“Барои тоҷик сафари Порису Лондон, Маскаву Ҳинд, Туркияю Чин ва ҳатто Антарктида боиси ифтихору фахр набояд бошад! Тоҷике, ки боре дар соҳили Сарез набудааст, мақбараи Рӯдакию Туғралу Хоҷа Муҳаммади Башороро зиёрат накардааст, Ҳафткӯлу Искандаркӯлу Гармчашмаю Чилучорчашма, зебоиҳои Ховалингу Балҷувонро дар симою тасвир дидааст, дараи Фонро аз қиссаҳои бибиаш шунидааст, аз чашмаи Носир об нанӯшидааст, наметавонад доди ватандорӣ ва бештар аз ин, лофи донистани таъриху фарҳанги миллат кунад!” – хонда будам дар яке аз навиштаҳои Хуршед Атовулло.
Баъдан азм кардам, ки саёҳатро аз тамошову зиёрати мавзеъҳои таърихиву бостонии Тоҷикистон, ки арзиш ва аҳамияти баланди таърихиву фарҳангӣ доранд, оғоз кунам. Дар як кунҷи дилам ҳаваси дидани Бадахшон кайҳо боз нуҳуфта буд ва қасд доштам, ки бо даст додани кӯчактарин фурсат ин орзуямро амалӣ гардонам. Ниҳоят ин рӯз фаро расид. Муҳим нест, ки баҳона чӣ буд, вале шавқи дидани Бадахшони афсонавӣ маро ором намегузошт. Субҳи барвақт сафари тӯлонии мо оғоз гардид ва моро зиёда аз 900 км роҳе, ки аксарият аз зебоиву манзараҳояш нақл ва бархе аз ноҳамвориву сангиниаш шикоят мекарданд, интизор буд. Ҳамеша ба сафари дур рафтан маро хурсанд мекунад, зеро дар давоми роҳ, ки аксаран аз байни кӯҳҳо мегузараду хати интернет қатъ мегардад, фурсати хубе барои фикр кардан, нақшаҳои беохири худро ба анҷом расонидан, андешаҳои бесарунуги худро хулоса кардан, ҳатто хотираи телефони мобилиро аз чизҳои нолозима холӣ кардан мумкин аст. Баъзан саргарми сӯҳбат, чӣ тавр ба манзил расиданро эҳсос намекардам. Вале дар ин сафар, ки ман аз шарикон каме дур афтода будаму дар паҳлӯи як зане, ки зодаи Бадахшон буд, менишастам, ҳамсӯҳбат пайдо накардам. Ин зан бо яке аз шохаҳои забони бадахшонӣ ҳамроҳи шариконаш ҳарф мезад ва барои ман, ки аз ин забон танҳо 5-6 калима медонам, нофаҳмо буд. Мошин тавассути роҳи Душанбе-Кулоб ҳаракат мекард. Дар Кӯлоб ронанда як мусофири дигареро, ки дар роҳ интизораш буд, ба мошин савор кард. Дар байни мусофирон, ки ҳама аз ҷавонон иборат буд, ӯ ягона зани бузургсол ба ҳисоб мерафт. Дар бораи Бадахшон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои пароканда мавҷуданд. Номи Бадахшон якҷо бо Юмгондара ҳанӯз дар “Сафарнома”- и Носири Хусрав дарҷ гардида буд.
Шоҳроҳи Бадахшон аз роҳи ҳамвору ноҳамвор иборат буда, тахминан 7 соати сафар бо тамошои рӯди Панҷ ва манзараҳои кӯҳистон сарф мешавад, ки ин дарозии роҳро дар назар кӯтоҳ менамояд. Роҳи ноҳамвор баъди убури маркази Дарвоз оғоз мешавад, ки ронандаҳо наметавонанд бо суръати зиёда аз 50 км/с ҳаракат намоянд. Ин роҳ хатарҳои зиёди ҷониро дар пай дорад. Хусусан, дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон ва баҳор. Дар роҳ, ки қад-қади рӯди Панҷ мегузараду қисмати дигарро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд, метавонад ҳар замон хатари омадани лағжиш, об ва сангрезаҳо ба вуҷуд оянду ба ронандагон ва мусофирон хатар эҷод шавад. Паҳноии роҳ низ на зиёда аз 4 метр аст, ки дар вақти рӯбарӯ қарор гирифтани ду мошин аз самти муқобил хатари садама аз имкон дур нест ва агар шабонгаҳ дар роҳ бошиву ронандаи камтаҷриба, хатар наздиктар мешавад. Ронанда нақл кард, ки бояд то соли 2026 шоҳроҳи Бадахшон пурра таъмир карда шавад. Шояд бо таъмири роҳ ин мушкилот ҳалли худро меёбад. Ва дар баробари роҳ шояд ҳукумат хатсайрҳои ҳавоиро низ ҷорӣ мекунад!? Вақт нишон медиҳад. Аммо бо вуҷуди хатар ва роҳҳои пурпечутоб сафар ба Бадахшон руҳияи инсонро болида мекунад. Тамошои кӯҳҳои сарбафалак, рӯдҳои равону чашмаҳои мусаффо, умуман, табиати дилфиреб ба инсон ҳаловат мебахшад. То Дарвоз аз ду нуқтаи тафтишотӣ гузаштем. Яке дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дигаре дар ҳудуди Дарвоз. (Аз ин сабаб, ҳамеша дар сафари Бадахшон шиноснома ҳамроҳатон бошад). То маркази Дарвоз ба гуфти модаркалони худораҳматиам роҳ “каф барин ҳамвор” буд. Вале роҳҳои ноҳамвор моро дар пеш интизоранд. Барои таъмир ва васеъ кардани роҳ дар давоми рӯз чанд нуқтаи роҳ баста мешавад ва танҳо аз соати 11 то 14 ва аз соати 18 то 8-и субҳ кушода аст. Бинобар ин, ронандагон ин ҳолатро ба инобат гирифта, аксаран, субҳи барвақт ҳаракат мекунанд, то роҳро вақти нисфирӯзӣ убур намоянд. Вале онҳое, ки дер мемонанд, маҷбуранд то соати 18 интизор шаванд. Дарвоз, ки дарвозаи вилоят ба ҳисоб меравад, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ободтар аст. Нуқтаҳои гуногуни тамошобоб ва диққатҷалбкунанда дорад, ки барои рушди сайёҳӣ нақши бориз доранд. Яке аз ин нуқтаҳо мавзеи истироҳатии “ЧОРЧАМАН” аст. Мо, ки субҳи барвақт ба роҳ баромада будем, соати 13 аллакай ба Дарвоз расидему дар тарабхонаи “Ориёно”, ки канораш рӯд мегузарад, хӯроки нисфирӯзӣ тановул кардем. Дар ин гуна манзараи мафтункунанда ва ҳавои мусаффову насими фораме, ки аз рӯд мевазад, хӯрок низ таъми дигар дорад.
Мо боз дар роҳ. Мусофиронро гумони баста будани роҳ ва интизории чандсоата ба хавотир андохта буд. Мусофирон дар ташвиш, вале ронанда ором буд ва оромии ӯ моро асабӣ ҳам мекард. Мутаассифона, роҳ баста буд, вале ронандаи мо гурги борондида будааст. Бо як роҳи дигаре, ки аз дохили деҳае мегузашт ва танҳо ронандаҳои таҷрибадор медонистанд, убур кардем. “Хайрият. Акнун то бегаҳ ба Хоруғ мерасем” – шодӣ мекардем мо. Вале дар қисмати дигари роҳ, ки санг афтода буду мошинҳои махсус роҳро аз санг холӣ мекарданд, дармондем. Хушбахтона, интизорӣ дер давом накард ва тақрибан баъд аз 30 дақиқа роҳро кушоданд. Гӯё масали “шарти қозӣ то се бор” ба мо татбиқ мешуд. Дафъаи сеюм дар қитъаи роҳи Дарвоз-Ванҷ маҷбур шудем 4 соат интизор шавем. Соат аз 18:00 чанд дақиқа гузашт, вале роҳро намекушоянд. Зани солхӯрдае, ки ҳамсафари мо буд, посбонононро ҳақоратҳои обдор медод: “Чашми кабудат дар зери замин, о роҳро кушо, ки фишорам баланд шуд, ҳозир мемурам аминҷо” – мегуфт зан, дар ҳоле ки чашмони худаш низ кабуд буданд. Аз қафои мошини мо то чанд км мошинҳо қатор буданду сигнал медоданд. Ронандаҳо ба посбонон фарёд мезаданду талаб мекарданд, ки роҳро кушояд. Посбонон асабӣ мешуданд, ки “мо аз куҷо медонем, ҳоло аз боло фармон наомадаст, ман забони ин хитойро надонам, чихел ба ӯ фаҳмонам, ки бас кунад.” Ниҳоят роҳ кушода шуд ва ронандаи зираки мо аз ҳама пеш баромад, то дар чанги мошинҳои дигар намонад.
То Дарвоз ҷо-ҷо ҳоҷатхонаҳо бино кардаанд, вале дар қисмати Ванҷу Рӯшон бо ин масъала каме ба мушкилӣ рӯбарӯ мешавем, зеро дар он роҳҳои ноҳамвор ва баъзан яктарафа имкони истодан нест. (Ба одамоне, ки ба бемории исҳол гирифторанд, маслиҳат медодам, ки аз сафари Бадахшон худдорӣ кунанд.)
Холае, ки пештар гуфтем, хеле шӯх будааст. “Гап нардбони роҳ аст” гуфтагӣ барин, давоми роҳро нақлҳои аҷиби ӯ кӯтоҳ мекарданд.
Шабона соати 22:00 ба Хоруғ расидем. Ронандаамон одами баинсоф баромад ва моро, ки аввалин маротиба меҳмони Бадахшон будем, то меҳмонхона бурда ҷобаҷо кард. Дар мавриди меҳмонхонаҳо ҳаминро гуфтаниам, ки дар Хоруғ арзонтарин меҳмонхона 80 сомонӣ аст. Шароиташ на он қадар қаноатбахш, вале шабро рӯз кардан мумкин.
Баъди соати 23:00 дар Хоруғ ёфтани ошхона муҳол будааст. Азбаски аз Дарвоз то Хоруғ дар ягон нуқта барои тановули хӯрок фуруд наомада будем, шикамҳо таблак менавохтанд ва гург барин гурусна будем. Хайрият як қаҳвахона боз будааст, вале фақат хӯрокҳои тезтайёр дошт. Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, шикамҳоро ором кардем. Баъди ба меҳмонхона рафтан чун сарро ба болин ниҳодем, хоби ширин зуд моро ба олами худ кашида бурд, зеро роҳ хеле хаста карда буд.
Субҳ сафари мо бояд идома меёфту ронандае, ки пешакӣ бо ӯ гапро пазонда будем, бояд моро ба Мурғоб мебурд. Вале роҳи деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки соли 2015 сел рӯфта буд, дар ҳоли таъмир будааст ва танҳо баъди соати 11 имкони ҳаракати нақлият вуҷуд дошт. Мо ҳам фурсатро ғанимат донистему ба тамошои шаҳри Хоруғ баромадем. Хоруғ шаҳри на он қадар калон буда, дар дили кӯҳҳо макон дорад. Чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс ва танҳо дар як кӯча аз ду тараф бозор, мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ чун бонкҳо, ширкатҳои мобилӣ, вазорату агентиҳо, ҳамчунин, осорхонаву боғ ва донишгоҳ ҷойгиранд. Вале мардумаш хеле замонавӣ, махсусан, ҷавонон бо услуби муайяну зебо либос мепӯшанд. Аз ҳама макони дӯстдоштатарини занҳову духтарон бозор аст. Мо ҳам тамошоро аз бозори марказии шаҳри Хоруғ оғоз кардем. Баробари ба ин бозор ворид шудан диққати сайёҳони ҳам дохиливу ҳам хориҷиро либосу овезаву мӯҳра, кокулу тоқӣ ва ҷорӯбҳои помирӣ, ки бо нақшҳои махсуси бадахшонӣ оро дода шудаанд, ҷалб мекунанд. Сайёҳон ва ё меҳмононе, ки ба ин бозор қадам мениҳанд, ҳатман чун хотирот ё армуғонӣ чизе аз ин бозор харидорӣ мекунанд. Баъдан ба осорхонаи шаҳр ворид шудем. Тақрибан аз осорхонаҳои маъмулӣ фарқ надошт, вале агар роҳбалади хуб ба шумо дар ин осорхона вохӯрад, дар бораи таърихи Бадахшон хеле маълумоту тасаввурот ба даст меоред. Саргарми тамошо ба соат ҳам нигоҳ накардем ва ронанда занг зада, саросемаамон кард. Акнун давоми сафар ва роҳ ба сӯйи Мурғоб. Қисмати аввали роҳи Мурғоб низ чун роҳҳои Ванҷу Рӯшон пурпечутобу ноҳамвор аст. Вале дере нагузашта ба роҳи яклухти ҳамвору беохире, ки то Мурғоб мепайвандад, расидем. Ҳамвор ин ҷо на ба маънои сангфаршкардашуда, балки ишора ба он аст, ки дигар аз ағбаву куталҳо ва роҳҳои яктарафаи пургардиш намегузариву танҳо бо як масир ҳаракат мекунӣ. То Хоруғ бо назардошти интизориҳо дар роҳҳои маҳкам дар 16 соат расидем. То Мурғоб бошад, боз 8 соати дигар роҳи сангин. Шояд мардуми муқимӣ ба ин роҳҳо одат карда бошанд, вале мо сахтии роҳро сахт эҳсос кардем. Ноҳияи Мурғоб дар баландии беш аз 3,5 ҳазор км аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои Бадахшон аст. Пеш аз сафар моро ҳушдор медоданд ва таъкид мекарданд, ки дар маротибаи аввал ҳатман сардард ва ё беҳол мешавед. Вале мо ҳамеша як поямон дар сафар аст ва шояд ба иқлими гуногун одат карда будем, ки дигаргуниеро эҳсос накардем. Роҳи мо қад-қади дарё муқобили ҷараёни дарё қомат густурда буд ва баъди оне, ки дарё дар қафо монду мо боло баромадан гирифтем, ҷо-ҷо кӯлҳо ба назар менамуданд. Чун вориди Мурғоб шудем, аллакай торикӣ чодари сиёҳашро ба олам паҳн карда буд. Саҳар баъди аз хоб бедор шуда ба берун баромадан, ба ҳайрат афтодам ва чигунагии он Мурғоберо, ки солҳо боз таърифашро мешунидам, бо чашмонам дидам. Аҷаб манзарае. Ба ҷуз аз ду-се дарахте, ки ҳар ҷо – ҳар ҷо дида мешуданд, дигар тамоман дарахт набуд. Аксари хонаҳо пастаку лойӣ буда, мардум акнун ба сохтани хонаҳои андаке замонавӣ шурӯъ намудаанд. Атроф бо биёбони хушку беохир ва кӯҳҳои паст иҳота карда шудааст. Метавон дар ин мавзеъ хуршеди оламтобро бо тамоми назокаташ назора кард. Субҳи барвақт чун кулчаи сурхи аз танӯр баромада, аз пушти кӯҳҳо сар ба боло мекашад ва аз оғози рӯзи нави пурмашаққат мужда медиҳад. Тамошои тулӯъ ва ғуруби он дар чунин баландӣ завқовар аст ва ҳангоми ғуруб одамони хаёлпараст метавонанд дасташонро пушти кӯҳ андохта офтобро бо чанголашон берун кунанд. Бо вуҷуди ин иқлимаш хеле сард. (Агар нақшаи сафари Мурғобро дошта бошед, бо худ гирифтани либоси гармро фаромӯш накунед). Мушкилоти асосии мардуми Мурғоб норасоии об буда, танҳо дар ҳар чанд км чоҳҳо кофтаанд ва мардум ба воситаи обкашӣ эҳтиёҷоти худро ба об таъмин мекунанд. Ин аст, ки дар ин минтақа ягон растанӣ ва дарахт намерӯяд. Ноҳия дорои НБО-и хурд буда, дар дарёи Оқсу сохта шудааст ва яке аз нерӯгоҳҳои баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Он мардумро дар 8 моҳ бо барқи хушсифати 24-соата ва дар чор моҳи фасли сармо тақрибан 18 соат бо барқ таъмин мекунад. Хушбахтона, соли 2023 дар Мурғоб системаи офтобӣ низ гузошта ва ба кор андохта шуд, ки барои таъмини барқ дар фасли сармо хизмат мекунад. Дар бозорҷойи ноҳия контенйерҳои зиёд гузошта шудаанд, вале мардум мегӯянд, ки баъди баста шудани сарҳад, бозор мисли пешина фаъол нест ва дар рӯзҳои шанбе, якшанбе ва душанбе танҳо 4-5 контенйер боз буда, вазифаи бозорро иҷро мекунанд.
Дар Мурғоб маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ мавҷуд буда, алҳол танҳо ду бабр нигоҳ дошта мешаванд. Ин парваришгоҳ 14 августи соли 2023 дар доираи сафари Президенти кишвар ифтитоҳ карда шудааст ва беш аз як моҳ аст, ки фаъолият мекунад.
Чор рӯзи сафари якҳафтаинаи мо дар роҳ гузашт, вале дар китоби хотироти мо саҳфаҳои пур аз саргузашту ёддошт боқӣ гузошт. Чун ба Душанбе баргаштем, танҳо дар сар хотироти ширин буд ва бори дигар бовар ҳосил намудам, ки инсонҳои бузург аксаран дар кӯҳистон ба воя мерасанд, ки дар онҳо метавон ахлоқи баланди инсониро мушоҳида кард. Сафари мо бо ҳамин анҷом ёфту бо вуҷуди мушкилотҳои роҳ, ба мо хотираҳои ширин эҳдо кард.
Шоира Мадалиева,
Душанбе-Хоруғ–Мурғоб–Душанбе