Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои Истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия дар кишвар ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ таъкид медоранд, ки: «Пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадили он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».

Рушди молия омили пешрафти иқтисодиёти кишвар аст

Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Раёсати мазкур Абдуқаҳор Улфатов, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дарбар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолии кишвар   як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд,  “Татбиқи муваффақонаи сиёсати молиявӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда, дар рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими миллӣ нақши назаррас мегузорад”.

Қисми даромади буҷет пурра иҷро шуд

Номбурда афзуд, ки  давоми 3 моҳи соли ҷорӣ кормандони Раёсати Вазорати  молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, ҳамчунин баҳри иҷрои дастур супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят, ноҳия ва Сарраёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ин давра тадбирҳои зиёд андешида,  корҳои  назаррасро ба сомон расониданд.   Заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти маҳаллӣ дар  якҷоягӣ бо кормандони Раёсати молия ва Нозироти андоз буд, ки дар давоми се моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети ноҳияи Вахш 101 дарсад таъмин карда шуд.

 Музди меҳнати кормандон саривақт пардохт мегардад

Мусоҳиби мо илова кард, ки қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли 2024-ум ба маблағи 15023456 сомонӣ ва нақша дар маҷмуъ 34727456 сомонӣ ба нақша гирфита шудааст. Дар ин давра андози буҷети ноҳия ба маблағи 15141851 сомонӣ, яъне 101 фоиз  ё ин ки 118305 сомонӣ зиёд ворид гаштааст. Дар се моҳи соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви маблағҳои мақсаднок ба маблағи 19404000 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба маблағи 300000 сомонӣ мебошад, ки аз ҳисоби буҷети Ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби буҷети вилояти ҳамагӣ ба маблағи 19704000 сомонӣ, пардохт карда шуда, ҳамаи маблағҳои равонкардашуда барои фонди музди меҳнат мақсаднок пардохт карда шудааст.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2024-ум иҷроиши даромадҳои буҷети маҳаллии ноҳия бо пуррагӣ иҷро гардидааст, ки тибқи нақшаи пешбинишуда аз шаш намуди сарчашмаҳои андозҳо бо пуррагӣ иҷро гардидаст, ки аз андоз аз даромад, андоз аз амвол, андоз аз арзиши иловашуда,   андоз аз  низоми содакардашуда, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ мебошанд, ки аз 100 то 123 фоиз иҷро гардидаанд. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра мувофиқи нақша бо баҳисобгирии тағйиротҳои даровардашуда ба андозаи 36478505 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар асл бошад 35227722 сомонӣ истифода бурда шудааст, ки ин 97 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ноҳия қарздории музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад  ва кормандони Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Вахш дар оянда низ баҳри иҷроиши саривақтии қисми даромади буҷет ва мақсаднок истифода кардани маблағҳо пайваста талош карда, кӯшиш мекунанд, ки музди маоши кормандони ташкилоту идораҳоро саривақт пардохт кунанд, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

 Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ

Дар ноҳияи Вахш  ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шудаанд, марҳила ба марҳила пардохт карда  шуда, ин соҳаҳоро саривақт  ба зимистон   омода хоҳем кард, – илова кард ӯ

Ҳамчунин, баҳри иҷрои қарори 639-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 629 дар бораи маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ  таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуда, дар доираи имкониятҳо аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағҳои лозима равона карда мешавад, ки ин барои беҳ кардани ҳолати роҳҳо ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.

Кормандон ба забономӯзӣ ҷалб шуданд

Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар кормандони Раёсати молия  доимӣ аз курсҳои   такмили ихтисос мегузаранд. Дар Раёсати  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Вахш ба масъалаи кадрҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад ва кормандони кордону соҳибтахассус бештар аз ҳисоби ҷавонон дар зинаҳои гуногун ба кор даъват карда мешаванд ва минбаъд низ ҷавонони боистеъдоду донандаи забонҳои хориҷӣ ҷалб мешаванд. Мавсуф иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонӣ мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, вазифадор гардидаанд, ки аз 1-уми апрели соли 2024 тамоми кормандони худро ба мӯҳлати якуним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ё забонҳои дигар) фаро гиранд. Раёсати Вазорати  молияи ноҳияи Вахш баҳри иҷрои Фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро рӯйи кор гирифтанд ва кормандони Раёсат  ба забономӯзӣ  ҷалб шуданд.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд 

Ӯ илова кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки  ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо  дар фароварди суҳбат қайд кард, ки мекӯшанд фаъолияти худро беш аз пеш пурзӯр намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат мекунанд. “Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.” – илова намуд ӯ.

Молия сутуни давлат аст

Кормандони Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳия ҳама талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  ноҳияи вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт. Зеро дар доираи ин санаи таърихӣ дар назар аст, ки барои кормандони Раёсати Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Вахш бо дастгирии Ҳукумати кишвар  ва Вазорати молия бинои наву замонавӣ бунёд карда шавад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь