Матлаби Холиқи Муҳаммадназар таҳти унвони  Шариф Исматӣ: Маркази ҷамоати Рӯдакӣ ниёз ба кӯчонидан дорад!” –ро дар рӯзномаи “Фараж” хондам. Аз нигоҳи ман, ин пешниҳоди хом ва бемантиқӣ аст,  зеро деҳаи Кулолӣ маркази ҷамоат ба ҳисоб меравад. Баъдан, тамоми хатсайрҳои мусофиркашонӣ аз канори ин деҳа мегузаранд. Яъне, барои мардум мувофиқ аст, то барои баровардани ҳоҷати худ сарсон нашаванд.

Муаллифи матлаб, аз ҷумла ҳангоми суҳбат ба шоири зодаи Яккахона Шариф Исматӣ суол медиҳад, ки “Чаро шумо мехоҳед, маркази чамоати деҳоти Рӯдакӣ кӯчонида шавад?”.

Дар посух Исматӣ чунин  гуфтааст: “Боре барои гирифтани маълумотномае ба деҳаи Кулолӣ ба маркази ҷамоат рафтам. Аз соати 9 то соати 14 мо интизори омадани масъули ҷамоат шудем. Ҷое наёфтам, ки як пиёла чой гирем ва ё лаҳзае истироҳат кунам. Фикр мекунам маркази ҷамоат бояд дар деҳае бошад, ки дар он ҷо инфрасохторҳои гуногун, аз ҷумла чойхонаву ошхона, ҷой барои нишасту фароғат ва ғайра вуҷуд дошта бошад. Дар Кулолӣ чунин макон нест”. Ӯ дар ин матлаб Панҷрӯдро макони мувофиқи маркази ҷамоат медонад.

Аслан, мардуми деҳаи Кулолӣ мисли дигар деҳаҳои атрофи он меҳмоннавозанд. Ҳар роҳгузареро бинанд, ҳатман ба як пиёла чой даъват мекунанд. Ҳатто, мусофире шаб дар кӯча монад, ба хонаашон ҷойи хоб медиҳанд. Ин анъанаи нек аз ибтидо то имрӯз идома  дорад.  Аммо набояд барои як кайк шуда, пӯстинро сӯхт. Агар муаллим Шариф Исматӣ як пиёла чой наёфтаанд, бо ин зарурияти кӯчонидани маркази ҷамоат нест.

Ҷамоати Рӯдакӣ яке аз калонтарин ҷамоатҳо дар шаҳри Панҷакент ба ҳисоб меравад ва воқеан дар гузашта обрӯву эътибори баланд дошт, шахсони соҳибмаърифат дар инҷо фаъолият мекарданд. Ҳоло ҳам кам нестанд. Аммо бинои маъмурии ҷамоат ҳам боғ дошту ҳам гулгашт ва ҳам канори он нонвойхонаву мағозаи калон. Имрӯз он инфрасохтор надорад. Чор тарафашро танг кардаву маркази маъмуриро ба макони истиқомат табдил додаанд. Шахсони манфиатхоҳ замини канори ҷамоатро тороҷ кардаанд. Вале дар шароити имрӯз агар ҷамоатро кӯчонидан ҳам хоҳанд, беҳтарин макон Ҳуснобод аст. Мавзеи хушобод, замин ва биноҳои тайёр низ мавҷуданд. Метавон дар ин ҷо ҳам гулгашти зебо сохту ҳам маркази замонавии ҷамоат. Дар гузашта шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ба инҷо меомаданд, аз таровати боғзор лаззат мебурданд. Агар ҷамоат ба ин мавзеъ кӯчонида шавад, зимнан, мақбараи аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ ва аввалин сармуҳаррири “Садои мардум” – нашрияи Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмирро мебинад. Танҳо барои анҷоми ин ташаббускорон лозиманду шахсони саховатманд камари ҳиммат банданд. Деҳаи Кулолӣ ҳам шахсони зиёди имконоташон васеъ ва соҳибмаърифат, аз ҷумла журналист ва публитсисти шинохта, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, соҳибкор ва соҳиби маркази савдои “Авранг” Сипеҳр Абдуев дорад, ки онҳо метавонанд дар ободии диёрашон саҳм гузоранд. Аллакай пайвандони  журналист Шариф Ҳамдампур дар ҷодаи ободии диёр камар бастаанд. Умедворем, ки дигарон ҳам дар канор намемонанд.

 Усмон Раҳимзода,

сокини ҷамоати Рӯдакӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь