Памфлет

 

Дар Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ бахши умури ҷустуҷӯи роҳи босуботи Созмони Милали Муттаҳид рӯйхати дараҷаи хушбахтии мардумони кишварҳо (The World Hapiness Report)-ро нашр кард. Дар ин раддабандии 156 кишвар Финландия бо 7,63 хол хушбахттарин давлати олам номбар шудааст. Дар ҷойи дуввум Норвегия, баъдан Дания, Исландия ва Шветсария кишварҳои хушбахт эълон шудаанд. Русия аз ҷиҳати хушбахтӣ даҳ зина поён рафта, ҷойи 59-умро соҳиб шудааст. Тоҷикистони мо дар ин раддабандӣ дар ҷойи 74-ум қарор гирифтааст, ки ба назари банда воқеият надорад ва бахилону ҳасудон дидаву дониста, холи моро кам нишон додаанд.

Ногуфта намонад, ки ин 7-умин гузориши СММ дар ин мавзуъ буда, ҳисоботи аввал моҳи апрели соли 2012 ба нашр расидааст. Бинобар ин, гумон мекунам, ки онҳо ҳоло дар ин кор таҷрибаву малакаи зиёд надоранд ва иштибоҳ карданашон мумкин аст.

Ба навиштаи сомонаи «Озодӣ» барои мушаххас кардани хушбахтӣ шаш нишондиҳанда: тавлиди нохолиси дохилӣ бар сари аҳолӣ, дарозии умр, саховатмандӣ, пуштибонии иҷтимоӣ, озодӣ ва таъсири фасодкорӣ дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим ба назар гирифта мешавад. Ҳар як омил аз рӯи ҷадвали 10-холӣ арзёбӣ шуда, баъдан ҳисоби миёна барои кишвар муайян мегардад.

Бояд гуфт, ки шохисҳои номбаршуда аз қабили тавлиди нохолиси дохилӣ бар сари аҳолӣ сол то сол рӯ ба афзоиш дорад. Дар дарозумрӣ ҳам солҳои наздик мо метавонем бо Ҷопон сабқат бикунем. Аллакай як гуруҳи пиронсолони мо ба ин кишвари офтобхез рафта, таҷрибаи дарозумрии онҳоро омӯхта, омаданд. Акнун онҳо талош доранд, ки шароитҳои Ҷопонро барои пиронсолон дар кишварамон роҳандозӣ намоянд.

Ҳамагон медонем, ки дар саховатмандӣ Ҳотами Тай низ ба мо рашк мекунад. Воқеан ҳам, дар саховатмандӣ мардуми тоҷик ном баровардааст. Бо сӯзан ҷамъ мекунаду бо шоха бод медиҳад. Ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 сол мешавад. Вале то ҳол ҳам, мо суру маъракаҳои пурдабдаба мекунем. Зодрӯзамонро дар тарабхона ҷашн мегирем. Аз деҳқони оддӣ то бизнесмени соҳибноми тоҷикро дасти саховаташ боз аст. Магар одами хасис шахси бегонаро барои як пиёла чой ба хона даъват карда, зиёфат медиҳад? Албатта, не! Барои ҳамин ҳам тоҷиконро мардуми меҳмондӯст меноманд.

Дар пуштибонии иҷтимоӣ низ давлати мо саховатманд буда, хароҷоти асосии буҷа ба соҳаи иҷтимоӣ равона шудааст. Масалан, соли гузашта беш аз 80 ҳазор хонавода дар Тоҷикистон камбизоат эътироф шуда, аз давлат кӯмаки иҷтимоӣ мегирифтанд.

Агар шохиси озодиро гирем, давлати мо ва мардумаш воқеан озоду соҳибистиқлол аст. Қонунҳои кишвар чунин озодиро ба шаҳрвандонаш эҳдо кардааст. Ягон давлат ба мо фишор оварда наметавонад. Ҳатто Русияи абарқудрат ҳам моро иҷборан узви Созмони иқтисодии Аврупову Осиё карда наметавонад.

То кадом андоза фасодкорӣ ба қабули қарорҳои ҳаётан муҳим таъсир дорад, намедонам. Вале мусаллам аст, ки то ҳанӯз ягон нафар вакили парлумони кишвар ва ягон нафар аъзои ҳукумати мамлакат, ки масъулияти тасмимгирӣ доранд, барои ришвахӯрӣ муттаҳам нашудаанд.

Агар мо хушбахт набошем, магар дар раддабанди фарбеҳии аҳолӣ (10,9%) дар байни кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон (14,4%) ва Қирғизистон (13%) нишондиҳандаи беҳтаринро дар соли 2017 соҳиб мешудем? Ҳамагон медонед, ки ғам одамро фарбеҳ мекунад. Мо, ки ғам надорем, фарбеҳ намешавем, ишкамамон чун тарбуз набаромадааст ва қоматамон чун алиф рост аст.

Агар мо хушбахт набошем, магар бо маошу нафақаи камтарин дар ИДМ шодиву хурсандӣ мекардем? Магар ҳар сол чанд ҷашнро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ботантана ва ба таври оммавӣ таҷлил мекардем? Фаромӯш накунед, ки шодиву нишот нишонаи хушбахтӣ аст. Агар мо хушбахт набошем, магар дар радиову телевизионамон доимо рақсу суруд танинандоз мешуд?

Воқеан агар, мо хушбахт набошем, магар синни нафақаро аввалин шуда дар ИДМ боло мебурдем? Ин нишонаи он аст, ки пиронсолони мо ҳоло нерӯманданд, бозуи тавоно доранд ва кор мекунанд. Ҳамин аст, ки тӯли ин солҳо онҳо одат карданд ва акнун ба чор тангаи нафақа нигоҳ накарда, то мурданашон ҳам кор мекунанд.

Агар мо хушбахт набошем, магар нархи Интернету хизматрасониҳои тиббии ташхисиро аз қабили дандонпизишкӣ якбора беш аз ду маротиба зиёд мекарданд?

Агар мо хушбахт набошем, магар афзоиши нархҳои бозор аз афзоиши маошамон бештар мебуд?

Агар мо хушбахт набошем, магар бархе мансабдорони мо бо маоши сеҳазорсомона дар қасру кӯшкҳои модарарӯсу падарарӯсашон зиндагӣ карда, гаронтарин сабукравҳои боҷаашонро саворӣ мекарданд?

Агар мо хушбахт набошем, магар бизнесменҳои мо бо баландтарин молиёт дар ҷаҳон қаҳрамонона соҳибкорӣ мекарданд?

Агар мо хушбахт набошем, магар сеяк ва баъзан ҳатто ними таҳсили ҳарсолаи фарзандонамон аз мактаби миёна то донишгоҳи олӣ дар маршировкаҳо барои омодагии ҷашну тантанаҳо мегузашт?

Мо сол аз сол хушбахттар шуда истодаем. Инро худи гузоришҳои солонаи СММ тасдиқ мекунанд. Масалан, агар мо хушбахт набошем, магар дар давоми ҳамагӣ 3 сол, дар раддабандии хушбахтӣ аз ҷои 100-ум (соли 2016) ба зинаи 74-ум мефаромадем?

Воқеан, ин раддабандии гузориши СММ то ба ҳол бароям зери суол аст. Магар гузоришнависон аз осмон ба поин фаромада, ягон тоҷикро пурсиданд, ки ӯ хушбахт ҳаст, ё не? Ба мо дурӯғу ба Худо рост, магар ягон тоҷик худро бадбахт меҳисобад? Албатта, не! Воқеан, хушбахтӣ дар молу чиз, қасру кӯшкҳо нест. Хушбахтии мо дар оромиву осудагии Ватани маҳбубамон аст. Хушбахтии тоҷик дар он аст, ки шом бо зану фарзандон, падару модараш дар хонаи худ, сари дастархон нишаста, бе миннати касе як коса пиёбаашро дар рӯшноии чароғи иличӣ бихӯрад ва осуда дар ҷогаҳи гарму нарм бихобад. Ба ӯ ҷоҳу ҷалол, молу мулки дунё лозим нест. Танҳо осуда гузоранд, ки як бурда нонашро бо меҳнати ҳалолаш кор карда бихӯрад, аз ӯ хушбахттар касе дар дунё нест.

Мо ҳама хушбахтем! Ва барои ҳамин ҳам ҳамеша дар нӯги забонамон шукронаи Истиқлол, шукронаи Ватани маҳбуб ва шукронаи давлат аст. Барои ҳамин ҳам мо хушбахти ҷаҳонем ва аз мо хушбахттар дар ин даҳр касе нест!

 

Ҷовид МУҚИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь