Шукруллозода Зикрулло соли 2024 Литсейи касбии техникии шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисоси “Мутахассис оид ба таъмири муҳаррики автомобил” (маторист) хатм кардааст. Ӯ баъди хатми муассиса барои ҷустуҷӯи кор дари чанд корхонаро кӯфт, вале кор наёфт. Билохира ба муҳоҷират рафт.
“Аз рӯи ихтисос кор ёфтам, вале маош кам буд. Аз 1300 то 1600 сомонӣ маош пешниҳод шуд. Бо ин маблағ зиндагиро пеш бурда намешавад. Бинобар ин ба Русия омадам, ҳозир дар сохтмон кор мекунам ва пули хуб ба даст меорам” – гуфт Зикрулло Шукруллозода дар суҳбат бо мо.
Манучеҳр Сатторов, қаҳрамони дигари мо соли 2021 Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Турсунзода аз рӯи ихтисоси харрот (механик) хатм кард, вале ба Русия ба муҳоҷират рафт. Ӯ гуфт, шароити хонаводагӣ маҷбур кард, ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад ва ҳамин тариқ, натавонист аз рӯи ихтисоси худ барои дарёфти ҷои кор ба ҷое муроҷиат кунад.
“Танҳо баъди хатми литсей фаҳмидам, ки харрот будан бароям ояндасоз нест. Бино бар ин роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Вай дар Русия ба корҳои гуногун, аз қабили таъмири хона, кор дар ширкати таксӣ, дӯзандагӣ кор кард. Ҳоло ба Тоҷикистон баргашта, бо мошини худ ба мусофиркашонӣ машғул аст.
Зикрулло ва Манучеҳр ягона хатмкунандае нестанд, ки пас аз хатми литсей аз рӯи ихтисоси худ ҷои кор пайдо накарданд. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гуфтааст, ки соли 2024 аз шумораи умумии 8073 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 2349 нафар ҷои кор наёфта, 1471 кас ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Ӯ дар суҳбат бо АМИТ “Ховар” гуфт, аз ин шумора танҳо 2235 хатмкунанда ҷои кор ёфтаанду халос. Боқимонда, ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, хидмати ҳарбӣ рафтанд ё кори дигар машғул шуданд.
Мақомот сабаби ба ҷои кор таъмин нашудан ва ё наёфтани ҷои кори хатмкунандаҳои муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбиро шарҳ намедиҳанд. Ба дархостҳои пайдарпайи мо посух надоданд.
Вале бархе диреткорони собиқи литсейҳо мегӯянд, айб на дар таҳсил, балки дар худи хатмкунандаҳо аст.
Яке аз директорони литсейи касбӣ бидуни зикри номаш ба мо гуфт, ки муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои баъзе аз хонандагони дарсгурез ҳамчун “паноҳгоҳ” аст, ки барои гузаронидани вақт ё аз рӯи ҳавас ба инҷо меоянд.
“Боз ҳастанд нафароне, ки барои кор дар Русия ҳуҷҷат мегиранд. Чун дар Русия ҳам шахси дорои дипломи ё сертификати касбу ҳунар метавонад соҳиби ҷои кори хуб гардад. Дар ин самт асосан ҳуҷҷати кафшергар серталаб аст”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба таъкиди вай, сабаби дигари таваҷҷуҳ ба литсейҳои касбӣ ин танҳо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мебошад.
Вай афзуд, дар баробари ин ҳастанд ҷавононе, ки ки воқеан барои дарёфти касб таҳсил мекунанд ва баъди хатм аз рӯи касбу ҳунари омӯхтаи худ рӯзиашонро пеш мебаранд, вале шумораи онҳо ангуштшумор аст.
Вале коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби аслии пайдо накардани ҷои корро мутобиқ набудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнатӣ ва паст будани сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо унвон мекунанд.

Субҳон Ашӯров, иқтисодшиноси тоҷик ва муовини пешини вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, барномаҳои таълимиро бояд дар асоси стандатрҳои касбӣ таҳия кард.
“Сифати пасти таҳсилот дар ҳама зинаҳои таҳсилот ба назар мерасанд. Сифати таҳсилот ин мутобиқати малакаҳои хатмкарда ба талаботи кордиҳанда (талаботи бозори меҳнат) аст. Вале имрӯз, барномаҳои таълимӣ куҳна, асбобҳои таълимӣ ва биноҳои муассисаҳо фарсуда буда, китобҳои дарсӣ намерасад. Мутаассифона дар литсейҳои техникиву касбӣ он малакаҳову он касбҳоеро меомӯзонанд, ки он барои кордиҳанда лозим нест. Дар бозори меҳнат чунин малакаҳо талабот надоранд”, – зикр кард ҳамсуҳбати мо.
Томас Томсон, роҳбари Барномаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо дар бахши таҳсилоти касбӣ, ки дар самти беҳтар кардани муассисаҳои таҳсилоти касбӣ-техникӣ кор мекунанд, низ ҳоло хароби биноҳои муассиаҳои тазҳсилоти касбӣ ва марказҳои омодагии касбҳо дар кишвар нигаронӣ карда, гуфт, онҳо солҳо рӯи таъмирро надидаанд, маводҳои таълимӣ, махсусан таҷҳизот куҳна ва фарсуда буда, синну соли устодон ҳам калон аст ва солҳост аз курсҳои такмили ихтисос нагузашта, дониши худро такмил накардаанд.
Ба таъкиди ӯ, маҳз ин чизҳо сабаб шудааст, ки дар кишвар шуғли пурмаҳсул ба таври назаррас рушд намекунад ё ба кунди пеш меравад.
Субҳон Ашӯров сабаби дигари пайдо накардани ҷои кори хатмкунандаҳои муассисаҳои таълмии касбиро дар барзиёд будани қувваи корӣ дар Тоҷикистон шарҳ кард, ки ин сабаби пайдо накардани ҷои кор аз ҷониби хатмкунандаҳо ва рафтани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мешавад.
Ӯ бо такя ба тҳлилҳо гуфт, ҳоло 70% ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон дараҷаи таҳсилоти касбиро тақозо мекунад ва ин маънои онро дорад, ки доштани таҳсилоти ибтидои касбӣ метавон бо ҷойи кор таъмин шуд.
Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, барои бартараф намудани камбудиҳо ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй гаштани хатмкунандагон, ҳамчунин бо ҷойи кор тамин гаштани онҳо чораҳо андешида шуда истодаанд.
Аз ҷумла, барои тайёр кардани кадрҳои коргарии соҳаи кишоварзӣ ҳамкории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлативу хусусӣ зич буда, дар заминаи пойгоҳҳои таъмирии марказҳои хизматрасонии ин корхона дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи касбҳои тракторчӣ, механизатору комбайнёрон ва устоҳои таъмиргари техникаҳои кишоварзӣ даврҳои кӯтоҳмуддат ва таҷрибаомӯзиҳо баргузор карда мешаванд.
“Ҳамин тавр, Кумита тавассути якчанд механизм ва барномаҳои давлатӣ барои мутобиқ намудани малакаҳои хатмкунандагон ба талаботи бозори меҳнат кӯшиш менамояд ва инчунин раванди таъмин бо ҷойи корро тавассути муассисаҳои таълимӣ назорат менамояд. Дар солҳои охир бештар аз 35%-и хатмкунандагон дар соҳаҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ ба кор таъмин гардиданд” – гуфтааст Фарҳод Раҳимӣ.
Субҳон Ашӯров барои ҳалли мушкилоти мавҷуда пеҳниҳод мекунад, ки бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот баланд бардошта шуда, ҳамчунин муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои хониш таъмин бошанд.
“Бояд гуфт нахустин маротиба дар кишвар моҳи январи соли 2021 қонун дар бораи “Омода намудани мутахассисон мувофиқи талаботи бозори меҳнат” қабул шуд. Мутобиқи қонуни мазкур раванди омода кардани мутахассисон (раванди таҳсилот) бояд дар заминаи стандартҳои касбӣ сурат гирад. Аввал стандарти касбӣ таҳия шуда, дар асосӣ қарори ҳукумат татбиқи он стандарт муқаррар шуд. Дар заминаи ҳамин стандарти касбӣ барномаҳои таълимӣ тайёр намуда ба хонандагон омӯзонида мешавад. Дар натиҷаи омӯзиш, малакаву дониши хатмкардаи барномаи таълимӣ бояд ба стандартҳои касбӣ мутобиқат намояд” – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни ирои паёми солонаи худ дар моҳи декабри соли гузашта дар мавриди бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ будан ишора намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар 5 соли оянда тамоми имкониятҳоро барои таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.
Ҳоло Зикруллову Манучеҳр ва ҳамтақдиронаш дар ҷустуҷӯи кор дар муҳоҷиратанд ва таъмини ҷои кор барои онҳо дар дохили кишвар вақти зиёдро талаб мекунад, ки онҳо наметавонанд интизор шаванд. Чунки шароити вазнин иқтисодӣ онҳоро мабур мекунанд, ки қути лоямуте пайдо кунанд.