Яке аз писарони Бердибой бо номи Ашӯр дар шаҳри Хуҷанд чандин сол боз ба хариду фурӯши мошинҳои аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшуда машғул аст ва аз ин кор даромади хуб мегирад. Ӯро барои нархҳои боинсофона, меҳмондӯстӣ ва хулқу рафтори хубаш тамоми бачаҳое, ки аз ҷануб барои харидории мошинҳо ба шаҳри Хуҷанд меоянд, нағз мебинанд.
Роҳат як муштарии доимии Ашӯр ба ҳисоб меравад ва ҳамавақт мошинҳоро аз ӯ харидорӣ менамояд. Муносибатҳои тиҷоратии онҳо солҳои тӯлонӣ идома дошта, ин робитаи дӯстонаро аҳли хонавода низ медонанд.
Се моҳ пеш падари Роҳат аз олам гузашт. Ашӯр дар Олмон буд ва дар ҷаноза иштирок карда натавонист. Пас аз се моҳ бо Роҳат вохӯрда, ҳамдардӣ баён намуд.
Ҳар дафъа Роҳат Ашӯрро ба меҳмонӣ ба зодгоҳаш таклиф менамуд. Ашӯр ваъда мекард, ки ҳатман меравад, вале бо ҳар баҳона намерафт. Ин дафъа дар дил азм намуд, ки бояд равад ва ба руҳи падари Роҳат дуо кунад. Дар бораи ин азмаш падарро низ хабардор намуд. Бердибой ин азми писарро кори хубу савоб ҳисобид ва баъди каме андеша гуфт:
– Намешавад маро низ ҳамроҳ баред?
– Чаро не? Албатта мебарем,- гуфт Ашӯр.
Ҳамин тавр, як рӯз Ашӯр ҳамроҳи падар ба сафар баромаданд. Баъди панҷ – шаш соат роҳи тӯлонӣ ниҳоят бегоҳӣ ба манзили Роҳат расиданд. Баъди хӯроки шом Бердибой ва Ашӯр барвақт хуфта, саҳар бо Роҳату бародаронаш наҳорӣ намуданд. Нисфирӯзӣ Роҳат чанд ҷӯраашро таклиф намуда ва меҳмондории асосии Ашӯру Бердибойро низ дар хӯроки нисфирӯзӣ гузошта буд.
Баъди намози пешин ва хӯроки нисфирӯзӣ меҳмонон, ки ҳамагӣ ҷавонон буданд, дар долони меҳмонхона байни ҳам баҳсҳо намуданд. Баҳсҳои эшон на сари тиҷорат ва ё муаммое, балки сари масоили шариату дин мерафт. Яке мегуфт, почаи дароз намоз гузоштан гуноҳ аст, бояд ҳатман почаи кӯтоҳ намоз хонда шавад. Дигарӣ мегуфт, ки агар риш мегузоред, ҳатман бояд дароз гузошта шавад, суннати риш як қабза аст. Савумӣ мехост дар бораи кадом моли иронӣ таъриф кунад, ки нафаре гуфт: «Шариф, магар ту шиа шудаӣ?». Ин дам дар бораи хатари шиа баҳс доман гирифт. Аз Эрон як душмани бузург ва ашаддӣ ба вуҷуд оварданд. Агарчи Ашӯр як «ҳа» ё «не» гуфта ҷавоб диҳад, дигар тамоми ҷавонон дар мубоҳиса иштирок намуда, ақидаҳои худро баён менамуданд. Танҳо Бердибой буд, ки ба баҳсҳо ҳамроҳ намешуд. Ӯ сараввал ба ҷавонон бо диққат гӯш дода, ба дил шукрона намуд, ки бачаҳои кӯчаи ӯ чунин баҳсҳо намекунанд. Баъд ба ҳотаи калони назди ҳавлӣ нигарист. Манзараҳои атроф ва баҳси ҷавонон ӯро ба дарёи фикру андеша ғӯттавар намуда буд. Дар ҳоле, ки ҷавонон дар бораи почаи боло намоз хондану риши дароз ва ё шиаву сунӣ баҳс менамуданд, ӯ андеша мекард, ки чаро баҳор ним шудаасту касе ин заминро шудгор намекунад? Чаро шиғи (забори) гирди ҳавлӣ ҳар ҷо – ҳар ҷо валангор шудаасту касе онро дуруст намекунад? Чаро аз ҷои валангори шиғи ҳавлӣ говҳои бегона медароянд ва ин чиз касе аз соҳибхонаҳоро халалдор намесозад? Ба атроф нигариста, ба дил меандешид: «Ин замини наздиҳавлигӣ, ки тахминан 10 сотиқ масоҳат дорад ва ҷӯйбори об аз наздикиаш мегузарад, барои пиёзкорӣ хеле мувофиқ аст. Агар дар он пиёз корида шавад, метавон дар ҳаҷми 5 тонна пиёз ҳосил гирифт. Чунки ин минтақа бисёр офтобрӯя ва ҳосилхез аст. Алъон дар бозор пиёз 3 сомонӣ. Ҳосили гирифташуда 15 000 сомониро ташкил медиҳад. Баъд аз ҷамъоварии пиёз метавон ҷуворимакка ва ё тарбуз дар он кишт намуд. Агар аз ҳосили дуввум тахминан 1000 дона тарбуз гирифта шавад, аз сари замин ҳар донаи онро метавон бо маблағи 5 сомонӣ ба фурӯш гузошт. Дар натиҷа фоидаи ба даст омада 5000 сомониро ташкил медиҳад…».
Баҳси ҷавонон ҳамоно идома дошт. «Бояд розигии Худоро дарёфт»,- қариб ки дод зада мегуфт яке аз ҷавонони кӯсариш. Ин дам ғалоғула зиёдтар шуд ва гӯё ҳама якбора ба баҳс даромаданд. Баъд нохост бародари калонии Роҳат – Саид гуфт: «Биёед ҳамин масъаларо аз Бердибой ако мепурсем. Ин кас шахси пуртаҷриба ва калонсол ҳастанд, зиндагиро хуб мефаҳманд. Медонанд, ки розигии Худо дар чист».
Ҳама ба Бердибой рӯ оварданд. Бердибой дақиқае хомӯш истод. Гӯё намехост сухан гӯяд, вале ҷавонони мунтазири ҳарфи ӯ бударо дида, оҳиста ба сухан оғоз намуд:
– Ман чунин фикр мекунам, ки агар ҳамин замини назди ҳавлиатонро шудгор менамудеду ягон намуд зироат мекоридед, бехи ниҳолҳоро нарм менамудед, ки ҳосилхез мешуданд, шиғи хонаатонро дуруст менамудед, ки говҳои бегона намедаромаданд, ба фикрам аз ҳама бештар розигии Худо дар ана ҳамин мебуд.
Ҷавонон нохост хомӯш шуданд. Саид бо суоли додааш дар ҳолати ногувор монд.
Олимҷон САФОЛОВ