«Одамон доим гуноҳро ба вазъият вомегузоранд. Ман ба нерӯи вазъият бовар надорам. Дар ин дунё одамоне ба муваффақият ноил мегарданд, ки шароити созгор барои худро меҷӯянд ва агар намеёбанд, онро худашон месозанд.» Бернард Шоу
Муддати 30 сол бештар аст Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба мардуми минтақа ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар хизмат мекунад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» фаъолияти худро дар нуҳ моҳи соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба роҳ монд.
Натиҷаҳои иҷрошавии барномаи истеҳсолӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» дар давраи ҳисоботӣ бо нишондиҳандаҳои зерин ифода меёбанд:
Дар ин давра ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба буҷети давлат 12 120 000 сомонӣ пардохт намудааст, ки ин нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 2 225 765 сомонӣ ё 15,5% кам мебошад. Музди меҳнати миёнаи кормандони ҷамъият дар охири ин давра 2 366-сомониро ташкил дод. Шумораи кормандон дар охири ин давра 287 нафар кормандро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 48 – нафарашонро занон ташкил мекунанд.
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2024 ба 130 569 нафар мусофир (дар нуҳ моҳи соли 2023 ба 233 841 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 272 нафар мусофир ё 44,1 % кам мебошад, аз он ҷумла:
– Ба 58 600 нафар мусофири омада (дар нуҳ моҳи соли 2023, 104 474 мусофир), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2023, 45 874 нафар мусофир кам.
– Ба 71 969 нафар мусофири рафта (дар нуҳ моҳи соли 2023, 129 367 мусофир), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2023, 57 398 нафар мусофир кам;
– Дар нуҳ моҳи соли 2024, 384-хатсайр иҷро шуд (дар нуҳ моҳи соли 2023 –721 хатсайр), яъне назар ба ҳамин давраи соли 2023-53,2% ё 337- хатсайр кам аст.
Дар нуҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби кормандони ДНМ ХБА 130 нафар вайронкунандаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва реҷаи рухсатномавӣ дастгир карда, аз онҳо 104-нафарашонро санад тартиб дода, 26-нафарашонро ба шӯъбаи корҳои дохилии дар фурудгоҳ буда супорида, бо боқимондаҳои онҳо сӯҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Гурӯҳи муоинаи ХБА бошад, ҳангоми гузаронидани муоинаи пеш аз парвозии мусофирон ва назорати махсус 166- нафар мусофироне, ки мехостанд бо худ ашёҳо ва моддаҳое, ки бурдани он ба ҳавопаймо манъ аст, ошкор намуданд. Аз онҳо маводҳои тезу буранда 193-адад (корд ва қайчӣ …), 9,5-лт равған, моддаҳои заҳролудкунандаи (зидди ҳашарот) 2 350-гр, 87-адад балончаҳои газӣ, 1-адад костет, 135-гр симоб, 3 адад акумулятори смартфон ошкор карда шуда, баъзе аз онҳо мусодира ва баъзеашонро ба хешу таборҳои мусофирон баргардонида шудаанд. Бюрои рухсатномадиҳии ХБА бошад дар ин мӯҳлат 247 рухсатномаҳо навишта ва иваз намуданд, ки аз онҳо 15-адад рухсатномаи муваққатӣ, 75-адад рухсатномаи нақлиётӣ, рухсатномаи доимӣ 157-адад навишта шудаанд.
– Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» як қатор чорабиниҳо гузаронида шуд:
Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 5 000 дона гули лола, 9 000 дона гули тадетс, 1350 дона гули вербена, 500 дона гули салвия, 1450 дона гули мавсимӣ шинонида шуд. Инчунин 4 000 дона гули тадетс бинобар сабаби вайроншавӣ иваз карда шуд. Дар ҳудуди фурудгоҳ 62- ниҳол ангур, 19- ниҳол бодом, 53- ниҳол зардолу, 24- ниҳол гелос, 39-ниҳол олу, 15- ниҳол себ, 17- ниҳол чормағз, 17- ниҳол нок, 6- ниҳол себи биҳӣ, 14- ниҳол хурмо, 87- ниҳол олуча, дар маҷмӯъ 353 адад ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд. Илова бар ин, дар ин давра, 16-дарахти ороишии магнолия, 8-дарахти ороишии сӯзанбагр, дар маҷмӯъ 24- адад дарахтони ороишӣ шинонида шуд. Масоҳати майсазорҳо ба 6 418 м2 расонида шуда, мунтазам даравида мешаванд ва ҳамарӯза обпошӣ карда мешаванд. Ҳамаи дарахтону буттаҳои фурудгоҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуданд.
“Роҳбарияти фурудгоҳ пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ дар муассисаи авиатсионӣ беҳтар гардида, ҷамъият дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок намояд.Бо дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат дар қабулгоҳи Президенти ҶТ дар ш. Кӯлоб 60-садяк қитъаи замин барои нигоҳубин ба ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ҷудо карда шудааст. Дар ин давра дар байни қаторҳои дарахтони олу ҷуворимакка кошта шуд”. – мегӯяд, Ҳамидзода Н.Р, Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.
Дар нуҳ моҳи соли 2024 фурудгоҳ корҳои зеринро ба анҷом расонд.
-Барои идома додани мумфаршнамоии хатти бархосту нишаст 600-тон муми (битуми) тамғаи БНД 60/90 дастрас карда шуд;
– Як қисм корҳои ҳамворкунӣ барои сохтмони таваққуфгоҳ барои ҷойгир кардани тайёраҳои калонҳаҷм (АН-124) иҷро карда шуд;
– Корҳои барқарорсозии системаи полоиши об ва системаи рафъи партовобии фурудгоҳ оғоз шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ идома ёфта истодааст.
– Таҷҳизотҳои радионавигатсионӣ ва системаи равшаннамоии хатти бархосту нишасти фурудгоҳ ба воситаи тайёраи лабораторӣ аз санҷиши парвозӣ гузаронида шуданд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳамаи маблағҳои сарфшуда баҳри бартараф намудани камбудиҳо танҳо аз даромадҳои ба дастовардаи худи фурудгоҳ ба анҷом расонида шуданд.
Нақшаи дар пешгузоштаи ҶСК«Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
барои семоҳаи чоруми соли 2024
Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо;
- Зиёд намудани теъдоди хатсайрҳо ва ҳаҷми хизматрасонӣ ба мусофирон;
- Беҳтар кардани низоми амният ва таъмини бехатарии парвозҳо;
Билоли ШАМС