Хонандаи азиз!
Рости имрӯз қалам ба даст гирифтанам на аз рӯйи илҳом асту ва на ҳаваси эҷод намудан. Дурустар карда гӯям маро ду чиз дилхаста намудааст!
Якумаш завқи пасти онҳое, ки ҳамчун блогер маводҳоро пешбини тамошбин ё шунаванда мегардонанд. Баръало дида мешавад, ки ягон ҷиҳати тарбияви надорад, тамошонобоб асту пучу аз манфиат холӣ. Тарзи одобу гуфтор, ҳаракатҳои ночаспон ва суханҳои қабеҳу дағал ба ҷойи онки ҳаваси тамошо карданро биёрад баръакс ғаши тамошобинро меоварад. Дар рӯи ҷойгаҳ дароз кашидан ин саҳнаи пасипардагии ҳаёти инсонҳо аст ва набояд дар намоиш гузошта шавад хусусан дар урфу одат ва дину мазҳабе, ки халқи мо дорад. Баръало ҷойгаҳро дар намоиш гузошта боз суханҳое, ки пур аз бешарми аст пешкаши тамошобин мегардонанд.
Дуюм, суруду таронахони бо либосҳое, ки онҳоро ғайри либос номидан мумкин барои баъзе ҳунармандон як чизи маъмули гаштааст. Баромади ба ном ҳофизаҳо як чизро ба ёди ман меорад. Варзишгаронеро (културист), ки дар намоиш-мусобиқаҳо баромада тану бадан ва мушакҳои инкишофёфтаву барҷаста ва обутобёфтаи бадани хешро намоиш медиҳанд. Ана ҳамин ҳунармандбонувон ҳам баробари сурудхони ба пасу пеш ва чапу рост тоб хӯрда ҳаракат мекунанд, то ки андоми онҳо аз назари тамошобин дур намонад.
Боз бар мегардем ба мавзӯи блогерон ё худ “ҳаҷвнигорон” Бисёриҳо кӯшиш доранд маводеро омода намоянд, ки ҳаҷв бошаду барои бинанда хандаовар. Аз ҳамин сабаб шаклу шамоили худро ба як намуди нафратовар табдил медиҳанд ва ё суханҳоеро ба забон меоранд, ки барои инсони соҳибэҳтиром шуниданашон ба марг баробар аст.
Магар ҳаҷв ҳамин аст?
Дар бисёр мавридҳо бинандаи онҳо шахсони аз одоб дур ва зану фарзанди худи онҳост. Рӯзе мешавад, ки ҳосили коштаашонро медараванд. Яъне гуфтаи шоир ба ёдашон мезанад, ки алакай дер шудааст:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зи ҷав.
Хонандаи азизи ман, агар дар ёдат бошад сарлавҳаи мавзӯи имрӯза як мисрае аз рубоии шоири бузурги тоҷику форс Умари Хаём буд.
Ба он хотир ин мисраъи шоирро гузоштам, ки “доварони” ватанхоҳу миллатдӯсти мо гӯиё ба назару андешаҳои худ, бори каҷро рост мекунанд ва фарҳанги миллии тоҷиконаро побарҷо медоранд. Гап сари довароне меравад, ки наворҳои “ситораҳои” интернети моро мебинанд ва пай мебаранд, ки тарзи либоспӯшии сарояндае қобили қабул нест, пасон дар шарҳу гуфторҳояшон бо довартарошии худ алфози қабеҳро чун газак истифода мебаранд. Магар ҳамин аз рӯи инсоф аст?
Гӯиё бовар намедоранд, рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
(Ҳофиз)
Вақтҳои охир бисёр ба назар мерасад, ки намояндагони Вазорати умури дохила баъзе шахсони дағалрафтор ва шахсоне, ки одоби сухангӯйиро вайрон мекунанд ба ҷавобгари кашида ба ҷазоҳои сазовор гирифтор мекунанд.
Кӯшиши ман баҳри он аст, ки ҳамзабонони ман пеш аз ба ҷазо гирифтор шудан худ ислоҳ шуда ба роҳи рост қадам ниҳанд. Модоме, ки дар дил ҳаваси ҳунарпешаи соҳаи ҳаҷв шудан доред ҳанӯз дер нашудааст, омӯзед.
Ҳаҷв ин чашмҳоро олус кардан, шакли рӯйро каҷ кардан ва ё либосҳои ҷанда пӯшидан нест. Ҳаҷв ин дониши кофи доштан, сухандон будан ва қобилияти баланди эҳсос карда тавонистани ҳолати рӯҳиву равонии инсонҳоро доштан аст.
Дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳаҷвнигорон бе ягон ҳаракатҳои зиёдати ва фақат бо сухану имову ишора ҳазорон инсонҳоро соатҳои зиёд ба хандидан маҷбур мекунанд. Бинед, ки худи як латифаро нақл карда тавонистан ҳам ҳунари ҳар кас нест.
Меҳрубон бошед дӯстон ва аз он ҳолате, ки маводи шумо ба каси дигар писанд намегардад, зери танқид мемонад, дилшикаста набошед. Ҳамин танқидҳо сабаб мегарданду инсон аз ҳар ҷиҳат инкишоф меёбад. Худи ман ҳам аз камбуди ва хато кардан эмин нестам, хушбахтона устодоне ҳастанд, ки дар ҳолатҳои зарури аз камбуди доштанам огоҳӣ медиҳанду дар баъзе вақтҳои дигар танбеҳро ҳам дареғ намедоранд.
Боймуҳаммад АЛИЕВ