Он чӣ таъсире ба ҳолати равонии кӯдакон мерасонад?

Бино ба пажӯҳишҳо, кӯдакон қишре ҳастанд, ки аз ҷангу фақр зиёни бештар мебинанд. Дар кишварҳои ҷангзада ва фақир вазъи зиндагии кӯдакон хуб набуда, то кунун фавти хеле зиёди кӯдакон ба назар мерасад. Ҳифзи нокифояи саломатии кӯдакон, набудани имкониятҳои зарурии гирифтани таҳсилоти оддӣ мушоҳида мегардад. Бар замми ин, вазъи кӯдакони ҷабрдидаи низоъҳои мусаллаҳона боиси нигарониҳои боз ҳам бештаре шудааст.

Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар гузоришаш, ки аввали соли равон нашр шуд, аз ҳузури беш аз дусад навраси тоҷик, аз ҷумла 91 духтар ва 115 писар дар Сурияву Ироқ хабар дода буд.

Раҷабмо Бадриддинова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар робита ба ин гузориш тасдиқ карда буд, ки “ҳамаи онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ва албатта, бар сари наҷоти онҳо андеша мекунем. Ин кӯдакон бо падару модарашон ба Ховари Миёна рафтаанд ва онҷо дармондаанд”.

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз пешниҳоди омори расмӣ дар мавриди кӯдакони тоҷике, ки дар ин кишварҳои ҷангзада қарор доранд, худдорӣ меварзанд. Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати назорати амнияти миллии Прокуратура дар нишасти ахири матбуотии ин ниҳод аз пешниҳоди омор дар мавриди теъдоди иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ, ҳамчунин омори занону кӯдакони тоҷикистонӣ дар ин кишварҳо худдорӣ намуда буд.

Чанде пеш созмони байналмилалии “Save the Children” бо нашри таҳқиқоти худ гуфта буд, ки таъсири ҷангҳои тӯлонӣ дар Сурия ба ҳолати равонии кӯдакон таъсири амиқ расонидааст. Бино ба гузориши ин созмон, айни ҳол беш аз 730 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон аз даврони тифлият маҳруманд. Ин созмон дар ин гузориш фақр, адами дастрасӣ ба беҳдошт, набудани заминаҳои таҳсилӣ ва даҳҳо мушкили дигарро зикр кардааст, ки ба зиндагии кӯдакон бошиддат таъсир мегузоранд. Созмони мазкур бо таҳқиқи вазъияти зиндагии кӯдакон дар 172 кишвари ҷаҳон ба ин натиҷа расидааст, ки ҷанг, хушунатҳои шадид, оворагӣ ва беҷосозии иҷборӣ, кори кӯдакон, хурдии сол, ҳомилагӣ дар синни поин, набудани маводи хӯрока ва системаи саломатии заиф сабаб гардидаанд, ки даврони кӯдакии беш аз 730 миллион кӯдак барбод равад. Гуфта мешавад, ин рақам чаҳор дар яки тамоми кӯдакон дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Тибқи пешбиниҳои Хазинаи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (ЮНИСЕФ), дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ ва наандешидани чораҳои зарурӣ то соли 2030 аз беморӣ ё дигар омилҳои осебрасон наздики 69 миллион тифли то синни 5-сола ба ҳалокат мерасанд.

Калонсолон (волидон) дар бадбахтии кӯдакон гунаҳгоранд

Амирҷон Абдураҳмонов, сокини 27-солаи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон моҳи майи соли 2015 ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзанд, бародар ва аммабачааш аз Русия ба Сурия рафта, баъдан дар сӯҳбати телефонӣ ба модараш гуфтааст, ки вазъи амниятӣ дар Сурия даҳшатнок гардида, ӯ намедонад чӣ тавр ду фарзанд ва ҳамсари ҳомилаашро аз ин кишвар берун кунад.

Гулрӯ Олимова, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон соли 2014 бо се фарзанди ноболиғ ва ҳамсараш Лоиқ Раҷабов аз Русия ба Сурия рафта буд ва соли 2015 шавҳараш кушта шудааст. Радиои «Озодӣ» аз қавли модари Гулрӯ Олимова иттилоъ дода буд, ки духтараш баъди марги ҳамсараш мехостааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо ду духтар ва як писари хурдсолашро надодаанду гуфтаанд, ки моли ДИИШ ҳастанд ва аз ин рӯ, онҳоро гузошта, худаш танҳо ба ватан баргардад.

Суди ноҳияи Рӯдакӣ 25-уми майи соли равон Абдулфайз Вазирови 33-соларо ба 13 ва ҳамсараш Моҳира Салимоваи 32-соларо ба 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. То адои ҷазои ин хонавода се фарзанди ноболиғи онҳо зери парастории пайвандонашон хоҳанд монд. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ин хонаводаро аз Зоҳидони Эрон ба Тоҷикистон оварданд, ки талош доштанд ба ДИИШ дар Афғонистон бипайванданд.

Пешгӯӣ кардан душвор аст, ки ноболиғоне, ки дар чунин шароит қарор мегиранд, чи гуна ба воя мерасанд. Қудбиддин Каримов, устоди риштаи равоншиносии ДМТ мегӯяд, ҳар гуна мушкилоте, ки ба амал меояд, ҳатман ба ҳолати равонии кӯдак таъсири худро мерасонад. Аз нигоҳи калонсолон ин чиз ноаён аст, гӯё кӯдак ин ҳолатҳоро намефаҳмад: “Аз нуқтаи назари психологӣ, мушкилотро аз кӯдак пинҳон доштан мумкин нест, кӯдак онро ба таври худ дарк мекунад. Баръакс, мушкилиро бо фаҳмиши кӯдак мувофиқ намуда, фаҳмондан зарур аст. Аз он ҷумла, ҳолатеро, ки гап сари рафтори носозгори падар ё модар меравад”.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, аз оилаҳои ҷинояткор фарзандҳо ҳам бисёр вақт бо роҳи бад мераванд, ки инро таҳлилҳои оморӣ низ тасдиқ мекунанд: “Чаро кӯдак ба ин роҳ меравад?! Дар ин ҷо нақши муҳити маҳдуд баъд аз падару модар (онҳое, ки тарбияи кӯдакро ба дӯш мегиранд: бобо, бибӣ, тағо, амак) ва таъсири ҷомеа калон аст. Мутаассифона, аксар вақт ба кӯдак он гуна, ки ба волидайнаш баҳо медиҳанд, ҳамин гуна баҳо медиҳанд. Масалан, мегӯянд, “аз морзода мор рӯяд…”, “оқибат гургзода гург шавад”. Ҳол он ки, дар оилаи сернизоъ ва криминалӣ низ кӯдакони солим ба воя мерасанд. Ҳарчанд ин ҳолат кам аст”.

Таъсир аввал ба кӯдакон мерасад

Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, як соли гузашта аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 693 ҷиноят содир шудааст. Ба бовари равоншинос Қудбиддин Каримов, дар сурати набудани волидон аз муҳити маҳдуди оила (бобо, бибӣ, тағо, амак ва дигар пайвандони ин ноболиғ) вобаста аст, ки ин нафарон бо кӯдак чи гуна муносибат мекунанд ва худашон чи гуна тарбия доранд: «Омили дигар – дараҷаи инкишофи қобилияти ақлии кӯдак то ҳамин давра аст. Агар кӯдак дуруст инкишоф ёфта бошаду худ қобилияти таҳлил карданро дошта бошад, пас мебинад, ки падар ё модараш кори хилофе карданду оқибаташ ҳамин шуд, ман намекунам».

Қудбиддин Каримов, устоди риштаи равоншиносӣ мегӯяд, онҳое, ки тарки фарзандони худ менамоянд ё маҳрум аз озодӣ ҳастанд, фарзандонашон якбора ду зарба мехӯранд: “Нигоҳи ҷомеа ба ин ноболиғон чунин аст, ки фарзанди ҷинояткор аст. Аз тарафи дигар, бе волидайн ба воя мерасанд, ки ин зарбаи шадид ба инкишофи кӯдак аст. Албатта, ҳисси бадбинӣ, дар якҷоягӣ бо ҳиси памзоншавӣ дар кӯдакон ба вуҷуд меояд. Агарчи ҳисси пазмоншавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, вале дар асл паёмади манфӣ ҳам дорад. Мутаассифона, ҳиссиёти дугуна сабаби вайроншавии ҳолати равонии кӯдак мегардад. Маҳз ҳамин ҳиссиёт оянда метавонад ба кӯдак таъсир расонад, ки ӯ рафтори зиддииҷтимоӣ анҷом диҳад”.

Қонунгузорӣ масъулияти тарбияи фарзандони беназоратмондаи ҷинояткоронро ё ба бозмондагонашон, ё ба давлат вогузор менамояд. Тибқи талаботи моддаи 176-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон, “агар дастгиршуда ё ба сифати чораи пешгирӣ таҳти ҳабс қарордошта фарзандони ноболиғи бидуни сарпараст ё ғамхор, падару модари пиронсол ё дигар шахсони эҳтиёҷманд дошта бошад, муфаттиш вазифадор аст онҳоро барои парасторӣ ба падару модар ё дигар шахсон супорад ё дар муассисаҳои барои кӯдакони бепарастормонда ё иҷтимоӣ (муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигар) ҷойгир мекунад”.

Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар посух ба суоли мо гуфт, дар ҳақиқат, ҳолатҳое мешаванд, ки падару модар бо ин ё он сабаб кӯдакони худро тарк мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи салоҳиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки принсипи “Таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак” амалӣ карда шавад. Дар ин раванд ба кӯдак ёрии маҷмӯӣ расонида мешавад.

– Пас аз муайян намудани ҳамаи ҷанбаҳои масъала, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор кӯдак тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ё ба тарбияи хешовандон вогузор карда мешавад, ё ба мактаб-интернат ҷойгир карда мешавад,- менависад Аҳад Содиқов, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар посухи хаттӣ.

Сафарбек КАБИРОВ,

Бознашр аз “ИмрӯзNews”

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь