Бале, маънои “хар” бузургиву тавоноиро ифода мекунад. Масалан, харчанг, харсанг, харбуза, харгӯш, хардандон, харкор, хармагас, хармуҳра, харпушта, хуллас, ҳар он чизеро, ки калону воҳиманок аст, бо аввалноми “хар” ба забон меоранд. Дар байни аввом ба чунин гуфтугӯ шоҳид мешавед: “Хари палторо гирифтӣ. Муборак шавад!”, “Ин куртаро пӯшида, хар шудӣ!”.

Шафтолуи гап, нафаре лақаби “Хар”-ро дошт, барои калон-калон будани гӯшҳояш ва кори вазнину зиёдро иҷро карданаш ӯро чунин меномиданд, намеранҷид, зеро як инсони беозори содафеъл буду ба ҳар чизу ба ҳар кас ситеза намекард, сурху сафед намешуд. Маънии луғавии “Хар”-ро дарк мекард ва инчунин ба махлуқи Худо – дарозгӯш ё худ маркаб нафрат надошт, “Хара худаш ҳарому кораш ҳалол” мегуфт. Агар хар намешуд, мардум дар ин танграҳаву бузраҳаҳои куҳистон чи тавр борашонро мекашонданд? Хар ба ҷойҳое меравад, ки асп по гузошта наметавонад. Як харвор бор баробари 300 кило аст, осон нест ин қадар борро кашонидан! Алғараз, хар бошиву феъли харона надошта бошӣ, ба ҳама азиз хоҳӣ шуд.

“Гапи хона ба бозор рост намеояд” гуфтаанд, ки онро дигаргун мекунем: “Гапи бозор ё кӯча ба хона рост намеояд”. Завҷааш ба лақаби “Хар” каму беш таҳаммул мекард, оқибат тоқаташ тоқ шуд, ки арбадаву пушлангу пархош кард: “Ҳошо ва калло, ки ин лақабатро мебардорӣ, вагарна ман зани Хар шудан намехоҳам!”.

Дӯстон дар гаштаки навбатияшон масъалаи дигар кардани лақабро монданд. Ҳарчанд қаҳрамони мо аз лақабаш ифтихор дошт, бо тақозои замона маҷбур шуд, ки ин масъаларо дар байни дӯстон матраҳ кунад. Ҳарифон, ки шахсони шӯху чарсу сӯру бебоку баъзеашон масхарабози беор буданд, зуд лақаби наву тоза ёфтанд: Хутик, яъне харкурра.

Каҳрамони мо, бе ягон андеша, зуд розӣ шуд. Харкурра зебост, муртакиби ягон гуноҳ нест.

Лекин аз димоғи завҷа дуди ғализе баромада, фазои хонадонро тип-торик кард:

– Хутик калон шавад, хар мешавад-ку!

 Ҳаким АЛӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь