Як ҳафта боз дар ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон нишастҳои матбуотӣ рафта истдоаст, ки дар онҳо мавзӯъҳои ҷолиб, аз ҷумла, муҷозот шудани мансабдорон барои пешниҳоди омори бардурӯғ, аз кор боз мондани корхонаҳо, афзоиши талоқ, қонунштикании пизишкону ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо, сӯзондани наздики ним тона маводи доруворӣ, зиёд шудани ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва масъалаҳо дигар баррасӣ шуданд.

Чаро мансабдорон омори бардурӯғ медиҳанд?

Давоми шаш моҳи соли 2022 174 нафар мансабдорон ва дигар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро  кормандони Раёсату шӯъба ва бахшҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят барои пешниҳод кардани омори бардурӯғ ҷарима кардаанд. Дар ин бора Ҳакимзода Қурбон, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, ки шахсони масъул ва мансабдорони ташкилоту идораҳо, ки омори бардурӯғ пешниҳод кардаанд, ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Ҳакимзода Қурбон қайд кард, ки додани омори бардурӯғ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бештар дар ноҳияҳои Кӯшониёну Шаҳритус аз ҷониби  роҳбарони ташкилоту идораҳо ва сармуҳосибони ба қайд гирифта шудааст. Аммо ӯ дақиқ ном нагирифт, ки кадом мансабдорон барои пешниҳоди омори бардурӯғ ҷарима карда шудаанд.

Дар Хатлон талоқ зиёд шудаст

Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 891 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 381 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, роҳбари Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур хабар дод.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки аз шумораи ҷудошавии оилаҳо 1 ҳазору 591 ҳолаташ бо қарори суд бекор карда шуда, 2 ҳазору 212 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.

– 298 оилаи дигар бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва 14 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудаст, – илова кард номбурда ва гуфт, ки пошхӯрии оилаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Ҷомӣ, Кӯлоб, Балхӣ, Панҷ ва ноҳияи Фархор ба қайд гирифта шудааст.

Бунафша Раҳимзода илова кард, ки баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳо аз ҷониби кормандони Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо бо дигар мақомотҳои миёни аҳолӣ корҳои фаҳмонададиҳиро пурзӯр кардаанд.

Қурбон Ҳакимзода: Дар шаш моҳ 49 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонданд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки дар натиҷа беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст додаанд.

Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард.

Қайд карда шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз ҷумла, ҶДММ “Амон Ш-1” бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмондаанд.

– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуданд, – илова кард номбурда ва гуфт, ки 49 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки баъди он 947 нафар ҷойҳои кории худро аз даст доданд.

– Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, – илова кард Қурбон Ҳакимзода.

Хатлон: Пизишкони қонуншикан муҷозот шуданд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби 19 нафар пизишкон 20 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор карда шуда, ҳамаи онҳо муҷозот шудаанд.

Сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон Шайдулло Шарипов, зимни нишасти хабарии ниҳодаш, иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Бохтар, Кӯшониён табибон бештар қонуншкианӣ кардаанд.

– Нисбати табибони қонуншикан муҷозоти интизомӣ дида шудааст, – гуфт мавсуф ва илова кард, ки ҳамчунин 9 нафар корманди соҳаи тиб дар вилоят 23 ҷинояти содир кардаанд, ки нисбати онҳо парвандаҳои маъмуриву ҷиноятӣ кушода шуда, ҳоло тафтишот идома дорад.

Беш аз 60 корманди тиб ба муҳоҷират рафтанд

Дар вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 269 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, ба кори дигар гузаштан, ба нафақа баромадан ва дигар сабабҳо корро тарк кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар нишаст ҳамчунин гуфтанд, ки аз онҳо 63 нафарашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 102 нафар ба дигар муассисаҳо гузаштаанд, 9 нафар фавтидаанд, 11 нафар ба нафақа баромадаанд ва 84 нафари дигар бо сабабҳои номаълум корро тарк кардаанд.

Дар нишаст сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифов аз он нигаронӣ кард, ки ҳоло муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба 1 ҳазору 157 пизишк ниёз доранд.

–  Ин шумора дар аввали соли 2022 зиёд буд, вале мо кӯшиш кардем ва 188 нафар пизишкеро ба кор қабул кардем, ки аз онҳо 106 нафарашон ҷавонон мебошанд, – гуфтанд дар нишасти Раёсати тандурустии вилоят.

Сӯзондани наздики ним тона маводи дорувории муҳлаташон гузашта

Аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ва дар асоси мактубҳои муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ 20 ҳазору 428 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бо вазни 495,4кг ва маблағи 123,8 ҳазор сомонӣ тариқи сузонидан несту нобуд карда шудаанд.

Сардори Сарраёсати мазкур Маҳмадҷон Абдулқодирзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки кормандони Сарраёсат дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, фармасевтӣ, нуқтаҳои фуруши маводи ороишию гигиенӣ 100 саниҷиш гузаронидаанд. Дар натиҷаи саниҷишҳо 45 парвандаи ҳукуқвайронкуниии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода шудааст.

– Шахсоне, ки нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 98 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима шуданд, – илова кард номбурда.

Ҷавонони зиёд ҷиноят содир карданд, Чаро?

Қурбонзода Қурбоналӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар нишасти ниҳодашон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонони вилоят 670 ҳолати содир шудани ҷиноят ба қайд гирифт ашудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳолат зиёд мебошад.

Дар идома ӯ гуфт мутааассифона, дар 14 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кормнадони бахшҳои кор бо ҷавнон ва варзиш дар биноҳои иҷрора фаъолият доранд, ки марҳила ба марҳила бо биноҳои замонавӣ таъмин хоҳанд шуд.

Нишастҳо давом доранд

Ҳоло нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту иидораҳо ва мақомотҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома доранд. Мо аз рафти онҳо ҷолибтарин мавзӯъҳоро бароятон омода хоҳем кард.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь