Русия ба рушди системаи маорифи Тоҷикистон фаъолона мусоидат мекунад: дар ҷумҳурии мо мактабҳо месозад, ба муассисаҳои таълимии мо омӯзгорони соҳибихтисосро мефиристад, бо китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ таъмин мекунад, инчунин барои мактаббачагони мо хӯрок ташкил мекунад. Ин кӯмак дар таҷдиди зерсохтор, дастраскунии маводҳои зарурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва мусоидат ба беҳтаркунии сифати таҳсилот дар мактабҳои Тоҷикистон зоҳир меёбад.
Мактабҳо ва донишгоҳҳо
Дар Тоҷикистон 3940 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла гимназияҳо, литсейҳо ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ амал мекунанд. Ҳоло теъдоди умумии мактаббачагон дар кишвар 2,3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки назар ба солҳои пеш хеле зиёд аст, соли 1991 шумораи онҳо 1,3 миллион нафарро ташкил медод.
Русия дар рушди ҷавонони Тоҷикистон низ саҳми худро мегузорад. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети Федератсияи Русия панҷ мактаби нави русӣ-тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода кушода шуданд. Маросими ифтитоҳи мактабҳо 1 сентябри соли 2022 бо иштироки президенти Русия Владимир Путин (тавассути алоқаи видеоӣ) ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Он замон махсусан афзудани шавқу ҳаваси ҷавонони тоҷик ба забон ва таҳсилоти русӣ қайд карда шуд.
Дар Тоҷикистон таҳсилоти русӣ хеле қадр карда мешавад. Донистани забони русӣ ба ҷавонони тоҷик бартарии рақобатӣ ва имконияти идома додану пайдо кардани кор дар дигар кишварҳои ИДМ-ро фароҳам меоварад.
Ҳар мактаб барои ба таълим фаро гирифтани 1224 нафар хонандагон дар як баст пешбинӣ шудааст, синфхонаҳо аз рӯи стандартҳои замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Лавҳаҳои интерактивӣ бо дастрасӣ ба интернет, ҷойҳои кории автоматикунонидашуда барои муаллимон, лабораторияҳои муосири физика, химия ва биология, инчунин синфхонаҳои бо робототехника ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳазшуда – ин ҳама раванди таълимро то ҳадди имкон самаранок мегардонад. Махсусан дар мактабҳо мавҷуд будани ҳавзҳои шиноварӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ муҳим аст, илова бар ин, мактабҳо ба заминларзаи то 9 балл тобовар мебошанд ва ин барои минтақаи мо, ки фаъолияти сейсмикиаш хеле баланд (зиёд) аст, бисёр муҳим аст.
Дар 59 мактаби Тоҷикистон таҳсил бо забони русӣ ва дар 185 мактаб бо ду забон ба роҳ монда шудааст. Дар хамаи мактабҳои олии кишвар забони русӣ таълим дода мешавад ва дар 10 донишгоҳ мутахассисони филологияи русро омода мекунанд.
Русия ҳамчунин ният дорад як маркази таълимии замонавӣ барои кӯдакони лаёқатманд ба мисли маркази “Сириус”-и Русия бунёд кунад. Ин муассисаи таълимӣ барои таълим додани фанҳои табиатшиносӣ, технологияҳои рақамӣ, робототехника, муҳандисӣ ва соҳаҳои гуногуни эҷодӣ тарҳрезӣ шуда, ҳар моҳ то 500 нафар кӯдаконро ба раванди таълим фаро хоҳад гирифт. Маркази нав барои рушди кӯдакони лаёқатманди Тоҷикистон имконият фароҳам оварда, ба таҳкими робитаҳои таълимӣ байни ду кишвари дӯст мусоидат хоҳад кард.
Профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев қайд мекунад, ки гирифтани таҳсилот тибқи стандартҳои давлатии Русия бидуни тарки Тоҷикистон низ имконпазир аст: “Дар Тоҷикистон филиалҳои якчанд донишгоҳҳои олии Русия ва донишгоҳҳои муштарак фаъолият мебаранд, ки ба рушди робитаҳои таълимии байни ду кишвар фаъолона мусоидат мекунанд. Аз ҷумла: Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ- технологии «МИСиС», филиали Донишкадаи энергетикии Москва. Ин муассисаҳо аз ҷиҳати сифати таълим ва омодакунии мутахассисон дар байни мактабҳои олии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.
Моҳи майи соли 2024 дар филиали Донишгоҳи МИСИС дар Душанбе Маркази забон ва фарҳанги русӣ барои мактаббачагон, донишҷӯён ва омӯзгорон ифтитоҳ ёфт. Хоҳишмандон барои омӯзиши забони русӣ метавонанд ба шӯъбаи тайёрӣ дохил шаванд. Дар марказ дарсҳои забони русӣ ва курсҳои махсус барои муҳандисони оянда ташкил карда мешаванд. Инчунин ташкили барномаҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон дар назар аст.
Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд ва ҳамкории ин ду кишвар бар пояи эҳтиром ва эътимод асос ёфтааст. Мо бо Русия ҳамеша дар як фазои таълимӣ қарор доштем. Дар Тоҷикистон шӯроҳои диссертатсионии ҳам маҳаллӣ, ҳам русӣ амал мекунанд ва шаҳрвандони тоҷик дар КОА-и Русия рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият дифоъ мекунанд, ман низ ҳамчун аъзои яке аз ин шӯроҳо ҳамеша кӯшиш мекунам ба ҳимояи онҳо мусоидат кунам».
Омӯзгорони рус
Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ба ташаббуси (лоиҳаи) “Муаллими рус дар хориҷа” ҳамроҳ шуд, ки ба тарғиби забон ва фарҳанги русӣ, инчунин беҳтар кардани сифати таълим дар мактабҳои берун аз Русия равона карда шудааст.
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа 66 омӯзгори рус фаъолият бурданд. Ин омӯзгорон аз 26 минтақаи Русия ба ҷумҳурии мо омада, аз фанҳои забони русӣ, математика, биология, химия, физика, информатика, таърих ва ҷуғрофиё дарс медиҳанд. Барои даҳ омӯзгори рус ин таҷрибаи аввалини кор дар хориҷи кишвар буда, онҳо фаъолияти худро дар мактабҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом оғоз карданд.
Лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” соли 2017 оғоз гардида, дар 11 кишвари ҷаҳон: Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ветнам, Муғулистон, Сербистон, Туркия, Миср, Чин, Эфиопия, ва Алҷазоир амалӣ карда мешавад. Дар соли хониши 2024-2025 зиёд кардани шумораи кишварҳои иштирокчии лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.
Мақсади ин барнома (лоиҳа) – баланд бардоштани сатҳи таълим ва омӯзиши забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ мебошад. Лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” торафт тавсеа меёбад ва Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун шарики асосии Русия амал карда, намунаи ҳамкориҳои муваффақ байни Русия ва кишварҳои ИДМ дар соҳаи маориф мебошад.
Китобҳои дарсӣ
Русия бо ташаббуси Вазорати маорифи ин кишвар ва нашриёти «Просвещение» ба Тоҷикистон 275 ҳазор китобҳои дарсӣ аз забони русӣ равон мекунад. Ин изҳорот дар Форуми дуюми байналмилалии вазирони маориф таҳти унвони “Ташаккули оянда”, ки санаҳои 10-11 июни соли 2024 дар шаҳри Қазон баргузор гардид, садо дод.
Форум беш аз 1000 нафар иштирокчиён, аз ҷумла вазирони маорифи беш аз 40 кишвари ҷаҳонро гирд овард. Дар форум масъалаҳои мушкилоти рӯзмарраи муҳити байналмилалии маориф, системаи арзишҳо, таълиму тарбия, баҳодиҳии сифат ва дастрасии таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин таҷрибаи пешқадами Русия дар тарғиби забони русӣ дар хориҷи кишвар намоиш дода шуд.
Соли гузашта Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди китобҳои дарсӣ тақдим кард. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2023 ба мактабҳои вилояти Суғд 1500 адад китобҳои дарсӣ, ки аз ин миқдор 800 адад ба литсейи шаҳри Конибодом ва 700 адад ба мактаби байналмиллалии шаҳри Исфара дастрас карда шуд. Ин асосан дастурҳои таълимӣ оид ба забон ва адабиёти рус, таърих, биология ва дигар фанҳо мебошанд. Қабл аз ин, моҳи феврали соли 2023 Русия ба Тоҷикистон як силсила китобҳои дарсиро ба маблағи умумии 10 миллион рубл, ки беш аз 25,5 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ-методӣ ва бадеиро дарбар мегирифт, дастрас карда буд.
Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйид кард, ки ҳамасола барои харидории китобҳои дарсӣ барои мактабҳои русии Тоҷикистон 200 миллион рубл ихтисос дода мешавад. Ин тасмим ба рафъи мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ ва дастгирии муассисаҳои таълимии таҳсилоташон бо забони русӣ равона карда шудааст.
Ниёз Мирзоев, профессори кафедраи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: “Таҳсилоти русӣ яке аз беҳтаринҳо дар тамоми ҷаҳон аст ва хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар талаботнок мебошанд”.
Ғизои мактабӣ
Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва бо дастгирии Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад. Ин ташаббус ба таъмин намудани мактаббачагон бо хӯроки нисфирӯзии солиму серғизо равона карда шуда, ба беҳбудии саломатӣ ва таҳсили хуби онҳо, инчунин талқини одатҳои ғизои солим мусоидат мекунад.
Дар тӯли солҳои амалигардонӣ ин барнома хеле тағйир ва тавсеа ёфтааст. Айни ҳол ин барнома кариб 2000 мактабҳои 52 шаҳру ноҳияҳои Точикистонро фаро мегирад ва тибқи он ҳамарӯза қариб 500 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо хӯроки бепул таъмин карда мешаванд.
Аз соли 2013 инҷониб Русия ҳамчун хайркунандаи (донори) асосии ин барнома баромад карда, барои дастгирии ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон беш аз 80 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Соли 2020 Русия ҳамчунин барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 бо саҳми махсус ба маблағи 1 миллион доллар беш аз 20 ҳазор оилаи осебпазирро дастгирӣ намуд. Соли 2023 Русия барои рушди ин барнома, аз ҷумла таъсиси Маркази ғизои мактабӣ дар Душанбе иловатан 4 миллион доллар ҷудо кард.
Тавре намояндаи Пажӯҳишгоҳи ғизои саноатии Русия дар Тоҷикистон Сӯҳроб Бобоҷонов қайд намуд, барнома на танҳо таъмини ғизо, балки беҳбудии инфрасохторро низ дарбар мегирад: “Дар доираи лоиҳа ошхонаҳои мактабӣ, нонвойхонаҳо ва гармхонаҳо сохта ва таъмир карда шуданд, инчунин бо кӯмаки коршиносони Институти хӯроки умумии Москва кормандони ин соҳа омӯзонида шуданд. Ифтитоҳи нонвойхонаҳо ва гармхонаҳои нав дар ноҳияҳои гуногун ба беҳтар кардани сифати ғизо ва эҷоди инфрасохтори устувори ғизои мактабӣ мусоидат мекунад”.
Аз Тоҷикистон ба Русия
Ҳамасола дар байни кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон теъдоди зиёдтарини квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия ҷудо карда мешавад. Соли 2023 теъдоди ин квотаҳо 902 ададро ташкил дод. Тавре дар маркази матбуоти Россотрудничество қайд карданд, барои дарёфти ин квотаҳо 6 ҳазор довталабон дархост карданд: «Барои солҳои 2024 ва 2025 теъдоди квотаҳо то 1000 нафар зиёд карда шуд. Ин тасмим моҳи ноябри соли 2023 аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин дар рафти мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълом гардид.
Раванди дарёфти квота аз сабти ном оғоз ёфта, пас аз он довталабон тариқи онлайн имтиҳон месупоранд. Имтиҳон санҷиши донишро аз рӯи фанҳои гуногун вобаста ба соҳаи интихобшуда пешбинӣ мекунад: физика ва математика барои ихтисосҳои техникӣ, химия ва биология барои ихтисосҳои тиббӣ, фанҳои гуманитарӣ барои соҳаҳои мувофиқ. Тамоми система ба он равона карда шудааст, ки довталабон имкони ба таври шаффоф супоридани имтиҳонҳоро тавассути системаи прокторинг (назоратӣ), ки риоя шудани қоидаҳоро назорат мекунад, дошта бошанд.”
Тибқи маълумотҳои Россотрудничество, Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок барои барномаҳои таълимии Русия боқӣ мемонад. Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Профессор Ниёз Мирзоев мегӯяд, ки майлу рағбати ҷавонони тоҷик ба таҳсилоти русӣ сол аз сол меафзояд. «Сатҳи таҳсилот дар Русия хеле баланд аст, махсусан дар ихтисосҳои техникӣ. Афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия нишонаи хубест, зеро талабот ба кадрҳои баландихтисос пайваста меафзояд. Дар охир профессор аҳамияти ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро қайд карда, гуфт: “Русия ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ моро дастгирӣ мекунад. Муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин зимни суханрониаш қайд карда буд, ки Русия ҳамеша шарики муҳими стратегии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад, ва лоиҳаҳои сершумори сармоягузории Русия, ки дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.
Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон хеле қадр карда мешавад, зеро он ба ҷавонони тоҷик барои таҳсили минбаъда ва болоравии касбӣ бартарии рақобатӣ фароҳам меоварад. Русия ҳамеша ташаббусҳои соҳаи маорифи Тоҷикистонро, ки ба беҳбуди сифати таҳсилот ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву таълимии ду кишвар мусоидат мекунад, дастгирӣ мекунад.