Ва ё чаро муроҷиати батакрори пайвандон, пешниҳоди муассисаҳои олӣ ва олимони маъруфи кишвар ба назари эътибор гирифта намешавад?

Аз хизматҳои забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор шодравон Фарҳод Зикриёев чӣ миқдор бинависему ҳарф бизанем, ҳамон андоза кам аст. Чун дар бораи шодравон олимону забоншиносон ва муаллифони зиёде даҳҳо китобу монография, очерку мақолаҳо ба табъ расонидаанд.

Кору пайкор ва хидматҳои Фарҳод Зикриёев дар шинохти сарфу наҳв ва асолату нафосати забони тоҷикӣ беҳамтост. Устод дар тӯли фаъолияти 40-солаи илмии худ даҳҳо мақолаҳои илмӣ навиштаанд, ки он иборат аз монографияҳо, китобҳои дарсӣ, роҳнамо, дастурҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошанд. Осори илмии Фарҳод Зикриёев аз ҷониби ҳам забоншиносон ва ҳам устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва миёнаи кишвар пазируфта шуда, дар таълими масоили забон ва забоншиносӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Кору пайкор ва номи неки зиндаёд Фарҳод Зикриёев дар дилу дидаи шогирдону устодон, пайвандону хешу ақрабо абадан сабт шудааст. Вале барои гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи Фарҳод Зикриёев пайвандону шогирдони марҳум тасмим мегиранд, ки яке аз макотиби зодгоҳи ӯро дар шаҳраки Шайдон ба номаш сабт бинамоянд. Вале даҳҳо муроҷиати пайвандон, пешниҳоди муассисаҳои олӣ ва шахсиятҳои маъруф ба назари эътибор гирифта намешавад.

Муроҷиати эшон шурӯъ аз соли 2015 оғоз мешавад. Онҳо мактубе унвонии раиси собиқи ноҳияи Ашт Азимбой Азизов ирсол менамоянд ва хоҳиш менамоянд, ки “барои гиромидошт ва абадӣ намудани номи доктори илмҳои филологӣ, профессор, шодравон Зикриёев Фарҳодҷон литсейи №2-и шаҳраки Шайдон ба номаш номгузорӣ карда шавад”.

Муроҷиати пайвандону шогирдони шодравонро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баррасӣ намуда, 3-юми октябри соли 2015 ҷавоб навиштааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади абадӣ гардонидани номи шахсияти маъруф номи объектҳои ҷуғрофӣ бевосита ба шахсоне гузошта мешавад, ки дар кашф, омӯзиш, азхудкунӣ ё бунёди ин объектҳо иштирок намудаанд”.

Соли 2018 якчанд нафар пайвандон, хешу табор, рафиқу дӯстонаш ба раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ такроран мактубе ирсол менамоянд.

Ҷамоати шаҳраки Шайдон аризаи дастҷамъонаро баррасӣ намуда, 20-уми марти соли 2018 маълумотномае пешниҳод менамояд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Ҷамоати шаҳраки Шайдон аризаи дастҷамъонаи шуморо оид ба абадӣ гардонидани номи профессор Фарҳод Зикриёев ва гузоштани номи ин шахс ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳраки Шайдон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти №11 аз 20-уми марти соли 2018 ирсол намуд”.

Дар пешниҳоди раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон Н. Рустамзода унвонии раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз 20-уми марти соли 2018 омадааст: “Ҷамоати шаҳраки Шайдон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар асоси аризаи дастаҷамъонаи истиқоматкунандагони шаҳраки Шайдон оид ба номгузорӣ кардани литсейи №2-и шаҳраки Шайдон ба номи Фарҳод Зикриёев мусоидат намоед”.

Дар ин замина унвонии мақомоти иҷроия ва роҳбарияти ноҳия аз ҷониби директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, академик Юсуфзода Носирҷон Салимӣ мактуб ирсол мегардад, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Зикриёев Фарҳод Қобилович дар омӯзиш ва таҳқиқи муҳимтарин масъалаҳои забоншиносӣ, ба вижа соҳаи синтаксис роҳнамо ва роҳкушои илмӣ буданд. Асару мақолаҳои ин донишманди варзида аз ҷониби маъруфтарин муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дорои баҳои сазовор ва арзанда гардидаанд… Шӯрои илмии Институти забон ва адабиёти бо номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои ба номи Фарҳод Зикриёев гузоштани мактаби №2-и ба номи Ленини ноҳияи Ашти ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки дар ин ҷо таълим гирифтаанд, мусоидат намоед”.

Дар мактуби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ба роҳбарияти ноҳияи Ашт аз ҷумла омадааст: “Бо камоли эҳтиром аз шумо хоҳиш мекунем, барои абадӣ гардонидани хотираи устоди зиндаёд Ф. Қ. Зикриёев ягон муассисаи таҳсилоти умумии ноҳияро ба номи ӯ гузоред”.

“Гурӯҳи олимону устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва дӯстону шогирдон хоҳиш доранд, ки барои гиромидошти устод дар зодгоҳашон яке аз муассисаҳои маърифатӣ ба номи ин шахсияти нотакрор гузошта шавад”,- омадааст дар мактубе зери имзои ҳамкорони шогирдони шодравон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Вале ин ҳама муроҷиату хоҳишҳо то ба ҳоло бенатиҷаанд. Яке аз пайвандони шодравон Фарҳод Зикриёев дар сӯҳбат бо хабарнигори “Фараж” изҳор намуд, ки «шурӯъ аз соли 2015 бо пешниҳоди номгузории мактабе ба номи шодравон се маротиба ба қабули собиқ раиси ноҳияи Ашт Азимбой Азизов рафтам. Ду маротиба ба назди ҷонишини раис шодравон Мавлуда Маҳкамова, 4 маротиба ба қабули раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо даромадам. Чаҳор маротиба ба назди сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, 10 маротиба ба қабули ҷонишини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, 4-5 маротиба ба назди директори собиқи литсейи №2 ва 3 маротиба ба қабули директори МТМУ №2-и шаҳраки Шайдон, аммо ҳамааш бенатиҷа аст»,- таъкид намуд вай.

Дар сӯҳбат бо пайвандони шодравон роҳбарияти МТМУ №2 таъкид доштаанд, ки барои номгузорӣ кардан толори варзишӣ бунёд намоянд. Баъди он ба қабули раиси ноҳия даромада, воқеаро таъкид намудаанд. Вале он ҳам бенатиҷа анҷом ёфтааст. Фаридун, фарзанди устод ду маротиба ба Шайдон омада, бо раис, мудири маориф ва директори мактаб машварат доштааст, ки ҳама розӣ шудаанд. Аммо ҳамоно натиҷа бесамару ваъдаҳо ҳама хушку холӣ.

Саволи кай яке аз муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия ба номи шахсияти нотакрор, олими пуркор ва забоншиноси маъруф Фарҳод Зикриёев гузошта мешавад, беҷавобу муаллақ мондааст. Аз роҳбарият ва масъулини ноҳия пурсиданием, ки барои номгузорӣ чӣ монеа, баҳона ва сабабҳо нуҳуфтааст, ки он амалӣ намешавад?

 Алишери ТОЛИБ, “ФАРАЖ”

 P.S. Фарзандони марҳум тасмим доранд, ки дар сурати номгузорӣ намудани мактаби таҳсилоти умумии №2-и шаҳраки Шайдон ба номи шодравон Фарҳод Зикриёев осорхонаи устодро ифтитоҳ намоянд. Бояд таъкид дошт, ки дар ин мактаб замоне ҳунарманди нотакрори санъати тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов ва устод Фарҳод Зикриёев таҳсил кардаанд ва эшон бо ҳам дӯстиву рафоқати беандоза доштаанд.

Тасмими дигари пайвандон ин аст, ки онҳо мехоҳанд ҳамасола ба мактаб барои ҷашну санаҳои таърихӣ кумаки молиявӣ намоянд. Ният доранд, ки идрорпулии вижаи Фарҳод Зикриёевро барои хонандагони болаёқат ихтисос диҳанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки бахшида ба рӯзи мавлуди навбатии Фарҳод Зикриёев ва таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли равон бо иштироки меҳмонон дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” ҳамоиши илмие доир намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь