Санаи 5 августи соли 2023 хостам ба тамошои табиати Ҳафткӯл, воқеъ дар ноҳияи Панҷакент равам. Бо ин мақсад аз шаҳраки Саразм бо нақлиёти сабукрав азми тамошои табиати зебову дилоро ва бо умеди истироҳат ба роҳ баромадем.
Вале аз роҳу рафтори роҳдорон хело ва хело табъамон хира шуду худро нороҳат ҳис кардем. Аллакай дар шаҳр дар чорроҳаи пеши масҷиди шаҳри Панҷакент чароғакҳои раҳнамо умуман кор намекарданду кормандони бозрасии давлати автомабилии (БДА) шаҳр бошанд, дар канори роҳ истода гӯё чорроҳа ба онҳо тааллуқ надошта бошаду чароғакҳои роҳнамо роҳро танзим мекарда бошанд, нақлиётҳоро манъ мекарданду аз ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҳуҷҷат мепурсиданд.
Хонандаи мӯҳтарам худ қазоват кунед оё ин кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ вазифаи худро иҷро карда истодаанд, аслан маълумоте дар бораи қоидаҳои ҳаракати роҳ дошта бошанд?
Бо вуҷуди ин нороҳатӣ мо роҳро давом додему боз ба роҳҳои вайрону валангор, ки дар баромадгоҳи деҳаи Косатарош, ки ин роҳ зери назорати корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” буд, расидем. Роҳ чунон вайрон буд, ки нақлиёти сабукрав бо мушкилии зиёд мегузашт ва бо вуҷуди ин ҳам «болои сӯхта намакоб» гуфтанӣ барин, нақлиётҳои боркаши калонҳаҷм бо суръати баланд ҳаракат карда, нақлиёти сабукрав моро зери чангу хок мононд, ки пеши роҳро дида намешуд.
Хулоса, роҳ то Ҳафткӯл чунон вайрон буду мушкил. Ҳатто сайёҳон аз вайронии роҳ шикоят мекарданд.
Худ ба худ савол медиҳаму дар таассуф ғарқи андеша мешавам, ки ин роҳи аҳамияти сайёҳӣ дошта, масъуле дошта бошад?
Умар Бобоев, хабарнигори МТЖ