(Андешаҳо дар ҳошияи чанд пора меҳр аз ҳикмати ватандории Шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздонӣ)

Номи неку ифтихори Ватандории устод Назри Яздонӣ оғози Истиқлоли кишвар, балки дақиқтараш баҳори соли 1993, ҳамон замоне ки Ҳукумати қонунэҷод, сулҳофар ва ваҳдатсарои Тоҷикистони азиз бо ибтикор ва ҷонисориҳои раиси тозанитихоби Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ва саодат гом бар остонаи ватансозӣ гузошт ва ин кишвари анқариб ба вартаи ҳалокат уфтодаро наҷот бахшид, бо эҷоди шеъри нусратбори «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» дар мағзи ҷони садҳо ҳазор ватандорони бо нангу ори кишвар соҳиби ҷойгоҳи пурарзише гардид, ки аз он ба баъд миёни мардум садсолаҳо соҳибэътибор будаву мебошад. Воқеияти таърихӣ ва фарҳангии Ориёӣ он мебошад, ки ҳамин шеър дар оҳанги малакутии Иттиҳоду якпорчагӣ бо заҳматҳои зиёди ватандории Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди хеле маъруфу арҷманд Саидқул Билолов ҳикмати ватандориро дар тору пуди ҳастии тоҷик ҷой кунонд. Ва ҳамин шеър бар торикиҳои ҳазорон қалбҳои ноумед нуру сафо бахшид. Ва ҳамин нури зулматсузи Ориёӣ хишти нахустини Иттиҳоду якпорчагиро аз пораҳои ҷони миллати гурдзои таърихофари достонангези тоҷик бар бунёди Кушки бегазанди Ваҳдату якпорчаги гузошт. Оре, ҳамин шеър асои дасти сулҳофарии миллат гардид. Ва номи поки шоири тавоно ва фарзонаи миллат устод Назри Яздонӣ ҳамнишини қалби ҳазорон донишмандони ватанхоҳу ватансоз гардида, ашъораш армуғони савту сози садҳо ҳунармандони кишвар будаву ҳаст.

Ҳамакнун номи неки пуровозааш ӯро бо ватанхоҳону онҳоро бо ӯ қарину ошно намуд. Ӯ ки аз мактаби Ҳақоиқ ва ҳикматҳои Ориёи бостон гом бар майдони адабиёт, ба хусус назми оламгири тоҷик бинҳодааст, миёни аҳли қалам эътибори баланди илмӣ дошта, шеъраш низ дар тору пуди ҳикмати Ориёно обутоб ёфта мебошад. Пешаи асосии устод тарҷумонист. Донандаи хуби забони инглисӣ ва русӣ буда, ҳанӯз оғози солҳои ҳафтодуми садаи гузашта тарҷумаҳояш аз забони инглисӣ ва русиву тоҷикӣ манзури хонандагон гардида, ҳамин тавонмандии зеҳни ӯро ба даргоҳи пурэътибори Иттиҳоди нависандагони собиқ Тоҷикистони Шӯравӣ овард. Ӯ ба сифати мудири шӯъбаи равобити хориҷии ин Иттиҳод то соли 1991 фаъолият намуда, дар роҳи ошно намудани хонандагони тоҷик бо ашъори шоирони ҷаҳоновозаи Урупо Ҷ. Байрон, В. Шекспир саҳми бузурги хешро гузошта, ашъори даҳҳо шоирони тоҷикро бо забонҳои русӣ ва инглисӣ манзури хонандагони он кишварҳо намуд. Аз соли 1991, яъне замони Истиқлоли давлатӣ бо сифати мудири шӯъбаи назорат ва ҳамоҳангии Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон то соли 1999 фаъолият намуда, баъдан ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба сифати ходими илмии ин даргоҳи пурэътибори илмӣ ба кор омада, дар роҳи таҳия ва тарҷимаи «Ишорот ва танбеҳот»-и Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бо ҳамқаламии донишмандони варзидаи тоҷик академик Мусо Диноршоев ва устод Тоҷиддин Мардонӣ саҳми назарраси худро гузоштааст. Дар баробари таҳқиқотҳои пурарзиши илмӣ фарҳангшиносии Ориёӣ шеърҳои ватанхоҳиву ватандориаш бар қалби ҳазорон ҳазор муштоқонаш муҳаббат ва самимияти ватандориро зиёд намуда, номи некаш ифтихори ҳамқадамону ҳамқаламонаш гардида, он гуна, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб арҷаш гузоштааст, соҳиби эътибори баланд мебошад:

Эй Назри Худо, ки хушкаломӣ,

Донишманди мулқиву баномӣ.

Бошӣ ту ба мо накӯ бародар,

Шеъри хуши ту ба ҷон баробар.

Эътибори донишмандиву эҷодии шоир миёни аҳли қалами на танҳо Тоҷикистон балки кишварҳои ҳамзабону ҳамкешамон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия хеле зиёд буда, ашъораш дар он кишварҳо манзури хонандагони зиёд гардидааст. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки шеърҳои пурҳикмати устод дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногуни фарҳангиву таърихии он кишварҳо руи чоп омада, номи некаш вирди садҳо хонандагони он кишварҳо гардидааст. Шеър ва таҳқиқотҳои фарҳангиву бостоншиносиаш дар қаламрави эҷод ва таҳқиқот соҳиби ҷойгоҳи хеле баланд мебошад. Китобҳои таҳқиқии бостоншиносии устод «Ҳикмати озодагон» ва «Ормонҳои Ориёнӣ» миёни муҳаққиқини осори бостонии Ориёнои бузург шуру вал-валаҳои зиёдеро ба миён оварда, эътибори донишмандии устодро хеле зиёд намудааст. Худ якбор қазоват кунед, ки устод дар мавриди арзишҳои инсонӣ, ба хусус Ориёе, ки маҳаки таҳқиқотҳои ӯ мебошад, чӣ гуфтааст:

…Ҳамчунон, ки аввалин арзишҳои бунёдии башарият ба монанди виҷдон, ростӣ, покӣ, хайри сегона аз хоки Ориёнои бостону Тоҷикистони ҷавон зуҳур кардаанд, рушду камол ёфтаанд, аввалин шеъри башарият дар ҳамин сарзамин суруда шудааст. Таъбирҳои ширин, ташбеҳоти латифу зебо, диди шоирона…

Овардани далел барои исботи ин гуфтаҳо зарурат надорад. Аз гаҳвора то тобут зоҳиран ва ботинан рӯзгори ин миллат ҳамагӣ шеър аст ва аз суруди «Алла» то суруди мотам.

Аммо як намунаеро мехоҳам ёдовар шавам. Ин намуна ҳам шеър аст, ҳам сухантасвир, ҳам суханмуҷасамаи олист, ҳам мизону мавзуноти зебоӣ, ки умри «Авасторо» дорад ва ҳамеша, то имрӯз ҳам тару тоза аст, мудерн аст. Ин тасвири Ардвисура Аноҳито (ноҳид) дар «Обоняшт» аст: Ардвисур Аноҳито ҳамвора бо пайкари дӯшизаи ҷавон, зебо баруманд, бурзманд, камар дар миён баста, ростболо, озоднажодаву бузургвор, ки ҷомаи заррини гаронбаҳои пурчине дар бар дорад, падидор мешавад.

Ба ростӣ, ки Ардвисура Аноҳитои бузургвор ҳамонгуна, ки шевои ӯст, барсам ба даст гирифта, гушвораҳои заррини чаҳоргӯшае аз гӯшҳо овехта ва гарданбанде ба гардани нозанини хеш баста, намоён мешавад. Ӯ камар бар миён баста аст. То зеботар бинамоянду дилнишинтар шавад. Бар фарози сари Ардвисура Аноҳито тоҷе ороста, бо як сад ситора ҷой дорад: Тоҷи заррини ҳаштгӯшае, ки ба сони чархе сохта шуда ва бо наворҳо зевар ёфта, тоҷи зебои хушсохте, ки чанбаре аз он пеш омадааст.

Ардвисура Аноҳито ҷомае аз пусти бабар пӯшида аз пушти сесад модабабар, ки ҳар як чаҳор бача зоида: аз он рӯй, ки бабари мода зеботарин ҷонварест, ки мӯе анбӯҳ дорад.

Бабабар ҷонварест обзист, ки агар пусташ ба ҳангом омода шавад, ҳамчун симу зар бисёр дурахшон ба чашм меояд.

Вақте ман ин тавсиврро бори нахуст хондам муҷассамаи Афродитаи Юнони қадим, олиҳаи ишқу зебоӣ, филфавр пеши чашмам омад. Сухантасвирҳо ва муҷассмаи Венераи Рими қадим, олиҳаи ишқу зебоӣ, хӯшиҳову хушҳолиҳо пеши назарам равшан шуд. Ин Юнониву Римӣ олиҳаҳое буданду ҳастанд, ки ҳанӯз аз синфи панҷуми мактаби миёна аз тасвирҳои китоби дарсии «Таърихи дунёи қадим» дар зеҳну завқи ман нақш баста буданд. Ин нақшҳо воқеъан барои ману мо олиҳаи зебоӣ буданд ва ҳастанд. Бешубҳа ҳич бадие надоранд. Зебоӣ мисли мусиқӣ миллату мазҳаб надорад. Агар дар ҳадди камол аст, аз арзишҳои миллӣ болотар аст, умумибашарист, қудсӣ, самовист.

Аммо бад он аст, ки дар китоби дарсии ман тасвирҳову таълимҳои кишварҳои дур буданд, тасвирҳои Аноҳитои аҷдодии ман набуд. Ман аз нуқсони миллатам азият мекашидам. Табиист, ки дар назари мани дувоздаҳсола миллатам дар он тасвирнигораҳо дар баробари юнониву Римӣ ноқис, камтар, қафоммонда менамуд. Айби ман набуд, ки азият мекашидам, миллатамро нокомил медидам. Айби китоби дарсии ман буд, ки ҳақиқати ҳолро ба ман намегуфт, айби муаллифи барномаи дарси таърих, айби миллатҷудоӣ худкомагӣ тоталитаризми сиёсӣ буд. Дар қиёси Аноҳитои ориёнӣ Афридитои юнонӣ ва Венераи римӣ чӣ фарқияте дорад? Аноҳито савори гардунаест чаҳораспа, Афродитову Венера гардунаи дуаспа доранд. Пироҳани Афродитаву Венера дар қиёси пероҳани Аноҳито бараҳнагиҳои бештар дорад. Дар сухантасвирҳо ва муҷассмаҳо Афродитову Венера монанди Аноҳито бурзманду баруманд нестанд. Яъне тарбияи ҷисмонии Ориён барои марду зан баробар буд. Ҳар як зан монанди ҳар як мард тарбияти ҳатмии аспсаворӣ, найзаворӣ, камонварӣ, шамшерзанӣ мегирифт.

Сухантасвирҳои Аноҳито дар «Обоняшт» дусад солу чанде муқаддамтар аз тасвирҳои Афродитиву Венера аст. Тасвирҳои қадимтар аз «Обоншят» дар дастрасии мо нест, аммо дар назди илм мусаллам аст, ки решаҳои воқеъии ҷаҳонбинии авастоӣ аз ҷаҳонбинии адолатпешагон (Пешдодиён) баҳра гирифтааст, ки чанд садсола то авастоиён роиҷу маъмул буд.

Ҳикмати миллати Ориёни бостону тоҷикони ҷавон ҳикмати Хусравонист. Унвони Миллат, чуноне, ки аз сарчашмаҳои авастоӣ ва Ориёҳиндӣ бармеояд (тоҷик, шарофатманд, қудратманд тоҷдор) ишорат мекунад ба анъанаи тоҷу тахт доштани миллат. Миллате, ойини адолатпешагӣ дуруст кардааст, маърифатсароиро ойину дин қарор додааст. То ҳадде, ки манбаъҳои юнонӣ ҳам ба сабки рӯзгори шоҳони ориёнӣ офарин гуфтаанд, аз шаҳомату шукӯҳи дарборашон ба ваҷд омада, барои қайсарони юнонӣ мавриди ибрат нишон додаанд.

Мусиқии Борбад-хусравонист. Шеъри Зардушт, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз шеъри олӣ, шоҳона ҳастанд. Бадеият ва шаклу услуб ва мазмуну мундариҷоташон шоҳона мебошад. Аксари мутлақи осори бадеиву илмии гузаштагони мо бо хоҳиши тоҷдорон, ҳокимон, адолатпешагон, маърифатдӯстон офарида шудаанд. Ё бо хоҳиши доништалабе (мисли «Ат-тафҳим»-и Берунӣ, ки барои хотири Райҳонаи донишҷӯ) эҷод гардида.

Яъне шеър ҳамеша коромад будааст, монанди ҳаво ва об. Яъне шеър аз ҳайси шакли тафакури ҷамъиятӣ буданаш, на танҳо мавриди ифтихору шукӯҳи андешаву ақида, сабки зиндагӣ, балки аз ҳайси як ҷузъи зарурии рӯзгор ҳамеша бозори гарм доштааст.

Қудрати шеъри тоҷик ҳанӯз ношинохта аст. Шеъри Ориёнӣ аз оғоз то имрӯз бетанаффус, бефосила, такмил кардани худи шеър, санътаҳои бадеии фаровон офаридааст, ки татбиқи онҳо дар ҳунарҳои дигар хусусан рассомӣ ва киносозӣ натиҷаҳои ҳайратангез дода метавонад.

Барои сарнавишти дурнамоии миллат камбизоатӣ, қашоқии молӣ хатарнок нест. Русҳо дар шароити қашшоқии молӣ, пойбараҳна, нимсеру нимгурусна индустрияи (саноати) вазнин сохтанд, то имрӯз таҳкурсии рушду нумӯяшон дар маданияту иқтисод аст. Японҳо дар шароити харобии баъдиҷангӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, саноати ақлбунёд (наукаёмкий) сохтанд. Барои миллат қашшоқии маънавӣ, қашшоқии ҳимат, хеле ва хеле хатарнок мебошад. Камбизоатии адибу олими миллат натиҷаи қашшоқии маънавиёт қашшоқии ҳимати миллист. Илму адаб арзишҳои бебаҳоянд. Аз он ҷумла, нуқтаи назари иқтисодӣ ҳам. Илму адабиёт харҷи молии зиёд талаб мекунанд. Маблағгузорӣ дар илму адабиёт дару девори мошину тайёра намесозад, инсон месозанд. Инсоне, ки мошину тайёрасозӣ, яке аз ҳунарҳои ӯст.

Дид ва нигоҳи хирадмандонаи устод ба рӯзгори пешорӯи мо истода, ҳикматҳои зиёди ватандориву ватансозиро бозгӯи намуда, ҳазорон мову манҳоро дар кураи муҳаббат ва садоқати ватандорӣ ва Иттиҳоду якпорчагӣ тарбият менамояд. Ҳикматҳои Ориёнии шоир, ки аз обу хоку боду ҳавои ин қаламрави бузурги Ориёнӣ маншаъ мегирад, дар шеъри «Зодгоҳи ишқу виҷдон» манзараҳоеро аз таърихи ватансозии фарзандони фарзонаи миллат пешорӯи мо оварда, орзуву ормонҳои шоир, ки дархури дарди миллат ва давлат мебошад, дармонбахши ҷароҳатҳои ватандорону ватансозони кишвар будаву ҳаст. Он гуна, ки устод дар ин пораи меҳр фармуда:

Ҳар қадар, ки гаштам дар чор ақсои ҷаҳон,

Сайр кардам сарзамину саргузашту сарнавишту илму ирфонаш.

Заргароӣ дидам, аммо

Мазҳаби одамгароӣ ёфтам дар Ориёнои ҷавон.

Сайр кардам Тоҷикистонро чу аз ҳар чор сӯ

Ман надидам Шарқу Мағрибу Шимолаш.

Илми шайтонист,

тақсим карда онро бар Ҷанубу бар Шимол

Илми Раҳмонист, карда Тоҷикистони ягона

хонаи умеди кулли тоҷикон.

Аз воқеияти таърихиву сулҳофариву ватансозии Пешвои миллат чашм пӯшидан ё гӯш ба карӣ андохтан ба ҷуз хиёнат чизи дигаре буда наметавонад. Вале тамалуқҳои ноҷои баъзе аз васвосаҳо, ки гӯё омода ҳастанд, ки ҷону хону монашонро бар Пешвои муаззами миллат бахшанд, ба ҷуз аз қабоҳат чизе буда наметавонад.

Ва ҳамин хасрубаҳо бо нотавобинони балегӯяшон чашмаи мусафои эътибори Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мардумиро гиландуд намуда, мутобиқ ба дарки худашон аз номи поки ӯ истифода намуда, худро «ҳомиву пуштибони воқеӣ» нишон додан мехоҳанд.

Он гуна, ки бузургмарде фармуда: “Меҳрубониҳои ноҷо камтар аз озор нест. Биёед ҳамаҷоя гӯш ба сатрҳои ватанхоҳонаи устод Назри Яздонӣ дар саҳ. 54 китоби «Ормонҳои Ориёнӣ» фаро мениҳем. Ва сари ҳар сатри садоқатдориаш аҳсант мегӯем”. Маданияти ватандорӣ, намунаи олии маданияти одамгароёнаи тоҷикӣ аст. Дар баробари ин, маданият имрӯз дар Ғарб маданият ва тафаккури хештанпарастӣ, манфиатгароӣ вуҷуд дорад, ки аҳли маърифати Ғарб аз он изҳори ташвишу нигаронӣ мекунад. Пешниҳоди Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заминаи одамгароёна, ғамхорӣ ба инсон дошт, ӯро ҳамчун вориси ҳақиқии маданияти бостонии одамгароёна барои ҷаҳониён муаррифӣ кард. Дар ин риояти қадру мартабаи инсон дар ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ ва рӯзмараи ӯ эҳсос карда мешавад. Аз ҷумла, дар асъори миллӣ. Асъори миллии давлатии моро симои аҳли илм ва адаб ороиш медиҳад. Миллати тоҷик қаҳрамонҳои ҷаҳоншумуле дорад, ки дар ҳарбу зарб тимсоли сипаҳсолориву шуҷоатмандӣ шудаанд. Ораши Камонвар, Рустами Достон, Исфандиёри Руинтан, Спитамен, Эраҷи тилисмшикан, Ҷалолиддини Хоразмшоҳӣ, Темурмалик, сафедҷомагону сиёҳҷомагон ва Восеи номвару паҳлавон.

Аммо асъори миллии моро, ки бо имзои роҳбари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасвиб шудааст, на симои аҳли шамшер, балки чеҳраҳои аҳли қалам Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода оро медиҳанд. Ин гувоҳи бармалои соҳиби фарҳанги баланди миллӣ будани Пешвои муаззами миллат мебошад. Яъне қонунпешагӣ, одамгароӣ, фарҳангсолорӣ, башардӯстӣ пешаи ирсӣ ва хунии аҷдодони ӯ мебошад. Аслан асолати маънавии тоҷиконро иззату эҳтироми инсон ташкил мекунад. Иззату эҳтироми шаҳрвандони Тоҷикистон. Ҷомеаи умумибшарӣ меҳвари андешаҳо ва фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ақида ба таърих ба таҳқиқи равандҳои таърихӣ барои натиҷа гирифтан аз таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ кардааст, ки натиҷаи ин мақолот ва монографияҳои фундаменталию таърихӣ, ба мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» буда метавонад.

Ҳангоми сафари нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон Президенти он Шанкар Шарма дар маросими мулоқот гуфта буд: «Мо дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори Бобоҷон Ғафуровро мебинем». Эътирофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меросбари воқеъии маданияту сиёсати ҷаҳоншумули ориёнӣ-тоҷикӣ, эътирофи арбоби барҷастаи сиёсӣ, ки тамаддуни бостонро тавонистааст бо фаъолияти сиёсатдорӣ асрӣ тамзиҷ кунад, суннати сиёсати одамгароёна, гуманистиест, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар дастгоҳи сиёсати абарқудрати замони Шӯравӣ мебурд, татбиқ кунад, пеш барад. Эътибору нуфузи аллома Бобоҷон Ғафуров дар Ҳиндустон то ҳанӯз баланду арҷман аст. Аз ин нуқта баҳое, ки Президенти Ҳиндустон он замон бо роҳбари муҳтарами кишвари Тоҷикон додааст, аслан эътирофи хизматҳои ин бармарди таърихи нави давлатдории тоҷикон дар Сиёсатҳои бузурги ҷаҳонӣ мебошад. Ҳар мушкилоте, ки имрӯз низ дар рӯ ба рӯи раванди ҷаҳонишавӣ барои миллати мо дар пеш истодааст, танҳо дар партави чилчароғи маърифат ва адолат роҳи ҳалли хешро хоҳад ёфт.

Он чӣ ки мусаллам аст ин будаву ҳаст, ки ин ҳама сарват шукуҳу шаҳомат қабл аз Истиқлол ҳам вуҷуд доштанд, аммо гунгу сокит буданд. Таълимоти назариёти ҷаҳонӣ мунаввари Ориёнӣ танҳо дастраси доираи ихтисосмандон қарор дошту бас. Ҷомеа бешубҳа медонист, ки Исмоили Сомонӣ исбот кардааст, ки девори давлату миллат агар хишт аст, завлонпазир аст. Девори миллату давлат бояд шуҷоату муҳаббати шаҳрвандонаш бошад. Ва ҳазорон шукр Худойро ки бо ибтикори ин абармарди таърихи навини миллати тоҷик, зери роҳбарии хирадмандонааш муттаҳид гардида, кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшиданд.

Имомдорона бояд қоил шуд ва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин Ватан, ин миллат, ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дӯст медорад, аз дилу ҷон ба ин обу хок ва мардуми шуҷоатпешааш муҳаббати сӯзон дорад.

Маҳз Истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ва танҳо муҳаббату меҳр бо ин фарҳанг, ғайрату ҷасорати Сарвари Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, ки ин дурдонаҳои кишварро аз ганҷи таърих берун овард, натиҷаи тозаву сариашон бахшид.

Як дафъаи дигар ҷаҳониёнро аз шаҳомату салобати ин фарҳанг баҳравар намуд.

Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш Ориёна, садоқаташ ҷовидона аст, фарзанди фарзонаи миллати тамаддунсози тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикро аз минбарҳои расмии умумидунявӣ барои ҷаҳониён тақдим доштаву дорад.

Ва ҳамин садоқати ватандории устод Назри Яздонӣ садҳо шогирдонро дар руҳияи поки ватансозиву ватандорӣ тарбият намуда, имрӯз онҳо номбардори ин Ватан ва ин марзу буми Ориёӣ буда, бо ифтихор худро пайравони Пешвои муаззами миллат ном мебаранду ҷоннисори аҳду паймон бар аҳди хеш мебошанд.

Ҷумъахон Темурзода

P.S. Хеле бомаврид ва саривақтӣ мебуд агар дар остонаи ҷашни мубораки ҳафтоду панҷ солагии устод, китоби «Хикмати озодагон» дар таҳрири нави устод, ки се сол боз интизори нашр мебошад, рӯи чоп меомад. То муштоқони ҳикматҳои истиқлолхоҳии устод бештар гардида, бинои муҳташами Истиқлоли кишвар мустаҳкатар мегардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь