Дар маркази ноҳияи  Ҷайҳун канори роҳ ва паҳлуи ҷӯйи обгузар, ки сокинони зиёд аз оби он истифода мебаранд,  2 партовгоҳи азиме мавҷуд аст, ки ба гуфти бошандагони ноҳия ин партовгоҳҳо аз соли 2003 инҷониб тоза намешаванд ва бӯи ғализи онҳо ба хонаҳои сокинон паҳн шудааст.

Зимни як сафари корӣ дар маркази маъмурии ноҳияи Ҷайҳун мушоҳида кардем, ки дар ҷойи номуайян ду партовгоҳ мавҷуд аст ва дарозии яке аз ин партовгоҳҳо наздик ба 500 метр буда, баландиаш 3 метрро ташкил медод, вале масъалаи нигаронкунанда дар паҳлӯи ҷӯйи обгузар ҷойгир будани он аст.  Партовгоҳи дигар сад метр дарозӣ дошт, ки дар назди биноҳои истиқоматӣ  ва шафати роҳи мошингард  ҷойгир мебошад. Аз зиёд будани партовҳо сокинон аз роҳ ба мушкилӣ мегузаранд.

Писарбачае, ки дар акс мебинед, дар суҳбат ба мо гуфт: «Ҳар рӯз аз ин роҳ гузашта, ба мактаб меравам, аз бӯи ғализи ин партовҳо бемор шудам. Нав сиҳат шудам ва ба мактаб меравам. Роҳи муассисаи мо ҳамин аст ва мо маҷбурем, ҳамарӯза аз ҳамин роҳ истифода барем».

 Ба ин монанд, Сафаргул – истиқомткунандаи ин ноҳия, ки дар лаби об ба шустани косаву табақ машғул буд, афзуд, ки: «Аз соли 2003 ман дар ин ҷо истиқомат мекунам ва аз ҳамон сол ин партовгоҳ то ҳол тоза нашудааст. Ин партовгоҳ кариб 1 км дарозь дорад. Аз тамоми шабакаҳо омада навор гирифта рафтанд, мо хурсанд шудем, ки тоза мекунанд, аммо вазъият аз ин ҳам бадтар шуд. Масъулин бояд ин партовгоҳро тоза кунанд, то сиҳатии мо – сокинони гирду атроф ба таври комил таъмин шавад. Аз ҳамин обе, ки аз паҳлуи партобгоҳ мегузарад, мо истифода мекунем, дар баробар бӯйи ғализ доштанаш ҳар гуна ҳашароту магасҳо моро нороҳат мекунанд”.  

Шумораи чунин партовбгоҳҳои номуайян дар ноҳияи Ҷайҳун зиёд аст ва аз бинои ҳукумати ноҳия дар  масофаи на он қадар дур қарор доранд. Чаро роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои дахлдор ба тозагии маркази ноҳия таваҷҷӯҳ надоранд? Ин суоли матраҳест, ки посух мехоҳад.     

 Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, 

хабарнигори махсуси «Фараж» 

дар минтақаи Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь