Ҷашни “Наврӯз”, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, то инҷониб дар сарзамини мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ба фарқ аз иди “Сада”, “Меҳргон”, “Тиргон”  ҷашни “Наврӯз” дар миёни омма хело машҳур буда, ҳамасола мардум онро хуб истиқбол менамоянд.

Ситоиши ҷашни “Наврӯз” дар осори безаволи бузургони аҳли адаб ҳархел таҷассум меёбад. Шоирони ширинсухану маҳбуб аз ҷумла устод Лоиқ Шералӣ, Эраҷ Мирзо, Сайёд Ғаффор, А. Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон бобати мавзуи “Наврӯз” шеърҳои баландмазмун эҷод кардаанд. Онҳо дар эҷодиёташон хони Наврӯзӣ, хурсандии тифлон, дӯстдории инсон, табиати нотакрор, Суманакпазӣ, мужда расонидани иди “Наврӯз” ва ғайраро рӯйи коғаз овардаанд.

Устод Лоиқ Шералӣ дар пораи шеъраш ба мардум орзую таманниётҳои нек мекунад. Инчунин дастархони наврӯзиро васф карда, ба мухлисони сухани ноб ва ашъораш менигорад, ки хони наврӯзӣ бояд чи хел паҳн карда шавад:

Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон,

Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.

Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,

Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад

Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.

Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,

Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.

Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё

Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он

То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,

То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон...

Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки вассофи ишқу муҳаббат, табиати зебо, фарҳангу маданият, илму дониш, накӯкориву хӯшбахтӣ буданд, ҷашни “Наврӯз” -ро ҳам васф кардаанд. Амири Мовароуннаҳру Хуросонро расм чунин буд, ки дар рӯзҳои фархундаи наврӯзӣ бар хасм битозад. Рӯдакӣ ба унвони шоири дарбор бояд дар ҳузури шоҳ бошад. Аммо ҳамеша дил дар гарави Наврӯз дорад, аз ин рӯ, аз Наср бинни Аҳмади Сомонӣ хоҳиш мекунад, ки пеш аз он ки Наврӯз фаро бирасад, рӯзро бар душман тираву тор созад, то ки Наврӯз рӯзи фараҳу пирӯзӣ бошад:

Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,

Дар маҳи баҳман битозу ҷони аду сӯз.

Боз ту беранҷ бошу ҷони ту хуррам,

Бо наю бо рӯду набиди Фанорӯз!

Устод Рӯдакӣ таҷлили Наврӯзро дар соле як маротиба дониста, дидори дӯстону наздиконро дар ин рӯз як муждаи дубора, афзуншавии меҳру муҳаббати инсонҳо медонад:

Як бор бувад ид ба ҳар сол, ба як бор,

Ҳамвора маро ид зи дидори ту ҳамвор.

Ҳар бор ба сол андар як бор бувад гул,

Рӯйи ту маро ҳаст ҳамеша гули пурбор.

Шоири барҷастаи тоҷик Сайёд Ғаффор дар байти “Наврӯзӣ” оид ба шодию нишот, пайғоми наврӯзӣ чунин менигорад:

Эй дӯст, биё, боз ба Наврӯз расидем,

Нав қисса бипардоз, ба Наврӯз расидем.

Дар пардаи гул бод наво карда парешон:

Эй мурғи хушовоз, ба Наврӯз расидем.

Эй боғи гулафшон, бағали боз муборак,

Мо ҳам ба дили боз ба Наврӯз расидем…

Адиби бузург Эраҷ Мирзо дар абёташ аз шодию нишоти атфол, фарзанди хуб, писари бад, ҷашни “Наврӯз” чунин менигорад:

Иди Наврӯз аввали сол аст,

Рӯзи айшу нишоти атфол аст.

Ҳама он рӯз рахти нав пушанд,

Чою шарбат ба хушдилӣ нушанд.

Писари хуб рӯзи ид андар

Равад аввал ба хидмати модар.

Даст дар гарданаш кунад чун тавқ,

Сару дасташ бибусид аз сари шавқ,

Гуянд: «Ин иди нав муборак бод,

Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».

Баъд ояд ба дастбуси падар,

Буса бахшад падар аз руи писар.

 Писари бад чу рӯзи ид шавад,

Мавқеи диду боздид шавад.

На падар дӯст дорадаш на аму,

На касе иди оварад бари ӯ.

Иди он рӯз ҳаққи он писар аст,

Ки наҷибу тарифу боҳунар аст.

Шоири форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ низ аз иди “Наврӯз” ёд мекунад. Дар шоҳасари худ Шоҳнома аз номи қаҳрамонон дар суратҳои гуногун бисёр иброз кардааст. Аз ҷумла, дар “Достони Фуруд” аз номи Тӯс ба Фарибурз мегӯяд:

Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод

 Таҳияи Маҳина ОРЗУЕВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь