Худованд барои мардуми покманиши ин сарзамин неъматҳои ҳаётро чун шаҳду ангубин арзонӣ доштааст. Неъмати беҳину арзишманду тағйирнопазири мо замину хоку боду ҳаво ва обҳои мусаффост, ки ҳастии оламу одам ва нишоти аҳли башарро асос аст. Вашгирди бостон ва диёри ростон бо хоки ҷонофар ва оби ҳаётбахшу ҳавои руҳафзо аз қадим мулки оқилон ва қадамҷои орифону фазилатмандон будааст. Ин макон бо таърихи реша дар асри олами ҳастӣ бо арақи ҷабин ва қалами рангини бузургонаш дар тамаддуни миллату башар сабт гаштааст.
Ҳамонгуна, ки дар китоби «Мулки фозилон» ёд мешавад, Вашгирд дар пойгоҳи Қалъаи Сангин – бузургтарин ёдгории қабл аз милоди ин сарзамини таърихӣ воқеъ гардида, аз ҷануб ба дарёи Элок, аз шимолу ғарб ба Дашти Майдон ва аз шарқ ба рӯди Оби Лояк ҳамсарҳад аст. Рӯди Оби Лояк деҳкадаро аз бозмондаҳои шаҳри Вишгарди қадим, ки аз се қалъаи дар фосилаҳои муайян ва дар баландии мусаттахи сад гектар доманафрошта қарор дорад, ҷудо менамояд, ки зуфуру лӯлаҳои сафолини обрасонӣ, асбобу ашё ва дигар маснуоту сиккаҳои мисину фулузии аз қабатҳои замини он пайдогардида шаҳодати тамаддуни пеш аз милодии ин минтақа аст. Тадқиқи он соли 1978 низ сурат гирифта, осораш мавҷуд аст.
Қалъаи Сангин ва орифони сарзамин
Дар пояи Қалъа ва домани шаҳри Вишгард қарор доштани деҳкадаи Ҷонварсӯз шаҳодати иртиботу пайванди он ба гузашта ва мероси ғании меъморӣ, тамаддуни шаҳрсозию шаҳрнишинии бостонӣ буда, ин хотироти ифтихорбахш дар мағзу шуур ва зеҳну тафаккури сокинони диёр нақши созгоре дорад.
Дар ҳудуди ин шаҳри таърихӣ ҳанӯз аз қарни 9-и мелодӣ ҷой гирифтани мақбараи мутасаввифи машҳур Хоҷаи Ҳотам ибни Асами Балхӣ, ки воқеан ҳам манзари эътиқоду ихлос, мабдаи файзи маънавию ирфонӣ ва ахлоқист, дар тарбияи маънавӣ, камолоти ирфонӣ ва ташаккули фазилатҳои динию мазҳабии мардуми ин маҳал, хоса деҳкадаи Ҷонварсӯз нақши бузурге гузоштааст. Ин деҳкада бо мардуми фозил, шахсиятҳои донишманду фарҳангӣ, ҳунарманду суханшинос ва диндору мазҳабии орӣ аз таассуб пайванди амиқи тамаддунсоз дорад.
Яке аз шахсиятҳои намоёни ин макон Мирзо Муҳаммад Таққист, ки дар авохири қарни 19 ва авоили асри 20 бо донишу фазилати худододу хаттоти нодир буданаш ҳатто дар Бухорои Шариф маълуму машҳур будааст. Домулло Юсуфи Бохтарӣ ва Домулло Шарифи Ҳисорӣ, ки дар Бухоро таҳсил мекардаанд, эътироф кардаанд, ки минҷумла худи онҳо аз сармашқи тартибдодаи Мирзо Муҳаммади Таққӣ хаттотӣ меомӯхтанд. Дар оромгоҳи атрофи мақбараи Хоҷаи Ҳотам, ки хоки Мирзо Муҳаммади Таққӣ онҷост, санги мармарро пайдо карданд, ки дар он бо хатҳои зебое таърихи вафоти ӯ китобат шудааст. Бояд гуфт, фарзанди Мирзо Муҳаммад Таққӣ – Мирзо Камолиддин дар илму хаттотӣ аз падар камӣ надоштааст.
Ҷонварсӯз дар поёни Қалъаи Сангин ҷой гирифтааст. Қалъа дар шаҳри ободкардаи Фаридун, ки баъдтар номи Вашгирдро гирифтааст, ҷой дошта, исми Вашгирди куҳан аз ҳамин ҷо пайдо шудааст. Аз ҷониби қибла то ҳол ҷои дарвозаи Қалъа маълум аст. Дар поёни дарвоза дашти ҳамворе буда, ки саросар боғҳои сабзу хуррам доштааст. Хусусан инҷо дар баҳорон бисёр манзараи дилкаше дошта, дар дашту даманаш заъфарон мерӯидааст. Он барои сайру саёҳат ва истироҳати ҳокимону давлатдорони Қалъаи Сангин ҷойи тамошобоб будааст. Макони шоҳ Фаридунро Қалъаи Сангини Файзободи куҳанбунёд меҳисобанд.
Қалъаи Сангин, ки замоне маркази вилояти Вишгард будааст, дар миёни паҳнои водии Файзобод воқеъ буда, қалъаи аз хоку санг биноёфта зиёда аз 100 га масоҳат дошта, дар самтҳои шимолу шарқ ва ҷануби он се теппаи баланд қомат афрохтаанд.
Аз Сари Чашма то Наврӯзгоҳ
Вашгирди қадим бо нигораҳо ва сиккаҳои хос аз таърихи чандинҳазорсола дарак медиҳад. Аз баландии қалъагоҳ тамоми водӣ чун дар кафи даст менамояд. Аз тарафи шарқу ҷануби қалъа дарёчаи Элок ва аз самти шимолу ғарбии он наҳри Оби Лояк гузашта, ба Элок ҳамроҳ мешавад. Дар қисмати ғарбии Қалъа деҳаи Ҷонварсӯз ва дар тарафи шарқии он деҳаи Сари Чашма ҷой гирифтааст. Тақрибан 200 метр фаротар аз мақбараи Хоҷа Ҳотам, ки тарҳи меъмории он ҳанӯз ҳам ҷолиб аст, чанорҳои азиме қомат афрохтаанд, ки таърихи куҳан дошта, садсолаҳо боз зиннатбахши ин маконанд. Ҷонварсӯз чун пайванди ин мулки куҳан дар шафати Қалъаи Сангин ё тахти шоҳ Фаридун ҷойгир асту умри чандсадсола дорад.
Ривоят аст, ки шоҳаншоҳи Вишгард баъд аз он, ки барои малика ва шоҳдухтар қасрҳо бунёд мекунад, фармон медиҳад, ки фаро расидани айёми баҳор, яъне Наврӯз ҷашн гирифта шавад. Чопарони тезрав фармонро ба тамоми мардум эълон карда, даъватномаҳои шоҳро ба шаҳру вилоёт ва мамолики Шому Чағониён, Рашту Кумед, Бадахшону Хатлон, Қубодиёну Тирмиз, Балху Зобулистон, Бухорову Самарқанд, Хуросону Мозандарон ва Исфаҳону Нишопур бурда, донишмандону суханварон, навозандагону овозхонон, ҳунармандону паҳлавонони номиро барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба Вашгирд даъват менамоянд.
Мулки қадими тоҷикону мардуми форсзабон ин макон маҳсуб меёбад, ки пайдоишу густариши фарҳанг, маънавиёт ва гузаштаи побарҷоро гувоҳ аст. Таърихи куҳан, ҷашни Меҳргону Наврӯзу Сада дар ин сарзамин бо нишонаҳои хос боқӣ мондааст.
Накҳати гулу гиёҳи худрӯйи куҳӣ, доруву давои мумиёӣ, дасти дуои хайрхоҳонаву модарона, лою гили бому дару девори сарои падарона, айвони аз гузаштаҳои дур нишона, лонаи фароштуруки қайчидум дар сақфи хона, шаршараҳои обшору турнаи қатор, ширмоҳӣ ва лолаи саҳроӣ, гули нилуфару насрину ҳавои дилнишин роҳатбахш ва тавони дилу дидаву ҷисму ҷони инсонҳост.
Дар асл ҳам шоир гӯиё ҳамзамири мо буда, ки гуфта:
Файз хезад доимо аз хоки Файзободи ман,
Файзи Файзобод бошад хонаи ободи ман.
Ҳикмати ҳакимонаи Кабки Рав
Дар хусуси таърихи рангини Вашгирд, хоса Дашти Майдон, Ҷонварсӯз ва Кабкрез қиссаҳои ҷолибе вуҷуд дорад. Сокинони деҳа, ки аслан ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ машғул буданд, масҷиди калони деҳ баъди меҳнати рӯзона ҷойи истироҳату ҷамъшавии мардум буд. Сокинон аҳлу тифоқ мезистанд. Айёми тирамоҳу баҳор пирони Файзобод шикори кабку мурғобӣ мекарданд. Ҳангоми шикор онҳо бо худ «ҷонварон» ва яқинан бозҳоро низ меоварданд, то шикорашон осонтар шавад. Ҷонварон дар дасти онҳо омодаи гирифтани сайдашон – кабку мурғобӣ меистоданд. Онҳо шабҳо аз шикори худ бо ҳавас қисса мекарданд. Дар саҳни масҷид доимӣ оташи баланд афрӯхта мешуд. Қиссаест, ки рӯзе дар вақти баланд шудани оташ селаи кабкон аз саҳни масҷид мегузашт. Ҷонварон аз пайи сайди худ аз болои оташ париданӣ мешаванд. Оташ қаноти онҳоро месӯзонад ва ҷонварон берун аз оташ ба замин меафтанд. Ривояти дигаре низ ҳаст, ки пири хираде инҷо дасти дуо кушодааст ва аз нерӯи хоку об кабкон ҳам наметавонанд баланд парвоз кунанд. Дар ин баробар, бино ба андешаи нафарони огоҳ, вақте селаи кабкони рав аз куҳи баланди барфпӯш поин меоянд, рӯ ба гармӣ ниҳода, якбора пойҳояшон мурғак медавад ва худ ба худ пойин мефароянд. Андешаи қавии дигаре вуҷуд дорад, ки ин мазеъ хеле обу дони фаровон дошта, ҳатто васфаш ба ҷумла мурғон расидааст. Ин аст, ки насли кабки рав аз рӯйи табиату одат дар ин мавзеъ пойин мешаванд.
Аз саргаҳи Чилчашма то оби Элок
Дарёи Элок аз доманакуҳҳои Қаротегин оғоз ёфтаву то ба водии Ҳисор рафта мерасад. Оби мусаффои он барои нӯшокӣ ва обёрии садҳо гектар заминҳо истифода мегардад. Ширмоҳии Элок хеле хушмазза аст. Ин аст, ки тамоми мардуми навоҳӣ ва меҳмонону сайргарон ба хотири моҳидорӣ ва наззораи оби поку мусаффо ин ҷо меоянд. Дарёи Элок деҳаи Ҷонварсӯзро аз шаҳраки Файзобод, ки имрӯз маркази маъмурии деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев аст, ҷудо мекунад.
Мардуми Файзобод бо ҳунармандии худ дар тамоми мамлакат шуҳрат доранд. Мардум ба намудҳои ҳунармандии кулолгарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ ва амсоли он шуғл меварзанд. Файзободи куҳандиёр дорои ёдгориҳои зиёди меъморӣ ва таърихию фарҳангӣ буда, дар гузаштаи сеҳазорсола Вашгирд ном дошт ва миллати хештаншиносу ватандор бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамоянд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Саричашма, ки сатҳи як қисми масоҳати шаҳри қадим аст, дар қатори 27 мавзеи таърихию фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин мақбараи Хоҷаи Ҳотам, Доробқалъа (воқеъ дар Қалъаидашт), дахмаи хиштпазии асри Х (дар канортари соҳили дарёи Элок, рӯ ба рӯи деҳаи Қанғелӣ), масҷиди куҳнаи деҳаи Файзобод (асри 19), нимпайкараҳои Ҳикмат Ризо ва Дӯстмурод Алиев чун ёдгориҳои меъморӣ, таърихию фарҳангӣ шинохта шудаанд. Барафрохтани парчами Тоҷикистони азиз дар маркази ноҳия рамзи эҳёи дубораи ин марзу бум ва диёри аҷдодии реша дар умқ аст.
Имрӯз ҳудуди марзию маъмурии ноҳияи Файзобод аз 9 ҷамоати деҳот -Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон, Чашмасор, Қалъаидашт, ҷамоати деҳоти Мискинобод ва ҷамоати шаҳраки Файзобод иборат аст. Обҳои мусаффо, табиати руҳафзо, ки тавонбахши ҷону тани мардуми боироташ аст, касро нерӯи қавӣ ато месозад. Дар мавзеи Зератути он кӯли рангини калон ва чилчашмае мавҷуд аст, ки аз он ҳафт деҳ об мехӯрад. Ин чашмаи обаш зулол, ки бо номи Ҳавзак шинохта мешавад, дар паҳнои Дуздхонаҳо воқеъ аст. Андешаест, ки чун корвониён аз ҳамин масир гузар мекарданд, мавзеи Ҳавзак барояшон макони оромишу осоиш будааст.
Оби равон, ки аз дили хок чун руҳи одам бурун меояд, ҷонбахши мурғони ҳаво ва розу ниёзгӯи аҳли оламу набзи гулу гиёҳ аст. Офтоби ҷонбахши сарзамин ва нури Яздонӣ барои каломи ирфониву навои ҷовидонӣ асос аст. Замири мардуми некманиш аз сарчашмаҳои бою рангин об мехӯрад, ки некроияшон рӯзирасон аст. Сари Сафарзаргарон, дашти Содиқ, Акаҷонбойиҳо мавзеъҳое ҳастанд, ки аз гузаштаи ғанӣ нишону пайванди ҷовидонаанд. Дар ин макони некроён фозилони барӯманди замон чун ҳакимони донову тавоно нумуъ ёфтаанд, ки мадори замин ва меҳвари насли навин ҳастанд. Ҳикмат Ризо яке аз он бузургмардони замон аст. Пирони хирад ва насли онҳо ёдвораи нек доранд, ки ин андешаманду шоири Худодод ҳар бор аз Ғашёну Ёнахш ба домони Муминобод по мениҳод, сози ҳамеша ҳамроҳашро аз кулвори ҳамроҳ берун овардаву месуруд:
Гӯш кунед эй дӯстон,
Қиссаи Аваз – паҳлавон…
Ройи неки ӯ даъвати мардум ба мардонагӣ буда, ки дар пиндори инсонҳои комил нақш дорад. Афкори андешамандони худогоҳ барои насли замон таҷрибаи ҳаётист. Ин андешаҳои солим байни аҳли фаҳму илм давр мегардаду ҷовидонагии миллати фарҳангиро асос аст. Ҳикмат Ризо дар давоми ҳаёт бо нерӯи сухан ва ҳикмату панд нақши бориз гузоштааст. Нимпайкараи ин марди хушбаёну номаш ҷовидон сутуни бобақои Истиқлол дар Вашгирди Бостон аст. Дар шабу рӯзи Истиқлоли Ватан ва эҳёи Наврӯзи Аҷам базмгоҳи даври муҷассамаи ин пири хирад сайргаҳи умум гашт. Сабзазори навхостаи диёр тифлону наврасон ва пиру барнои болидаруҳу некманишро даври ҳам оварда буд. Навои мурғони ҳаво ва боду ҳавои ҷонфизо ҳамовои насли замон гашт. Ин макон тавлиди Наврӯзи Оламафрӯз ва некрӯзии насли хушрӯзгор аст. Лолаҳои хушранг, сияҳгӯшу бобунаву бойчечак ва бунафшаву қоқуву пудина зиннати хоси ин диёр аст. Оби ҷонфизо аз дили замину чашми чашмаҳо фаввора задаву бо ҷӯшу хурӯш оламро гулистон месозад.
Истиқлол, ҳафт чашми чашма ва Наврӯзгоҳи хос
Ҳар нафаре, ки ба мавзеъҳои дилнишини саҳро ва боғоту киштзорону куҳсори инҷо ташриф меорад, аз табиати рангину ҳавои дилнишини он баҳра мебарад. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли рушди устувор дар соҳаи об – 2018-2028» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ободу зебо гардонидани мавзеъҳои дилнишини диёр имконе фароҳам меорад, то сарзамини аҷдодии мо хуррамзамини воқеӣ бошад. Обу хоки ҳосилбахшу ҳафт чашмаи руҳафзои ҳафтчашмаву бақо, Истиқлоли пойдор ва фаровонии бешумор рӯзу рӯзгори халқро беҳбуду осоиш мебахшад. Лолазорони ин макон ҳар яке наврӯзгоҳи хосанду гунаҳои сурху шукуфон ва чеҳраи хандони кӯдакону пирони дарёдилаш аз ниҳоди поку беғаш гувоҳӣ медиҳад.
Ҷаҳду талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси кордони ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода хотири он аст, то ин мазраи поки хоки Ватан доимо ободу зебо бошаду сайргоҳи меҳмонону сайёҳон.
Меҳроб МУҲАММАД