Дар шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти кишвар навигониҳои зиёд ба чашм мерасанд. Дар тайи ду-се соли охир дар шаҳрак биноҳои бисёрошёна, мағозаҳои хӯрокворӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ, дорухонаву беморхона ва бозори марказӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Барои мисол, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ биноҳои бисёрошёнаи 25, 26, 31 таъсису бунёд шуданд, ки шумораи сокинон ба маротиб афзоиш меёбад. Дар ин биноҳо садҳо кӯдакону наврасон зиндагӣ доранд. Аммо кӯдакони ин макон ба мушкилие дучор омадаанд, яъне дар назди ин биноҳо майдончае надоранд, ки дар он бозӣ кунанду ба варзиш машғул бошанд. Дар назди се бинои навсохт (№25, 26, 31) як қитъаи замин ҷойгир аст ва сокинони ин биноҳо мегӯянд, ки агар ба онҳо иҷозат диҳанд, худашон майдончаи варзишӣ бино мекунанд. Гарчанде дар ин бора ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод борҳо хатти муроҷиат ирсол карда бошанд ҳам, ба додашон касе нарасидааст.

Замини наздиҳавлигии се биноро ба соҳибкор Ҷамшед Ойев вобаста кардаанд. Соҳибкор Ҷамшед Оейв дар муддати 2 сол (солҳои 2015-2017) мебоист сохтмони биноҳои баландошёнаи дар нақшабударо бо тамоми шароиташ ба анҷом мерасонид. Аммо соҳибкор аз рӯйи мақоли “худам шоҳу…” амал карда, то кунун мардумро фиреб медиҳаду ваъдаҳояш дар нӯли зоғ монданд. Дар ҳуҷҷатҳо ва тасвири лоиҳаи биноҳо дида мешавад, ки дар назди биноҳо майдончаи варзишӣ, қубурҳои обгузар, дарахту сабзазор нишон дода шудааст, аммо дар асл мо тамоман дигар чизро мебинем.

Аз гуфтаҳои сокинони биноҳои рақами 25, 26, 31 бармеояд, ки талаботи майдончаҳои варзишӣ иҷро намешавад. Аз тарафи дигар соҳибкор Ҷамшед Ойев замини барои кӯдакону наврасон ҷудошударо ҳилаю найрангбозӣ карда майдонча намесозад. Дар мактуби ҷавобии бахши сохтмон ва меъмории МИҲД-и ноҳияи Файзобод таҳти рақами 35 аз 15.04.2014 чунин омадааст: “Дар асоси Қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 29-уми октябри соли 2014 таҳти рақами №28 дар қитъаи замини дарназардошти Шумо ба соҳибкор Ҷамшед Ойев барои сохтмони бинои истиқоматии баландошёна замин ҷудо карда шудааст. Соҳибкор Ҷамшед Ойев дар асоси лоиҳаи таҳиягардида корҳои сохтмониро оғоз намуда, то инҷониб сохтмони мазкур анҷом наёфтааст. Шумо тасмим гирифтаед, ки аз ҳисоби худатон дар назди бино майдончаи бозии кӯдакон ва гулгаштҳо бунёд намоед. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз тарафи бахши сохтмон ва меъмории ноҳия дар асоси сертификати дараҷаи “А” №0482484 ба соҳибкор Ҷамшед Ойев тааллуқ дорад.

Мудири бахши Сохтмон ва меъмории ноҳияи Файзобод

Давронӣ”

Оё мудири бахши Сохтмон ва меъмории ноҳияи Файзобод Давронӣ ному насаби пурра надорад? Собиқ раисони ноҳия сабзиро аз каду фарқ накарда, ба соҳибкор Ҷамшед Ойев барои сохтмони баландошёна замин ҷудо карда, кӯдакону наврасонро сарфи назар карданд. Чаро дар ноҳияи Файзобод майдончаҳои варзишӣ, толорҳои варзишӣ қариб дида намешаванд? Чаро дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар ноҳияи Файзобод иҷро намешавад?

Умед ба он мебандем, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Файзобод ба ин мушкили сокинони шаҳрак расидагӣ мекунанд ва баҳри кӯдакону наврасон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат майдончаҳои варзишӣ бино месозанд ё имкон медиҳанд, ки сокинон баҳри фарзандони худ майдончаҳо созанд.

 Ҳокими САФАР,  н. Файзобод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь