Чӣ гунае, ки қаблан маслиҳат шуда буд, субҳ намояндагони сабзавот ва меваҷот таҳти роҳбарии картошка ва пиёз назди бинои суд ҷамъ омада буданд. Ин ҷо пас аз соате бояд мурофиаи судии гелос баргузор мегардид. Гарчанде маслиҳат шуда буд то ҳама соати 9 дар ҳаминҷо бошанд, вале миқдори ками сабзавоту меваҷот омада буданду халос. Аз ҳама аҷибаш дар он буд, ки яке аз роҳбарон ва намояндагони оилаи сабзавотҳо, – себ то ҳол наомада буд. На ба зангҳои картошка ҷавоб медоду на ба смсҳо. Ҳатто пас аз мавриде телефонашро низ хомӯш карда монд.
Чӣ қадаре вақти мурофиа наздик мешуд, дили картошка аз паёмади нохубе гуҷоҳӣ медод. Ниҳоят лаҳзаи интизорӣ низ ба поён расид. Чуноне, ки қаблан маслиҳат шуда буд бояд суд ба таври кушод баргузор мегардид ва ба он тамоми намояндагони меваҷоту сабзавот иштирок мекарданд.
Аммо аз чӣ бошад, ғайр аз олу ва олуболу ва боз як ду нафар аз наздикони гелос, дигар касеро ба толори суд роҳ надоданд. Баъдтар масъулин сабаби чунин рафторро хоҳиши худи гелос арзёбӣ карданд. Дар баробари якчанд сабзавоту мева инчунин намояндагони ВАО низ даъват шуда буданд. Картошкаву пиёз мехостанд норизогии худро тариқи намояндагони васоити ахбори омма баён созанд.
Дар назди дурбини журналист истода бо як ҳиссиёт ва ҳаяҷон пиёз ва картошка аз ноҳақии гелос ҳарф мезаданд. Бехабар аз он, ки ин ҳама баромади онҳо тариқи пахши мустақим намоиш дода шуда истодааст.
Нафаре ин ду нафарро сабт намуда ба хотири ҷалби тамошобин наворро бо як тарзи диққатҷалбкунанда номгузорӣ карда буд. Яъне мехост аз фурсати муносиб истифода барад. Чун нафари “аз пашша фил месохта” буд он “журналист”.
Рӯз аз нисф мегузашт, вале то ба ҳол касе аз дохил берун намешуд. Ниҳоят пиёз дигар тоқат накарду ба доду вой оғоз кард бо посбон ҷанг шуд то ӯро ба дохил гузорад. Дар натиҷа ба ин баҳс картошка низ ҳамроҳ шуд. Картошкаро дида дигар намояндагон низ овоз баланд карданд. Дар як дам аз дохил якчанд низомипӯш аз намояндагони оилаи турб берун шуданд ва ин картошкаву пиёзро, ки сабабгори асосии бетартибӣ ва инҷо ҷамъ омадани дигарон гардида буданд, ба дохил бурданд. Боқимонда сабазавот ва меваҷотро огоҳ карданд, то ҳарчӣ зуд ба хонаҳояшон раванд. Вагарна онҳоро низ дастгир хоҳанд кард. Дар як дам назди бинои суд холӣ шуд, ҳатто пашшае пар намезад.
Картошка ва пиёзро ба толоре, ки суд рафта истода буд, дароварданд. Онҷо гелос бо як салобати ба худ хос да дохили панҷара неву дар берун бароҳат менишаст. Нозирон ин дуро дохили панҷара карданд. Мухтасар ба судя, ки ҷаноби харбуза буд, фаҳмонданд, ки ин ду мехостанд мардумро ба шӯр оваранд.
Дар ҳамонҷо маълум шуд, ки дар асоси баъзе имтиёзҳо гелос бо шарти пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мешавад. Гелос дар суд ваъда медиҳад, ки зарари овардаро дар мавсими баҳорӣ, ки замони рушди бизнеси худ ва наздиконаш аст, мепӯшонад. Албатта хурсанд кардани судяро низ, барои ба инобат гирифтани хизматҳояш, фаромӯш накарданашро таъкид кард.
Судя, ки хаста шуда буд, нахост боз асабашро бо ин картошкаву пиёз вайрон кунад. Бинобар ин бидуни шунидани фикри тарафайн ва дида баромадани факту рақамҳо картошкаро ба муҳлати 9 сол ва пиёзро ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вақте пиёз аз ин ҳукм норозигӣ баён кард, суд қарор баровард барои ба судя гапгардонӣ кардан картошка ва пиёз ҷазоро дар зиндони низомаш сангин гузаронанд.
Бо ҳамин картошкаву пиёз ба маҳбас ва гелос ба озодӣ баромад. Қарор шуд гелос чанд муддат аз назари дигарон дур бошад. Ин ба хотири бехатарии худи ӯ буд. Чун намояндагони меваҷот ва сабзавот метавонистанд аз ӯ қасди пиёзу картошкаро гиранд.
Дар ин вақт себ бо корҳои худ овора буд. Ӯ хуб медонист, ки агар субҳ ба занги картошка ҷавоб медоду назди онҳо мерафт, ҳоло ӯ низ дар маҳбас ё дар толори суд буд. Бинобар ҳамин ҳам себ шиори “номард бошу, зинда бош”-ро пеша кард. Вай хуб медонист, ки ин ҳама зӯрзании картошка ва пиёз беҳуда аст, чунки гелос шахси обрӯманд дар байни меваҳо ва дар дастархон болонишин аст. Аз ин сабаб себ худро аз баҳс ва рӯ ба рӯ шудан бо гелос канор гирифт.
Гелос баъд аз мағлуб кардани ду рақиби асосии худ, хост ба курсии картошка нишинад. Яъне ихтиёрӣ идораи сабзавот ва меваҷотро ба зимма гирад. Аммо атрофиёнаш ба ӯ маслиҳат доданд, то фаромӯш шудани алами картошкаву пиёз хуб мешуд гелос ба хориҷ равад ё ба назари намояндагони ин оилаҳо натобад. Гелос ба ин фикр розӣ шуд ва бо аввалин рейс ба хориҷ сафар намуд.
Дар ин баробар субҳи дигар дар толори маҷлисгоҳ мева ва сабзавотҳо ҷамъ омада буданд. Аммо мисли пешин серғавғо не балки ором буданд. Себ низ аз куҷое пайдо шуда омад. Ҳозирин бо як нафрате ба ӯ нигоҳ мекарданд. Аммо касе ҷуръат намекард сухане гуяд.
Ин дафъа маҷлис бидуни пешниҳод ё баҳсу мунозира баргузор гардид. Дар он себ номзадиашро аз раисӣ гирифт. Қарор карданд мисли пешин ду нафарро неву як нафарро раис интихоб кунанд (қаблан себ ва картошка раис буданд). Аммо касе намехост масъулиятро ба зимма гирад. Ҳама тарс аз он доштанд, ки тақдири картошка ба сарашон наояд. Дар ҳамин вақт ногоҳ ба телефони себ хабар омад. Дар хабар навишта шуда буд:
“Аз ҳамин рӯз эътиборан сафедор раис таъин карда шавад”…
Бахтиёр Раҳматуллоев