофиқи нақшаи сардори шӯъбаи таълим дар муҳлатҳои муқарраршуда, бо риояи талаботҳои ҷойдошта ба таври мутамарказонидашуда, тариқи тестӣ бо пешниҳоди саволҳои тестии шакли кушода сурат гирифтанд. Бахшҳои 3,4- ум низ имтиҳонҳоро тариқи тестии компютеркунонидашуда супориданд. Аз шумораи 1486 нафар донишҷӯ 352 нафар хатмкунанда буданд ва баъди супоридани се имтиҳони давлатӣ: кори ҳамширагӣ дар терапия, кори ҳамширагӣ дар педиатрия, ва кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ коллеҷро хатм намуданд. Аз байни 354 нафар хатмкунанда танҳо 1 нафар бо дипломи Аъло коллеҷро хатм кард.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва фаъолияти илмӣ- методӣ
Донишҷӯёни бахши 4-уми шӯъбаи “Кори ҳамширагӣ” (шабона) пас аз супоридани санҷишу имтиҳонҳо дар охири таҳсили нимсолаи аввал аз 29.12.2020 то 19.02.2021 мувофиқи манзилҳои зисташон ба таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ (қабли дипломӣ) равона карда шуданд. Шумораи умумии ин донишҷӯён 47- нафар буда, ҳамаи онҳо ба беморхона ва бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона карда шуданд. Шӯрои илмӣ – методӣ дар соли таҳсили 2020-2021аз рӯи нақша 9 ҷаласа гузаронида, дар ҳар як ҷаласа на кам аз се масъалаи муҳим муҳокима гардидааст. Роҳбари Шурои илмӣ – методӣ дар байни омӯзгорон дафтари таҷрибаивазкунӣ ташкил намуда, бо ёрии он омӯзгорон ба дарсҳои якдигар ворид гашта аз таҷрибаи пешқадами якдигар огаҳӣ меёбанд ва ёрии худро ба омӯзгорони ҷавон мерасонанд. Пайнавишти ҷаласаҳо дар дафтари алоҳида қайд карда шудааст. Шумораи кадрҳои илмии Коллеҷро 1 нафар номзади илми тиб ва 4 нафар унвонҷӯ ташкил медиҳад, ки ин шумора хело кам аст. Аз ҷониби омӯзгорони Коллеҷ дар маҷмӯъ 12 адад адабиётҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ таҳия гардида,19 адад мақолаҳои илмӣ ба нашр расидаанд.
Дар муассиса рӯзҳои 15-16 уми апрел даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар асоси тартиби пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд. Ба даври дуюми озмун 6 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор роҳ ёфтанд, ки роҳбарияти муассиса ҳуҷҷатҳои ду нафар донишҷӯи нисбатан фаъол ва 1 нафар омӯзгорро ба комиссияи ҳукумати ноҳия пешниҳод намуд. Омӯзгорону донишҷӯёни мо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азиз” иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд. Аз ҳисоби омӯзгорон 4 – нафар ва аз ҳисоби донишҷӯён 9-нафар сазовори ҷойҳои фахрӣ гардиданд. Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ аз муассисаи таълимӣ як нафар омӯзгор Турсунбойев Ҳасан ва донишҷӯ Тағоева Сабрина дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, роҳхат барои иштирок намудан дар даври ҷумҳуриявиро соҳиб шуданд. Ду нафар донишҷӯёни муассиса аз фанҳои физика ва математика дар озмуни кушод, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо номи академик М.Осимӣ” шуда гузашт, иштирок намуданд. Ба ҳар дуи онҳо барои иштироки фаъолона дар озмун “Ифтихорнома” ва ба роҳбарияти муассиса “Сипоснома” дода шуд.
Корҳои тарбиявӣ
Дар муассиса корҳои тарбиявӣ дар асоси нақшаи ягонаи муассисаи таълимӣ тартиб дода шуда, ҳамаи чорабиниҳои тарбиявӣ вобаста ба иду ҷашнҳои миллӣ дар муассиса бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар сатҳи хуб гузаронида мешаванд. Барои беҳтар сохтани сатҳи тарбия ва назорати ҳамарӯзаи донишҷӯён дар гурӯҳҳо аз ҳисоби омӯзгорон роҳбарони гурӯҳҳо таъин карда мешаванд. Аз аввали соли таҳсил баҳри дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронидани иду ҷашнҳои миллӣ нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, пайваста гузаронида мешаванд. Омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ иштироки фаъолона дошта, дар давоми фаъолияташ ба муассиса барои саҳми арзандааш Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим намудаанд. Дар моҳи феврал барои гузаронидани чорабинии дохиликоллеҷӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Ҳамчунин, дар моҳи март бахшида ба Рӯзи Модар 8-уми март дар муассиса чорабинии идона ташкил карда шуда донишҷӯён дар васфи модар, ватан баҳор ва зебоӣ шеъру тарона ва сурудҳо сароиданд.
Дар таърихи 20-уми март дар муассиса Наврӯзи байналмиллалӣ ҷашн гирифта шуд. Аз тарафи омӯзгорони фанни варзиш бахшида ба ин ҷашн бозиҳои варзишӣ ташкил гардид. Инчунин омӯзгорону донишҷӯён дар чорабинии Наврӯзии ноҳиявӣ, ки рӯзи 22-уми март баргузор гашт, фаъолона иштирок намуданд. Бахшида ба рӯзи Ғалаба низ дар муассиса чорабинии идона баргузор карда шуд. Ҳамчунин коллективи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дар ин рӯз дар майдони ғалаба, назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи советӣ Исмат Шарифов ҷамъ омада, баҳри поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчамбар гузоштанд.
Бахшида ба Рӯзи оила 15-уми май ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23 май дар муассиса ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Донишҷӯёни муассиса ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Барои солимии ҷомеа рӯзи 19-майи соли ҷорӣ бо иштироки хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон – “Дави миллӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардид. Рӯзи 1-уми сентябр дар ҳарду бинои таълимӣ ҷамъомади умумии бахшида ба рӯзи дониш гузаронида шуд. – мегӯяд, Баротзода Амирхон, директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара.
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса дар асоси нақша-чорабиниҳо рӯзи 6.09.2021 ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба ин санаи таърихӣ гузаронида шуд. Барои истиқболгирии ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ теъдоди зиёди омӯзгорон ва донишҷӯёни мо дар чорабинии ноҳиявии сатҳи ҷумҳуриявӣ дошта иштироки фаъолона намуданд.
22-юми сентябр ҳамчун рӯзи Рӯдакихонӣ ва 30-юми сентябр ҷашнгирии рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассиса қайд карда шуд. Рӯзи 5-уми октябр дар асоси нақша-чорабиниҳо ҷамъомади умумӣ ва конференсия бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва бахшида ба рӯзи Конститутсия дар муассиса рӯзи 5-уми ноябр конференсия бо номи “Конститутсия бахтномаи миллат”, Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша-чорабиниҳо аз рӯзи 12-уми ноябр дар ҳарду бино асарҳои Пешвои муаззами миллат ба намоиш гузошта шуда, ҳамарӯза дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ порчаҳо аз асари Пешвои муаззами миллат “Чеҳраҳои мондагор” хонда мешуданд. Ҳамчунин рӯзи 16-уми ноябр дар муассиса конференсия бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид. 24- уми ноябр бахшида ба рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳия ва ДДТХ шуда гузашт, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи мо низ фаъолона иштирок намуданд.
Баҳри таблиғи тарзи ҳаёти солим рӯзи якуми декабр дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 75 конференсия оиди мубориза бар зидди бемории ВИЧ – СПИД якҷоя бо намояндагони Маркази СПИД дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Дар асоси барқия ва фармони Вазорати маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо оиди пандемияи каронавируси COVID-19 тартиб дода шуда буд. Айни ҳол 94- нафар омӯзгорону кормандони ёрирасони муассиса аз ду даври иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 гузаштаанд. Аз ҳисоби донишҷӯён бошад, 972 – нафар донишҷӯён аз иммунизатсия гузаштаанд. То охири соли хониш бошад, донишҷӯёни боқимонда аз ҳисоби сину солашон аз даври дуюми иммунизатсия мегузаранд.
Баротзода А қайд кард, ки фаъолияти кормандони муассисаи таълимӣ оиди ташхису муолиҷа нисбат ба солҳои пешин хело назаррас аст. Дар давоми 11- моҳи сипаригардида дар Беморхонаи Марказӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии н. Данғара ҳамагӣ ба 5650 нафар беморон ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст. Аз ҷумла 2590- нафар муолиҷа ва ёрии тиббӣ оиди бемориҳои шадиди шушҳо, бронхити шадид, нуқсонҳои модарзодии дил гузаронида шудааст. Инчунин ба 860 – нафар беморон оиди бемориҳои узвҳои ҳозима ва 2200- нафар оиди бемориҳои нишонаҳои бронхитӣ, илтиҳоби ҳисавӣ ва дутарафаи шушҳо ва гидроторакс гузаронида шуд. Муассиса ба муносибати фарорасии соли нави 2022 дар ҳаҷми 2200 сомонӣ ба 9 нафар маъюбон ва 13 нафар ятимони кул ба маблағи 100 сомонӣ кӯмаки хайриявӣ намуд.
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара кӯшиш ба он дода истодаанд, ки сифати таҳсилот, дониши муҳасилин, тарбияи донишҷӯён мувофиқ ба Оиннома, Низомномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯ бошад. Бо боварӣ иброз менамоем, ки коллективи омӯзгорони коллеҷи тиббӣ дар омода намудани мутахассисони миёнаи тиб саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
С. Халилиён, ноҳияи Данғара