– Хуш, бемор, чӣ дард шуморо азият медиҳад?
– Акаи табиб, фишорам баланд, сарам чарх мезанад, мувозинатамро нигоҳ дошта наметавонам, гӯшҳоям ҳуштак мекашанд, маҷоли роҳгардӣ надорам.
– Иштиҳоятон?
– Ҳар чӣ пеш омад, хуш омад.
– Ана ҳамин коратон хуб нест бемор, боз мегӯед, ки ман касал. Намедонед, ки дар асри техника ва кашфи кайҳон умр ба сар мебарем. Маслиҳат медиҳам, ки бештар хӯрокҳои серғизо истеъмол намоед. Хоби шаб чӣ гуна?
– Нагӯед, акаи табиб, субҳидам ғанабам мебараду халос. Тамоми шаб пуштаку рӯ, худ ба худ гап мезадаам. Баъзе шаб додувой карда, аз хоб мехестаам, хонаводаро безобита мекардаам.
– Хуб, шуморо як-ду рӯз ташхис мегузаронам, баъд табобатро оғоз мекунам. Як чизро аниқ гӯям, ки имрӯзҳо дар бемористонҳо беморонро бо маблағи худашон табобат мекунанд. Албатта, медонед, ки дасти табибро сафед кардан даркор.
– Мефаҳмам, акаи табиб, муҳим он аст, ки мо шифо ёбем.
– Ташвиш накашед, ҳамаи кори аз дастамон меомадаро мекунем.
Баъди чанд рӯз акаи табиб варақаи ташхисро манзур кард:
– Бемор, фишоратон баланд, асабатон хароб, рагҳои хунгард танг шудагӣ, системаи ҳозимаатон хунук бардоштагӣ. Ба ғайр аз ин, гурдаатон газак дорад.
– Ҳама ҷоям касал будааст-ку…
– Ташвиш накашед, табобат мекунем, ҳамааш хуб мешавад. Доруҳое, ки ба дарди шумо даво аст, дар ин варақча навиштагӣ. Аз дорухона мехаред, мо табобатро оғоз мекунем. Фақат фаромӯш накунед, ки ба истеъмоли саривақтии доруҳои тавсияшуда ҷиддӣ риоя кунед.
Табобат оғоз ёфт, дар як рӯз ду маротиба қатрадору, сӯзандору ва дигар намудҳои доруи хушк қабул мекардам. Оҳиста-оҳиста садои гӯшҳо, чархзании сар ва сихзании дил кам шуд, вале иштиҳо набуд. Аз табиб пурсидам. Ӯ гуфт:
– Оши палав, гӯшти бирён, ширинии зиёд нахӯред. Оби хунук, шароб нанӯшед.
– Фавқулодда, нӯшам-чӣ?
– Пеш аз муҳлат мемуред.
– Хайр, чӣ хӯраму чӣ нӯшам, акаи табиб?
– Хомшӯрбои гӯшти буз, мурғи хонагӣ, хӯрокҳои суюқ. Нӯшидани чойи алафӣ, шарбати мевагиро фаромӯш накунед. Зинҳор гӯшти мурғи мағозаро нахӯред.
– Ака, як чизи дигар пурсам, мумкин? Кадом намуди бузро истеъмол кардан фоиданоктар аст?
– Дар тирамоҳу замистон гӯшти бузи сиёҳ, дар баҳор бузи зарди сурхчатоб, дар тобистон бузи рангаш сафед ё ала. Ҳар ранг ба худаш миҷози хоса дорад.
– Ташаккур, ака…
Табобат анҷом ёфту ба хона баргаштам, дар хона аз рӯи маслиҳати табиб амал кардам. Намедонам, таъсири доруҳои фармудаи табиб буд ё хомшӯрбои бузӣ, ки дар рӯям сурхӣ дамида, тани лоғарам вазн гирифт. Донистам, ки сари вақт хӯрдани хӯроки серғизо, дар тобистон истеъмол кардани равғани наботот ва дар замистон истеъмол кардани равғани ҳайвонот аз фоида холӣ набудааст. Ташаккур ба акаи табиб барои маслиҳатҳои додааш…
Қ. ҶОМӢ