Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар фаъолияти Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чун дигар соҳаҳои кишвар саҳифаи нав марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба ибораи дигар, даврони истиқлол як саҳифаи дурахшон, руҳу равони тоза ва нерӯю тавони нав дар таърихи инкишофи раёсат гардид. Дар давоми бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ мактабу маориф, вазъи  иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодии мамлакат густариш ёфт. Дар ин давра Тоҷикистон анқариб симои худро батамом дигар кард. Дар ҳамин замина, дастоварду натиҷаҳои соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла нишондиҳандаҳои кору фаъолияти Раёсати маорифи ВМКБ даҳчанд боло рафт.

Сиёсати маорифпарварона, маънавиётгароёна ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни давлат ба илму маориф, мактаби олӣ ва зиёиён, ғамхориҳои зиёд ба соҳаи маориф дар фаъолияти гуногунҷанбаи соҳа нақшу таъсири амиқ ва файзбахше гузошт.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои соҳаи маориф, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд».

Маорифчиёни вилоят Паёми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раҳнамои фаъолияти хеш қарор дода, дар самти ба камол расонидани  хонандагони донишманду болаёқат, ватанпараст, худшиносу худогоҳ, амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ талошҳои созанда намуда, дар асоси қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳавӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Қарору фармонҳо, дастуру супоришоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.

Сарварии Раёсати маорифи ВМКБ-ро марди фарҳангиву кордон Одинашо Мардов бар дӯш доранд.

 

Бунёди муассисаҳои таълимӣ

Барои рушди соҳаи маорифи ВМКБ дар соли 2019-ум 133 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2018-ум 1,04% зиёдтар мебошад. Маблағи зикргардида барои таҳкими заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълимӣ – тарбиявии вилоят равона карда шудааст.

Бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохтмони 4 кӯдакистон ва 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст ва он албатта давра ба давра амалӣ карда мешавад.

Дар соли 2019 дар соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят сохтмони муассисаҳои таълимии №5 ва 7-и ноҳияи Дарвоз, №29-и ноҳияи Ванҷ бо арзиши харҷномавии 150 000 сомонӣ, №7 бо арзиши харҷномавии 14 млн 441 000 сомонӣ ва 9-и ноҳияи Рушон (бо арзиши 16 млн сомонӣ), №17-и ноҳияи Шуғнон (бо арзиши 600 000 сомонӣ) ва №8-и шаҳри Хоруғ (бо маблағи 3 млн сомонӣ марҳилаи аввал) идома дорад ва муассисаи таълимии №5-и деҳаи Дроваки ноҳияи Дарвоз (бо маблағи 250 000 сомонӣ), муассисаи таълимии №22 (бо маблағи 1 млн 500 000 сомонӣ), 46 сохтмон (бо маблағи 3 млн 500 000 сомонӣ) ва 7 (таъмири асосӣ – капиталӣ бо маблағи 550000 сомонӣ) ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сохтмонашон ба итмом расонида, то ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳанд шуд.

 

Таҳсилоти томактабӣ

Рушди таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосии фаъолияти таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад. Дар қаламрави вилоят 26 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 2079 нафар кӯдак фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2018-ум 1 муассиса бо фарогирии 50 кӯдак зиёд мебошад. Дар соли таҳсили 2018 – 2019 дар ВМКБ 2 адад муассисаи томактабӣ бунёд гардида, дар моҳи сентябр ба истифода дода хоҳанд шуд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо талабот нисбати муассисаҳои томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ зиёд шуда истодааст. Дар вилоят 29404 кӯдаки синни то 5-сола мавҷуд мебошанд, ки аз ин теъдод 8269 нафар кӯдак ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд.

Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо ФДҶТБКСМ дар ВМКБ ва Фонди Оғохон 161 адад, Хадамоти Хазинаи Оғохон (АКС) 5 адад, ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ 25 адад, Бунёди мадад 7 адад, Фонди ҷопонӣ 2 адад, ташкилоти Сорос 10 адад ва Орзӯи кӯдакон 3 адад марказҳои рушди барвақтии кӯдакони синни томактабиро дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ташкил намудааст. Дар маҷмуъ, 267 адад Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин марказҳо 6190 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба таълиму тарбияи онҳо 483 нафар омӯзгор машғуланд, ки 90%-и онҳо аз курси такмили ихисос гузаштаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар ҳудуди ВМКБ ду муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ва ду адад кӯдакистони хусусӣ мавҷуд мебошад.

 

Таҳсилоти инклюзивӣ

Самти дигари фаъолияти раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ назорат ва ба танзим даровардани низоми таҳсилоти инклюзивӣ ё хонандагони имконияташон маҳдуд мебошад. Дар ин самт ҳам дар муассисаҳои таълимии вилоят корҳои зиёде низ ба анҷом расидааст.

 

Таҳсилоти интернатӣ

Дар ҳудуди вилоят 12 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 280 нафар тарбиятгиранда ва 1 адад интернати ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 289 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамоянд. Теъдоди хонандагон дар  интернатҳо 569 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод дар ноҳияи Дарвоз 42 нафар писар, 13 нафар духтар, ноҳияи Рӯшон – 31/14 нафар, ноҳияи Роштқала – 55/26 нафар, ноҳияи Мурғоб – 152/75 нафар ва дар интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон 289/101 нафар фаро гирифта шудаанд.

 

Муассисаҳои таълимии вилоят

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 314 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 67 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 204 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ВМКБ 5689 нафар омӯзгор (3379 нафар, 59,3% зан) ба кори таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз онҳо 4584 нафар бо маълумоти олӣ (80,5 %), 244 нафар бо маълумоти олии нопурра (0,04%), 826 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ (0,14%) ва 35 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ (0,006%) фаъолият менамоянд.

Дар соли таҳсили 2018-2019-ум 26 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят гирандаи стипендияи раиси вилоят ва 10 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ буданд.

 

Дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар тибқи низоми Маркази миллии тестӣ:

Р/т Шаҳру ноҳияҳо     Шумораи хатмкунандагон Аз қайди ММТ гузаштанд Теъдоди дохилшавӣ   %

 

1  Хоруғ         392         275         201 73
2 Дарвоз         409        332         249 75
3 Ванҷ         432        356         245 68,8
4 Рушон         275         226         155 68,5
5 Шуғнон         303         227         158 69,6
6 Роштқалъа         282         242         155 64
7 Ишкошим         472         412         314 76,2
8 Мурғоб         195          77         14 18,1
  Ҳамагӣ         2772         2147        1491 69,4

 

Инчунин, гуфтан бамаврид аст, ки 244 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ бо квотаи муқаррарии Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил гардидаанд, ки 94 квотаро Донишгохи тиббӣ ташкил медиҳад. Аз ин ноҳияи Дарвоз 41 адад, Ванҷ – 35 адад, Рушон – 30 адад, Шуғнон – 26 адад, Роштқалъа – 40 адад, Ишкошим – 37 адад, Мурғоб – 31 адад ва шаҳри Хоруғ – 4 адад мебошанд, ки ҳамаи квотаҳо азхуд карда шудаанд.

Дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ВМКБ ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар низ назаррас мебошад.

Махсусан фаъолияти хуби Мактаби Президентӣ ва Литсейи Оғохонро дар ин ҷода қайд кардан бамаврид аст. 30 нафар аз Мактаби Президентӣ ва 29 нафар аз Литсейи Оғохон ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардидаанд.

 

Теъдоди дохилшудагон ба муассисаҳои олии хориҷи кишвар:

Р/т  Шаҳр ва ноҳияҳо Теъдоди дохилшудагон
1   Хоруғ     96 нафар
2   Дарвоз      17 нафар
3   Ванҷ      9 нафар
4   Рушон      15 нафар
5   Шуғнон       27 нафар
6   Роштқалъа       10 нафар
7   Ишкошим       17 нафар
8   Мурғоб       1 нафар
    Ҷамъ       192 нафар

 

Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020

Тибқи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар назди Раёсати маорифи вилоят Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо таъсис дода шудааст. Иштироки хонандагон дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сол аз сол беҳтар гардида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 олимпиадаи вилоятии фаннӣ, анаъанавӣ, номӣ ва даставӣ баргузор гардидааст, ки дар он зиёда аз 698 нафар хонандагони синфҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11-и шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намудаанд. Инчунин, дар шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ, номӣ, даставӣ ва олимпиадаи шоҳмот баргузор гардидааст, ки дар он 203 нафар хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии вилоят иштирок намуда, 1 нафар хонандаи муассисаи таълимии вилоят ҷойи якум (медали тилло), 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ҷойҳои 2 (медали нуқра) ва 13 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ҷойи сеюмро (медали биринҷӣ) ишғол намудаанд, ки асосан шаҳри Хоруғ – 9 ҷой, Шуғнон – 7 ҷой, Ишкошим – 2 ва ноҳияи Ванҷ 2 ҷой ишғол намудаанд. Бо илова ба ҳамин дар олимпиадаи шоҳмот наврасони вилоят сазовори ҷойи 2-юм ва 7 нафар хонандагон соҳиби ҷойи ифтихорӣ гашта, бо Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд.

26-уми июни соли 2019 дар ноҳияи Мурғоб олимпиадаи ноҳиявӣ аз намуди “Математикаи зеҳнӣ” баргузор гардидааст, ки дар он теъдоди 290 нафар хонандагони ноҳия иштирок намудаанд.

Дар маҷмуъ, дар соли 2019 муҳассилини вилоят дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ 20 медал ва 7 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 диплом ба даст овардаанд, ки ин нишондод нисбати соли 2018 ба миқдори 15 медал зиёд мебошад.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 8-и Литсейи Оғохон Амонуллоева Моҳинур аз фанни забони англисӣ ҷойи 1( медали тилло), хонандагони синфи 7-и Мактаби Президентӣ Сайилиева Меҳрона, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ Азимшоева Судоба аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Ишкошим Олимбекова Адиба аз фанни забони тоҷикӣ, хонандаи синфи 8-и Литсейи Оғохон Соҳибназарова Ойқанд аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хоруғ Қурбонмамадова Ҳавобегим аз фанни забони англисӣ ва  хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Шуғнон Тоҳиров Анис аз фанни биология, ҷамъ 6 нафар сазовори ҷойи 2-юм (медали нуқра) ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шуғнон Азимов Хушанг аз фанни физика, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шуғнон Ёдгорова Бахтибегим аз фанни забони тоҷикӣ, хонандаи синфи 7-и МТМУ №11-и ноҳияи Шуғнон Улфатшоева Зиёратбегим аз фанни забони русӣ, хонандаи синфи 8-и МТМУ №11-и ноҳияи Шуғнон Лутфишоева Миҷгона, хонандаи синфи 8-и МТМУ №14-и ноҳияи Шуғнон Ошурмамадова Зуҳал аз фанни география, хонандаи синфи 7-и МТМУ №25-и ноҳияи Шуғнон Гулзорхонов Адис аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 11-и МТМУ №25-и ноҳияи Шуғнон Ҷамшедова Ҳалима аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 6-и Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Шобекова Мисринамо аз фанни забони русӣ, хонандаи синфи 11-и Литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Амунбекова Муросултон аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 10-и Мактаби Президентӣ Мистоҳзода Шаркон аз фанни химия, хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ Давлатбекова Амина аз фанни забони русӣ, хонандаи синфи 7-и МТМУ №19-и ноҳияи Ванҷ Шералии Муқбил аз фанни биология, хонандаи синфи 8-и МТМУ №36-и ноҳияи Ванҷ Зубайраи Иброҳим аз фанни география ва хонандаи синфи 8-и МТМУ №6-и ноҳияи Ишкошим аз фанни география ҷамъ 13 нафар сазовори ҷойи 3-юм (медали биринҷӣ) гардидаанд.

 

Фаъолияти шуъбаҳои маорифи вилоят

Дар шуъбаҳои маорифи шаҳр ва ноҳияҳои вилоят даври дуюми озмуни “Муаллими соли 2019” ва “Мураббии соли 2019” ҷамъбаст гардид. Даври сеюми вилоятии озмунҳои “Муаллими соли 2019” ва “Мураббии соли 2019” моҳи сентябри соли ҷорӣ гузаронида хоҳад шуд.

Даври вилоятии озмуни “Хонандаи соли 2019” 29-уми июни соли равон бо иштироки 16 нафар хонанда аз тамоми шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардида, дар он хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Шуғнон Лутфишоева Манижа ва хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Дарвоз Анисаи Бахтӣ сазовори ҷойи 1-ум гардида, бо Ифтихорномаи раёсати маорифи вилоят ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар асоси фармони Раёсати маорифи вилоят аз 4-уми феврали соли 2019, №7 аз 19-уми феврал то 4-уми марти соли 2019 дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб конференсияи шаҳрию ноҳиявии Академияи хурди илмии ВМКБ баргузор гардид, ки дар он 179 нафар хонандагони синфҳои 7-11 аз рӯи 14 бахш баромад намуданд.

Мутобиқи фармоиши дар боло зикргардида ва нақшаи кории Академияи хурди ВМКБ 12-уми апрел конференсияи вилоятии Академияи хурд дар бинои Раёсати маорифи вилоят баргузор гардида, дар он 92 нафар хонандагон аз шаҳр ва ноҳияҳои вилоят иштирок ва баромад намуданд ва аз ин шумора 77 нафар барои иштирок дар сесияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмӣ роҳхат гирифтанд.

 

Истифодаи технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 оид ба ”Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” корҳои назаррас ба иҷро расонида шудаанд. Ба ҳолати имрӯза шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимии вилоят 2889 адад компютер ва 731 адад принтер мавҷуд буда, дар ихтиёри толибилмон қарор дошта, омодаи кор мебошанд, ки дар ҳудуди вилоят ба 7 нафар хонанда як компютер рост меояд. Дар маҷмуъ, шумораи умумии компютерҳо дар шуъбаи маориф бо зерсохторҳо ва муассисаҳои таълимии вилоят 3061 адад компютер ва 823 адад принтерро ташкил медиҳад.

Дар 246 адад муассисаҳои асосӣ ва миёнаи умумӣ кабинетҳои информатика ташкил шуда, мувофиқи шароит бо аёниятҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Ҳамагӣ 68 адад муассисаҳои таълимӣ ва 6 адад шуъбаҳои маориф ба шабакаи Интернет (бо модем), ду адад мактабҳои шаҳри Хоруғ ба тариқи Wi MAX, Wi-Fi пайваст мебошанд.

 

Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ

Самти кори муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳамчун зинаи таҳсилот дар таълиму тарбияи насли наврас хело назаррас аст. Айни замон дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят 50 маҳфил ташкил шудаанд, ки аз онҳо дар шуъбаи «Чароғи маърифат» 10 маҳфил, шуъбаи «Сайёҳон» 12 маҳфил, шуъбаи «Дӯстдорони табиат» 13 маҳфил, шуъбаи «Ихтироъкорони наврас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» 15 маҳфил ташкил медиҳанд. Инчунин, 6 маҳфил ҳамчун маркази омӯзишӣ ва хизматрасонӣ, ки ба таълими хизматрасонии сайёҳон машғуланд, ташкил карда шудаанд. Маҳфилҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба монанди муҳрабофӣ, дӯзандагӣ, ҷуроббофӣ дар худи бинои асосии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва маҳфилҳои пазандагӣ, рубобсозӣ ва рубобнавозӣ замина гузошта шудааст. Дар марказ маҳфили рассомӣ бо иштироки 30 нафар таълимгиранда ва маҳфили шоҳмот бо иштироки 32 нафар таълимгиранда ташкил карда шудаст.

Инчунин, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Дастони моҳир”, “Ихтироъкорони ҷавон”, “Нозирони наврас” ва як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ дар озмуни байналмилалии Ихтирокорони ҷавон дар Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуда, сазовори Диплом ва Ифтихорномаҳо гардидаанд.

18-уми марти соли 2019 ихтироъкорон ва навоварон, шоҳмотбозон дар фестивали ҷумҳуриявии “Мы интелектуали 21 века” дар шаҳри Душанбе иштирок карда, ҳар ду даста сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Озмоишгоҳи инноватсионӣ бо мадади ЮНИСЕФ ташкил карда шуда, айни ҳол 17 таълимгиранда ба маҳфили ихтироъкорӣ ва инноватсия ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳудуди вилоят 3 адад лагерҳои истироҳатии вилоятӣ фаъолият менамоянд, ки инҳо лагери Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, лагери “Зинг”-ноҳияи Ванҷ ва лагери “Насими Ғунд”-и ноҳияи Шуғнон мебошанд.

 

Ҷалби омӯзгорони ҷавон ба кор

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илм аз 09.03.2019, №648 327 нафар мутахассисони ҷавон-хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии равияҳои омӯзгорӣ дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят фиристода шудаанд. Аз ин шумора ба ҳолати 28.08.2019 теъдоди 142 нафар (43,4%) ба ҷойи кор ҳозир шуда, 51 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, 53 нафар дар навбат гирифта шуд, 9 нафар ба магистратура, 25 нафар ба ихтиёри донишгоҳҳо ва156 нафар (47,7%) ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд. Айни замон ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавон идома дорад.

Дар тақсимоти мутахассисони ҷавони ДДХ 24 нафар мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намудаанд.

Бо мақсади пурра ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ тибқи фармоиши Вазири маориф ва илм аз 28.10.2018, №4141 гуруҳи корӣ аз ҳисоби кормандони раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот ва ҳуқуқшиносони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шудааст.

Инчунин, оид ба мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намуда, бе сабабҳои узрнок ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, аризаҳои даъвоӣ пешниҳод намуда, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2009, №391 «Дар бораи тасдиқи Қоидаи баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд» маблағҳои таҳсили онҳо ба буҷети давлат баргардонида мешавад.

Дар иртибот ба ин, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» таҳия ва бо мақомоти дахлдор мувофиқа карда шуда, дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Раёсати маорифи вилоят пешниҳод карда мешавад.

Тибқи маълумоти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ба ҳолати 20.08.2019 норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ба 82 нафар паст фароварда шудааст, ки ба ҳамин давраи соли 2018-ум 51 нафар кам мебошад.

 

Ба ҷои охирсухан

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар тӯли фаъолияти дуру дароз ва пурсамари худ дар омодасозиву таъмини кадрҳо ва тарбияи мутахассисони баландихтисос рисолати хешро ба таври шоиста ва сарбаландона иҷро намуда истодааст. Тавре сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов иброз доштанд, “мутмаин бар онем, ки ҷомеаи омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимии вилоят дар радифи дигар муассисаҳои таълимии кишвар он рисолати муқаддаси хешро, ки бар дӯш доранд, бо шоистагӣ, сарбаландӣ, азму ғайрат, ҳисси масъулият ва дарку эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба субут мерасонанд”.

Одинашо Мардов ҳамзамон иброз дошт, ки “суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати милоӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2019 дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бори дигар собит намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили илму маориф ва тарбияи насли ҷавон ва ҳамаҷониба рушдёфта таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад”.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь