12 марти соли ҷорӣ дӯсти гиромии мо – акаи Сайдулло ҷашни шасти камолот доштанд. Ба сухани дигар, акаи Сайдулло 12 март ба синни мубораки шаст расиданд, агарчи сахт ҷавон аст. Ҳанӯз замони шуравӣ ба факултаи иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) шомил шуда, онро бомуваффақият хатм намуда, солҳо дар сохторҳои бонкӣ ва умури муҳосиботӣ фаъолият мекунад. Иқтисодшиноси хуб аст ва мудирият-менеҷменти иқтисодӣ ва умури бонкию муҳосиботиро дар сатҳи зарурӣ медонад. Аммо масъалае, ки моро беш аз пеш ба худ мутамоил месозад, меҳру алоқаи беандозаи акаи Сайдулло ба илму дониш ва фалсафаву мантиқ аст. Новобаста ба мушкилоти зиндагӣ ва гирифториҳои имрӯзӣ, ба китобхона меравад, китобҳои дилкашашро фармоиш медиҳад, мехонад, нукоти заруриро менависад, ҳифз мекунад ва ҳамин тур, як рӯзи зиндагиашро бо мутолеа, хондан, мушоҳида. Мусоҳиба ва муколима бо дӯстону ҳамназарон мегузаронад. Баъзан суҳбату нишастҳо то дер гоҳ давом мекунанд ва акаи Сайдулло гузашти вақтро эҳсос наменамояд. Худро саропо ба суҳбату нишаст мебахшад. Ба ин тартиб, як рӯзи зиндагии ин рӯшангари муосири миллӣ паси сар мешавад ва боз ба умеди рӯзи дигар зиндагӣ мекунад. Зиндагии одӣ, вале пурифтихор ва сарбаландона.

Акаи Сайдулло Амонӣ аз ҷумлаи рӯшангарони муосири тоҷик аст, ки ба лиҳози ихтисосӣ иқтисодшинос мебошад, вале дар масоили миллӣ ончунон ҳассос аст, ки ногуфтанӣ. Ҳар кӣ дар атрофи масъалаҳои ҳувияти миллӣ ва матолиби илмию маданӣ суҳбат мекунад, зуд бо ӯ унс мегирад ва бо пурсишоту мавқеъгириҳои ба худ хосаш мавриди эҳтиром қарор мегирад. Аз ин гузашта, дӯсти гиромии мо акаи Сайдулло доираи ҳамфикрону ҳамандешони худро дорад: бо ҷумлаи рӯшангарони муосири миллӣ бо шумули устодону равшанфикрони варзидаи ватанӣ Комил Бекзода, Ҷамолиддин Саидзода, Сайдаҳмади Қурбон, Назри Яздонӣ, Ҳафиз Раҳмон, Ҷумахон Темурзода, Зоҳири Сайфулло, Рустами Нур, Меҳр Собириён, Фурӯғ ва дигарон ошно буда, бо ин тоифаи миллӣ-маданӣ робитаи танготанги эҷодию фарҳангӣ дорад. То ба ҳадде бо тоифаи мазкур наздик аст, ки ҳамарӯза бо онҳо тамос мегирад ва сари як пиёла чой ба гуфтугӯю суҳбатҳои созандаи илмию маданӣ мепардозад. Фаразан, агар нафаре аз дӯстон эҳсоси танҳоӣ кунад, ҳатман акаи Сайдуллоро фаро мехонад ва ӯ дарҳол пайдо мешаваду хидмати дӯст мерасад. Ин хислату хӯ акаи Сайдуллоро аз соири дӯстону рафиқон мутамоиз месозад. Аз устод Ҷамолиддин Саидзода зиёд шунидаам, ки мегӯяд: “Ҳангоми эҳсоси танҳоӣ кардан ҳатман Сайдуллоро даъват мекунам ва вай фавран ҳозир шуда, бо суҳбатҳои гарму самимӣ, отифати хоси фардӣ, маслиҳату машварати саривақтӣ ва гуфтугӯҳои дархури мантиқӣ табъамро болида ва хотирамро ҷамъ мекунад”. Бо як калима, акаи Сайдулло марди батамом отифию маданист.

Иттифоқан, зуҳри рӯзи 17 марти соли ҷорӣ ҳамроҳи файласуфи тоҷиктабори афғонистонии муқими Ҳоланд, дуктур Башир Азизӣ дар доираи як нишасти маҳдуди маданӣ сари масоили фалсафию миллӣ ва ойинию суннатӣ радду бадал мекардем, ки ба суҳбат рӯзноманигори варзида Ҷумахон Темурзода, устод Сайдаҳмади Қурбон, Фурӯғ ва акаи Сайдулло ҳамроҳ шуданд. Дар он нишаст аз гуфтугӯйю муҳокимарониҳои фалсафии устод Башир Азизӣ, шеършиносию нуктадонии устод Ҷумахон Темурзода, заковату маҳорату фаросати фавқулодаи устод Сайдаҳмад Қурбон, мавқеъгириҳои мантиқии Фурӯғ ва ҷасорати фикрии акаи Сайдулло зиёд баҳра бурдам. Ман сокит будам ва ҳозирини гиромӣ банавбат суҳбат мекарданд ва тамкину оромиши шахсӣ, ҳавсалаи шунидорӣ ва салиқаи суханварии дӯстон маро бештар ба ваҷд меовард ва шавқу завқамро мефузуд. Суҳбат тафсид ва ҳозирин сари мавзуоти муҳимми рӯз андешаҳои ҷолиб ироа доштанд. Дар доираи як нишасти кучак садҳо масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки ҳамагӣ ба мушкили калидӣ – ҷаҳолатписандию хурофазадагию худбохтагию беҳувиятӣ иртибот доштанд. Аҳли нишастро ин мушкили асосӣ, ки пайкараи миллату ҷомеаро хароб месозад, нигарон сохтааст. Аз ин ҷост, ки бо эҳсосоти баланд сари бурунрафт аз ин мушкил суҳбат карданд ва ҳар кӣ роҳҳал пешниҳод кард. Аз ҷумла, акаи Сайдулло хеле фаъол буд ва бо умқи андеша, диди хос, диққати тамом ва нуқтаназари мантиқӣ мутафовит ба назар расид: мавзуи суҳбатро дурустҳисобӣ дарк мекунад; хеле роҳату осон сари мушкилоти рӯз, уқдаҳои фикрию равонӣ, заъфи зеҳнию ҳувиятӣ, қолибҳои шахшудаи иҷтимоӣ, ки миллатро тайи асрҳо аз пешрафту шукуфоӣ боздоштаанд, арзи матлаб менамояд;  ҷуръату ҷасорати иҷтимоию фикрӣ дорад; хурофоту таассубро дар ҳар шакле маҳкум месозад ва манофеи миллиро дар авлавияти фикрию баҳсӣ қарор медиҳад. Хулоса, аз он нишаст, ки наздик ба сеюним соат давом ёфт, лаззат бурдам ва бори дигар барои худ исбот кардам, ки то тоифаи рӯшангарони миллие назири акаи Сайдулло (Ораш) фаъоланду дар шабакаҳои иҷтимоию фазои маҷозӣ аз худ дарак медиҳанд, фазои фикрию ҳувиятию мадании мо дар амон аст. То он замоне ки акаи Сайдулло барин шахсиятҳо зери бори гарони хурофоту ҷаҳолатписандӣ намераванд ва бо ин вабои вогири асрӣ даргир мешаванд, бо мушкилоти фикрию ҳувиятию фарҳангӣ дасту панҷа нарм мекунанд, фарҳанги миллӣ бозанда нест ва пирӯз боқӣ мемонад.

Акаи Сайдулло ончунон шефтаи ахлоқу ҳувияту фарҳангу миллияти тоҷикист, ки тахаллуси “Ораш”-ро ба унвони исми сирф миллӣ интихоб карда, бо ин исму ном аз фарҳангу миллият дифоъ мекунад. Вежагии дигари акаи Сайдулло Амонӣ ва ба истилоҳ, Ораш дар қиболи таҳоҷумоти ҳувиятию иттилоотии бегона муқовим будан аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ бо ҳар касе, ки алайҳи фарҳангу миллияти тоҷикӣ мешӯраду носазо мегӯяд, аз тариқи сухану забон мубориза мебарад. Қатъи назар аз он ки акаи Сайдулло ба лиҳози ихтисосӣ иқтисодшинос аст, дар мутолеаи мероси гузаштаву имрӯзаи фалсафию сиёсӣ, адабию илмӣ хеле ҳарис аст. Ҳар рӯз дар китобхонаи миллӣ машғули мутолеаву мурури адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавӣ дар атрофи масоили муҳимми фикрию фалсафӣ ва илмию миллӣ мебошад. Ҳар замон ки ӯро мебинем, ё аз Китобхонаи миллӣ меояд ва ё ин ки баъди тановули ғизои зуҳр ҳатман озими Китобхонаи миллӣ мешавад. Ҳамеша дар даст як дафтар дорад ва дар он бардоштҳояшро аз хилоли мутолеоташ сабт мекунад. Чунон хоксору бо тавозуъ аст, ки озоре касеро намехоҳад, вале чун ҳарфи миллату ҳувияту ҳайсияту ҳамияти миллӣ дар миён меояд, ҳатман эҳсосотӣ мешавад ва бо нафароне, ки ба ҳайсияту ҳамияту шарофати миллат латма мезананд, ба пархош бархеста, сахт меҷангад. Бо ҷумлаи беҳувият, худбохта, хурофотӣ ва мутаассиб бо силоҳи илму дониши зинда ва далелу арқоми илмию мантиқӣ бархурд мекунад.

Акаи Сайдулло зиёд мехонад, пораҳои зарурию дархурро ҳифз мекунад, шоҳбайту ашъори мавриди писандро дар хотир нигоҳ медорад, баҳсу мунозираи созандаро меписандад ва ҳосили бардошту таассуроташро аз тариқи мақолоту матолиби мухтасари илмӣ-оммавӣ ва эҷодӣ рӯйи сафаҳоти фейсбукӣ мекорад. Бештари матолиби акаи Сайдулло, агарчи кутоҳу мухтасаранд, хонданбобанд, чаро ки ба мавзуоти доғи рӯз иртибот доранд. Ин аст, ки акаи Сайдулло Амонӣ ба сарнавишти миллату давлати миллӣ бетафовут нест ва дарди миллатро дарди худ медонад. Роҳи дармон меҷӯяд, ҷиҳати вораҳидан аз мушкилоту муаммоҳои замонӣ саъю талош меварзад, сахткӯшӣ мекунад ва бад-ин минвол рисолати рӯшангарии худро дар назди ватан сарбаландона иҷро менамояд. Ростӣ, фарзандӣ барои Ватан чунин бодо! Ҳалолат бод, чунин фарзандӣ ва чунин ватандорию ҳувиятмадорӣ, акаи Сайдуллои гиромӣ!

Аз фурсати муносиб истифода намуда, 60-умин солгарди баҳори умри акаи Сайдулло Амонӣ (Ораш)-ро шодбош гуфта, барояш сиҳатӣ, тандурустӣ, болидахотирӣ, тавонмандии эҷодӣ ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам. Чанд рӯзи қабл ба муносибати зодрӯзи акаи Сайдулло – Ораш чаҳор мисраъи мувашшаҳии ҷашнӣ иншо намуда будам, ки инҷо илова мекунам:

Ораш, аз тири камонат хиттаи мо шуд ҷудо,

Расму роҳи хиттабандӣ з-ибтикори ту ҷудо,

Аз дили танги ту бошад вусъати меҳру вафо,

Шод бош, ай Ораши кундовари дардошно!

Шасти камолот муборак, Ораши миллат!

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь