Бисёр хуш аст, ки дар ҷомеаи мо ва пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва самти иҷтимоиёту маърифат ҷавонони фаъолу ҳушманд, дорои афкори тоза, донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири информатсионӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Манзури мо фаъолияти ибратбахши як ҷавони замони соҳибистиқлолӣ аст, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб камол ёфтаву акнун дар пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши созгор мегузорад.
Ва Пешвои муаззами миллат низ дар сиёсати хирадмандонаи худ бештар такя ба ҷавонон кардаанд. Роҳбари давлат бо бовариву эътимод ба ҷавонони кишвар онҳоро ояндаи давлату миллат эълон карда, дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сароҳат эълон кардаанд, ки «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Дар баробари қонуни алоҳида, сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчунин як қатор барномаи давлатӣ ва стратегияҳо ба танзим медароранд. Аз ҷумла «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» дар давраҳои гуногуни соҳибистиқлолии кишвар қабул гардидаанд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Яке аз ҷавононе, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор додааст, ин шахс Рустам Давлатзода мебошад, ки акнун директори Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода аст, ки аз соли 2022 инҷониб роҳбарии коллеҷи мазкурро бар уҳда дорад. То ин мақом Рустам Давлатзода дар дигар ҷодаҳо низ фаъолият дошт. Мавсуф хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ аст. Донишгоҳро соли 2011 бо ихтисоси муҳандис бо муваффақият хатм кард. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2009, замоне, ки дар курси 4-ум таҳсил мекард, шурӯъ шудааст. Дар ҳамин синни ҷавонӣ якбора директори ҶДММ “Мутахассис” дар шаҳри Душанбе таъйин гардид. Баъдан солҳои 2014-2015 дар вазифаҳои муовини сардори шуъбаи назорати КВД “Тоҷиккино”, аз соли 2016 то соли 2017 сардори Маркази таъмир ва ташхиси компютерҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара, баъдан сардори Маркази бақайдгирии тестии назди донишгоҳ, соли 2019 то 2020 муовини декан оид ба таълими факултети Идораи давлатӣ ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳии донишгоҳ, ёвари ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, сардори шуъбаи магистратура ва робита бо муассисаҳои илмии тадқиқотии назди донишгоҳ ва сардори Раёсати илм, тадқиқот ва зидди плагиати Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолияти хуб кардааст.
Аз декабри соли 2022 то инҷониб директори Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода аст. Мусоҳибаи мо роҷеъ ба фаъолияти кунунии номбурда дар Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода сурат хоҳад гирифт.
–Ду сол мешавад, ки роҳбарии яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бар ӯҳда доред. Каме маълумот оид ба таърихи дирӯзу имрӯзи коллеҷ ба хонандагони ҳафтаномаи “Самак” ироа медоштед…
-Саломат бошед. Коллеҷи металлургии шаҳри Турсанзода соли 1986 дар асоси фармони Вазорати металлургияи рангаи собиқ техникуми Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамчун филиали шабонаи техникуми алюминийи Каменск-Уралск таъсис ёфтааст. Соли 1992 ба Техникуми металлургии шаҳри Турсунзода табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми октябри соли 2003 техникуми мазкур ба коллеҷи металлургӣ ивази ном карда, фаъолият намуда истодааст.
–Аз гуфтори Шумо бармеояд, ки коллеҷ зертобеи заводи алюминийи Тоҷикистон аст?
-Бале, муассиси Коллеҷи муталлургии шаҳри Турсунзода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” мебошад.
-Лутфан мегӯфтед, коллеҷ аз рӯи кадом ихтисосҳо кадрҳоро омода мекунад?
-Дар Коллеҷ номгӯйи касбҳо тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар коллеҷ аз рӯйи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ихтисосҳои: Ҳисобдор бо донистани компютер, Системаи компютерӣ ва интернет, Технология, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ таълим дода мешавад. Дар заминаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои: Хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз, Васл, танзим ва истифодабарии таҷҳизоти барқии корхонаҳо ва иморатҳои истиқоматии шаҳрвандон, ҳамчунин, Ҳисоби муҳосибавӣ, таҳлил ва назорат мутахассисонро омода мекунад. Ҳамин гуна, таҳсил дар коллеҷ баъди хатми синфи 9 ва синфи 11 тариқи шартномавӣ сурат мегирад. Дар коллеҷ шуъбаи ғоибона иборат аз 4 гурӯҳ амал мекунад, ки дар он низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.
-Таълимот чӣ гуна сурат мегиранд ва ҳамкорӣ бо ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Албатта, дарсҳои назариявӣ бештар дар худи Коллеҷ ва қисман дарсҳои назариявию амалӣ дар ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” баргузор мегарданд. Яъне, коллеҷи металлургӣ мутахассисонро барои фаъолият дар корхонаи бузурги саноатӣ омода мекунад. Муассиси коллеҷ моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд то дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси техникӣ комёб гардем. Шуғлу пешаҳоро дар раванди машғулияти амалии ширкат худи донишҷӯён интихоб мекунанд, ки хости дили онҳо бошад.
Бояд ёдовар шавем, ки дар муассиса курсҳои сертификатсионӣ ба роҳ монда шудааст ва дар ин самт корҳои бештареро ба анҷом расонидем…
– Дар гузашта то кунун чӣ қадар донишҷӯён коллеҷро хатм кардаанд ва дар байни онҳо духтарон низ ҳастанд?
-Дар ин давра қариб 7 ҳазор нафар коллеҷи моро хатм карда, аслан дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо фаъолияти босамар карда истодаанд. Ҳар сол қариб 200 нафар коллеҷро хатм мекунанд, ки аз 30 то 50 нафари онҳо духтарон мебошанд. Айни замон дар инҷо 330 нафар донишҷӯён аз рӯйи 7 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 47 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. 20 нафар омӯзгорони таҷрибадор ба онҳо дарс мегӯянд. Мутахассисони касбии “Ширкати алюминийи тоҷик” низ ҳамчун устод ва мураббӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар коллеҷ омӯзгорони баландихтисос ба донишҷӯён дарс медиҳанд ва тибқи талаботи низоми омӯзгорӣ омӯзгорони коллеҷ саривақт аз такмили ихтисос мегузаранд ва ин боиси он гаштааст, ки малакаву саводаш беш аз пеш боло рафта истодааст.
-Шароити таҳсилот дар коллеҷ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Мо бинои коллеҷро ба наздикӣ аз таъмир баровардем ва барои ҷараёни дарсҳо муосиртарин фазои касбомӯзиро муҳайё кардаем. Донишҷӯён дар кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳи ҷавобгӯйи талабот таҳсил карда, аз китобхонаи коллеҷ бархурдорӣ мекунанд.
-Дастовардҳо коллеҷ назаррас ҳастанд?
-Устодону донишҷӯёни Коллеҷи металургии шаҳри Турсунзода дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо амри Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд, фаъолона ширкат мекунанд. Соли гузашта чанд нафар аз донишҷӯёни мо дар озмуни ихтироъкорӣ ҳузур доштанд. 12 нафар дар озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “иштирок доштанд ва ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Дар коллеҷ зуд -зуд чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ- тарбиявӣ, фарҳангӣ ва мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ гузаронида мешавад. Мусобиқаи “Ватанпарвар” ҷараён мегирад, ки дар он ҳама гурӯҳҳо фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамзамон, донишҷӯёни мо фаъолона ба озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” иштирок меварзанд.
– Ин шабу рӯз дар кишвар таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст ва дар ин замина чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ низ ташкил карда шуда истодааст. Албатта, Конститутсия барои давлату давлатдорӣ аҳамияти бузург дорад, аз ин рӯ, ин рӯз барои мо хос мебошад. Назару андешаҳои худро перомуни ин ҷашни миллӣ иброз медоштед…
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон рӯзи Конститутсия муқаррар гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аркони давлатдории тоҷикон аст, ки тақдири имрӯз ва фардои мардуми шарифи тоҷикро ҳал мекунад. Конститутсия барои ҳар як давлат ва миллат ифтихори бузург мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эьтибори олииҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат мебошад.
Ин санади муқаддас, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати сохибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд, ки “Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад”.
Мо бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона бирасем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем.
Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми кишварро аз ин минбар истифода карда, ба ҷашни Конститутсияи кишвар муборак бод мегӯем! Таманно мекунем, давлату миллати тоҷикон пояндаву беганзанд бимонад!
-Ташаккур барои суҳбат.
-Бо умеди иртибот!
PS: Дар ҷомеаи имрӯзаи мо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар мавқеи ҷавонон хеле назаррас аст. Ин қишри ҷомеа дорои афкори наву тоза, неруи муҳими таҳрикдиҳандаи иқтисод мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Махсусан, Пешвои миллат ба нерӯи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.
Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон ба масоили ҷавонон диққати махсус дода, ҷавононро хитоб намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан, амнияти давлат, донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир тарғиб мекунанд ва ба онҳо чӣ будани неъмати ваҳдату истиқлолиятро баён месозанд, инчунин онҳоро аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд, ки ин далолат ба ғамхор будани Пешвои миллат ба мардуми тоҷик, хусусан насли наврас ва ҷавонон мекунад.
Пешвои миллат ифтихор аз он ҷавононе доранд, ки дар пешрафт ва муаррифии давлати тоҷикон иштирок ва саҳмгузор мебошанд. Аз ҷумла, дар паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон ба ҷавонони миллат чунин муроҷиат карда, гуфта буданд: «Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд»
Пешвои миллат ҳифзу ободонии кишвар ва ба наслҳои оянда ҳамчун мерос гузоштани Ватани азизамонро масъулияти бузурги ҳар фарди ҷомеа ва бахусус ҷавонони баномуси миллат хондааст. Аз ин ҷост, ки Ҷаноби Олӣ дар робита бо суханони мазкур чунин қайд намуданд: «Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд».
Воқеан ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон, ки Пешвои муаззами миллат онҳоро ояндаи миллат медонанд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Маҳз ҳамин ҷавонон метавонанд, ки дар рушди иқтисоди миллӣ, тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, парчамбардори меҳани худ бошанд. Дар роҳи расидан ба ҳадафҳои неку созанда ба роҳбари ҷавону кордони муассиса, устодону донишҷӯёни Коллеҷи металургии шаҳри Турсунзода барору музаффариятҳо орзу мекунем!
Мусоҳиб: Нигора САИДБЕКОВА