“Танин” чӣ иштибоҳ кард?

Мурофиаи судии як сокини шаҳри Хуҷанд ва телевизиони “Танин” ба анҷом расид. 23-юми январ Суди шаҳри Хуҷанд 6 нафар – се масъули телевизион ва се ҳамсуҳбати онро 23 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Кормандони ТВ ҳар яке 5-ҳазорӣ, ҳамсари собиқи даъвогар низ 5, модари 79-солаи ӯ – 1 ва раиси занони маҳаллаи онҳо – 2 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Тибқи қарори суд, ин ҷуброни хисороти маънавӣ бояд ба ҷабрдида Гулнора Аминова супорида шавад. Илова бар ин, аз ТВ “Танин” тақозо мешавад, ки раддия пахш кунад.
Ҳарчанд феҳристи ҷаримашудагон баёнгари як парвандаи соддаи оилавист, дар асл беш аз як сол тӯл кашидани он ишора ба содда набуданаш мекунад. Ин як баҳси марбут ба рӯзноманигорист, аммо гиреҳхӯрда бо масоили оилавӣ. Маҳз ин нукта Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро ба пайгирии парванда таҳрик дод. Ҳамон натиҷае ба даст омад, ки аз оғоз дар ҳадсу гумонҳои мо вуҷуд дошт. Мо ҳам бештар рӯи баҳси марбут ба пешаи худ – рӯзноманигорӣ тамаркуз кардем ва ҳоло хулосаи мо.

“Зулму ситам”
20 (21)-уми декабри соли 2016 ТВ “Танин” барномае аз рӯзгори як марди “бесарпаноҳ”-ро пахш кард. Қурбон Миробидов – ҳамсари собиқи Гулнора Аминова дар ин барнома (сабташ дар ихтиёри мо қарор дорад) нақл мекунад, ки дар гузашта соҳиби чанд хонаву дар буд, аммо дар пайи “ҷабру зулм”-и ҳамсари собиқ умуман бехона монда, худ дар манзили модар ва ҳамсари кунуниаш бо тифли 11-моҳа дар хонаи падар, ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд. Дидани ин навор ҳиссеро ба вуҷуд меорад, ки маҳз “зулму ситам”-и ҳамсари собиқаш ӯро дарбадар кардааст ва ҳам ин сарнавиштро барои ӯ суд аз роҳи қонун рақам задааст. Дар баҳсҳои қаблии судии ин оилаи собиқ як ҳавлӣ, ду ҳуҷра дар баландманзил, 3 гараж, ҳатто дӯкони тиҷоратии оилаи собиқи ӯ моли як тараф – Гулнора Аминова ва се фарзандаш эътироф шудаанд. Аз нақли Қурбон ва модару ҳамсараш бармеомад, ки суд ҳама корро кардааст, то аз ҳама чӣ маҳрум ва дар кӯча монанд.
10-уми январи соли равон Гулнора Аминова аз ТВ “Танин” ва ҳамсуҳбатҳояш ба Суди шаҳри Хуҷанд шикоят бурда, 800 ҳазор сомонӣ, бештар аз 90 ҳазор доллар, ҷуброни маънавӣ талаб кард.
Дар нигоҳи аввал, барномае, ки “Танин” омода кардааст, як ҳисси раҳму ҳамдилӣ ба Қурбон ва бадбинӣ ба Гулнораро ба вуҷуд меорад. Аммо он чӣ Гулнора бо мо дар миён гузошт…
Ӯ моҳи июл ба МТЖТ муроҷиат кард. Ин ҳама пас аз он буд, ки ташхисҳои мақомоти зидахл дар амри ошкор кардани ҳақиқати кор ба ҷое нарасиданд. Як таҳқиқи хурди қаблии МТЖТ нишон дод, ки ин барномаи “Танин” ҳақиқатро комилан чаппа нишон дода, як мушкили ошно, аммо таърифнашудае дар рӯзноманигории моро бармало кардааст…

“Дар барномаи оянда…”
Он ҳам адами тавозун ё баланс аст, ки ин барномаи “Танин”-ро метавон намунаи барҷастатаринаш номид. Қурбони 40-сола, модари 79-солааш Саиднисо Рустамова ва ҳамсари кунуниаш Зулайхои 28-сола, ҳамагӣ сокини деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Гулнора Аминова ва Суди шаҳри Хуҷандро дар мушкилоти худ, қабл аз ҳама бесарпаноҳӣ, гунаҳкор медонанд. Хуб, ҳақ доранд! Аммо аҷобат дар ин аст, ки аз аввал то охир, расо 30 дақиқа, на номи Гулнора Аминова зикр мешавад ва на суду судяи шаҳр ё ноҳияе, ки ҳукмро содир кардаанд!
Аз ин роҳ гӯё ТВ хостааст хатарҳои эҳтимолиро аз худ дур кунад, аммо инро ба назар нагирифт, ки як доираи муайян аз наздикон ва ё ҳамдеҳаву ҳамшаҳриҳо мухотаби онҳоро ҳатман мешиносанд. Дигар ин, ки дар ҳамчунин баҳсҳо мухотаб хаёлӣ буда наметавонад.
Муаллиф Парвона Аҳророва дар интиҳои барнома зикр мекунад, ки “дар барномаи оянда” назари “ҳуқуқшинос, иҷрочии суд ва ҳамсари собиқаш”, манзур Гулнора Аминоваро ҳам хоҳанд овард. Ҳатто вақте муаллиф мегӯяд, ҳадаф аз овардани ин саргузашт “поймол кардани ҳуқуқи ягон тараф нест” ва таҳиягарон ҳар як барномаро “аз чаҳорчӯбаи қонун набаромада” таҳия мекунанд, бехабар мондааст, ки хеле барвақт ҳуқуқи “ягон тараф”-ро поймол кардаву аз чаҳорчӯбаи қонун ҳам баромада рафтааст. Қисса кӯтоҳ, барнома бидуни тавозуну яктарафа пахш шуд ва ба таври худкор, ба Гулнора Аминова заминаи ба суд кашидани ТВ “Танин”-ро фароҳам сохт.

Чиро гуфт…
Ҳамсуҳбатони “Танин” – Қурбон, модар ва ҳамсари кунуниаш аз ҳукми Суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон Гулнора Аминова интиқод карданд. Ҳаққи қонунӣ доранд, аммо вақте иттиҳом зада мешавад, бояд далелу ҳуҷҷат низ медошт. Аз наворе, ки дар ихтиёри мост, чанд нуктаи асосиро мавриди зикр медонем, то рӯшан шавад, ки асли гап чӣ асту иштибоҳ дар куҷо содир шудааст. Муҳимтарин нуктаҳо, ки аз даъвои Қурбон ва бар асоси маводи “Танин” бармеоянд, чунинанд: 1) Ӯву Гулнора соли 1997 хонадор шуданд. Соли 2000 бо хоҳару додар ва ҳамсарони бародарони Қурбон муросо накарда, дар микрорайони 32-и шаҳри Хуҷанд як дуҳуҷрагӣ харида, кӯчида рафтанд; 2) Як сол баъд дар шафати дуҳуҷрагӣ Қурбон боз як якутоқа харид; 3) Соли 2010 ҳамсараш Гулнора “хасу чӯб”-у латукӯбро баҳона карда, тақозои ҷудошавӣ намуд; 4) 3 гараж дошт, ки Гулнора онҳоро пас аз ҷудо шудан фурӯхт; 5) Қурбон ҳамон ду ва якҳуҷрагиро ба фарзандонаш, ки аллакай се нафар (як писар ва ду духтар) шуда буданд, бахшид; 6) Писарашон Далер бо ӯ монд. Аммо пас аз дигарбора хонадор шудани падар дар соли 2013 ба назди модар рафт. Сабаб: латукӯб шудани ӯ аз сӯи падар ба он хотир, ки ҳар гапе, ки дар хонаи ӯ мешуд, писар ба модараш хабар медод. Модараш Гулнора писарашро ба экспертиза бурда, зидди падараш тавтиа кард; 7) 8 ҳазор долларро аз хонааш дар баландманзил дуздиданд; 8) Ҳавлии падариашро Гулнора тақсим карда, дар миён девор андохт. Хона мероси падари Қурбон буда, ба 7 меросхӯри ӯ тааллуқ дорад, на фақат Қурбон, аммо Гулнора нисфи онро соҳиб шуд; 9) Баъди як моҳи рафтани писар Гулнора дӯкони Қурбонро “кашида гирифт”. 1 – 1,5 сол бар дараш “муҳр заданд”, дар ҳоле ки Қурбон аз бонк қарздор буд ва ҳар моҳ бояд 600 сомонӣ алимент месупурд; 10) Дӯкон ё “контейнер”-е, ки Гулнора “кашида гирифт”, 120 ҳазор сомонӣ мол дошт ва бояд тақсим мешуд; 10) Қарори суд “сохтакорона” буд. Тамоми амволи муштаракро ба Гулнора дод, ҳатто дӯкон ё “контейнер”-еро, ки ба номи модараш – Саиднисо Рустамова буд. Ҳамин тавр, 2 хона дар баландманзил, 3 сотих ҳавлӣ бо хонаи истиқоматӣ ва 3 гараж (1 – 1,5-ҳазордолларӣ) пурра ба Гулнора гузашт. Маблағи “контейнер” (80 ҳазор сомонӣ) ва мошини “Жигули” (5 ҳазор сомонӣ) миёни онҳо тақсим шуд ва Қурбон ҳаққашро пурра барои алименти фарзандонаш пардохт намуд…
Он чӣ овардем, нуктаҳои асосии баҳс буд, ки рӯзноманигори “Танин” ба таври ҳатмӣ бояд месанҷид, сарашон тамаркуз мекард, зеро ин ҳама маҳз ба обрӯву эътибори Гулнора Аминова ва ҳукми суд рабт дошт. Кори сангин аст, аммо даъвоҳо бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ мешуданд.

… ва чиро нагуфт?
Аммо ҳуҷҷату асноде, ки Гулнора Аминова дар ихтиёри мо гузошт, тамоми даъвоҳои болоро ботил бароварданд. Аз рӯи ҳуҷҷатҳо, даъвоҳо на фақат сиҳат надоранд ё таҳриф шудаанд, балки ба дурӯғи маҳз табдил меёбанд ва барнома ҳам ба як матлаби ғайриҳирфаӣ. Далелҳои Аминова бояд дар баробари ҳар нуктаи даъвоҳои Қурбон ва наздикони ӯ оварда мешуданд. Ҳоло бубинед, ки Гулнора Аминова дар муқобили онҳо чӣ пешниҳод кард: 1) Хонаи дуҳуҷрагиро дар микрорайони 32-и шаҳри Хуҷанд на ӯву Қурбон, балки падари Гулнора харидааст. Онҳо ҳеҷ ҳаққе ба ин хона надоштанд, балки иҷоранишин буданд; 2) Якҳуҷрагии шафати онро ҳам на Қурбон, балки падар ва бародари Гулнора барои нигоҳ доштани моли тиҷораташон хариданд. Ҳарду хона ба номи модари Гулнора – Биҳурмат Аминова ҳуҷҷат шудаанд; 3) Соли 2010 Гулнора на барои “хасу чӯб”, балки дар пайи латукӯб (бино ба хулосаи Маркази экспертизаи вилояти Суғд аз соли 2010) ва дигар далелҳо тақозои талоқ кард; 4) “3 гараж” ба Қурбон рабте надоранд. Дар асл гап дар бораи 2 гараж меравад, ки моли падари Гулнора буданд; 5) Вақте хонаҳо аз Қурбон набуданд, мантиқан, ҳаққи бахшидани онҳоро ба фарзандонаш надошт; 6) Писараш Далер бо падар монд. Аммо пас аз дигарбора хонадор шудани ӯ дар моҳи январи соли 2013 моҳи майи ҳамон сол ба назди модар омад. Сабаб (ба қавли Гулнора): а) писар бо падару моиндар рост нагирифт; б) Далер бо падар ва соҳиби тиҷорат буд. Аммо пас аз соли 2013 Қурбон ӯро аз тиҷорат барканор карда, ба ҷои ӯ ҳамсари кунуниашро мегузорад. Далер аз ин кор ранҷида, ба назди модараш меояд; 7) 8 ҳазор долларе, ки дуздида шуд, ба қавли Гулнора, ҳеҷ рабте ба Қурбон надорад. Он чӣ ба яғмо рафт, ҷавоҳирот ва либосҳои пурқимати Гулнора буд, ки ниҳоят пайдо нашуд; 8) Ҳавлии падарии Қурбон дар асл 13 сотих аст, ки бародаронаш 6 сотихи онро ба ӯ дода буданд, яъне ҳеҷ кас ба он даъво надорад. Хонаро соли 2004 – 2007 онҳо (Гулнора ва Қурбон) бо пули тиҷорати худ сохтанд, на соли 2013, ки Қурбон мегӯяд. Ҳасан ва Комил Миробидовҳо, бародарони Қурбон дар суд эътироф кардаанд, ки ин хона солҳои 2004 – 2007 сохта шудааст, на 2013; 9) Дӯконро Гулнора бо кӯмаки падараш дар “Евроряд”-и бозори “Сомон”-и шаҳри Чкаловск ба 4 ҳазор доллар харида, соли 2009 ба номи Қурбон ҳуҷҷат кардааст; 10) “Контейнер” ҳамагӣ 20 ҳазору 300 сомонӣ бор дошт, ки ҳама бо ширкати ҷонибҳо (Гулнора ва Қурбон) ва иҷрочии судӣ ҳисоб шудааст.
Як нуктаи дигар ҳам ба суд рабт мегирад, аммо азбаски суд қарори худро баровардааст, онро дар барнома мешуд ҳамчун посухи расмӣ овард. Гулнора мегӯяд: 11) “Азбаски суд ошкор кард, ки аксарияти амвол ба ӯ тааллуқ дорад ва ҳама бар асоси ҳуҷҷат аст, чунин қарор баровард. Дӯкон ё “контейнер”-е, ки соли 2009 ба номи Қурбон сабт шуда буд, соли 2013, вақте гапи ҷудоии ҳамсарон баромад, бо таърихи гузашта – соли 2009 – ба номи модараш – Саиднисо Рустамова ҳуҷҷат шудааст. Ин сохтакорӣ аст. Ҳоҷӣ Карим, собиқ соҳибмулки бозори “Сомон” дар суд шаҳодат додааст, ки дӯкон ё “контейнер” танҳо як бор соли 2009 ба Қурбон Миробидов фурӯхта шудааст ва танҳо соли 2013 бо Саиднисо Рустамова шартномаи хариду фурӯш ва иҷора бастаанд. Суд маблағи “контейнер” (80 ҳазор сомонӣ) ва мошини “Жигули” (5 ҳазор сомонӣ)-ро, ки аллакай фурӯхта шуда буд, миёни онҳо тақсим кард ва ҳаққи Қурбон пурра барои алименти фарзандонаш то 18-солагиашон дода шуд…
Ин ҳама далелҳои Гулнора аст, ки тавре гуфтем, бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ шудаанд. Мо ҷузъиёти масъаларо намеорем, зеро ҳамаро суд баҳсу баррасӣ карда, хулоса баровардаст, аммо он ҳама аз сӯи “Танин” нодида гирифта шуданд. Агар рӯзноманигор ин ҳамаро ба назар мегирифт, ҳам як барномаи “кори калон” мекард ва ҳам кораш ба суд намекашид. Вақте чунин хатоҳои сирф касбӣ содир мешаванд, дигар ҷойи баҳс ҳам бо ҳукме, ки баромад, намемонад.

“Обрӯ”
7 моҳе, ки ин қазияро МТЖТ пайгирӣ мекард, бархе иттифоқоти ҷолибе низ афтода буданд. Аз ҷумла, мо натавонистем ниҳоят муайян кунем, ки “Танин” пас аз пахши барнома пушти вокуниши Гулнора Аминова шуд ё не, зеро аз ҳарду ҷониб ҷавоби мухталиф гирифтем: ТВ мегӯяд, ки даъвогарро даъват кардем, наомад, аммо ба суд дод, аммо даъвогар мегӯяд, ки то муроҷиаташ ба суд даъват нашудааст, балки эътирози ӯро нодида гирифтанд (чизе монанд ба “ҳар куҷое хоҳӣ, рав муроҷиат кун!”) ва маҷбур шудааст, ки ба суд муроҷиат кунад.
Дар ин миён, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон низ аризаи Гулнора Аминова ва вакили дифоъашро дар мавриди ҳамон барномаи “Оила”-и “Танин” ба баррасӣ гирифт ва ба ТВ маслиҳат дод, ки раддия нашр кунад. Зимни тамосҳои мустақими мо бо масъулини “Танин” (мудири ТВ – Шермуҳаммад Шерматов ва сармуҳаррир Қудратуллоҳ Раҳматуллоев), ба мо гуфтанд, ки омодаанд раддия пахш кунанд, аммо Гулнора Аминова онро қабул накардааст. Замоне, ки баҳси раддия мерафт, мурофиаи судӣ баргузор шуд ва қарори худро баровард.
Дар замони мо фоҷиаҳои оилавӣ кам нестанд. Ин хоси як ҷомеаи зинда аст. Аммо азбаски дар Тоҷикистон бахусус вақтҳои охир ин мавзуҳо ҳассос шудаанд ва зиёд мушоҳида мешавад, ки рӯзноманигорон маъмулан аз як ҷониб иттилоъ пахш мекунанд, хавфи дастбагиребониҳои судӣ низ ба миён меоянд. Зану шавҳар метавонанд тариқи суд ё муомилаҳои инсонӣ ба ҷое расанд, зеро ё фикри ояндаи худу фарзандонашонро мекунанд, ё сари ягон иттифоқи назаре меоянд. Аммо иштибоҳеро, ки рӯзноманигор мекунад, оё метавон ҷуброн кард?
Ҳанӯз дар оғози таҳқиқ Гулнора Аминова дар посух ба суоли мо – “чаро аз ҳалли мусолиматомези баҳсаш бо “Танин” худдорӣ кард ё ҳадафаш рӯёндани ҷуброни калон дар ҳаҷми 800 ҳазор сомонӣ аст?” чунин посух дода буд: “Агар боигарии дунёро диҳед ҳам, обрӯи инсонро баргардонда наметавонед”.
Шояд ТВ “Танин” бар ин буд, ки як “шоу”-и монанд ба барномаҳои русӣ кунад, аммо хатои ҳирфаӣ кард ва ҳоло бояд бо қарори суд онро ислоҳ кунад…

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь