Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, “рӯзи нахустин” буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

Он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Наврӯз таърихи хеле қадима дорад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши онро дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад.

Ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад. Аз ин китобҳои таърихӣ маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст. Фарқи ҷашни Наврӯз аз дигар идҳо дар он маҳсуб меёбад, ки онро дар фасли баҳор ҷашн мегиранд ва оғози кишту кори баҳорист. Дар ин фасли сол табиат ба зиндашавӣ оғоз менамояд ва аз ҳама фасли зеботарин маҳсуб мешавад. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Он замон ҷашнгирӣ ба ду давра тақсим мешуд – Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якум то панҷуми моҳи Фарвардин гиромидошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз) ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Ривояти дигаре ҳаст, ки манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гӯянд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хоссаро пайдо кард.

Шоҳназарова Заррина

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь