Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино яке аз беҳтарин, бузургтарин ва муваффақтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, 1-уми сентябри соли 1939 ҳамчун Донишкадаи тиббии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва соли равон аз таъсиси он 80 сол пур мешавад. Таъсиси муассисаи олии касбии соҳаи тандурустӣ яке аз арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои соҳа, ташаккул ва рушди илми тиб, ҳифзи тандурустии аҳолии Тоҷикистон мавқеи дурахшонро ишғол менамояд. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ боиси ифтихори ворисони Шайхурраис ва миллати куҳанбунёди тоҷик гардидаст.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино давраҳои гуногуни фаъолиятро аз сар гузаронидаст. Соли 1939 оғози фаъолияти ин муассисаи олии касбӣ ба ҳисоб рафта, то соли 50-уми асри гузашта, ки барои ҷумҳурӣ солҳои вазнин ба ҳисоб мерафт, ба рушди ин муассиса низ бетаъсир намонд. Соли 1952 бо қарори Ҳукумати шӯравӣ ба донишкада номи пуршарафи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуда, аз соли 1992 мақоми донишгоҳро гирифт. Соли 1990 барои дастовардҳои шоён ҷиҳати тайёр кардани муттахасисони соҳибтаҷриба ба Ҷоизаи байналмилалии Агентии нашрияи “Новости” ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовор дониста шуд.
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дорои таҷрибаи мукаммали созандагӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва эҷодиву майл ба инкишоф мебошад. Иқтидори бузурги илмии соҳаи тибби кишвар дар ин даргоҳи муқаддас ҷойгир аст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин боргоҳи ҳунари дорои нерӯи бузурги созанда бо ҳифзи анъанаҳои касбӣ ва воридсозии технологияи муосири таълимиву табобатӣ рушд менамояд.
Тӯли фаъолияти худ донишгоҳ беш аз 42 ҳазор нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ тайёр намудааст, ки онҳо на фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия, кишварҳои ИДМ, Англия, Олмон, Белгия, Австралия, ИМА, Эрон, Афғонистон, Хитой, Туркия, Ҳиндустон, Яман ва як қатор давлатҳои арабию африкоӣ кору фаъолият намуда, обрӯву нуфузи на танҳо донишгоҳи тиббию тибби тиҷик, балки халқу ватани азизи моро низ боло мебардоранд.
Ташкили ҷараёни таълим дар ДДТТ
Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино раванди таълим тибқи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 5 ихтисос – «1-790101 – Кори табобатӣ», «1-790102 – Педиатрия», «1-790103 – «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «1-790107 – Стоматология» ва «1-790108 – Фарматсия» ба роҳ монда шудаст.
Раванди таълим дар донишгоҳ бо 3 забон – забони давлатӣ, забони русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар доираи ихтисосҳои номбурда дар 562 гуруҳ 10155 нафар толибилмон (духтарон 4045 (39,2%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1384 (13,4%)-ро донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 давлати ҷаҳон ташкил медиҳад. Теъдоди донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда – 988 (9,7%) нафар мебошад.
Лоиҳаи истилоҳоти таҳсилоти тиббӣ
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар ҶТ аз соли 2008 Лоиҳаи истилоҳоти таҳсилоти тиббиро роҳандозӣ намудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ аз донишгоҳҳои Цюрих, Базели Швейтсария, Калгарии Канада, Литва, Эстония, Остона, Алмаато, Қарағандаи Қазоқистон стандартҳо, барномаҳою нақшаҳои таълимӣ ба талаботҳои стандартҳои таҳсилоти тиббии байналмилалӣ ва аврупоӣ мутобиқ кунонида шудаанд. Тибқи талаботҳои стандартҳои таҳсилоти тиббии байналмилалӣ ва аврупоӣ барои рушди малакаҳои амалию муоширатии касбии донишҷӯёну хатмкунандагон фанҳои таълимии алоҳидаи “Малакаҳои амалии касбӣ”, “Малакаҳои муоширатии касбӣ”, соли таҳсили клиникӣ ва технологияи муосири таълимӣ (усулҳои фаъол ва интерфаъоли таълимӣ, алоқаи мутақобилан судманд) ҷорӣ карда шудаанд. Баҳри мутобиқсозии раванди таҳсилоти миллӣ ба стандартҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳонӣ дар донишгоҳ усулҳои муосири системаи таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ҷорӣ гардидаанд. Соли 2008 донишгоҳи тиббӣ аввалин шуда байни донишгоҳҳои олии кишвар усули баҳодиҳии натиҷаи таълимро ба тариқи тестӣ амалӣ сохт. Бо маблағгузории Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар ҶТ соли 2012 дар донишгоҳ аввалин Маркази симулятсионӣ – Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд. Дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалии донишгоҳ бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва технологияи навину замонавии симулятсионӣ – симуляторҳо, фантомҳо, муляжҳо, таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ, беморони стандартикунонидашуда (стандартизированный) донишҷӯёну хатмкунандагон, муҳассилини баъдидипломӣ (аспирантон, аспирантон PhD, интернҳо, ординаторони клиникӣ) ва омӯзгорони ҷавон малакаҳои амалию муоширатии касбии худро такмил медиҳанд.
Айни замон таълим бо усули таҳсилоти кредетӣ-модулӣ ва низоми рейтингӣ роҳандозӣ шудааст, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Дар донишгоҳ Низоми идораи электронии таҳсилот – LMS ба роҳ монда шудааст, ки ҳамаи маводҳои таълимӣ дар пойгоҳи LMS ҷойгир карда шудааст ва ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорон тариқи on-line – фосилавӣ метавонанд маводҳои лозимаашонро дастрас намоянд.
Таҷрибаомӯзӣ – марҳилаи муҳими таълими касбӣ
Таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён як ҷузъи муҳими раванди таълим ба ҳисоб меравад. Ба донишҷӯён барои аз худ намудани малакаҳои амалии клиникӣ дар пойгоҳҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои таҷрибаомӯзӣ дастрас мебошад. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ муассисаҳои табобатӣ, профилактикӣ ва фармасевтии шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб шудаанд. Бояд қайд кард, ки байни донишгоҳ ва раёсати тандурустии ин минтақаҳо оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи дутарафа ба имзо расонида шуда, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар 2 давра – зимистон ва тобистон гузаронида мешавад. Дар баробари таҳсилоти тодипломӣ, инчунин аз рӯи барномаҳои тахассусӣ дар зинаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ таҳсилот ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, дар Донишгоҳи тиббӣ бозомӯзии касбии ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ, табибони ихтисосҳои гуногуни муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру навоҳии кишвар имконпазир буда, такмили ихтисос аз рӯи 176 барнома ва ихтисосгирии аввалин аз рӯи 19 барнома амалӣ гардонида мешавад. Дар донишгоҳ инчунин 11 маркази гуногун, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ; Маркази ягонаи тестӣ; Маркази омодагии қаблӣ; Маркази рушди стратегӣ ва менеҷмент; Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ; Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”; Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ; Маркази ташхисию табобатӣ; Маркази таълимӣ – клиникии “Стоматология”; Маркази технологияи иттилоотӣ; Маркази бақайдгирӣ ва машварат фаъолият мекунанд, ки дар тақвияти дониш ва малакаи донишҷӯёну ҳайати устодон ва табибон саҳми арзанда доранд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён инчунин дар 27 пойгоҳи клиникии ДДТТ сурат мегирад, ки аз ин шумора дар муассисаҳои табобатию профлактикии ҷумҳуриявӣ 13 адад ва дар муассисаҳои табобатию профлактикии шаҳри Душанбе 14 адад ҷойгир шудааст.
Потенсиали кадрӣ, ресурсҳои моддиву техникии ДДТТ
Яке аз сарватҳои арзишманди донишгоҳ захираи кадрии он ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ иқтидори бузурги кадрии соҳаи тибби кишвар кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 академик, 4 нафар узвҳои вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 85 нафар докторони илм, профессор, 234 нафар номзади илм, дотсентон ва 345 муаллимони калон ва ассистентон мебошанд. Дараҷанокии илмии омӯзгорони донишгоҳ 10 сол қабл 42,5%-ро ташкил мекард, ки айни замон 5,8% афзуда, ба 48,3% расидааст. Ҳайати умумии профессорону омӯзгорон аз 664 нафар кормандони асосӣ (занҳо 345 – 51,9%) ва 202 нафар кормандони ҳамкор иборат аст. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон ба 48 сол баробар аст. Таълиму тадриси донишҷӯёну муҳассилини баъдидипломӣ дар 62 кафедраи донишгоҳ ба роҳ монда шуда, аз 38 кафедраи клиникӣ, 16 кафедраи тибби назариявӣ, 8 кафедраи умумитаълимӣ иборат мебошанд. 39 кафедраи клиникии донишгоҳ дар 27 пойгоҳи муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии Душанбе ҷойгир шудаанд. Кабинетҳо ва пойгоҳҳои фаннӣ пурра бо компютер таъмин буда, дар умум донишгоҳ дорои 1106 адад компютер буда, таносуби компютерҳо бо донишҷӯён 1:7-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни макотиби олии кишвар ба ҳисоб меравад.
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дорои биноҳои таълимию маишӣ ва маъмурӣ буда, раванди таҳсилот, корҳои илмиву клиникӣ дар биноҳои таълимии донишгоҳӣ, 27 марказ ва беморхонаҳои клиникии шаҳриву ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаст.
Нахустин конференсияи байналмилалии табибон, фарҳангшиносон ва забоншиносон дар ДДТТ
3-юми июли соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бори аввал конференсияи байналмилалии илмии байналмилалии табибон, фарҳангшиносон ва забоншиносон – «Роҳи абрешим ва робитаҳои байнифарҳангии кишварҳои Аврупову Осиё», бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи пажуҳишҳои фарҳангии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид ва он имкон дод, ки намояндагони соҳаи тиб ва илми фарҳангу забоншиносӣ бо ҳам вохӯрда, онлайн-презентатсияҳо доир намоянд, якҷоя фаъолият намуда, доир ба натиҷаи таҳқиқотҳои соҳаи тибби ниёгон, фарҳангшиносию забоншиносӣ мубодилаи мутақобилан судманди афкор намуда, баҳрабардорӣ кунанд.
Басо рамзист, ки миқдори ширкаткунандагон ва доираи ҷуғрофии онҳо васеъ гардида, дар кори он олимони маъруфи 12 муассисаи таълимию илмии Тоҷикистон, 7 муассисаи таълимию илмии Корея, 3 муассисаи таълимию илмии Россия (Бошқирдистон, Волгоград, Уфа), Донишгоҳи давлатии Қизил-Ӯрда ба номи Коргит-Атаи Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ба номи И. Арабаев, Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ӯзбекистон, Донишкадаи забони ба номи Р. Ачаряни Арманистон, Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Белорусия ширкат варзиданд. Иштироки фаъоли олимони хориҷӣ аз таваҷҷуҳи зиёди онҳо нисбат ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва дастоварҳои назарраси илмии олимони Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳодат медиҳад.
17-уми июли соли 2018 инчунин Конференсияи илмӣ-амалии VIII-умин Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Экология, сайёҳӣ ва саломатӣ» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид. Дар кори конференсия ба ғайр аз олимони тоҷик беш аз 60 нафар олимону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тамбов (Россия), Академияи давлатии тиббии Ижевск (Удмуртия – Россия), Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ба номи Н. Н. Бурденко (Россия), Донишгоҳи давлатии тиббии Қарағанда (Қазоқистон), Донишгоҳи байналмилалии Вестминстерский дар Тошканд (Ӯзбекистон), Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯ Алӣ ибни Сино (Ӯзбекистон), Донишгоҳи қирғизу словянии Бишкек ба номи Б. Н. Елтсин (Қирғизистон) ва ғайра ширкат варзиданд.
Китобхона ва анъанаҳои хосаи китобдорӣ
Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар қатори намоёнтарин китобхонаҳои донишгоҳӣ буда, аз лиҳози фондҳои мавҷуда беҳтарин ва калонтарин китобхонаи тахассусӣ ба шумор меравад. Китобхонаи донишгоҳ соли 1939 ташкил шуда, дар давоми 80 соли фаъолият ба ташаккули анъанаҳои хосаи китобдории худ муваффақ гашта, тайи солҳои дароз маҳсули зиёди нашриётиро дастраси мухлисони адабиёти тиббӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи он гардонидааст.
Соли 2017 Китобхонаи илмии донишгоҳ ба бинои нави таълимӣ воқеъ дар шаҳраки Шифобахш кӯчонида шуда, барои донишандӯзии хонандагони китобхонаи илмӣ толорҳои зебову барҳаво ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 744 252 нусхаро ташкил медиҳад, ки 498882 (67%) нусхаи он адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 245370 (33%) захираҳои электронӣ мебошад.
Дар китобхона то ба имрӯз китобҳои нодири тиббии чопи солҳои 1791 – 1926, аз ҷумла 98 номгӯи китобҳои то инқилоби Октябр дар Москва, Париж, Вена, Лейптсиг, Ню-Йорк чопшуда ҳифз карда мешаванд. Айни замон китобхонаи илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ дошта, узви Ассотсиатсияи китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад.
Китобхона дорои шуъбаҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ, пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт буда, аз «Толори тиб ва табиатшиносӣ», «Толори Синошиносӣ», «Толори илмӣ», «Толори электронӣ», «Толори хониш» ва маркази «Фарҳанги Эрон» иборат аст ва сомонаи худро дорад, ки устодону донишҷӯён ба воситаи интернет аз он фаъолона истифода мебаранд. Аз ин сомона дар як сол зиёда аз 22 ҳазор нафар истифода мебаранд. Чунин усули ҷалби ташнагони китобҳои дарсӣ ва бадеиро на дар ҳама муассисаҳи олии кишвар мушоҳида кардан мумкин аст.
Имрӯз китобхона ба истифодабарандагони худ барои дастрасии ҳуҷҷатҳои мукаммал, матн дар реҷаи off-line ва on-line (китобҳои электронӣ, лексияҳо, мақолаҳои маҷаллаҳои илмии ФР ва хориҷӣ, видеофилм) шароит фароҳам овардааст.
Бояд қайд кард, ки то ба имрӯз дар ҳеҷ муассисаи олие чунин толорҳои замонавӣ ва шароити хуби хизматрасониро мушоҳида накарда будем.
Дар донишгоҳ ду маҷаллаи илмӣ-амалӣ бо номи «Авҷи Зуҳал», бо забони давлатӣ, ки дар КОА ҶТ ба қайд гирифта шудааст, «Паёми Сино» бо забони русӣ, ки дар КОА ФР ба қайд гирифта шудааст ва як рӯзнома бо номи «Ворисони Сино» амал мекунанд, ки ба ғайр аз паёму хабарҳои донишгоҳӣ инчунин мақолаҳои илмиву тахассусӣ пайваста дар онҳо чоп мешаванд ва ҳар як нусхаи онҳо дар китобхона нигоҳ дошта мешавад.
Хобгоҳ
Донишгоҳ дорои 7 хобгоҳи замонавӣ буда, 1957 нафар донишҷӯён бо ҷойи хоб таъмин карда шудаанд, ки аз ин шумора 775 нафар духтарон мебошанд. Донишҷӯёни ятими кулл ва маъюб аз пардохти маблағҳои коммуналии хобгоҳҳо ва маблағи зист озоданд. Хобгоҳ дорои ҳама шароитҳо барои зист буда, як хобгоҳи чорошёна танҳо барои онҳое ҷудо карда шудааст, ки бо квотаи президентӣ таҳсил мекунанд.
Дар оғози соли таҳсили 2018-2019 Пешвои миллат ба бинои нави хобгоҳ асос гузоштанд, ки бояд то соли 2021 мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар оянда бунёди як хобгоҳи 9-ошёна барои донишҷӯён, як хобгоҳ барои омӯзгорон дар шаҳраки Шифобахш ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати ба истифода додани ин ду бинои нави ба нақша гирифташуда, эҳтиёҷоти донишҷӯён ба хобгоҳ пурра таъмин хоҳад шуд. Дар шаҳраки Шифобахш инчунин бунёди як ошхонаи дуошёна низ ба нақша гирифта шудааст.
Фаъолияти илмиву эҷодӣ
Дигар ҷабҳаи асосии фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти илмиву эҷодӣ ва табобативу инноватсионӣ муайян шудаст. Саҳми олимони донишгоҳ дар татбиқи Барномаву стратегияҳои давлатӣ дар соҳаи илм ва технология назаррас аст. Аз ҷумла, дар доираи “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва самтҳои афзалиятдоштаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати ҶТ муайян кардааст, 12 лоиҳаи аз тарафи буҷаи давлатӣ маблағгузоришаванда ва 27 мавзуи ташаббусии илмии кафедраҳоро роҳандозӣ намудаанд. Бояд тазаккур дод, ки 12 лоиҳаи илмии дар соли таҳсили 2016-2017 оғозгардида хусусияти бунёдиву инноватсионӣ дошта, бо истифодаи усулҳои муосири тадқиқотӣ мураттаб гардидаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки заминаи моддию техникии донишгоҳ барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ташаккул ёфта, имкониятҳои васеи гузаронидани тадқиқотҳои муосир пайдо гардидааст.
Яке аз самтҳои афзалиятдоштаи илм ва фаъолияти инноватсионӣ дар ҶТ тибқи Барномаи зикргардида – ин ташаккули усулҳои табобат тариқи ҳуҷайрадармонӣ ва пайвандсозии узвҳо мебошад. Олимони донишгоҳ дар ин самт пешоҳанг буда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Бо ибтикори ректори донишгоҳ дар соли таҳсили 2016-2017 дар пойгоҳи Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон кафедраи трансплантология ва ҷарроҳии инноватсионӣ таъсис дода шуд. Таъсиси кафедра баҳри вусъат ёфтани корҳои илму инноватсионӣ саҳм гузошт. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд олимони донишгоҳ тавонистанд аввалин маротиба пайвандсозии ҷигар ва мағзи устухонро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд, ки ин дастоварди намоёни олимони тоҷик ба ҳисоб меравад.
Кормандони озмоишгоҳи селулаҳои бунёдӣ корҳои тадқиқотиву озмоишии худро мукаммал намуда, усулҳои муосири табобатиро тариқи ҳуҷайрадармонӣ ба роҳ мондаанд. Дар маркази ташхисию табобатии донишгоҳӣ бахши ҳуҷайрадармонӣ таъсис дода шуда, танҳо тайи 2 соли охир ба бештар аз 50 нафар беморон бо ин усул табабат ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳо
Яке аз дастовардҳои бузург дар соли 2017 ба истифода додани Маркази таълимӣ-илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия” дар масоҳати 383 метри мураббаъ буда, бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа мавриди истифода қарор дода шуд. Бо дарназардошти он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва таҳияи доруҳо бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистонро яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи фарматсия меҳисобад, дар маҷмуъ, дар Марказ тайёр кардани 52 номгӯи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ҶТ ба роҳ монда шудааст.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади беҳтару хубтар гардонидани шароити донишандӯзии донишҷӯён ва шароити кории устодон азнавсозии 2 бинои сохтмонаш нотамоми воқеъ дар шаҳраки Шифобахшро бо истифодаи самараноки маблағҳои хусусии донишгоҳ ба анҷом расонида, дар оғози соли нави таҳсили 2018-2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва дарси аввал низ аз тарафи Пешвои миллати мо маҳз дар ҳамин бинои муҳташам гузаронида шуд. Боиси тазаккур аст, ки дар бинои мазкур Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бунёд шуда, аз 14 кабинети асосии тахассусӣ иборат мебошад: бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона ва неонатология, акушерӣ-гинекологӣ, кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, офталмология, оториноларингология, стоматология, толорҳои маводию пешазҷарроҳӣ, толои ҷарроҳӣ, травматология, муоширати касбии тиббӣ. Ҳамаи кабинетҳо бо симуляторҳои муосири электронӣ, муляжҳо, фантомҳо, таҷҳизоту асбобҳои тиббии замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Кабинетҳои Маркази симулятсионӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо сифати баланд сохта шуда, бо компютерҳо, асбобҳои мултимедӣ, тахтаҳои интерактивии электронӣ, телевизорҳо, DVD, мизу курсиҳою таҷҳизоти замонавии тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар марказ шароити муфиди таълимӣ барои омӯзишу сайқал додани зиёда аз 400 малакаҳои амалӣ ва муоширатии касбӣ муҳайё карда шудааст.
Шӯроҳои диссертатсионӣ
Ҳамасола бештар аз 30 то 40 рисолаҳои илмӣ аз тарафи аспирантону унвонҷӯён таҳия ва барои ҳимоя пешниҳод мегардад. Қаблан, вобаста ба ҷой надоштани Шӯроҳои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар кишвар аз рӯи ихтисосҳои зарураи соҳаи тиб аксарияти рисолаҳои илмӣ ҳимоя намегардиданд. Ин мушкилоти ҷиддӣ баҳри омода намудани кадрҳои илмӣ монеа мегардид. Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат ин мушкилот ҳалли худро ёфта, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ таъсис ёфт.
Дар донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ дар назди КОА Федератсияи Россия ва 4 Шӯрои диссертатсионӣ дар КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Таъсири шӯроҳои мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ нақши созанда гузошта, омодасозии кадрҳои илмӣ таъмин мегарданд, ки дастоварди назаррас арзёбӣ мешавад. Дар соли 2018 дар шӯроҳои диссертатсионӣ 40 рисолаи илмӣ ҳимоя карда шудааст, ки аз онҳо 6 рисоларо рисолаи илмии докторӣ ва 34 рисолаи илмии номзадӣ ташкил медиҳад.
Дар давраи солҳои 2008-2018 бештар аз 12000 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 5900 мақолаи илмӣ, ки 400 мақола дар хориҷа дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ ба табъ расонида шудааст ва 119 монография таҳия гардидааст.
Донишгоҳи тиббӣ дар амалӣ намудани “Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015” нақши назаррас гузошта, айни замон низ фаъолияти пурсамар дорад. Тибқи дурнамои нақшаи Барнома ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ дар давраи солҳои 2009-2015 ҳимояи 182 рисолаи илмӣ ва 40 рисолаи докторӣ муайян гардидааст. Аз рӯи нақша, танҳо саҳми донишгоҳ дар иҷрои Барнома 187 рисолаи номзадӣ (106,5%) ва 25 рисолаи докторӣ (62,5%) мебошад, ки нишондоди назаррас аст.
Саҳми олимони донишгоҳ дар таҳияи ғояҳои нав, маҳсули нерӯи зеҳнӣ вобаста ба мукаммал намудани усулҳои ташхису табобат, навовариву ихтироъкорӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот назаррас аст. Ихтироъкориву навоварӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти олимони донишгоҳ муайян гардида, теъдоди умумии ихтироот ва пешниҳоди навоварӣ дар самти мукаммал намудани усулҳои табобати бемориҳои мураккаби ҷарроҳӣ зиёд гардиданд. Дар давраи солҳои 2008-2018-ум 157 ихтироот ва 424 пешниҳоди навоварии олимони донишгоҳ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2018 аз ҷониби олимони донишгоҳ то 23 ихтироот бо гирифтани патентҳо ва то 65 пешниҳодҳои ратсионализаторӣ барои беҳтар кардани ташхису табобати беморон ворид карда мешаванд.
Дастовардҳои илмии олимон дар тибби амалӣ васеъ ворид гардида, ба иқтисодиёти муассисаҳои давлатӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Олимони донишгоҳ дар байни ихтироъкорони ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷои аввал ноил гаштанд ва барои беҳтарин ихтироот дар соҳаи синтези мураккаботи координатсионӣ ва истифодаи он дар тиб бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ 26-уми апрели соли 2017 дар асоси Қарори комиссияи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016» доктори илмҳои химия, профессор Раҷабов Умаралӣ “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон” дониста шуд. Дар ҷашни байналмилалии занони ихтироъкор, дар намоишгоҳи 10-уми ҷаҳонӣ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2018-ум 3 нафар омӯзгорон – занони ихтироъкори кафедраҳои донишгоҳ сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Инчунин Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҷоизаи махсус – Шоҳҷоизаи озмуни KIWA, медали тилло, мукофоти махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Олмон ва бо сертификати Ассостсиатсияи ихтироъкорони Тайланд барои корҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи тиб сазовор дониста шуд.
Фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён
Дар Донишгоҳи тиббӣ дар баробари корҳои илмиву тадқиқотии олимон ба фаъолияти илмиву эҷодии донишҷӯён аҳмияти махсус зоҳир мегардад. Дар назди кафедраҳои донишгоҳӣ маҳфилҳои илмӣ фаъол аст, ки барои инкишофи маҳорату малакаи илмиву эҷодии донишҷӯён нақши босазо мегузорад. Инчунин, платформаи бузурги омӯзишӣ – мактаби муҳаққиқони ҷавон ва мактаби тобистонаи илмӣ самаранок фаъолият менамоянд, ки дар кори онҳо пайваста олимони ҷавон ва донишҷӯёни хориҷӣ ширкат меварзанд.
Маҳфили «Ҷарроҳони ҷавон» дар назди Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, маҳфили «Тиб бо англисӣ» аз дастовардҳои намоёни ҷамъияти илмии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён бо иштироки намояндагони хориҷӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад, ки баҳри ҷалби ҷавонон ба корҳои илмиву эҷодӣ ва муаррифии корҳои илмии онҳо ба олимони ватаниву хориҷӣ нақши босазо мегузорад.
Дар тӯли фаъолияти 7-солаи худ (аз соли 2011) Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба бисёр дастовардҳои илмиву омӯзишӣ ноил гардидааст. Мақсади ташкили Мактаби тобистонаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ ва татбиқи назария ба амалия мебошад. Ҳангоми сайру саёҳат намудан аз муҳити атроф бисёр чизҳоро омӯхта, аз таърихи куҳанбунёди кишварамон ва рушду нумуи пойтахтамон – шаҳри Душанбе воқиф мегарданд. Робитаҳои дӯстии байни донишгоҳҳо густариш меёбанд. Дар доираи Мактаби тобистона донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои тиббии кишварҳои ИДМ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад менамоянд. Аминем, ки минбаъд низ Мактаби мазкур барои густариши равобити илмию фарҳангии байни донишгоҳҳо ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ саҳми босазои худро мегузорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хориҷиёне, ки як маротиба ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ташриф меоранд, бо таассуроти баланду ногуфтанӣ бармегарданд ва хоҳиши такроран ба Тоҷикистон омаданро мекунанд. Сол то сол шумораи иштирокчиёни Мактаби тобистонаи байналмилалии донишгоҳ зиёд шуда истодааст.
Инчунин, дар доираи Мактаби тобистонаи байналмилалии донишгоҳ Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии донишҷӯёну олимон гузаронида мешавад. Дар Мактаби тобистонаи байналмилалии донишгоҳ ҳамасола дар қатори донишҷӯёну олимони донишгоҳ беш аз 60 нафар донишҷӯёну олимони донишгоҳҳои тиббии Россия (аз Тамбов, Ижевск, Воронеж, Удмуртия, Башқирия), Украина (аз Луганск, Харков), Белорусия (аз Минск), Қазоқистон (аз Остона, Алмаато, Қарағанда), Ӯзбекистон (аз Тошкент, Бухоро, Самарқанд), Қирғизистон (аз Бишкек, Ош) ширкат мекунанд, ки обрӯю нуфузи ватани азизамон Тоҷикистон ва миллати бофарҳанги тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Фаъолияти байналмилалии ДДТТ
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои олии тиббии ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин самт низ Донишгоҳи тиббӣ муваффақият ба даст оварда, дар марҳилаи имрӯза ин ҳамкориҳо бо бештар аз 114 муассисаи таълимиву илмии хориҷа ба роҳ монда шудааст. Ин имконият дод, ки яке аз талаботҳои дигари системаи таҳсилоти муосир – мубодилаи академикии омӯзгорону кормандон комилан ба роҳ монда шавад. Ҳамасола тибқи мубодилаи академикӣ зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар донишгоҳҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, пайваста муҳассилини донишгоҳҳои хориҷӣ дар ДДТТ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки аз дар сатҳи байналмилалӣ қарор доштани системаи таҳсилоти Донишгоҳи тиббӣ шаҳодат медиҳад ва чунин таҷриба боиси боз ҳам баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёну устодон мегардад. Дар доираи лоиҳаи мазкур танҳо дар соли 2018-ум 87 нафар донишҷӯёни ватанӣ дар 8 донишгоҳи хориҷӣ (Италия, Эстония, Россия, Белорусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Бошқирдистон) ва 102 нафар донишҷӯён аз 10 донишгоҳи хориҷӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд.
Инчунин, 3 нафар аз омӯзгорони ДДТТ дар 3 донишгоҳи хориҷӣ ва 45 нафар омӯзгорони хориҷӣ аз 14 донишгоҳ ба ДДТТ омада, ба донишҷӯён дарс гуфтаанд.
Донишгоҳи тиббӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, аз ҷумла лоиҳаи “Tajik Aid Medical Care”, лоиҳаи «Диабети гестатсионӣ дар байни ҳомилагони Осиёи Марказӣ» (GESDICA, Олмон), лоиҳаҳои Пажуҳишгоҳи Роберт Кох, IncoNetCA ва Вазорати федералии маориф ва илми Олмон – “Биобехатарӣ ва биомуҳофизатӣ – тадқиқоти реши сибирӣ ва туляремия дар Тоҷикистон” ва “Таҳким ва ташхиси бехатари бактерияи ниҳоят хатарнок Bacillus anthracis дар Тоҷикистон”, Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», DAAD ва ғайраҳоро амалӣ намудааст.
Шарикони байналмилалии Донишгоҳи тиббӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, барномаи Эрасмус+, Клиникаи Донишгоҳи Гётеи Франкфурти лаби Майн (Олмон), Донишгоҳи илми тибби Литва, Донишгоҳи тиббии Қарағанда (Қазоқистон), Донишгоҳи тиббии Белорусия, донишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Москва, Самара, Оренбург, Томск, Қазон, Ижевск ва Воронеж ба ҳисоб мераванд.
Дар Донишгоҳи тиббӣ 1384 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз 16 давлати дунё таҳсил менамоянд, ки яке аз нишондодҳои назарраси фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Танҳо аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 1100 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки маблағи таҳсили онҳо ҳамчун инвестори беруна ба Тоҷикистон ворид мегардад, ки дастоварди назарраси иқтисодӣ низ ба ҳисоб меравад.
Иштирок ва ғолибият дар олимпиадаҳо
Донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамасола дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Чунончи, 22 ва 23-юми июни соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав олимпиадаи Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни 39 мактаби таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи 11 фанни таълимӣ иштирок намуда, Сангинов Фирӯз Облоқулович – донишҷӯи курси 3-юми факутети тиббӣ, гуруҳи 36 аз фанни химия ҷойи аввалро соҳиб гашт ва ба ӯ “Ҷоми академияи илмҳои ҶТ” тақдим карда шуд. Ҳамдамов Аҳлиддин Мирзонаимович – донишҷӯи курси 3-юми факултети НТҶ, гуруҳи 3 аз фанни таърихи халқи тоҷик бо ифтихорномаи “Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониш”, Ҳайдарова Сабрина Хайруллоевна – донишҷӯи курси 2-юми факутети тиббӣ, гуруҳи 37 аз фанни забони англисӣ бо ифтихорномаи “Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи А. Дониш ” қадрдонӣ карда шуданд.
Санаи 15 ва 16-уми марти соли 2018 бошад, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи V-уми ҷумҳуриявии донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи 13 фанни таълимӣ аз 25 МТОК донишҷӯён ҷамъ оварда шуданд. Дар ин олимпиада донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
ДДТТ: ҷойи якум дар масъалаи таъмин бо ҷойи кор
Бояд қайд кард, ки яке аз сабабҳои баланд будани талабот барои таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки айни замон аз рӯи интихоби довталабон дар Маркази тестӣ аз се донишгоҳи серинтихобтарин ба ҳисоб меравад, он аст, ки дараҷаи ба кор таъминшавӣ баъди хатми он аз ҳама баланд аст ва миёни муассисаҳои олии кишвар ҷои аввалро ишғол менамояд. Чунин сатҳи баланди бо кор таъминшавӣ дар ҳеҷ яке аз муассисаҳои олии кишвар мушоҳида намешавад. Азбаски хатмкунандагони донишгоҳ баъди хатм аз давраҳои ҳатмии зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ (ординатураи клиникӣ – 2 сол ва интернатура – 1 сол) мегузаранд, нишондоди бо кор таъминшавии хатмкунандагон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баъди таҳсил дар зинаҳои номбаршуда омӯхта мешавад, ки нишондоди охирини он ба 92,3% баробар аст.
Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ бо хатми зинаҳои таҳсилоти тодипломӣ (таҳсили 5-6-сола) дараҷаи тахассусии “мутахассис” дода мешавад. Дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ – интернатура, ординатураи клиникӣ ва магистратура хатмкунандагон метавонанд ба 42 ихтисоси маҳдуд соҳиб шаванд.
Омӯзиш ва баррасии мо нишон дод, ки донишгоҳи мазкур аз рӯи маҷмуи самтҳои тайёр намудани маълумот (ихтисос) назир надорад. Мактабҳои махсуси педагогии илмӣ ва клиникӣ, пойгоҳи хусусии клиникӣ (беморхонаҳои клиникии донишгоҳӣ, дурнамоҳои таҳсил барои давраи таҳсили баъдидипломӣ, иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ, серталабии хатмкунандагон дар бозори меҳнат, барномаҳои маълумоти иловагии касбӣ, ҳаёти берун аз аудиториявии донишҷӯӣ (Ансамбли «ШИФО»), сексияи варзишӣ ва ғайра) аз мисолҳоеянд, ки далелҳои овардаи моро тасдиқ мекунанд ва ҳадафи донишгоҳро, ки “Баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯю рақобатпазири бозори ҷаҳонии меҳнат” мебошад, пурра дар амал татбиқ менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин боргоҳи ҳунари дорои нерӯи бузурги созанда анъанаҳои миллии худро ҳифз намудаву малакаҳои тиббиро ташаккул дода, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ муваффақият ба даст меорад ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025 аз муассисаи таълимӣ ба Маҷмааи илмӣ-инноватсионии таълимӣ табдил ёфта, дар таъмини таҳсилоти пурсамар, тайёр кардани мутахассисони баландсифати сатҳи ҷаҳонӣ ва хизматрасонии инноватсионии табобатӣ дар ҷумҳурӣ ва Осиёи марказӣ мавқеи пешоҳанг пайдо хоҳад намуд.
Дар ҷамъбаст мехоҳем бо чор мисраъ аз гимни ДДТТ мисол орем, ки шиори воқеии донишҷӯёну устодони ин муассисаи бузурги таълимии тиббӣ ба ҳисоб меравад:
Саломатии одамон
Барои мо саодат аст.
Нишоту хандаи лабон
Барои мо ибодат аст.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ