Қалъа дар масоҳати 28 гектар сохта шуда, дар баландии кӯҳпора ҷойгир шудааст. Он дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофаи 72 км қарор дорад. Баландии қалъа 3 метр ва паҳноияш ним метр мебошад. Қалъа аз се қисмати асоси иборат аст. Қисмати якум аз ҳама поён каме болотар аз деҳаи Ямчун аз тарафи шимол дар бари кўҳ ҷойгир аст. Аз онҷо дарвозаи даромад ба қалъа доштааст. Қисмати дуюм- қисмати миёнаи қалъа, ки нишебии қалъаро дар бар гирифта аз тарафи ҷануб ва ғарб девор карда шудаст. Масоҳати ин қисмати қалъа аз шимол ба ҷануб 450 метр ташкил медиҳад.
Деворҳояш дидбонгоҳҳою манораҳои гирдшакл дорад. Дар баробари ин қисмат аз тарафи шарқ дар болои шахи баланди камоншакл қалъаи дигар сохта шудааст, ки он қалъаро қалъаи Зулхомор хеле моҳирона сохта шудааст. Ҷолибияташ ин аст, ки онро чи хел дар болои шахи баланд айнан тибқи қолаби шах сохтаанд ва девор кардаанд. Қисмати сеюми қалъаи Ямчун дар боло аст, ки шакли секунҷашакл дорад. Баъзеҳо онро диж (яъне дар он ҷое, ки иқоматгоҳи ҳоким аст) меноманд. Дар қисмати сеюмаш дар як ҷой баландии девор то 9 метр боқӣ мондааст. 9-то дидбонгоҳи доирашакл дорад. Қалъа аз санг ва хишт сохта шудааст. Дар натиҷаи таҳқиққотҳо муайян карда шуд, ки дар бунёди қалъа чубҳои тунукро ҳам истифода бурдаанд, ки дар ҳолатҳои заминларза ва офатҳои табиӣ қувват мебахшад. Қалъа дар ҷойе сохта шудааст, ки аз ду тарафи он ду рӯди кўҳӣ ҳастанд. Рӯди Вичкут ва Ямчун. Бо таъсири об ва боду борон баландии табиие пайдо шудааст, ки нишебиҳои хеле калону чуқур дошта, ҳангоми ҳамла овардан, аз ин тарафҳо ба қалъа баромадан тамоман ғайриимкон аст. Қалъа дар ҷойи ниҳоят қуллайи стратегӣ сохта шуда яке аз калонтарин қалъаи истеҳкомӣ ба шумор меравад. Муайян шудааст, ки андозаи хиштҳое, ки дар сохтмони қалъа истифода бурдаанд то 45х30х10 см мебошанд. Қалъа аз лиҳози масоҳаташ яъне хеле калон буданаш ҷолиб аст. Қисмати девори ғарбии он ки аз тарафи ҷанубу ғарбии диж ба поён меравад 800 метр дарозӣ ва қисмати ҷанубу шарқияш бошад 400 метр дарозӣ дорад. Дарозии девори шарқии диж (яъне қисмати сеюм ки дар боло аст) 200 м, девори ғарбиаш 175 м аст. Дар қисмати дуюми қалъа 26 манора, дар қисмати сеюмаш бошад 7 манора ҳастанд. Аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ шаклу намуди ин сохтмон бармеояд, ки он яке аз калонтарин қалъаҳои мудофиавӣ будааст. Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки аз ҳар ду тарафи даромадгоҳ ба дараи Вахону Ишкошим қалъаҳою дидбонгоҳҳо сохта шудаанд. Сохтмони ин қалъа дар давраи давлати Юнону Бохтар оғоз ёфтааст. Мақсади сохтмонаш дар ибтидо гирифтани роҳи ҳаракати сакҳо аз Помири Шарқӣ ба Помири Ғарбӣ будааст. Баъдтар сохтмонаш дар давраи Кушониён ва Ҳайтолиён ба авҷи аъло расидааст. Дар давраи Кушониён ва Ҳайтолиён тавассути ин гуна қалъаҳо ҳаракати корвони «Роҳи Абрешим»-ро назорат мекарданд.
Ривояти Ямчун
Дар миёни сокинони ноҳияи Ишкошим то кунун ривоятҳое оид ба қалъаи Ямчун боқӣ мондаанд, ки тибқи онҳо ҳокими қалъаи Ямчун ва Исор Зангибор ном шахс будааст. Ў бародари Қаҳ- Қаҳа будааст. Вақте, ки Ҳазрати Алӣ Қаҳ- Қаҳаро ба қатл мерасонад ба Зангибор пайғом мефиристонад, ки вай бояд таслим шавад, дини исломро қабул карда мусулмон шавад. Зангибор даъвати Алиро қабул намекунад ва ба ҷанг омодаги мебинад. Вале вақте, ки Ҳазрати Алӣ бо ў ба ҷанг медарояд, Зангибор шикаст хўрда мегурезад. Ҳангоми гурехтан ба шохи хушкшудаи амрўди азимҷусса бархўрда, шохи амрўд синаашро шикоф мешавад ва Зангибор ба ҳалокат мерасад. Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» ба қайд гирифта шудааст.
Роҳ ба сӯйи Ямчун
Дар масири шоҳроҳи Хоруғ- Ишкошим, Мурғоб ҷойгир аст. Барои расидан ба он сайёҳон метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятӣ: автобусҳои хурд, мошинҳои хусусӣ, ки ҳар рӯз байни Хоруғ ва маркази ноҳияи Ишкошим ҳаракат мекунанд, истифода баранд. Ба саиёҳон лозим меояд, ки боз 8 км роҳи болоӣ ё 4 км роҳи ростро тай кунанд.
Мутаассифона, вақт ва ҳаводиси рӯзгор тадриҷан қалъаро хароб кардааст. Бештари девору манораҳои қалъа аз байн рафтанд. Аз ин рӯ қалъа аз нав бозсозӣ мешавад. Чи тавре, ки муҳандис Сафарали М иттилоъ дод, қалъа бо дастгирии президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Бонки ҷаҳонӣ ва Юнеско бунёд мегардад. Сохтмони ин қалъа муддати 3 сол давом хоҳад кард. Тибқи иттилоъи АМИТ “Ховар” ин ёдгории таърихӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 4,2 миллион доллар навсозӣ мегардад.
Таҳияи Маҳина ОРЗУЕВА